ВАЗЪИ ТАҲАММУЛГАРОИИ ДИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд korbar - пн, 08/29/2022 - 11:37

Дин ва боварҳои динӣ аз қадим то ҳол ҷузъи ҷудонопазири фарҳангу ахлоқи ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Инсон ба таври табиӣ ба бовару ақидаи худ боварманду муътақид буда, муҳаббат ва алоқамандии вижа ба он дорад. Аз ин рӯ, бо баррасии таърихи гузашта ва ҳоли инсоният ба ин нукта пай мебарем, ки инсонҳои фурсатталаб барои расидан ба манфиатҳои худ аз абзори дин ва боварҳои динии мардум суиистифода намуда, зиёнҳои зиёди моддию маънавиро дар кӯраи хокӣ ба мерос гузоштаанд ва дар оянда низ хоҳанд гузошт.

Ин воқеиятро низ мебояд дар назар гирифт, ки муноқиша ҷузъи иҷтинобнопазири зиндагии инсон аст. Чӣ гуна ва бо чӣ роҳҳое коҳиш додани он аз умдатарин масъалаҳо ба ҳисоб меравад. Бо дарки ин масъала, дар давраҳои гуногуни таърихӣ қишри равшанфикри ҷомеа ба баёни андешаву дидгоҳҳое мепардохтанд, ки шиддати нофаҳмӣ ва муноқишаро дар шаклу навъҳои гуногун коҳиш диҳанд. Сиёсатмадорони дурандеш ин афкори созандаро дар чорчӯби қонунҳои навишташуда дароварданд. Шаҳрвандон низ бо ба расмият шинохтани қонунҳои қабулшуда, озодии интихоби ақида ва ё интихоб накарданро барои худ ва дигарон қоил шуданд, то дар канори ҳам ҳамзистии осоишта дошта бошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо касби Истиқлоли давлатӣ бо буҳрони нохостаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Дар ин вазъ омили суиистифода аз дин ҳамчун абзори сиёсӣ барои расидан ба қудрат аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида ба мушоҳида расид. Аммо бо истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ масъалаҳои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар меҳвари сиёсати давлат қарор гирифт ва масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт ба тадриҷ ҳалли худро ёфт.

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин бо дарназардошти воқеиятҳои ҷомеа ва дар асоси принсипҳои давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд тарҳрезӣ гардидааст. Дар сатҳи Конститутсия кафолат додан ба ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон ва шаҳрванд, махсусан дар масъалаи озодии виҷдон, инчунин пойбандӣ ба уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост. Дар ин асос Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” заминаи ҳамкориҳои муносибу созандаи иттиҳодияҳои динӣ бо мақоми ваколатдори давлатиро таъмин намуд. Инчунин, соли 2018 бо мақсади муайян кардани вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул карда шуд.

Дар қонунҳои мазкур ва ҳамчунин дар матни Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин вобаста ба озодии виҷдон, хусусан таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба озодии интихоби ақида бандҳои хос ворид гардидааст. Барои мисол, дар Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин вобаста ба масъалаи таҳаммулпазирии динӣ, ки заминасози ҳамзистии осоишта дар ҷомеа мебошад, чунин қайд шудааст:

- густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар;

- таъмини баробарӣ ва таҳаммулпазирии динию мазҳабӣ, пешгирии паҳншавии ғояву ақидаҳои ҳаракату равияҳои тундрав дар муҳити динӣ ва ба вуҷуд овардани фазои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа.

Вазъи таҳаммулгароии динӣ дар ҷомеа баёнгари ин аст, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байниҳамдигарии пайравони равияву мазҳабҳои гуногун, аз ҷумла пайравони мазҳаби ҳанафии дини ислом, пайравони равияи исмоилии дини ислом, пайравони равияи православии дини масеҳӣ ва дигар равияҳои масеҳӣ, инчунин дину равияҳои дигар дар сатҳи бисёр олӣ қарор дорад. Тадқиқоту пажӯҳишҳои коршиносони дохилию хориҷӣ низ вуҷуди таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеаи тоҷикро, бо вуҷуди аз дини ислом пайравӣ намудани аксари аҳолии он, нисбат ба аққалиятҳои дигар мазҳабҳо, аз ҷумла масеҳиён, яҳудиён, баҳоиён, кришна ва ғайра тасдиқ мекунанд.

Ба таври хулоса метавон зикр кард, ки вазъи таҳаммулпазирии динӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати бисёр хуб қарор дошта, пайравони ҳамаи дину мазаҳбу равияҳо озодона фаъолият менамоянд. Ҳамзистии мусолиматомези пайравони дину боварҳои гуногун аз нигоҳи қонунӣ кафолат дода шуда, муколамаву гуфтугӯ ва нишастҳову дидорбиниҳо, ки пайваста аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил мешавад, заминаро барои ҳамдигарфаҳмӣ муҳайё намудааст.