ХАЙРУ САХОВАТ ДАР ИСЛОМ

Нашр шуд korbar - ср, 09/01/2021 - 08:38

Дини Ислом ташвиқгару ҷонибдори хайру саховат, ободсозии манзили зисту диёр, беҳбудию рафоҳияти зиндагии аҳли башар, гусаста нагардидани дӯстию алоқаҳои дуҷонибаи байни аҳли башар, махсусан хешу табор мебошад ва ҳамаи ин дар Китоби азиму-ш-шаъни Худованди азза ва ҷалл дарҷ гардидаасту он сухан ва амру супориши Худованд ба аҳли имон аст. Дар амал иҷро намудани онҳо барои касоне, ки ба Худованд имон овардаанд ҳатмист.

Кам нестанд имомдороне, ки дар роҳи Худованди беандоза меҳрубон корҳои хайру саховатро анҷом медиҳанд то розигии он Зоти покро ба даст биёранд. Набояд фаромӯш кард, ки он амалҳои хайреро, ки дар роҳи ба даст овардани хушнудии Худованд анҷом дода мешаванд, инчунин сабабгори беҳбудии ҳолоти зиндагию маишии одамон,  пешравӣ ва ободонии суръатноктари Ватани маҳбубамон мегардад. Зеро, ободсозии маҳали зист, ноҳия, шаҳр ва ҳар гушаю канори диёрамон ин ободтар гардидани Тоҷикистони азизамон дар умум аст.  

«Аз ту суол мекунанд: “Чӣ харҷ кунанд?” Бигӯ:  “Он чӣ аз мол харҷ мекунед, пас, бояд барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустӣ, ки Худо  ба он чи аз некӣ мекунед, Доно аст» (сураи Бақара, ояти 215).

Тавре аз ояти мазкур маълум мегардад, Парвардигор пеш аз ҳама адои корҳои хайрро нисбат ба азизтарин ва наздиктарин касон–падару модар, супориш додааст. Дар чандин оёти дигари қуръонӣ низ Худованд ғамхорӣ намудан ба волидонро амр намудааст. Аввалан, ҳар як шахс бояд ҳурмату эҳтироми волидонро ба ҷо оварада, бо онҳо бо меҳрубононӣ ва рафтори боадабона муносибат намояд, дар дами пирӣ мададгори онҳо гардида, саъю кӯшиш намояд то дар пиронсолӣ аз ѓамхории фарзандон кайфар баранд, дуои хайри фарзандонро кунанд ва шоду масрур ин дуёро падруд гуянд.  Мутаассифона, на ҳама фарзандон солеҳанду, нисбати падару модар қарзи фарзандиро дуруст адо мекунанд.

Инчунин, дар ин оят дастгирии ятимон ишора шудааст.  Фаромуш набояд кард, ки дар ивази бо ятимон муомилаи хуб кардан, эшонро бо либосу таоми хуб ва китобҳои  таъмин намуда, бо ин васила дар соҳибилм шудани онҳо саҳмгузор будан  Худованд ба ин тоифаи саховатмандони мусулмонон музди беандозаю бебаҳо ваъда кардааст.

Пайғамбари Ислом (с) низ фармудаанд:

«Касе, ки мехоҳад дилаш нарм ва гарм шавад, бояд сари ятимонро дастмол намояд ва ба муҳтоҷон кӯмак кунад».

Дар зиндагӣ ҳолоте низ рух медиҳад, ки сарпарастони ятимон беадолатӣ зоҳир намуда, ҳаққи ятимонро мехӯранд, моли онҳро азхуд мекунанд, ки ин ҳама мухолиф бо амри Худованд мебошад. Тавре Офаридгор ваъда додааст, ин тоифа дар охират муҷозоти хешро мегирад:

«Ҳамоно онон, ки амволи ятимонро ба зулм (бо фиреб) мехӯранд, ҷуз он нест, ки дар шиками худ оташро мехӯранд; ва (ба зудӣ) ба дӯзах дароянд» (сураи Нисо, ояти 10).

