
Меъморӣ намуди аз ҳама намоён, нодир ва муассири ҳунари исломӣ буда, то ба имрўз асосан 5 мактаби меъмории исломӣ дар олами Ислом шуҳрати бештаре пайдо намудаанд: суриёӣ-мисрӣ, форсӣ, ҳиндӣ, мағрибӣ ва усмонӣ. Мактабҳои хурдтар, аз қабили ироқӣ ва хуросониву мовароуннаҳрӣ, мактабњои аслӣ набуда, балки ҳамчун мактабҳои фаръӣ ба шумор мераванд.
Нақши меъмории исломӣ дар иншооти дорои таъйиноти диёнатидошта, аз қабили ибодатгоҳҳо, мадрасаҳо, мақбараву зиёратгоҳҳо, алалхусус, дар ибодатгоҳи асосии мусулмонон – масҷид, хеле ҳам барҷаста аст. Дар ибтидо барои бинои масҷид талаботи махсусе муқаррар нашуда буд, ба ҷуз мавҷуд набудани бутҳо дар он ё тасвироте, ки метавонанд ба ҳайси маъбуд мавриди парастиш қарор гиранд, шарти асосӣ маҳсуб меёфт. Ҳар гуна бино ё майдоне, ки ғунҷоиши тамоми намозгузоронро дар рӯзи ҷумъа дошт, ҳамчун масҷид истифода мешуд. Дар хориҷ аз маҳалҳои аҳолинишин майдончаи тозакарда дар дашт ё биёбон, ки бо сангҳо нишонгузорӣ шуда буд, утоқҳои қасрҳову қалъаҳои берун аз шаҳр, урдугоҳҳо ва амсоли инҳо ҳамчун намозгоҳ истифода мешуданд. Мусулмонон дар Шом баъзан дар калисо, дар Эрон дар дайр ва буткада намоз мегузориданд. Азбаски иншооти мазкур барои шумори зиёди ибодаткунандагон пешбинӣ нашуда буданд, дар мавриди зарурат дар шафати онҳо аз ҷониби муқобили қибла саҳн сохта мешуд.
Нишонаи махсуси масҷидҳоро саҳни кушоди гирдогирдаш бо девор ва ё сутунҳо иҳоташуда ташкил медод. Чунончи, нахустин масҷид, ки баъди ҳиҷрати Пайғамбар (с) ба Мадина сохта шуд, аз саҳни васеи бо девор иҳоташуда иборат буд. Чунин шакли масҷид дар шаҳр-урдугоҳҳои дар садри Ислом таъсисшуда - Басра ва Куфа, низ созмон ёфта буд, бино бар он ки фазои ғунҷоишаш на камтар аз 20 ҳазор нафарро тақозо мекард. Нахустин масҷид дар Басра майдони дорои саҳни васеъ (100х100 м) буд, ки гирдогирди он хандақ ҳафр шуда, дар самти ҷанубаш айвон дошт; минбаъд айвонҳо дар дигар тарафҳои он низ пайдо шуданд. Намунаи чунин навъи масҷид масҷиди Восит аст, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон ошкор гардидааст. Намуди хоси масҷид охири асри 8 ташаккул ёфт, вақте ки манора, мақсура ва меҳроб сохта шуд. Баъдтар минбар барои воиз (хатиб) ва суффае дар шафати он барои муаззин пайдо шуд. Айвон ва тамоми саҳн бо бурёву гилем густарда ва дар моҳи Рамазон шабонгоҳ чароғон карда мешуд. Намуди зоҳирии масҷидҳо ба масолеҳи сохтмоние, ки дар дастрасии бинокорон қарор дошт, бисёр вобаста буд. Масалан, дар Сурия, бино бар фаровонии рухом, деворҳои иншооти зиёд бо сангҳои сафеду сиёҳ кошикорӣ шуда буданд. Минбаъд чунин шакли кошикории деворҳо дар дигар давлатҳо низ мавриди истифода қарор гирифт. Дар як қатор давлатҳо (Эрон, Ироқ, Марокаш ва Андалус) масҷидҳо аз хишт, дар дигар ҷойҳо аз санги тарошидашуда сохта мешуданд.
