
Маълум аст, ки халқи тоҷик аз қадим на саҳрогарду кучманчӣ, балки шаҳрдору деҳнишин буда, аз одобу фарҳанги шаҳрдорию деҳдорӣ ва қавмдорию ҳамсоядорӣ хуб бархӯрдор будааст. Албатта, дар касби маърифати фарҳанги шаҳрдорию қавмдорӣ, бахусус фарҳангу одоби ҳамсоядорӣ саҳми ниёгони андешамандамон зиёд аст.
Онҳо ин мавзӯро дар осори худ матраҳ карда, орову афкори худро ҷиҳати беҳбуди ҳаёт ва риояи қонунҳои зиндагии иҷтимоии одамон, аз ҷумла ҳамсоядорӣ баён доштаанд. Ҳамсоя касест, ки ба ҳамсояи худ наздик, дар канор ва сояи якдигар зиндагӣ намуда, аз ҳолу аҳволи ҳам огоҳ ва дар шодию нишот, ғаму ғусса бо ҳам шарику ҳоҷатбароранд. Одатан розу ниёз ва дарду алам ба ҳамсояи хубу қарин гуфта мешавад. Ҳамсоя роздону ҳолдони ҳамсоя аст, зеро дар ҳолатҳои сахту душвори зиндагӣ бештари одамон дарду аламашонро ба ҳамсоя иброз дошта, аз ӯ ёрию кумак ва маслиҳату машварат мепурсанд. Ҳамеша дар тӯйу маъракаҳои хурсандӣ ё мусибату азодорӣ дар баробари хешу таборон ва дӯстону наздикон ҳамсоягон низ ба хизмату дастгирӣ омодаанд, ки ин аз хислатҳои хуб ва адои ҳаққи ҳамсоягӣ дарак медиҳад. Дар урф гуфтаанд: «Ҳамсояи хуб беҳ аз хеши дур» ё «Ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур». Воқеан дар ҳолатҳои зарурӣ то он замоне, ки хешу таборон аз дур бирасанд, ҳамсоягон аллакай ҳозир мебошанд.
Бузургон дар асоси ривоятҳои мавҷуда ҳадду ҳудуди ҳамсояро аввалан аз ҷониби рост баъдан аз чап, аз боло, поён то ба чил хонаро баршумурда, ба ҳадду ҳуқуқи ҳамсоягӣ даровардаанд. Аммо аз ҳамаи онҳо қарибтару ҳақдортар онест, ки дарвозааш наздик аст. Оиша-ҳамсари Пайғамбари Худо (с) гуфт: аз Муҳаммад (с) пурсидам, ки ду ҳамсоя дорам ба кадом якеи онҳо ҳадя диҳам? Фармуданд: Оне ки дари хонааш ба ту наздиктар аст. Аз ин ҳадис бармеояд, ки агарчи ҳамаи хонаҳои гирду атроф ба ҳадди ҳамсоягӣ дохиланд, лекин онҳое, ки дар масофаи наздиктар ҷойгиранд, ҳаққу ҳуқуқи бештаре доранд, чунки ҷараёни ҳама гуна ҳодисаву рӯйдодҳои ҳамсоягӣ, пеш аз ҳама, ба онҳо алоқаманд мегардад. Масалан, дар ягон хона дуздӣ, сӯхтор, муноқишаи сахти оилавӣ ё зарарҳои офати табиӣ ва амсоли ин рӯй диҳад, албатта зиёни он ба ҳамсоя низ мерасад…
Ба хотири амну осоиш ва зарару озор надодан ба ҳаёту фаъолияти дигарон дини мубини Ислом баъзе ҳуқуқу қоидаҳоеро роҳандозӣ кардааст, ки ҳангоми иҷрои онҳо миёни одамон, бахусус миёни ҳамсоягон меҳру муҳаббат, дӯстию бародарӣ, садоқату вафодорӣ ва муносибатҳои неку ҳасана барқарор мегардад.
Аввалан накуӣ кардан ба ҳамсоягон (чи хеш бошаду чи бегона) ва тарки кибру худситоӣ нисбат ба онҳо: «Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики Ӯ муқаррар макунед ва ба падару модар ва ба хешон ва ятимон ва гадоён ва ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва он, ки дасти шумо молик шуд, накӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо касеро дӯст намедорад, ки ботакаббури худсито бошад;» (Нисо, 36). Дар ҳадиси Имом Муслим омадааст: Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Ҳар кас ба Худо ва рӯзи қиёмат бовар дошта бошад, бояд ба ҳамсояаш некӣ кунад». Дар накуӣ кардан ба ҳамсоя натанҳо хурсандию миннатдории ӯро дармеёбем, балки ба аҷру савоб низ ноил мегардем. Ҳазрати Муҳаммад (с) ба Абузар чунин хитоб карданд: «Ҳаргоҳ шурбо бипазӣ, оби онро бисёр кун ва ҳамсоягонатро низ ёд бикун».
