ТАРС. ДАР ИН ХУСУС ЧИРО БОЯД ДОНИСТ?

Нашр шуд korbar - вт, 12/28/2021 - 17:07

Масъалаи тарс аз назари динҳо ҳамеша як мавзӯи мавриди таваҷҷуҳи равоншиносон ва ҷомеашиносон будааст. Тарсе, ки мо дар таълимоти динҳои гуногун бо он бархӯрд мекунем, асосан ба маънои “тарс аз Худо”, “хавфи Рӯзи бозхост”, “тарс аз уқубати илоҳӣ дар дунё ва охират” мебошад. Дар ҳамин ҳол баъзе аз диншиносон ҳамин тарсро то ҷое ҳаммаънои муҳаббат нисбат ба Худованд медонанд. Яъне, як инсони муъмин аз он ки муҳаббати зиёде нисбат ба Худо дораду аз раҳмати илоҳӣ умедвор аст, аз ғазаби Худо низ ба ҳамин андоза хавф дорад. Ба ибораи дигар дар зеҳни шахси диндор доимо тарсе вуҷуд дорад, ки мабодо ӯ хашми Худовандро бархезонад ва ниҳоят ба ҷазояш гирифтор шавад. Ин андешаҳоро назару андешаҳои баъзе аз сокинони кишвар низ, ки бо мо ҳамсуҳбат шуданд, тақвият мебахшанд.

Ҷамшеди Мирзо, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор мегӯяд:

“Агар одамон воқеан дарк мекарданд, ки моҳияти фармудаҳои динӣ тариқи мафҳуми “тарс” чӣ аст, қабл аз ҳама аз даҳшати тарс худро ҳимоя мекарданд. Шахсан ман ҳамон қадаре ки аз Худо метарсам, ҳамон миқдор ба Ӯ муҳаббат дорам”.  

          Дар Қуръон оятҳое, ки зимни он Худованд бандагонашро ба тарс аз Худо ва ғофил намондан аз ёди Худо водор месозад, кам нестанд. Аз ҷумла, дар сураҳои “Бақара”, ояти 278, “Оли Имрон”, ояти 102, “Нисо”, ояти 131, “Моида”, оятҳои 35 ва 112, “Тавба”, ояти 119, “Аҳзоб”, ояти 70, “Ҳадид”, ояти 28, “Ҳашр” ояти 18 мо метавонем оёти қуръониро ба ҳамин мазмун бихонем. Масалан, дар ояти 18-уми сураи “Ҳашр” омадааст:

  “Эй муъминон, аз Худо битарсед! Ва ҳар шахс бояд бинигарад, ки барои фардо чӣ чиз пеш фиристодааст. Ва аз Худо битарсед! Ба дурустӣ ки Худо аз он чи мекунед, Хабардор аст”.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмуд Сангалиев, сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Сангалиев бар ин назар аст, ки тарс аз дидгоҳи уламои исломӣ дорои якчанд дараҷа мебошад:  

“Дар  шариат мафҳуми «тарс» бо вожаҳои «хавф» ва «хашят» таъбир мешавад. Аз нигоҳи уламо тарс чанд дараҷа дорад. Дараҷаи аввали он, тарс аз уқубат аст, ки дар зеҳни оммаи мардум хеле зиёд вуҷуд дорад. Дараҷаи дувум тарс аз тадбири илоҳӣ аст. Дараҷаи сеюм тарси орифон ва он тарсе аст, ки мабодо байни банда ва Парвардигораш ҳиҷоб ва монеае эҷод шавад.

Аз ин сабаб, касоне, ки Худоро бештар шинохтаанд, тарси онон бештар аст. Чунонки Худованд мефармояд: «Ҷуз ин нест, ки аз бандагони Худо фақат олимон аз Ӯ метарсанд» (Сураи Фотир, ояти 28).

Расули акрам (с) низ фармудаанд: «Ман донотарини шумо нисбат ба Худованд ҳастам ва бештар аз шумо аз Худованд метарсам».

         Ба гуфтаи Маҳмуд Сангалиев тибқи талаботи шариати исломӣ мусулмонон дар баробари он ки бояд аз Худо тарс дошта бошанд, ҳамзамон набояд умед аз раҳмати Худоро низ роҳо созанд:

“Ногуфта намонад, ки дар Қуръони карим тарс бо ифодаҳои “раҳо” ва “умед” қарини ҳам омадаанд, ин ба хотири он аст, ки агар гунаҳкоре аз раҳмати Худо ноумед шуда бошад, бештар ба бадкории худ идома медиҳад.