Барои бинои масҷид ягон қоидаи ҳатмӣ вуҷуд надошт, балки мебоист баъзе муқаррароти умумӣ риоя мешуд, аз ҷумла, ба сӯи Каъба (яъне қибла) рӯ овардани намозгузорон ҳангоми адои намоз, ки бо ин мақсад дар девори ғарбӣ меҳроб ва дар шафати он минбар сохта мешуд. Нахустин масҷидҳо дар пайравӣ аз анъанаҳои то он замон шаклгирифтаи меъмории калисои Рум сохта шудаанд. Баъди ба масҷид табдил додани калисои Юҳаннои Таъмидгар дар шањри Димишқ сохтмони дигар масҷидҳо низ аз рӯи тарҳи бинои он сохта мешуданд. Дар баъзеи онҳо тарҳи салибмонанд, ки барои калисоҳои Рум хос аст, нигоҳ дошта мешуд. Аз рӯи чунин тарҳ масҷиди султон Ҳасан дар шањри Қоҳира сохта шудааст. Аммо баъдтар дар чунин масҷидҳо иншооти фаръӣ, ба монанди китобхона, мадраса, ошхонаи вақфӣ сохта шуданд, ки дар натиҷа тарҳи аслии онҳо тағйир ёфт. Дар баробари масҷидҳои сутундор иншооти чорайвона бо гунбази марказӣ низ сохта мешуд. Дар аҳди Фотимиён гунбаз аз рӯи шакл теғадор шуд. Дар асри 10 навъи нави масҷидҳо пайдо шуданд, ки тарҳашон ба оташкадаҳои зардуштӣ бармегардад - бинои мураббаъ (чортоқ) бо гунбаз дар фарози он.
Арабҳо дар сарзаминҳои фатҳшуда барои намозҳои ҷамоат масҷиди навъи «арабӣ» ҷорӣ карданд, ки он аз толори серсутун бо саҳни айвондор иборат буд. Бино бар тавсифе, ки Муҳаммади Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» аз масҷиди Мох кардааст, ин масҷиди қадимтарини Осиёи Миёна (асри дорои шакли мазкур ва сақфи он бар болои чаҳор сутуни гирд устувор будааст. Дар масҷиди Деггарони Бухоро (асри 11) низ гунбази марказии он бар болои сутунҳои гирд устувору мураббаъ буда, росткунҷаҳои канории байни сутунҳои марказӣ ва деворҳо бо гунбазу равоқҳои балхӣ пӯшонида шудаанд. Равоқи масҷиди Башан (ҳавзаи Марв) бар пояи шаҳсутунҳои азиме устувор буд, ки фазои байни онҳо ба сӯи айвонҳо мебурд. Дар меъмории масҷидҳои мазкур ҳам бархӯрди ғояҳои композитсионии арабӣ бо анъанаҳои бостонии маҳаллӣ ва ҳам таҳаввули баамаломада дар композитсия (асари ҳайкалтарошӣ)-и фазоӣ равшан инъикос ёфтааст. Ба ҷои сутунҳои чӯбин сутунҳо аз хишт сохта, фазои дохили масҷид бо девор иҳота карда шуд. Сутунҳо дар дохил тавре насб шудаанд, ки мураббаи марказӣ ташаккул ёфта, гунбаз бар болои он устувор карда шавад. Композитсияи фазои кушоди нахустин масҷидҳои арабӣ бо композитсияи барои шароити Осиёи Марказӣ муносибтар- гунбази марказӣ, иваз карда шуд. Аммо дар чунин ҳайат сутунҳо устувории сақфи гунбазиро таъмин карда наметавонистанд, аз ин рӯ, ба шароити сейсмики (зилзила)-и Осиёи Миёна мувофиқ наомаданд. Баъдан композитсияи масҷиди дорои саҳни калон борҳо эҳё карда шуд, вале дар сурати таркиби дигар.