Сониян аз ҳолу аҳволи ҳамсоягон пурсидан, бахусус дар тангдастию парешонҳолӣ, дарду ранҷурӣ ва ғаму ғусса:
Гуфт: Заҳмат нест? Гуфто: миннат аст,
Дар хабар ҳамсояпурсӣ суннат аст.
Дар ҳолатҳои мазкур ҳамсоя дар худ қуввату қудратеро пайдо карда, аҷзу нотавонӣ, ғаму дард ва танҳоияшро то андозае фаромӯш месозад, вале агар ӯро танҳо гузошта дар канораш набошем, албатта ӯ эҳсоси танҳоӣ карда, таҳқиру хиҷолат мекашад. Ба худ мепиндорад, чи коре кардааст, ки он боиси нафрати ҳамсоягон шудааст, ё гумон мебарад, ки ба хотири инсони бад буданаш дар ҳолатҳои сахт ӯро танҳо мондаанд…
Бузургон аз рўйи ҳаққу ҳуқуқ ҳамсоягонро ба се навъ ҷудо кардаанд:
1. Дорои як ҳақ. Ҳамсояи ғайримусулмонест, ки бо ҳамсояи худ дар дин ихтилоф дорад, бо вуҷуди ихтилофи диниву ақидавӣ болои ҳамсояи худ ҳаққи ҳамсоягӣ дорад ва бояд он ҳақ дар нисбати ӯ риоя гардад. Қайд кардан бамаврид аст, ки Ислом дини поку одамсоз буда, пайваста одамонро ба некию накукорӣ ва ободию ҷомеасозӣ фаро мехонад. Дар масъалаи ҳамсоягиву ҳамсоядорӣ сарфи назар аз дину ойин, миллату нажод ва макону минтақа қоил ба эҳтироми ҳамсоя буда, ба адои ҳаққи ҳамсоягӣ дастури ҳатмӣ медиҳад;
2. Дорои ду ҳақ. Ҳамсояест, ки ҳам ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳам ҳаққи мусулмонӣ дорад ва ин ду ҳақ дар нисбати ӯ бояд адо гардад;
3. Дорои се ҳақ. Ҳамсояест, ки қаробати насабию хешу таборӣ дошта, дорои ҳам ҳаққи ҳамсоягӣ, ҳам ҳаққи мусулмонӣ ва ҳам ҳаққи хешовандӣ мебошад. Албатта дар риоя кардани одоб ва ҳаққи ҳамсоягӣ натоиҷи хубу манфиати бузургест, ки инсонро ба хушию хотири ҷамъ ноил месозад. Пайғамбари Худо (с) чунин фармудаанд: «Ҷабраил он қадар дар ҳаққи ҳамсоя ба ман таъкиду супориш карданд, ки гумон бурдам ба зудӣ ҳаққи мерос бурдани ҳамсояро низ эълон мекунад».
Ғайр аз ин вақте ки Пайғамбари Худо (с)-ро аз ҳаққи ҳамсоя пурсиданд дар посух чунин фармуд: 1. Агар талаби қарз кард, ӯро қарз бидеҳ.
Пушида нест, ки қарз додан амали неку савоб буда, қарзгиранда баъди гирифтани қарз мушкилоти зиндагии худро бартараф месозад ва аз қарздиҳанда хурсанд шуда, худро мадюни ӯ меҳисобад. Подоши қарз доданро аз подоши садақа чанд баробар зиёд гуфтаанд, зеро шахси садақадиҳанда бо хоҳиши худ, бе талабу дархости садақагир ба ӯ маблағ ё ашёи доштаашро пешниҳод мекунад, вале қарздиҳанда дар додани қарз бо дархост ва талабу ҳоҷати қарзгир маблағи пулӣ ё ашёи мавриди ниёзро ба ў ато мекунад. Инчунин ҳангоми қарз хостани қарзгир як навъ шарму ҳаё дар вуҷуди ӯ эҳсос карда мешавад. Солҳои пешин одамон якдигарро бо додани қарз ёрию мадад мерасониданд ва аз оқибати он ҳеҷ хавфу ҳаросе надоштанд, аммо тайи солҳои охир ин амал хеле коста шудааст. Ин сабабҳои зиёд дорад, вале сабаби асосиро дар ду чиз гуфтаанд; ё фоидаву судёбӣ аз қарз ба тариқи фоизгузорӣ, ҳол он ки ин амал ноҷоиз буда, дар шариат мамнуъ эълон шудааст; ё барнагардондани қарз аз тарафи қарзгиранда дар вақташ ва сарсону саргардон сохтани қарздиҳанда, ба қавле «ба даст додану ба пой давидани қарздиҳанда». Ба ҳар ҳол, ҳангоми қарз хостан бахусус қарз хостани ҳамсоя бояд ба ӯ қарз дод, зеро ин амал аз ҷумлаи адо намудани ҳаққи ҳамсогӣ ва кори хайру савоб мебошад.
