
«Дониш-ганҷест ва ганҷ ҳамешаву ҳама ҷо аз пайи шахсе меравад, ки соҳибдониш аст» Ҳикмати шарқӣ
Соҳиб будан ба маълумот ё ки хабар доштан оид ба олами ҳастӣ ва зиндагонии гузаштаву имрӯзӣ - дониш аст. Одамон имкон доранд, ки ҳаҷми муайяни маълумотро аз худ ва ҳифз намоянд. Донистани қавонини рушди зиндагонӣ, аз бар кардани забонҳо ва ғайра низ дониш мебошад. Дар мактаб гирифтани доираи муайяни маълумот дар бораи олами зинда, наботот ва ғайра, инчунин дар заминаи таҳсили донишгоҳӣ тавсеа додани домони донишҳои мавҷудбуда, метавонад яке аз васоити назарраси инкишофёбии роҳи донишандӯзӣ бошад.
Дар баъзе сарчашмаҳои фалсафӣ гуфта мешавад, ки дониш - натиҷаи раванди фаъолияти дарксозии инсон аст. Вақте ки дар бораи дониш ҳарф мезанем, манзурамон дониши воқеист, ки он инъикоси дурусти ҳақиқат дар тафаккури инсон, яъне таҷаллӣ ё тасвири воқеаи дар асл ба вуҷудомада мебошад. Барои ноил гардидан ба дониши воқеӣ услубҳои илмӣ ба роҳ андохта мешаванд. Ин ҷо боз метавонем мисол биорем донишеро дар шакли андешаронӣ кардан, баҳогузорӣ намудан, тақлиди бамаврид кардан ва ғайраҳо. Албатта роҳҳои аз худ намудани дониш хеле гуногун арзёбӣ мешавад, сардафтари адабиёти классикии тоҷик, қофиласолори каломи бадеъ - Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз дар асри Х-и мелодӣ фармуда буданд:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон,
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Васеъ кардани ҷаҳонбинӣ яке аз ҳадафҳои асосии таълим дар роҳи аз худсозии дониш аст. Ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ аввал бозичаҳову хонаи падарӣ, баъдан боғчаву атрофи манзили истиқоматӣ ва боз баъдтар мактаб ва ҳамин тариқ, донишкадаву донишгоҳу ғайраву ҳоказоҳои дигареро дар доираи мавҷудияти худ дучор меоем, ки моро нахуст роҳнаварди ҷодаи донишандӯзӣ мегардонанд, ҳар кадоме аз ин номбаршудаҳо ҷаҳонбинӣ ва олами зеҳнии моро васеътар месозад ва роҳамонро ҷониби олами хеле аҷиб ва бою ғании маърифат, ки беҳудуду беандоза аст, бозкушоӣ менамоянд.
Андешае вуҷуд дорад, ки ҳар қадами гузошташуда ба ҷониби аз мо бегонатар – ин васеъ кардани дунёи ботинии мо аст. Ва ҳар чизи наверо омӯхтан аз олами иҳотанамуда, ҳаракати назаррасе кардан ба пеш, ба сўи муваффақиятҳост.
Аввалин мактаби донишандӯзӣ. Баъзан ба донишҳои додаи муаллимонамон маҳдуд мешавем, худомӯзии кам дорем, гарчанд ки иҷрои ҳар як супориш ва вазифаҳои хонагӣ уҳдадории ҷонӣ ва ҳамешагиамон маҳсуб меёбад, аммо ин тарзи дарсаз худкунӣ то андозае ҷаҳонбиниамонро маҳдудтар менамояд, мо ҳамеша бояд дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави дониш бошем. Аз доираи нақшаи тарҳрезишудаи мактабӣ ва барномаҳои таълимӣ набаромадани хонанда, маънии маҳдудияти зеҳнӣ ё заиф сохтани дарки муҳит аз ҷониби худи ӯро дорад.