Унсури муҳимми масҷид манора аст. Иншооти баландтарин ва хотирмони ҳар шаҳри исломӣ манораи масҷиди ҷомеи он буд. Манораҳо бо андозаву зебоии худ фарқ мекарданд. Ҳар мактаби меъморӣ манораи шакли махсуси худро дошт. Чунончи, манораҳои мағрибӣ ду вазифаро анҷом медоданд: яке – бурҷҳое буданд, ки аз онҳо мусулмононро аз фарорасии вақти намоз огоҳ мекарданд, дигар дидбонгоҳе буданд, ҷиҳати назорати ҳаракати сипоҳи душман аз масофаи дур. Онҳо ҳамчунин бо васоили дифоъ, дар сурати ҳамлаи душман, таҷҳизонида шуда буданд. Деворҳои дандонадор, чокҳои борики дарозрӯя ва сӯрохҳо дар қисмати болои девору бурҷҳо барои мавқеи муносиб гирифтани тирандозон мувофиқ буданд. Манораи Ҳиралда (1195) дар Андалуси асримиёнагӣ, Манораи ал-Кутубия (1184) дар Марокаш, манораи Қутб Минор (1351) дар Ҳиндустон, манораи Ҷом (асри 12) дар Афғонистон, Манораи Калони Бухоро (1127) аз ҷумлаи манораҳои «дифоӣ» мебошанд. Дар ҳудуди Осиёи Миёна манораҳоро, маъмулан, аз бинои масҷид алоҳида сохта, бо хишт рӯйкаш карда, паҳлӯи берунии онҳо бо рангҳои гуногун ороиш дода мешуд.
Меъморони Шом, Миср ва Туркия ба сифати бом аз гунбазҳои азими устувор бар поя, ки ҳуҷраҳои намозхониро мепӯшониданд, истифода мекарданд. Гунбази қиррадори мақбараи «Гӯри Амир» (1404) бо шукуҳу азамати худ то ба ҳол бинандаро дар ҳайрат мегузорад. Аммо масҷидҳое ҳам буданд, ки боми ҳамвор ва нишеб доштанд. Меҳроб бо сангҳои рангин ороиш дода мешуд ва шакли равоқро дошт. Баъзан меҳроб ба шакли як ё якчанд тоқҳои рӯиҳамхобидаи устувор бар нимсутунҳо сохта мешуд. Айни чунин усул дар ороиши тирезаҳои намои Бемористони султон Қаловун (1284-1285) корбурд шудааст.
Дар як қатор масҷидҳо то 4 меҳроб (аз рӯи шумораи мазҳабҳои фиқҳӣ) сохта мешуд. Маъмулан, деворе, ки дар он меҳроб ҷойгир аст, бештар оро дода мешуд, бино бар он ки намозгузорон мутаваҷҷеҳи қибла буданд. Чунин деворҳо пурра гаҷкорӣ, кандакорӣ ё кошикорӣ шуда, қолинҳои Шарқро ба хотир меоранд. Равоқҳои гуногуншакл – наълмонанд, «шикаста», бо истифода аз сутун ва «шӯшаҳои оҳакӣ» ба ҳайси сари сутун (боша) усули писандидаи ороиши ибодатгоҳҳои исломист. Равоқҳо барои ороиши тоқҳои байни сутунҳои ҳуҷраи намозхонӣ ва зебу зинат додани тирезаҳо истифода мешуданд. Бошаи шӯшагӣ, маъмулан, аз унсурҳои гуногун фароҳам оварда, аз он нижвони (карниз-идора) сутун созмон дода мешуд. Баъзан шӯшаҳо гунбази даромадгоҳи асосии масҷидро зинат медоданд. Барои ороиши масҷидҳо, маъмулан, аз дарҳои бузурги кандакоришуда истифода мекарданд, ки баъзан бо парчинмехҳои оҳанин ба сурати ситораҳои сергӯша зинат дода, ё дар ғилофи мисини куфташуда андохта шуда буданд.
Ҳам барои меъмории кишварҳои ғарби канорӣ ва ҳам барои Осиёи Миёна ҳаккокии зарифонаву латиф дар гаҷ хос аст. Усто бо қалами кандакории борик дар рӯи гаҷ расме мекашад, сипас аносири зиёдатиро сутурда, сурати барҷастаи аҷибе меофарад, ки метавон дар он оёти қуръонӣ ё нақшу нигорро сабт кард. То ба имрӯз кандакории нақшин дар гаҷ дар димнаи қасри Муътасим дар шањри Сомаррои Ироқ бинандаро дар ҳайрат мегузорад. Масҷидҳои асри 14 дар шањрњои Исфаҳон, Бастом ва Абаркӯҳи Эрон бо кандакорӣ дар гаҷ ороиш дода шудаанд. Дар Эрон бештар аз кошинҳои ситорашакл ва салибшакл барои зинат додани қисмати поини деворҳо истифода мешавад.