2. Агар даъват кунад, иҷобат фармо. Дар қабули даъват ва ҳозир шудан ба макони даъват нишонаи эҳтиром ба ҳамсоя зоҳир мегардад. Агар ба дархосту даъвати ҳамсоя ба манзилаш ё ягон макони барқарории ҷашну маросими ӯ бесабаб ҳозир нашавем, ӯ худро маломат намуда, маъюсу ноумед мегардад. Мепиндорад, ки рафтор ё гуфтори нописанде карда, ё хислати баде доштааст, ки ҳамсоя даъвати ӯро напазируфтааст. Ба ин тариқ, ғамгину озурда мегардад, ки дилозорӣ ҳам кори зишт аст.
3. Агар бемор шавад ба аёдаташ бирав. Дар аёдати бемор ҳам хушнуд сохтани ҳамсоя, ҳам адои ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳам дарки неъмати саломатию тандурустии хеш аст:
Чу ранҷ барнатвонӣ гирифтан аз бемор,
Қадам зи рафтану пурсиданаш дареғ мадор.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар дафтари аввали Маснавӣ доир ба аёдати ҳамсояи бемор ва ба ҷо овардани ҳаққи ҳамсоягӣ ҳикоятеро зикр кардааст, ки мазмунаш чунин аст: Марди ношунавоеро ҳамсояаш бемор мегардад. Он мард қасди аёдати ҳамсояи бемор карда, ба худ мегӯяд, ки ҳангоми аҳволпурсии бемор бо ин гӯши кар чи гуна суханҳои ӯро дарк мекарда бошам:
Он кареро гуфт афзун мояе,
Ки туро ранҷур шуд ҳамсояе.
Гуфт бо худ кар, ки бо гӯши гарон,
Ман чӣ дарёбам зи гуфти он ҷавон.
Ниҳоят ба хулосае мерасад, ки аз рӯйи қиёс ва одат метавонад, суханҳои ҳамсояи беморашро дарк кунад, зеро одатан ҳангоми аёдати бемор чанд ҷумлаи маъмулӣ пурсидаву ҷавоб дода мешавад. Вақте аз бемор пурсам, ки ҳолат чи гуна аст? Ӯ дар посух хоҳад гуфт: неку хубам. Чун бипурсам, ки чӣ хурдаӣ? Гуяд: шарбат ё мошбо (шӯрбо). Чун бигӯям: Табибат кист? Гӯяд: Фалонӣ. Пас он марди кар бо ин хотирот зеҳни худро омода сохта, ба аёди ҳамсояи бемор меравад.
Ин ҳисоботи қиёсӣ рост кард,
Пеши он ранҷур шуд он некмард.
Гуфт: «Чунӣ» Гуфт «Мурдам». Гуфт «Шукр»,
Шуд аз ин, ранҷур пурозору нукр.
К-ин чӣ шукр аст? Ў магар бо мо бад аст?
Кар қиёсе карду он каж омадаст.
Баъд аз он гуфташ: «Чӣ хўрдӣ?» Гуфт: «Заҳр»,
Гуфт: «Нўшат бод». Афзун гашт қаҳр.
Баъд аз он гуфт: «Аз табибон кист ў,
Ки ҳамеояд ба чора пеши ту?»
Гуфт: «Азроил меояд. Бирав»,
Гуфт: «Пояш бас муборак. Шод шав».
Кар бурун омад, бигуфт ў шодмон:
«Шукр, к-иш кардам муроот ин замон»…
Ҳамчу он кар , к-ў ҳаме пиндоштаст,
К-ў накўӣ карду он баръакс ҷаст.
Дар ин ҳикоя дар баробари баёни ҳадафи аслӣ (қиёси нодуруст) ҳатмӣ будани аёдати ҳамсояи бемор ва адои ҳаққи ҳамсоягӣ ба назар мерасад, чуноне ки он шахси кар бо вуҷуди мушкилоти заъфи шунавоӣ ҳаққи ҳамсояро воҷиб дониста, дар адои он кӯшидааст ва ба андешаи худ ҳаққи ҳамсояро адо кардаву осуда шудааст.
Ў нишаста хуш, ки хидмат кардаам,
Ҳаққи ҳамсоя ба ҷо овардаам.