Ҳамчунин ба ин тоифа он рӯҳониёне ворид мешаванд, ки рӯзи вафоти сарпарасти оила бо баҳонаи саритахтагӣ амволи ятимонро ѓайришаръӣ талаву тороҷ менамоянд, рӯзҳои душанбеву панҷшабе «гурӯҳи қориишкабаҳо»-еро  ташкил намуда, маҷбуран ба хонаи майит барои шикамчаронӣ мераванд, ҳоли табоҳу камбизоатии оилаи майитро ба назар намегиранд, деворҳои вайроншудаистодаи манзили зисти онҳоро нодида мегиранд, найрангҳои диниро барои дунёашон истифода карда, охиратро фаромӯш месозанд. Шахси мусулмон дар ин ҳолот ба кумаки аҳли хонаи майит меравад, кумаки беѓаразонаи хешро (вобаста ба имкониёташ) аз аҳли  оила дареѓ намедорад.

Беҳтарин кори хайру садақа дар роҳи Худованд ин дастгирию кумаки толибилмон дар ҷодаи омӯзиши илми муосир, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот мебошад. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайѓамбари Ислом (с) фармуданд: «Беҳтарин садақа он аст, ки мусулмон илмеро омӯхта, сипас онро ба бародари мусулмонаш биомӯзонад»  (ривояти Ибни Моҷа, Суютӣ ва Манновӣ).

Инчунин Расули акрам (с) хабар додаанд: «Ҳар кас қадамҳояшро дар талаби илм ғуборолуда кунад, Худованд оташи дӯзахро бар вай ҳаром месозад» (Муттафақун алайҳ).

Аз ин рӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба парлумони мамлакат 22 декабри соли 2017 чунин таъкид намуда буданд: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд. Махсусан, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар маҳсуб меёбад».

Яке аз воситаҳои кумак намудану дастгирии толибилмону соҳибилмони диёрамон, ин  шароити дурусти замонавӣ муҳайё намудан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ), коллеҷу донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии кишвар мебошад.Худ шоҳиди онем, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат ба масъалаи таълим ва саросар саводнок намудани ҳар як фарди ҷомеаи шаҳрвандиямон диққати ҷиддӣ медоданд. Натиҷаи ҳамин ѓамхориҳо буд, ки дар як муддати кутоҳ барномаҳои дар сатҳи илму маориф қабулшуда амалӣ шуда истодаанд. Вале то ҳозир масъалаи норасоии кадрҳо ба таври дилхоҳ, хусусан омӯзгорони  маълумоти олидор дар деҳот, ҷой дорад ва он яке аз масъалаи асосӣ ба шумор меравад, ки он  барои ихтиёран сафарбар намудани кадрҳои ҷавон ба деҳот аз шароити маърифатию маишӣ дар деҳот вобастагӣ дорад. Норасоии кадрҳо ба сифати таълим таъсири манфии хешро норасонда наметавонад ва ин масъала роҳи ҳалли худро ёфта истодааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» як қатор имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавони деҳот пешбинӣ шудааст, ки татбиқи воқеии ин имтиёзҳо майли ҷавононро барои кору фаъолият дар деҳот зиёд хонамуд. Аз ҷумла дар моддаи 53-и қонун (Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф) зикр мешавад, ки «...барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад…». Ҳамзамон дар моддаи 54 (Таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф) гуфта мешавад: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро бо қитъаҳои замин ва дигар молу мулк таъмин менамоянд».

Натиҷаи чораҷӯиҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти чумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон зиёд шуда, кадрҳои ҷавони болаёқат ба деҳоти кишвар сафарбар мешаванд ва дар дуртарин деҳаҳои кишвар чароѓи илму маърифат бо нури хело буланд шуълапошӣ менамояд.