Дар Осиёи Миёна ва Ҳиндустон ибодатгоҳҳо, маъмулан, пештоқҳои бузург (бо баландии баробар ба 2-3 ошёна) доранд. Дар аксари мавридҳо сатҳи онҳо комилан бо сафолҳои гуногунранг кошикорӣ шудааст. Пештоқи машҳури мадрасаи Шердор (1619) дар Самарқанд ҳамин гуна аст. Чунин сохти бино аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар шарқи ҷаҳони Ислом тарҳи дигаргунаи иморати масҷидҳо маъмул будааст. Ҳуҷраи намозхонӣ таҳти гунбази бинои росткунҷа қарор дошт, ҳуҷраҳои иловагӣ даври онро фаро гирифта, фазои пеши даромадгоҳи масҷидро озод гузошта буданд. Гоҳе биноҳои ҷонибӣ саҳнеро иҳота карда буданд, ки дар он фаввора ё ҳавз ва таҳоратхона воқеъ гашта буд. Намунаи чунин навъи масҷид мақбараи султон Ҳумоюн дар шањри Деҳлӣ аст.
Барои меъмории исломӣ истифодаи оёти қуръонӣ ҳамчун унсури ороиш хос аст, ки он бо воситаҳои бадеӣ зимни корбурди сафолҳои гуногунранг, кандакорӣ дар чӯб ё гаҷ анҷом дода мешавад. Дар Эрон устоҳо лавҳи сафолии рангини махсус месохтанд. Мутобиқи иборае, ки мебоист дар девор тасвир ёбад, дар ҳар лавҳ ҳарф, ҳиҷо ё бахше аз калима ҷойгир карда мешуд. Сипас лавҳро чандин бор мепазонданд (вобаста ба теъдоди рангҳои истифодашуда). Ба ин тариқ порчаҳои комиле аз Қуръон таҳия карда, бо онҳо биноҳои дохилӣ ва даромадгоҳи масҷид оро дода мешуд.
Дар меъмории шарқи исломӣ нақшу нигор мақоми муҳим дошт. Он то андозае дар Ислом манъ будани тасвири мавҷудоти зиндаро ҷуброн мекард ва дар айни замон воситаи муҳимми ифодаи мазмуну мундариҷаи бадеӣ буд. Сараввал дар нақшу нигори арабӣ унсурҳои рустанӣ бартарӣ доштанд, ки худ иқтибосе аз аҳди бостон аст. Баъдтар нақшу нигори рах-рахи ҳандасӣ интишор ёфт, ки дар таносуби мураккаби бисёркунҷаҳо ва ситораҳои сергӯша бунёд ёфта буд. Ҳамин тавр, навъи нави таркиби нақшу нигори исломӣ пайдо шуд, ки дар Аврупо бо номи «арабеска» шуҳрат ёфт. Меъморони Шарқи Наздик дар коркарди арабескаҳо ба маҳорати волотарин даст ёфтанд. Теъдоди сершумори композитсияҳое, ки ҳам дар деворҳои хориҷӣ ва ҳам дар дохили биноҳои исломӣ ба назар мерасанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳангоми офаридани арабескаи навбатӣ усто нақшу нигори сирф мантиқӣ ва аз рӯи ҳисоби дақиқ санҷида, инчунин парвози хаёли хешро ба назар мегирифт, ки ин дар доираи Ислом иҷозат додашуда, ба ҳеч ваҷҳ маҳдуд наменамояд. Навъи дувуми нақшу нигор-катибавӣ бо намуди афзалиятноки ҳунар дар Ислом - хаттотии арабӣ марбут аст. Катибаҳо ё таъбирҳои комилро, ки меъморон дар ороиши иншоот ҷой медоданд, аз ҳайси бори маънои ба дӯш доштаашон метавон бо уқнумнигорӣ дар маъбадҳои масеҳӣ қиёс кард. Дар асрҳои 14-15 дар Мағриб амалан ҳар ибодатгоҳро шабакаи рақиқтарини нақшу нигори арабеска фаро гирифта буд. Қариб ҳар детсиметр сатҳи иншоот бо кандакорӣ, нақши рустанӣ ё шакли ҳандасӣ оро дода шудааст.