Мактаб ва донишгоҳ давраи аз ҳама дурахшонтарини ҳаёти инсон ба шумор меравад, ҳар нафар дар ин давра барои худ дӯсти ҳақиқӣ ва босадоқатро шарафёб мешавад. Маҳз дар ҳамин айём шахс дарк ва қиёс мекунад, ки дӯстӣ чисту ошноӣ чӣ, маҳз ҳамин давра ҷавонон дар гурӯҳ фаъолият карданро меомӯзанд. Муҳитро бо диди нав ва назари тоза дарк менамоянд, бо мунтазам аз худ намудани муҳит метавонанд муайян намоянд, ки дар он худ чӣ нақшеро ишғол менамоянд? Зимни гирифтани маълумоти зиёд оид ба муҳити зист, фарзанди мо метавонад ҳатто муайян намояд, ки фардо кӣ шудан мехоҳад. Агар ӯ супоришҳои математикиро қабул дошта бошад, ин дарак аз он медиҳад, ки хотираи қавӣ ва лаёқати бо рақамҳо кор карданро дорад. Кӯдак бояд ҳатман худаш дар андешаи интихоби касб бошад, интихоби волидон на ҳама вақт метавонад ба фарзандон писанд ояд. Фарзандоне ҳастанд, ки ҳамеша такя ба интихоб ва роҳнамоии волидон мекунанд, аммо хеле дер эҳсос менамоянд, ки ин гуна интихоб ононро то андозае тарсу ва ғайримустақил мегардонад.
Баҳо - меъёри дониш. Баҳогузорӣ ва ё гирифтани баҳои хуб, амали хеле аҷибу гуворои давраи мактабӣ ва донишҷӯист. Аммо баҳои хуб на ҳама вақт нишонаи ягонаи фаъолияти хонандаи болаёқат буда метавонад. Баҳои «хуб» ё «аъло» гирифтан толибилмро ба дарс ва машғулиятҳо ҳавасманд мегардонад, аммо баҳо ҳатман бояд ба дониши хонанда мувофиқат кунад. Он қалбакиву ба хотири падару модар ва ким кадом муносибати дигар набояд бошад.
Сахтгириҳои аз ҳад зиёд низ метавонад, бачаро дуруғгӯ намояд. Дар ин гуна ҳолат ӯ ҳам метавонад баҳои қолабӣ биорад, ҳам аз ҳарфи дурӯғ зиёд истифода барад. Дар бештари ҳолатҳо мактаббача бо муаллимон гуногунандешӣ намекунад ва ҳамеша дар партаи якум ором нишаста, барои гирифтани баҳои хуб кӯшиш менамояд. Хапу хомӯш нишастан дар дарси муаллим, албатта аз шумори рафтори ҳамидаи наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад, вале тазоди дигар он аст, ки донишу маълумот дар натиҷаи пурсуков ва ҷустуҷӯиҳои даврони мактабӣ дастрас мегардад. Гоҳо ба мушоҳида мерасад, ки мактаббачаи аълохон ҳама вақт мехоҳад дар сафи пеш нишинад, бачаҳои дарсгурез ва гапношунав дар ақиб менишинанд, ҷое ки муаллим ба он ҷониб камтар эътибор медиҳад ва сухани ҳатто буррояш ҳам нисбатан пасттар шунида мешавад. Аз ин бармеояд, ки озодии нозарур дар охири синф, барои бачаҳои бепарво бештар таъмин аст.
Ҳамаи мо хуб дар хотир дорем, ки дар синфҳои ибтидоӣ дарси камтар мехондем, баъдтар дар синфҳои болоӣ шумори он зиёдтар мегашт ва дар донишгоҳ боз аз ин ҳам бештар. Ҳамин тавр, барномаҳои таълимӣ бо сарбориҳои худ моро водор месохтанд, ки то андозае хаставу нороҳат шавем ва дар ин баробар доираи донишҳои хешро афзоиш бидиҳем.
Андешамандон хулосабарорӣ намудаанд, ки мустақилият барои хонандагон ва донишҷӯён беҳтарин воситаи зиёд кардани дониш аст. Дар танҳоӣ иҷро намудани вазифаҳои хонагӣ барои ҷавонону наврасон ва ҳатто кӯдакон эҳсоси масъулияти ононро зиёдтар мегардонад ва мустақилона баровардани қарору тарҳрезӣ намудани нақшаҳои кориашонро вусъат мебахшад. Мусаллам аст, ки ин роҳи басе мураккаб ва душвори фаъолият аст, аммо донишандӯз метавонад ба ин восита эњсоси боварӣ ба худро ба даст биорад.