4. Агар ёрӣ хост кумакаш бикун. Кумаку ёрӣ феъли хубу писандида аст, бахусус агар ба ҳамсоя равона гардад, чунки аз ҳама дида ў ба ёрию кумак сазовору ҳақдортар аст ва ин амал боиси мустаҳкам шудани алоқаи ҳамсоягӣ мегардад.
5. Агар мусибате расад таъзияташ бикун. Дар ҳолатҳои сахтию душворӣ ва мусибату азодорӣ одамон бениҳоят ба дастгирию таслияти дигарон, бавижа ҳамсоягон ниёз пайдо мекунанд. Дар чунин ҳолатҳост, ки чигунагии ахлоқи одамон ва симои воқеии онҳо маълум мегардад. Пас чигунагии ҳамсоя дар чунин ҳолатҳо зоҳир мегардад.
6. Агар хайре ёбад таҳнияташ бигӯй. Дар хайру хушии ҳамсоя худро шарик сохтан ин ифодагари бухлу ҳасад надоштан ба ҳамсоя аст. Умуман, дар пешрафту музаффариятҳои ҳамсоя ҳамеша шод бояд буд ва ӯро дастгирӣ бояд кард. Дар зиндагӣ баъзе нохушию зиддиятҳои ҳамсоягӣ аз бухлу ҳасади ҳамсояи бахил сар мезанад. Ашхоси бахилу бадхоҳе ёфт мешаванд, ки дар сарвату дороӣ ва пешрафту дастовардҳои ҳамсоя хушнуд нагашта, бо ҳар роҳе нисбати ҳамсоя бухлу ҳасад меварзанд ва аз оқибати нохуб бархӯрдор мешаванд, чунки бухлу ҳасад иртиботи ҳамсоягиро коста, соҳиби худро месӯзонаду хокистар месозад, мисле ки оташ ҳезумро сӯхта хокистар мегардонад…
7. Агар фавтад, дар ҷанозаву дафнаш ҳозир бош. Бузурге фармудааст:
Эй ки мавъиза хостанат ҳавас аст,
Марги ҳамсоя воизи ту бас аст.
8. Агар ғоиб бошад, манзил ва дороии ӯро муҳофизат бикун. Ҳифзи хона ва молу ашёи ҳамсоя василаи дигарест, ки робитаи ҳамсоягиро қавию мустаҳкам месозад, вале на ҳама ин ҳақро риоя менамоянд. Дар ин айём, ки фарҳанги ҳамсоядорӣ коставу адои ҳаққи ҳамсоягӣ камаҳаммият шудааст, бисёр одамон ба қавли «ба харе бор надорӣ чи кор дорӣ» нисбати молу ашё ва манзили ҳамсоя бепарво шудаанд. Баъзе одамони бад дар ҳолати ғоиб будани ҳамсоя мақсадҳои худро амалӣ месозанд. Масалан, нафаре шикоят кард, ки дар вақти набудани ӯ ҳамсояаш бе маслиҳат дар ҷойи номуносиб чанд тана дарахт шинонидааст, дигаре чунин шикоят дошт, ки ҳамсояаш маҳз дар набудани ӯ ҷӯйбори хонаашро дар ҷойе кандааст, ки боиси норозигии ӯ шудааст, нафари дигаре мегуфт, ки ҳамсояааш чанд муддат ғоиб шудани ӯ ва аҳлу хонаводаашро мунтазир шуда, ниҳоят чунин фурсатро пайдо карда, таҳкурсии девори ҳавлиашро дар ҷое рехтааст, ки сабаби малолату ранҷиши ӯ шудааст, вале ӯ ба хотири сар назадани ҷангу ҷидол ва сарсон нашудан сабр намудааст. Дар чунин ҳолатҳо хуб мебуд, агар бо ҳамсоягон маслиҳату машварат карда, хушнудию розигии онҳо ба назар гирифта мешуд, зеро касоне ҳастанд, ки дурандешию хотирбинӣ ва адлу инсофро сарфи мекунанд, ки оқибат ба заиф шудани робитаи ҳамсоягӣ мерасонад.
9. Ҳаргиз озори ҳамсоя макун. Озору азияти ҳамсоя навъҳои зиёд дорад, аз ҷумлаи онҳо таҳқир, масхара, суханчинию суханбарӣ, туҳмат, ғайбат, дуздӣ, дашном, умуман аз ҳар амал ё рафтору гуфторе, ки боиси ранҷишу озор ва нороҳатии ҳамсоя мегардад, аз онҳо худдорӣ бояд кард. Дар ин бора ҳадисе аз Пайғамбари Худо (с) омадааст: «Ба Худо қасам (се бор такрор карданд) имон надорад. Асҳоб пурсиданд. Кӣ имон надорад? Фармуданд: Касе, ки ҳамсояаш аз бадию зарари ӯ дар амон нест» .
Сироҷиддин Пиров,
номзади илмҳои педагогӣ