Дар меъмории исломӣ шӯшаҳои оҳакӣ васеъ истифода мешуданд. Маъмулан бо онҳо равоқу тоқҳоро зинат медоданд. Пайдоиши онҳо бо усули таркибие вобаста аст, ки меъморон ҳангоми зарурати гузариш аз кунҷҳои рост ба доира истифода мекарданд. Меъморони румӣ ин гузаришро тавассути истифода аз «бодбон» эҷод карданд, меъморони исломӣ асосан аз шӯшаҳо истифода мекарданд.
Нахустин масҷидҳои бунёдшуда дар Эрон тарҳи арабӣ доштанд, вале баъдан дар ороиши онҳо ҳунари аҳди Сосониён мавриди истифода қарор дода шуд. Сатҳи деворҳо, гунбазҳо ва сутунҳо бо тасвири рустаниҳо зебу зинат ёфтаанд. Дар ороиши меҳроб аз тасвири ситораҳои ҳаштгӯшаи кунҷҳояшон ба ҳам пайваста истифода мешуд. Ин унсур баъдан усули хеле ҳам маъмули меъморони эронӣ гашт. Унсури хосси ибодатгоҳҳои эронӣ айвон аст, ки шакли тоқи равоқӣ дорад. Дар меъмории эронӣ ба фазои бози саҳни дарунӣ диққати зиёд дод мешуд. Ин ҳам дар меъмории дунявӣ (дар манзилҳои истиқоматӣ, корвонсаройҳо, қасрҳо) ва ҳам дар иншооти динӣ (масҷиду мадрасаҳо) баръало намоён аст. Манораҳои бурҷмонандро дар Хуросон, Мозандарон ва ҳудуди устони марказии Эрон бино мекарданд. Навъи бесобиқаи манораҳо дар асрҳои 11-12-и мелодї бо таъсири мактаби меъмории маҳаллӣ, ки усули сохтмонӣ ва бадеии хоссаро истифода мекард, ташаккул ёфт. Манора бурҷи мавзуну мудавваре буд, ки дар қуллааш айвончае дар равзан дошт. Ороиши он тавассути ба таври махсус чидани хишти муқарнас (навъи наќши барљастаи гаљї) анҷом дода мешуд. Дар бинои гунбазҳо хишти пухтаи аълосифати бағоят мустаҳкамро ба кор мебурданд. Истифодаи чунин навъи хишт натиҷаи таъсири фарҳанги байнаннаҳрайнии аҳди Аббосиён аст. Хишт дар пуштаҳои Эрон дар шароити вуҷуди хатари доимии заминларза ягона маводи сохтмонии устувору тобовар буд. Иншооти аз хишт сохташуда дар ҳолати заминларза аз худ «чандирӣ» нишон медод. Минбаъд ороиш бо хишт, ки дар натиҷаи тарзҳои гуногуни чидани он (уфуқӣ, ба паҳлу, барҷаста, фурӯрафта ва ғ.) ба меъморон имкон дод, сабки «ҳазорбоф»-ро эҷод намоянд, ки дар натиҷаи истифодаи он таносуби зебои шаклҳои ҳандасӣ пайдо мешавад. Зимни истифода аз хиштҳои шаклу андозаашон гуногун- нимхишт, чорякхишт, пораҳои фонашакл, устоҳои хиштчин нақшу нигори назаррабо меофариданд.