Мутаассифона, дар деҳоти ҷумҳурӣ то ҳол падидаи номатлубе, ки аз байн напафтааст, ин бепарвоии асосан падарони ҷоҳилу хурофотпараст дар таълими духтарон дар макотиби олӣ мебошад. Эшон баъди хатми мактаб (МТМУ) даррав духтарони хешро ба шавҳар дода, орзуҳои идомаи таҳсил доштан, соҳиби касби муайяне шудани онҳоро ба нестӣ мебаранд. Назар ба 15-20 соли охири даврони соҳибистиқлолӣ ин падидаи номатлуб камтар шудааст. Аммо, мутаассифона, то ҳол пурра аз байн нарафтааст. Ҳамин бемасъулиятии падару модар сабаб мешавад, ки баъдан бисёр духтарон ҳангоми вайроншавии оилаҳояшон касбу кори дурусте пайдо карда натавониста, муҳтоҷи наздикони хеш мешаванд ва ё ба корҳои баде даст мезананд...

Барои ҳар яке аз мо маълум аст, ки пешравии дунё ва ҷомеа бо хости Худованд ба воситаи донишомӯзӣ аст. Худованд замину осмон ва он чизе, ки байни ин ду қарор дорад ба инсонҳо додааст, то ин ки одамон ақли худро бо гирифтани донишҳои замонавӣ пурра намуда, онҳоро хуб истифода бурда, хонаобод бошанд.

Ислом динест, ки ҳамеша ҷонибдори аъмоли хайр аст, на аъмоли шар. Ташвиқгари  ободонӣ ва пешравии инсоният мебошад, на аъмоли зараровар ба махлуқоти Парвардигор ва бадбахтии инсоният.

Модом сухан дар мавриди гиромидошти ятимон рафт, набояд фаромуш кард, ки  дар ҷамъияти шаҳрвандии мо муҳтоҷону ниёзмандон низ мавҷуданд. Аз ин рӯ, ин тоифаро аз мадди назар дур гузоштан лозим нест ва ба қадри тавоноии худ кӯмаку дастгирӣ намудани ин тоифа Худовандро хушнуд намудану фармудаҳояшро иҷро намудан баракатро дар касбу кор пайдо кардану нишоне аз имондории мост. Бо  якдигар бо меҳру муҳаббат рафтор кардан, дастгирии якдигар намудан ва бо суханони нарму ширин бо якдигар муошират намудан ин дӯст доштани он чизе мебошад, ки Худованди мутаол онро дӯст медорад:  

«Онон, ки дар осоишу сахтӣ нафақа мекунанд ва хашми худро фурӯбарандагонанд (нигаҳ медоранд) ва мардумро афвкунандагонанд ва Худо некӯкоронро дӯст медорад»  (сураи Оли Имрон, ояти 134).

Аксар вакт шоҳиди он мешавем, занону духтарон ва писарону мардони тансолим ба ҷои рафта бо касбу коре машѓул шудану бо касби хеш моли ҳалол хӯрдан дар хиёбонҳои шаҳр гадоӣ мекунанд ва садақа талаб мекунанд. Расули акрам (с) дар бобати ин тоифа  фармудаанд:

«Ҳалол нест садақа хӯрдан барои, касоне, ки имконот доранд ва ё дасту пойи корӣ доранд».

 Инсоне, ки  хайру саховат мекунад ва аъмоли хайрро анҷом медиҳад,  фоидаи онро дар ин дунёю ва ҳам дар охират мебинад вале натиҷаи ин аъмолаш  барои пешрафти ҷомеа низ таъсиргузор мебошад..

Дар хотима суханони Пайѓамбари Худо (с)-ро овардан хело бомаврид аст, ки фармудаанд:

«Агар инсон бо тамоми вуҷуди худ ба Худованд имон дошта бошад, ки гуё Худо ӯро мебинад ва дар ҳама ҳол Худоро ҳозир ва бинанда донад, амалҳои хуб ва солеҳеро анҷом хоҳад дод ва аз ҳар гуна амали бад ва гуноҳ даст хоҳад кашид».

Аминҷон Маннонов,

мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну

маросими МИҲД-и н.И.Сомонии ш.Душанбе