
Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як сокини кишвари мо дастуру барномаи раҳнамунсоз барои соли оянда маҳсуб меёбад. Паёми солонаи Сарвари давлатамон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро фаро гирифта, дар он таҳлилҳои амиқу барномаҳои ояндасоз, дурнамои дурахшони кишварамон таҷассум ёфтаанд. Дар баробари тамоми масъалаҳои мубрами рӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини амну субот дар минтақа, ки ба ҳаёти минбаъдаи сиёсию иқтисодии ҳар як кишвар дахл дорад, ишора намуданд. Дарвоқеъ, изҳори нигаронӣ намудани Сарвари давлат аз авзои ноороми сиёсии имрӯза дар минтақаи Шарқи Наздик ва Миёна бесабаб нест. Имрӯз ҳамагон огаҳӣ дорем ва шоҳиди онем, ки вазъи имрӯзаи кишвари ҳамсоя Афғонистон чи гуна аст. Таҳдиду хавфҳои терроризм ва ифротгароии динӣ, ки аз ҳаракату ҷараёнҳои ифротӣ сар мезанад, на танҳо ба кишварҳои минтақа, балки ба бисёр кишварҳои олам таъсири манфии худро мерасонад. Муроҷиатҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои олии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ барои бо роҳи мусолиматомез ҳал намудани қазияи Афғонистон ва таъмини амну субот дар ин кишвар аз мавқеи ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон баҳри истиқрори сулҳи пойдор далолат мекунад. Дар Паёми соланаашон Сарвари давлат дар иртибот ба ин ироа намуданд, ки: “Сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад. Такроран хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд”.
Имрӯз дар баробари насли ҷавону наврас, дигар қишри ҷомеа низ бояд дар канор намонда, дастуру ҳидоятҳо ва таъкидҳои Сарвари давлатро дар бобати нигоҳ доштани ҳушёрии сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ сармашқи кори ҳамешагии худ қарор диҳанд. Яке аз василаҳои дар руҳияи ватандӯстӣ ва гиромидошти арзишҳои волои миллӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон ва аз хавфҳои замони муосир эмин нигоҳ доштани онҳо бурдани корҳои таблиғотӣ, ташкили вохӯрию мулоқотҳо дар муассисаҳои таълимӣ, дар маҳалҳо бо қишрҳои осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар шароити кунунии тараққиёти техникаю технология истифодаи васеъ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба як чизи маъмулӣ табдил ёфтааст ва таъсири онҳо аз як тараф ба васеъ гардидани ҷаҳонбинию дониши техникии ҷавонону наврасон таъсири хуб расонад, аз дигар ҷониб барои дода шудан ва ё вобаста шудан ба ҳар гуна сомонаҳои шубҳанок, ки дар онҳо ҳар гуна андешаҳои носолим ва ифротӣ ҷой доранд, боис мегардад. Тавре дар Паёми солонаашон Сарвари давлат ишора намуданд, таваҷҷуҳи падару модарон ба масъалаи истифодаи интернет ва телефонҳои мобилӣ аз ҷониби фарзандони онҳо бештар равона карда шуда, ба масъалаи баланд бардоштани фарҳанги истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ диққати махсус дода шавад.
Ҳамзамон зимни ироаи Паёми солонаашон Пешвои миллат масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавон ва наврасро ёдрас намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, омӯзиши фанҳои риёзию дақиқ ҳидоят намуданд ва хурофотро ҳамчун падидаи номатлуб арзёбӣ намуданд: “Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд”.
Мо дар ин ҷо танҳо дар мавриди баъзе масъалаҳое, ки дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида буданд, ибрози андеша намудем. Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки факту рақамҳои муқоисавӣ, таҳлилҳои амиқ бо мисолҳои дақиқу возеҳ, ки дар бораи тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ зикр шудаанд, далели кофӣ барои дарки воқеии пешрафти Тоҷикистони имрӯз мебошад. Ҳар як нуктаи Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат аз мо, мутасаддиёни соҳаҳои гуногун ва умуман аҳли ҷомеаи кишвари маҳбубамон тақозо менамояд, ки баҳри амалисозии он дар амал саъйу талош варзем ва бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои шукуфоии Ватани азиз содиқона кору фаъолият намоем.
Фаррухулло Олимзода,
муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