Дар даврони ҳукмронии Темур беҳтарин ҳунармандон аз Хоразм, Эрон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳои фатҳшуда ба Самарқанд фаро хонда шуданд. Масҷиди Бибихонум дар ин давра (соли 1398 м.) сохта шудааст, дар натиҷаи заминҷунбии соли 1897 гунбаз ва деворҳои он хароб гардид. Дар самти ғарбии он мақбараи Қусам ибни Аббос (маҷмааи Шоҳи Зинда) ҷойгир аст. Дар майдони Регистон се иншооти дар назари аввал дорои тарҳи ҳамсон ва таносуби ба ҳам монанд сохта шуд. Сохтмони ин маҷмааи биноҳои меъморӣ ду садсола тӯл кашидааст. Нахуст мадрасаи Улуғбек (соли 1417м.), сипас дар рӯ ба рӯи он мадрасаи Шердор (солњои 1619-1636) ва дар охир дар самти шимолии майдон масҷид-мадрасаи Тиллокорӣ (соли 1647 м.) сохта шудаанд. Ҳар се бино дорои пештоқ, ки барои меъмории тарзи форсї анъанавӣ аст, инчунин қаторравоқҳои дуошёна бо дарсхонаҳо мебошанд. Истифода шудани тасвири ҳайвонот дар нақшу нигори мадрасаи Шердор нишонаи фарқкунандаи меъмории он аст. Шерҳои хуршед, ки оҳувонро шикор доранд – мавзӯи писандидаи устоҳои эронӣ аст. Барои тасвири ин саҳна усули мозаики серамик истифода шудааст. Манораҳои хурди Тиллокорӣ дар масофаи нисбатан дур аз пештоқ воқеъ шуда, бурҷҳои дидбониро мемонанд. Манораҳои мадрасаи Шердор бо даҳанаи ба боло васеъшавандаи бо шӯшаҳои оҳакӣ (сталактитҳо) фарогирифта, бидуни равзанаҳо, хатм мешаванд. Соли 1932 манораи мадрасаи Улуғбек рост карда шуд, ки ин дар таҷрибаи ҷаҳонӣ воқеаи бемисл аст.
Мадрасаҳои мавҷуда дар ҳудуди Тоҷикистони муосир бо сабки меъмории мовароуннаҳрӣ сохта шуда бошанд ҳам, бо вуҷуди ин метавон дар онҳо усули хоссаи худро дарёфт. Чунончи, мадрасаҳои мутааххири Ҳисор дорои баъзе унсурҳои меъмории махсуси худ ҳастанд, ҳарчанд аз рӯи сабки ороиш бо намунаҳои маъруфи мадрасаҳои Самарқанд, Ҳирот ва Бухоро қобили қиёс нестанд. Мадрасаи Куҳна – яке аз ду мадрасаи нахустини Ҳисор дар асрҳои миёна (тахминан 16-17) аз саҳни васеи росткунҷа (27х26 м) бо ҳуҷраҳои якошёна, масҷид, дарсхонаҳо ва биноҳои фаръӣ фарогирифта (андозаи берунии бино 50х45 м) ва вурудгоҳи муҳташами рӯ ба тарафи Регистони Ҳисори Шодмон иборат аст. Аз тарафи рости вурудгоҳ масҷиди гунбаздор ва аз чапи он ҳуҷраҳои дарсхонӣ ҷойгир шудаанд. Гӯшаҳои намои асосии бино бо бурҷҳои сечорякаи начандон баланди «гулдаста», ки бо нақшу нигори хиштии барҷаста оро ёфтаанд, тақвият дода шудаанд. Саҳн, илова ба иншооти гурӯҳи шимол, бо 27 ҳуҷраи андозаи ҳар кадом 3х4 м фаро гирифта шудааст. Яке аз хусусиятҳои бахши даромадгоҳи мадраса дар болои миёнсаройи гунбазӣ мавҷуд будани болохона-китобхона мебошад, ки пешашро пештоқ пӯшида, дар тоқчаи он айвончаи чӯбин бар болои дарвоза, рӯ ба тарафи майдони шаҳрӣ, сохта шудааст. Мадраса ороиши меъморӣ надошт. Дар шафати мадрасаи Куҳна мадрасаи Нав қарор дорад, ки каме дертар - асрҳои 17-18 сохта шудааст. Намои шарқии он низ ба тарафи майдони шаҳрии Ҳисори асримиёнагӣ аст. Мадраса дар сари роҳи қадимие воқеъ аст, ки ба дарвозаҳои шаҳрии ҷанубии Шикорӣ мебарад. Аз ин ду мадраса як навъ маҷмааи биноҳои ҷуфте созмон ёфтаанд, ки бо корвонсаройи Хиштин мукаммал шудааст. Он дорои композитсияи тарҳи саҳндор бо қатори ҳуҷраҳои якошёна аз се тараф (ҷануб, ғарб ва шимол) ва намои дуошёнаест, ки аз берун бо бурҷҳои канории бидуни равзан (андозаи беруни иншоот 35,2х38,4 м) тақвият дода шудааст. Фарши саҳни мураббаъшакли кунҷҳояш бурида (сабки меъмории мадрасаҳои Бухоро) бо хишт чида шудааст (андозаи саҳн 20х21 м). Дар миёнаҷои саҳн чоҳи мудаввар барои ба он рехтани оби барфу борон воқеъ гардидааст.Мадрасаи Мирраҷаб-додхоҳ дар Конибодом соли 1660 аз хишти пухта сохта шудааст. Намои асосии он ба шоҳроҳи шаҳр нигаронида шуда, саҳнаш мураббаъшакл аст ва дар атрофи он биноҳои якошёнаи таъйиноти гуногун сохта шудаанд. Дар намои асосии шимолӣ дарвозахонаи бузурги гунбаздор ҷудо мешавад, ки бо пештоқи азим оро дода шудааст. Кунҷҳои сатҳи намо бо манораҳои «гулдаста», ки аз сатҳи бом қомат афрохтаанд, тақвият дода шудаанд. Аз тарафи ғарби саҳни вурудгоҳ бинои гунбаздори салибшакли масҷид воқеъ гаштааст ва аз тарафи шарқ дарсхона, ки он низ салибшакл ва бо гунбаз пӯшидашуда, вале аз рӯи андоза хурдтар аст.
Иншооти бузурги Абдулатиф Султон ё Қоқгунбаз дар шаҳри Истаравшан (асри 16) аз зумраи масҷид-мадраса аст. Он саҳни дарозрӯя дорад, ки чунин тарҳ ба масҷидҳои ҷомеъ хос аст. Бинои асосии Қоқгунбаз аз хиштҳои мураббаъ сохта шуда, дар дохили худ утоқи бузурги мураббаъшакли бо андозаи 6,95х7,05 м ва дар чор тарафаш тоқҳои амиқ мебошад. Тоқи меҳроб гунбази шӯшагии гаҷкоришуда дорад ва деворҳои дохили он бо нақшу нигори рангин оро дода шудаанд. Бинои асосии масҷид, ки бо гунбази дуқабата бар пояи мудаввари баланд пӯшонида шудааст, ба маҷмааи иншооти мадраса дохил мешавад. Маҷмаа дорои саҳни мураббаъ мебошад, ки онро аз се тараф долони пӯшидашуда иҳота кардааст. Дари ҳуҷраҳои хонандагон ба сӯи долон боз мешавад. Ҳоло ҳамаи бахшҳои харобгаштаи мадраса барқарор гардида, рӯйбасти гунбаз, пояи он ва даромадгоҳи асосӣ пурра тармим шудаанд.
Иншооти Абдуллоҳхон дар деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара як навъи махсуси намозгоҳ-мадраса мебошад, ки солҳои 1585-1586 сохта шудааст. Аз рӯи тарҳи меъморӣ он ба намозгоҳи Осиёи Миёнаи асрҳои 16-17 хеле шабоҳат дорад. Намозгоҳ-мадраса аз бинои марказии гунбаздор ва қанотҳои паҳлуии сергунбаз иборат аст. Дарозии намо - 20,2 м, аз ҷумла, бинои марказӣ - 10,47 м ва тарафҳои паҳлуӣ - 15,15 ва 15,85 м. Даромадгоҳи асосӣ бо нақшу нигори мутааххир бар рӯи андова оро дода шудааст. Аз тарафи шимол, шарқ ва ҷануби саҳни он ҳуҷраҳо ҷойгир шуда будаанд, ки то замони мо боқӣ намондаанд (танҳо ҳуҷраҳои тарафи шимол қисман боқӣ мондаанд). Соли 1909 дар байни саҳни он манора сохта шуд, ки то ҳол побарҷост. Дар мадраса то солҳои сиюми асри 20 таҳсил идома доштааст. Ба ҷуз мадрасаҳои мазкур қариб дар ҳар шаҳр, аз ҷумла, дар музофот, чандин мадраса амал мекардааст, ки ҳар кадом аз рӯи тарҳи классикии иншооти дорои ду ва ё чаҳор айвон ва саҳн сохта шудаанд.
Рустам Муқимов,
академик