МУТАХАЛЛИФОНИ ВАЙРОНКОР

Нашр шуд korbar - чт, 09/02/2021 - 15:34

Баъди ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шудани ҳизби наҳзати ислом аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон роҳбари ин ташкилоти террористӣ Кабирӣ бо ҳампаймононашон ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, шабу рӯз дар талош ҳастанд, ки кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном ва доғдор намуда, ба ин васила бо ҳар роҳе тухми нифоқу ихтилофро дар ҷомеаи пурсуботи Тоҷикистон бикоранд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар чанд соли пеш асли фаъолиятҳои тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ барои кишварҳои аврупоӣ ҳам маълум шуд. Аз ин рӯ, Кабирӣ барои наҷоти худ ва ҳизби террористӣ-эстремистиаш номи нав гузошт. Номи зоҳираш авомфиребона, аммо мақсаду мароми наҳзатиён барои ҳар фарди огоҳ маълум аст.

Кабирӣ аз чанд тӯдаи авбоши дигар барои рӯпӯш кардани фаъолиятҳои террористиаш “паймон” сохт. Дар ҳоле ки ҳамагон медонанд, амалҳои ҳаррӯзаи  онҳо иборат аз тафриқаандозию бадномсозӣ аст. Худованди мутаол мефармояд: “Эй мӯъминон, чаро он чиро мегӯед, ки худ иҷро намекунед? (сураи “Саф”, ояти 2). Чун  ин ҳаракати мутахаллифони вайронкор бар хилофи Қуръон ва бар хилофи гуфтаҳояшон амал мекунанд, дурӯягиву фитнаандозиашон ошкор гардид. Бинобар ин, аз тамоми ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунам, ки фирефтаи ин гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд. Бо дарназардошти вазъи буҳронии минтақа барои ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ, ки бешак ба маънии ҳифзи аҳли оила ва ҷоме аст, дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат бошанд ва таҳти шиори “Тоҷикистон ба пеш” ба сӯи ояндаи боз ҳам беҳтаре гом бардорем.

Бурҳониддин Қаландаров