МИЛЛАТ БА ДАЪВОҲОИ БЕПОЯИ ПАЙМОНБОЗОН ЭЪТИМОД НАДОРАД!

Нашр шуд korbar - вт, 08/31/2021 - 15:09

Барои Тоҷикистоне, ки мардумаш пайваста дар фазои сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ рӯз ба сар мебаранд ва ҷавонони сулҳхоҳу доништалабаш аз ояндаи шукуфои ватани азиз умедҳои зиёде доранд, модарони хушбахту толеъбаландаш тули си соли истиқлоли кишвар суруди шукрона зери лаб замазама мекунанд ва ба хотири ин ҳама неъматҳои насибгашта санохони Сарвари давлаташон ҳастанд, ҳеҷ зарурати дигаре ба фаъолияти ягон «паймони миллӣ» - ву созмонҳои дигари ба ном «ғамхори миллат» намемонад.

Аслан ғамхору меҳрубон фақат он нафаре буда метавонад, ки дар шабу рӯзи ватан бо ватан аст. Аз ҳавову фазои он нафас мекашад, зимистону баҳор, шебу фароз ва сангу хори ватанро дар тору пуди ҷисму ҷонаш эҳсос мекунад. Ғамхори ватан шахсест, ки ҳатто дар шаби хоб низ дар андешаи ободӣ ва рушду нумӯи ватан аст.

Барои миллати сарбаланди тоҷик ҳеҷ «паймон»-и дигаре, ки ҳадафаш фақат манфиатхоҳиву мақомталабист, лозим нест. Ин миллат солҳост, ки роҳи ояндаи худ ва сарвари хирадманди хешро интихоб намудааст ва ба даъвоҳои «мо инро мехоҳему»-у «онро мекунем»-и безамина ва бепоя  эътимод надорад. Осудагӣ ва оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аллакай 30- сола мешавад, бузургтарин неъматест, ки насиби ин миллати сарбаланд гашта ва каси дигар ҳуқуқ ва ҳаққе надорад, ки онро бо дағдағаву ҳамҳамаи хеш халалдор созад.

 Моҳсафар Яҳёзод