Ташриф овардан ба мактаб. Аз ҷониби волидон ба мактаб рафтан ва аз ҳолу авҳоли фарзандон бохабар гаштан амали беҳтарин аст, аммо арзанда нест, ки бо бисёру зуд – зуд ба мактаб ташриф бурдан, ба фарзанди худ фишор биорем. Ҳар як омадани мо ба таълимгоҳ андешахои мухталиферо миёни коллективи омӯзгорон ва худи мактаббачаҳо ба миён меорад. Ин андешаҳо ҷое мусбат ва ҷойи дигар манфӣ сурат мегиранд. Албатта волидоне, ки фарзандонашон бо баҳои хубу аъло мехонанд, мехоҳанд ҳарчи бештар ба мактаб рафта, 10 - 20 дақиқа таърифу тавсиф шунида, худро болидарӯҳ гардонида, пас аз он пайи корҳои дигари рӯзгор шаванд, аммо ин муносибат ба бачаҳои дигар, ки хониши на он қадар хубе доранд, таъсири манфӣ мерасонад. Пас, ба мактаб бояд бо даъвати муаллимон, қатори дигар падару модарон рафт (ба истиснои ҳолатҳои зарурӣ)… Албатта чунин андешаро сӯиистифода намудан ва нисбат ба фарзанд фориғболӣ кардан ҳам нашояд.
Зиракӣ ва кунҷковӣ. Боақл будан ва кунҷковӣ аз ҳамдигар то ҷое фарқ мекунанд, аммо мавҷудияти ин ду лаёқат дар ҷавонон хеле манфиатбор хоҳад буд. Он мафҳумеро, ки кунҷковӣ номидаанд, ин ҷустуҷӯи маълумот ва дониш аст ва аз захира гаштани он дар зеҳни ҷавонон албатта ақл инкишоф меёбад. Аммо, агар шумо хеле барвақт зираку доно ва ҳамзамон донишманд шуданро қабул доред, шояд замоне пай бубаред, ки таваҷҷуҳатон нисбат ба чизҳои ҳанӯз даркнакардаатон бармаҳалтар гум мешавад, ҳама чиз ва ҳама кор вақту соати худро дорад. Яъне, андухтани дониш низ зинаҳоеро дар бар мегирад, ки бояд мунтазам тай карда шаванд. Ин маънои онро дорад, ки ҳанӯз дар синни даҳ ё чаҳордаҳсолагӣ наметавонем яку якбора ба Суқроти фозил монанд шавем.
Равоншиносон бар он андешаанд, ки дар оғози даврони мактабхонӣ мушкиле бо номи «буҳрони ҳафтсолагӣ» вуҷуд дорад. Ин давраест, ки кӯдак аҳамияти "ман" -и худро ба хубӣ дарк мекунад ва дар ин давра ў метавонад мустақилона дар ҳудуди фаҳмишҳои худ таҳлилҳои дақиқ намояд. Гуфтаҳое ба монанди – “ман намехоҳам”, “ман зиқам”, “хушам намеояд” ва ғайра маҳсули ба вуҷуд омадани «ман»-и мустақили кӯдаки ҳафтсола аст. Дар давраи “буҳрони ҳафтсолагӣ”, кӯдак метавонад аз худ чизе нишон бидиҳад, ё баръакс, чизеро пинҳон созад. Вай метавонад сирреро аз калонсолон ниҳон кунад - масалан, вақте ки худро бад ҳис мекунад ё ягон мушкилоти дигари кўдакона дорад.
