АККОСИ САГОНИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ

Нашр шуд korbar - чт, 09/16/2021 - 11:36

Чанд рӯз пеш тамоми мардуми ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса барпо шудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дида ва аз пешрафту шукуфоии Тоҷикистон бохабар шудаанд. Ва аксари меҳмонон ба мардуми шарифи тоҷик ва хоссатан ба Пешвои муаззами миллати тоҷик аҳсан ва офаринҳо мегуфтанд. Ҳатто аз забони мардону занони афғон шунидем ки мегуфтанд: Шумо мардуми саодатмандед, ки чунин Пешвое доред, ки ҳамеша дар андешаи ободиву осудагии кишвараш аст, на мисли роҳбари мо ки дар рӯзҳои сахт миллати худро партофта фирор намуд.

Мутаассифона, дидани пешрафту шукуфоии Тоҷикистон барои як гурӯҳи хоину ҷиноятпеша ки бо сардории Кабирӣ, ки аз хориҷи кишвар истодаю корашон танҳо санги маломат андохтан ба сӯи миллати тоҷик асту ба ғайр аз айбҷӯию тӯҳмату хиёнату найранг ягон ҳунаре надоранд, бисёр вазнинӣ мекунад. Ин гурӯҳи хоин бо бешармии тамом давлати Тоҷикистонро бо чунин ободиву пешрафташ ба гурӯҳи Толибон ташбеҳ намудааст. Дар ҳоле ки тамоми мардуми ҷаҳон, ҳатто чӣ тавре дар боло ишора намудам мардуми афғон ҳам ба мардуми Тоҷикистон ва Пешвои он аҳсан мегуфтанд. Бинобар ин, агар ин гурӯҳи найрангбоз каме шарм медоштанд ва боре ба худ суол медоданд ки барои пешрафту тараққёти Тоҷикистон чӣ хидмате кардаанду кадом гӯшаи онро обод кардаанд, хубтар мебуд!

Диловар Шарифзода,

Корманди Кумита