“ПАЙМОНИ МИЛЛӢ” Ё “ҲИЛАИ ШАРЪӢ”-И КАБИРӢ

Нашр шуд korbar - пн, 08/30/2021 - 16:24

Чанд соли пеш дар пойтахти Лаҳистон аз сӯи ба ном гурӯҳҳои мухолиф, аммо дар асл ифротиву террористӣ эътилофи наве бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст. Ҳоло баъди қабули ин “паймон” барои дилхоҳ шахс маълум мегардад, аз сабаби он ки ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ ва сармоягузорону хоҷагони он ба хулосае расиданд, ки дигар бо пӯшишҳои исломӣ нуфуз пайдо карда наметавонанд, ҳоло кӯшиш намуда истодаанд, ки бо ҳадафҳои куҳнаву тарҳрезишуда ва номи наву “замонавӣ” фаъолияти худро дар Аврупо ба роҳ монанд. Сабаби дигари ин тасмим дар он аст, ки Аврупо ҳанӯз тамъи талхи фаъолиятҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро фаромуш накардааст ва аз ҳар гуна ҳизбу равияи динӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ, ки ҷараёни динист, хеле эҳтиёткорона муносибат мекунанд. Бо дарназардошти ин, зимни як нишасте худи роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ иброз намуда буд, ки мо бояд эътилоферо ташкил диҳем, ки дар он на номи “наҳзат” вуҷуд дошта бошаду на номи “ислом”. Аз чунин шеваи муносибати Кабирӣ дилхоҳ шахс ба зудӣ пайхас менамояд, ки вақте ҳоло бо баҳонаҳои диниву мазҳабӣ мардумро ба доми найранг кашида намешавад, вақте мардум ба асли мазҳаби худ пойбанданду ҳар гуна фарҳангу мазҳаби бегонаву ғайрро қабул надоранд, наҳзатиён ва чанд гурӯҳаки манфиатҷӯ аз усулҳои нави фаъолият кор мегиранд. Кабирӣ ташкили ин эътилофро “саҳифаи нави таърих” хондаву мардумро ба шомил шудан ба сафи он даъват карда буд. Бовар аст, ки ин тасмими ТЭТ ҲНИ идомаи “саҳифаҳои таърихӣ-и фаъолияти ин гурӯҳи ифротиву террористӣ аз қабили ташкили ҷанги шаҳрвандӣ, кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ ва қатли садҳо одамони бегуноҳ  мебошад. Мутмаинем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз вазъи пурсуботи Ватани маҳбуб ҳаргиз фирефтаи ваъдаву “паймонҳо”-и хоинони Ватану миллат нахоҳанд гашт.

Абдуғаффор Юсуфов