ТӮФОНИ ҶАЪЛИЁТ

Нашр шуд korbar - пн, 08/22/2022 - 11:49

Дар чанд соли ахир баъзе афроди камиттилоъ ё ғаразнок, ки таассуб ва тундравии ошкорро ба намоиш мегузоранд, дар фазои маҷозӣ осори шоирони бузург, аз ҷумла Фирдавсӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Бедил ва чанд тани дигарро бо такя ба маъхазҳои машкук мавриди “таҳлилу баррасӣ” қарор дода, онҳоро ба бадэътиқодӣ ва ихтилоф бо арзишҳои ахлоқӣ ва мазҳабӣ “маҳкум” мекунанд.

Дар айни замон як тоифаи дигар аз номи ин бузургон осори ҷаълиеро (сохтаеро), ки дигарон бо ғарази хос аз номи ин бузургон сохтаанд ё ба иштибоҳ осори дигарон ба номи онҳо сабт шудааст, нашр менамоянд. Дар ниҳоят ин ду ҷараёни мухталиф дониста ё надониста ба як масир мепайванданд, ки гӯё талошест барои эътиқод ва таваҷҷуҳи мардумро дур кардан аз осори ин бузургон, ба иборати дигар аз бузургтарин сармояҳои фарҳангу адаби миллии тоҷикӣ. Пас аз чандин бархӯрдҳои шадиди катбӣ ва лафзӣ бо намояндагони ин гурӯҳҳо эҳсос кардам, ки навиштани як матлаби нисбатан муфассали таҳқиқӣ дар бораи падидаи манфие дар ҳавошии адабиёт ба номи “ҷаълиёт” бисёр зарурӣ ва бамаврид аст.

Чанд бор ба ин сарлавҳа мақолаеро шуруъ кардам, вале бино ба мулоҳизоте корро мавқуф гузоштам. Ба ин эҳсос, ки шояд муболиға шуда бошад, шояд ин як ғалабаи эҳсосот бошад ва ин падидае чандон ғариб ва дерпо набошад. Аммо ба сад афсӯс мушоҳида мешавад, ки ин ҷараён, яъне нашри ҷаълиёт қатъшуданӣ нест ва баракс рӯз то рӯз густаришу суръати бештар касб мекунад.

Барои фаҳми дурусти мавзуъ, албатта дар ибтидои кор лозим аст, ки истилоҳи ҷаълиёт шарҳ дода шавад. Аз нигоҳи сирф луғавӣ дар фарҳанги ҷомеи Деҳхудо чунин таъриф шудааст:

Ҷаълиёт. Ҷаълийа. (дар тадовули форсизабонон ҷамъи ҷаълӣ). Он чи ҷаълӣ ва сохтагӣ ва дурӯғин бошад. Чизҳои ба дурӯғ сохта. Хабарҳои ба дурӯғ нашрёфта. Акозиб (дурӯғҳо).

Яъне ҳама чизи сохта, қалбакӣ, ғайриасл вориди ин истилоҳ мешавад. Чи ашё (предмет), чи асноду мадорик (масалан шиноснома), чи иттилоъ ва дар ниҳоят чи асари адабӣ. Дар забони инглисӣ ба калимаи “Фейк” баён мешавад.

Ин ҷо манзури мо суҳбат перомуни ҷаълиёти адабӣ аст. Яъне асарҳои сохтаи адабӣ ё худ бадеӣ, ки ба қасд (дидаву дониста, ғаразнок) ё надониста (ба фиреби дигарон дучор гардида) нодуруст ва беасос ба номи нависандае ё шоире аксаран маъруфу машҳур нисбат дода мешаванд. Ду падида дар олами адабиёти бадеъ ба таври мустақим аз марзи адабиёт гузашта ба водии масоили ҳуқуқӣ ва ҷиноӣ ворид мешавад. Яке сирқати (дуздии) адабӣ ё худ плагиат ва дигар ҳамин ҷаълиёт. Бино бар ин, дар қавонини ҷазоӣ (кайфарӣ) моддаи махсусе барои ин корҳо дар назар гирифта мешавад. Шояд аз хотири касе бигзарад, ки хуб сирқат (дуздӣ) худ ҷинояти ошкор аст, аммо ҷаълиёт ку баракси он аст, ҷаълкунанда аз касе намерубояд, балки ба ӯ медиҳад, мебахшад, пас чи тавр ин кор ҷиноят ва ӯ мустаҳиққи ҷазо мешавад?

