ВАҚТЕ БА ҶУЗ ХИЁНАТ РОҲИ ДИГАР НАДОРӢ...

Нашр шуд korbar - чт, 09/16/2021 - 14:30

Кампирони деҳа мегуфтанд: «Душманат гапи дигар наёфт, мегӯяд, ки думи сагат каҷ». Туҳмату дасисаҳои навбатии роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ ҳамин гуфтаи кампирони  деҳаро ба хотир меорад. Миллати тоҷик шоҳид буд, ки ин ғуломи хоҷагони хориҷӣ дар ҳассостарин лаҳзаҳо ҳамоно бар алайҳи миллату манфиатҳои миллӣ сухан мегӯяд. Ҳодисаи муноқишаҳои марзӣ ва мавқеъгирии зиддимиллии Кабириро ҳоло касе фаромӯш накардааст. Яъне, душманӣ бар зидди давлату миллат ба одати доимии Кабирӣ мубаддал шудааст ва ӯ дигар роҳе ҳам надорад. Зеро аз ин ҳама дасисаву иғвояш назди хоҷагони худ “ҳисобот” медиҳад.

Ин бор ҳам ин ҳувиятбохта бо муоқисаи Тоҷикистони барои ҳар як инсони соҳибватан азиз ва гурӯҳи террористии толибон мавриди хашму ғазаби ҳамватанони мо қарор гирифт. Аз чунин кӯрнамакиву носипосии Кабирӣ ӯро лаънат мегӯянд.

Охир, кулли олам, ки имрӯз нафрат ба «толибон» ва кишварҳое, ки ононро дастгирӣ менамоянд доранд ва аз муваффақиятҳои миллати тоҷик бархӯрдоранд, чи гуна метавонанд бовар намоянд, ки ҳукумати толибон ба Тоҷикистон  монанд аст? Оё мардум чашму гӯш надоранд, намебинанд, ки дар ватанашон ба ҷуз ободӣ ва оромиву пешравӣ касе ҳадафи дигаре надорад?. Оё Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо хирадмандиву адолатпешагӣ кулли ҷаҳон напазируфтааст? Оё таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳли ҷаҳонро ба ҳайрат наовардааст?

Туҳматгари дурафтода аз Ватан ба ин нукта бовар кардан намехоҳад, ки имрӯз дар кӯчаҳои Душанбе қадам задан худ ифтихори бузургу боиси шукр аст, акнун ба ҷойи дуди тиру туфанг, ки бо саҳми разилонаи  ӯву ӯ баринҳо замоне ба фазо мепечид, аз ҳавову фазои Тоҷикистони азиз бӯи муаттари раёҳину гулҳои садранг ба димоғ мерасад. Дар гулбоғу хиёбони пойтахт агар соати 2 ё 3 и шаб ҳам сайругашт намоӣ, ба ту дигар касе кор надорад. Пас чи гуна метавонад иолибони  ифротӣ ба Тоҷикистони биҳишосо шабоҳат дошта бошад?

Шоир байти зеринро ба Кабириву кабиримаобон бахшидааст:

Тақдири мулку миллат баҳрат муҳим набошад,

Вақте ба ҷуз хиёнат роҳи дигар надорӣ!

Бурҳониддин Қаландаров,

Корманди Кумита