“ГУНГАНД, КАРАНД, КӮРАНД...”

Нашр шуд korbar - ср, 09/15/2021 - 08:25

Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон бар он бовар ҳастам, ки ҳеҷ як инсони солиму ватандӯст наметавонад миёни кӯҳу коҳ қиёссозиву қиёсбозӣ кунад. Ин кор танҳо аз дасти бехирадону худбохтагоне чун Кабириву пайравонаш меояд. Мисле ки онҳо дар чанд вақти ахир талош мекунанд, Тоҷикистони биҳишосоро “Толибон”-и ваҳшатзо дар қиёс бигзоранд ва ҳатто баҳои баробарӣ диҳанд.

Воқеият ин аст, ки ин дуро баробар гузоштан он тараф истад, муқоиса намудан далели носипосӣ ва кундфитратист. Аммо чун ТЭТ ҲНИ, махсусан роҳбари асолатбохтаи он бо мақсади иҷрои дастури хоҷагони хориҷиаш дидаву дониста Ватан, давлат ва миллати худро бо як гурӯҳи террористӣ дар як саф мегузорад, ин кор бори дигар парда аз чеҳраи воқеии ӯ мебардорад. Гузашта аз ин, чунин рафтори ноҷавонмардонаи Кабирӣ ҳамон ояти қуръонии “Каронанд, гунгонанд, кӯронанд; пас онҳо бознамегарданд” (сураи Бақара, ояти 18). Воқеан, чӣ қадар гунгу кару кӯр будан лозим аст, то ба ҳамин пастфитратӣ бирасӣ.

Фарқияти ҳукумати “Толибон” аз Ҳукумати Тоҷикистон дар он аст, ки дар сарзамини Тоҷикистон тоҷикони ватандор соҳибҳукуматанд.  Ҳамин аст, ки ин ҷо ба бахти ин миллат таҳти сарварии Пешвои миллатамон фазои оромиву субот ва осоишта фароҳам омадааст ва мардум низ ҳамагӣ ҷонибдори  ҳамин гуна муҳит буданду ҳастанд. Суоле пеш меояд, ки толибон барои Афғонистон кӣ ҳастанд? Толибон барои 15 миллион тоҷики аз он ҷониби марзбуда ва дигар қавмҳои дар он хок рӯз басарбаранда куллан бегона (ҳам аз ҷиҳати қавмиву нажодӣ ва ҳам аз лиҳози андешаву ғоя) ҳастанд ва тӯли чанд ҳафтаи ғосибият собит намуданд, ки далели ҳукуматдориашон ваҳшоният, қатлу куштор ва озори бераҳмона нисбат ба кӯдакону занон гаштааст ва ҳоло боз кӣ медонад, чи нақшаҳои разилонаи дигареро дар зеҳнҳояшон мепарваранд.

Дар Тоҷикистон тули сӣ сол аст, ки орзуву ормони  тоҷик пиёда мегардад, ки он аз баракати ҳамин сулҳ асту субот. Сулҳе, ки бо саҳм ва талошҳои шабонарӯзии Президенти кишвар ба даст омадааст.

Кӯдакону занон ва модарони тоҷик  ба мансабу вазифаву курсӣ коре надоштанду надоранд, ҳамчунин модарони афғон низ муқаддамтар аз ҳама талабгори сулҳ ва осоиштагиянд, фақат ободиву осудагиро мехоҳанд. Аммо бештар аз 45 сол аст, ки зану мард ва кӯдакони Афғонистон бо орзуву хаёли ширини дастнорас ҳаёт ба сар мебаранд,  онон дар дили шаб ҳам субот ва оромии хоку марзашонро хоб мебинанд. Аммо  бо ҷурми ҷоҳталабон ва  душманони Афғонистон, ки якеи онҳо маҳз ҳамин толибонанд, ин мардуми орзупарвар наметавонанд ормонҳои худро пиёда созанд. Бадбахтона, дар Афғонистон имрӯз душман соҳиби «тахту бахт» аст, пас чи гуна ва бо кадом мағз мешавад тафаккур кард ва бо кадом забон метавон гуфт, ки ҳукумати «Толибон» ба Ҳукумати Тоҷикистон монанд аст? 

Тоҷикистони азизи мо 30 сол аст, ки бо  амният, субот ва пешравии суръатноки худ ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардааст. Итминони қавӣ дорем, монандсозиҳои беасос ва фитнаангезиҳои бепояи роҳбарони ТЭТ ҲНИ ба ҷуз чанд наҳзатии беҳувият аслан ҳамовоз ва ҳамсадое надорад. Зеро имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки туҳматзаниву фитнаангезиву иғвогарӣ хислати душманон ва хоси гурӯҳҳои чун наҳзатиёну толибон аст.  

М. Яҳёзод,

ҷонишини сармуҳаррири

маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”