Инчунин тарбияе, ки бар асоси тарси мутлақ сурат гирифтааст, нодуруст аст ва нури умедро аз қалб маҳв месозад. Аммо агар тарсе, ки бо таъбири Қуръон ҳамроҳ бо раҷову умед бошад, самараи дурахшон хоҳад дошт. Чунонки Худованд мефармояд:

«Ва дар замин – баъди ислоҳи он, фасод макунед. Ва Ӯро бо тарсу умед бипарастед; ба дурустӣ ки бахшоиши Худо ба некӯкорон наздик аст» (сураи Аъроф, ояти 56).

Тарсидан аз Худованд ба унвони як ҷавҳари асосӣ дар инсон ҷой дорад, ки ӯро аз зулму ситам ва зарар расонидан ба худаш ва дигарон нигоҳ медорад.

Тавре болотар ишорат намудем, масъалаи хавф доштан ё муҳаббат варзидан нисбат ба зоти Худованд дар ҳамаи дину оинҳо зикри худро ёфтааст.

Фирӯза Шамсиева, ки пайравӣ аз дини Баҳоия дорад, мегӯяд:

“Инсонҳо бояд қонунҳои Илоҳиро на аз тарси қаҳру ғазаби Илоҳӣ ва оташи дӯзаху ҷаҳаннам ва на фақат ба хотири лаззате, ки дар ҷаннат ваъда шудааст, балки ба хотири он муҳаббате, ки ҳастии ононро бо Офаридгор мепайвандад, иҷро кунанд. Муҳаббат нисбат ба Худо ҳамеша бо тарси аз даст додани он ҳамроҳ аст. Ҳамбастагии муҳаббатулоҳ ва хашиятуллоҳ ба ин маънист:

«Дар ҳар шароит бояд мардумро ба он чизе даъват кард, ки сабаби касб кардани хислатҳои руҳонӣ ва нишон додани аъмоли нек бошад, то ҳар кас дарк намояд, ки сарчашмаи сарбаландии инсон дар чист ва бо тамоми кӯшишу талош ба сӯи волотарин мартаба ва қуллаҳои ҷалол бишитобанд. Хашиятуллоҳ (тарс аз Худо) ҳамеша омили асосии тарбияти офаридагон будааст. Хуш ба ҳоли касе, ки инро дарк кард».

Исматулло Саидов, номзади илмҳои фалсафа ва муаллифи китоби “Ислом” вуҷуди тарси илоҳӣ дар ниҳоди инсони эътиқодмандро боманфиат арзёбӣ мекунад:

“Тарс ҳамчун мафҳуми динӣ дар иҷрои аркону фароизи динӣ ба мушоҳада мерасад. Маҳз тарс инсонро аз содир кардани гуноҳ, бадахлоқӣ, рафтори ноҷову сухани носазо дар чаҳорчӯбаи муайян, ки дин муқаррар кардааст, нигоҳ медорад”.

Гоҳо мушоҳида мешавад, ки одамон тарси диниро дар зеҳнҳои фарзандон ва дигар аҳли хонаводаи худ бо тамоми даҳшат ва ноумедӣ талқин менамоянд, ки тибқи хулосаи коршиносони мо, ки болотар оварда шуд, саҳеҳ нест. Бинобар ин, бояд дар зеҳни мардум, хусусан насли наврас ва кӯдакон, ки ба моҳият ва вижагиҳои мафҳуми тарс ва фарқияти он дар дин ҳанӯз дуруст сарфаҳм намераванд, садоқат, муҳаббат, ростқавлию дурусткорӣ, воқеияти асл ва ҳикмати тарс дар динро тарбият  намуд. Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳо ва андешаҳои дар боло овардашуда хулоса намудан имконпазир аст, ки тарси мутлақу воқеӣ ва тарси динӣ аз ҳам тафовуте доранд. Яъне, тарсе, ки дар дин ифода мешавад, тарсест, ки ифодагари ваҳшату даҳшат набуда, ҳамеша бо умедворӣ аз раҳмати Худованд якҷо мебошад. 

Моҳсафар Яҳёзод,

муовини сармуҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”