Илми педагогика маслиҳат медиҳад, ки кӯдакон ва насли наврас ба ҷуз аз машғулиятҳои таълимӣ ҳатман бояд дар амалҳои беруназсинфӣ – маҳфилҳои худфаъолиятӣ, мусобиқаҳо, озмунҳо ва ғайра ширкат варзанд, то ки ба дарк намудани фардияти худ шурӯъ кунанд, кӯшиш намоянд, ки масъулиятнок будани хешро дар назди дигарон фарқ кунанд. Эҳсоси масъулият на танҳо барои калонсолон, балки баҳри кӯдакон хеле зарур ва муҳим шуморида мешавад.
Хотира - хазинаи дониш. Чизи дигари ҳатмӣ дар ҳаёти хонандагон ва донишҷӯён, ин қавӣ гардонидани хотира мебошад. Аз худ намудани порчаҳои шеърӣ, зарбулмасал, тезгўяк, чистонҳо ва ғайра барои қавӣ сохтани зеҳн кумак мерасонад. Дар кӯдакӣ ва наврасӣ хотира ба монанди шиша поку беолоиш аст ва ҳифзу ба хотир гирифтани ҳаводис ва маълумоти дастрасгашта дар ин овон хеле ба осонӣ ба даст меояд, бо мурури вақт захираҳои зеҳнӣ ва ҳифзшуда низ бояд таҷдид карда шаванд, яъне азнавбинӣ ва такрор ёбанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «такрор модари дониш аст». Фаромӯш набояд кард, ки хотираи қавӣ барои инсон асоси қобилиятҳои фардии ў бо мақсади дарк кардан, ҳифз намудан ва табодули таҷрибаи тӯли ҳаёт андухташудаи ӯ мебошад.
Қайд бояд намуд, ки таълим ва тарбияи кӯдакон барои андухтани дониш дар ташаккули минбаъдаи ӯ ҳамчун шахс аҳамияти бузурге дошта метавонад. Истифода бурдани саривақтӣ ва дурусти муносибатҳои ахлоқӣ нисбат ба кӯдак дар оянда барои зиндагии шоиста ва сазовори ӯ заминаи мустаҳкамест. Вазифаи волидон ва омӯзгорони таълимгоҳҳо бошад, аз интихоб ва дуруст роҳандозӣ намудани тартиби муайяни муносибатҳо дар роҳи донишандӯзии шогирдон ва фарзандонамон аст.
Барои фарзандон намунаи равшан ва намоён будан хеле муҳим аст. Охир, ин синну соли мавриди назар, даврони тақлидҳост. Фарзандон мехоҳанд, ки ба одамоне тақлид намоянд, ки ононро эҳтиром қоиланд, яъне агар волидон худ донишпазир бошанду аз аҳли илм, ҳатман фарзандони онон низ пайравашон хоҳанд буд.
Мутаассифона, мушоҳида мешавад, ки аксари амалҳои ногуворо ба монанди - суханони дағал, танбалӣ, дарсгурезӣ ё амалҳои зишти дигар низ метавонад натиҷаи тақлид ба калонсолон бошад. Бузургсолон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки барои фарзандон аз худ намунаи беҳтаринеро нишон дода тавонанд.
Яке аз андешамандони ҷаҳонӣ гуфтааст: «Ба ҷойи он, ки ба фарзандатон тамоми чизҳои дар овони кӯдакӣ надоштаатонро муҳайё созед, беҳтар аст, он чизеро ки намедонистед, баҳраш омӯзед».
Агар ҳадафи асосӣ ва муҳимтарини мо ва фарзандонамон омӯзиш аст, пас бояд дар ин ҷода тамоми неру ва малакаи захиравии хешро сарф карда бошем, то ба ҳадафҳои дарпешгузоштаи худ, бо мақсади саҳмгузорӣ намудан дар пешбурди фаъолияти ҷамъиятӣ ва рушди кишвари азиз, ки номаш Тоҷикистон аст, пиёда карда тавонем.
Пас, ягона роҳи муваффақиятҳоро бояд дар дониш андӯхтан дарёбем. Адиби ширинбаёни осори классикии тоҷик - Абдурраҳмони Ҷомӣ низ дар ин маврид хеле хуб фармудаанд:
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Моҳсафар Яҳёзод,
муовини сармуҳаррири
маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»