Агар, ғаразҳо ва натиҷаҳои ҷаълиёти муғризона баршумурда шавад, дармеёбем, ки зиёну зарари он нисбат ба сирқат ба маротиб бештар аст. Барои таъйини ин амр бояд аввал ангезаҳои ҷаъли (сохтани) асарҳо (-и қалбакӣ)-ро зикр намоем:

1. Дорои эътиқод, назар ва ҷаҳонбинии хосе муаррифӣ кардани адибе, ки асари қалбакӣ ба номи ӯ сохта шудааст, вале дар асл ӯ пайрави чунин ақидае нест.

2. Ба ғарази иқтисодӣ ва тиҷорӣ сохтани асари ҳангоматалабона, ки бино бар моҷароӣ ва ҷаззоб будани мавзуъ харидорони зиёдро ҷазб мекунад.

3. Таҳрифи як падидаи таърихӣ, иҷтимоӣ ва ғайра ба мурод ва хоставу ғарази хоси худ.

4. Баъзан ба муроди қудратнамоӣ нависандаи асари ҷаълӣ барои доирае, ки аз ин қазия дар ибтидо огоҳанд, нишон медиҳад, ки ӯ метавонад дар сатҳе асар нависад, ки онро мардум чун асари як адиби тавоно бипазиранд. Ва мавридҳои дигаре ҳам метавонад дар миён бошад.

Чунин ҷаълиёти боғараз таърихи дерине дорад. Намунаи барҷастаи мавриди аввал тибқи ин ҷадвал достони ҷаълии “Юсуф ва Зулайхо”-и шоире бо тахаллуси Шамсӣ дар қарни 17 мелодӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки ҳамчунин ба воситаи ривоятҳои сохта ва ҷаълӣ дар тасдиқи он гӯё мансубияти ин достон ба қалами Фирдавсӣ таъйид карда шудааст. Хулосаи ин ривояти бофтаву сохта ҳамин аст, ки Фирдавсӣ баъд аз навмед шудан аз подоши Султон Маҳмуд ба Бағдод рафта, бо дастури амире ба назми достони “Юсуф ва Зулайхо” пардохт ва дар ивази он подоше хеле бузургтар аз силаи Султон Маҳмуд дар ивази “Шоҳнома” ба даст овард ва аз ин кори худ бисёр қонеъу хушҳол ва аз заҳмати чандинсолааш бар сари “Шоҳнома” пушаймон гардид.

Аҷобати аз ҳама бештар дар шуҳрат ёфтани ин достони ҷаълӣ ба номи ҳаким Фирдавсӣ, ки касе дар матонату фасоҳати калом бар пояи ӯ нарасида, балки ҳатто наздик нашудааст, ин аст, ки бисёре аз адибон ва адабиётшиносони маъруфу машҳур низ бар ин дурӯғ эътиқод кардаанд ва аз он дар навиштаҳои худ дар бораи Фирдавсӣ ёдоварӣ намудаанд.

Худи ин достони ба номи Фирдавсӣ бардурӯғ басташуда хеле тулонӣ ва пурмоҷарост. Имрӯз касе, ки мухтасаре ҳам бошад, аз иттилооти адабӣ ва завқи адабӣ бархӯрдор аст, дигар ба ҳеч ваҷҳ ҳозир намешавад, ки ин достонро ба номи Фирдавсӣ биёрад, зеро дар муҳити адабию илмӣ нисбат ба савод, иттилоъ ва завқи адабии ӯ барҳақ шакку шубҳа ба вуҷуд меояд. Ин мавзуъ ба таври мустақим ва муфассал дар пажӯҳишҳои муҳаққиқони эронӣ, аз ҷумла Муҳаммадамини Риёҳӣ ва Муҷтабо Минавӣ баррасӣ гардида ва аз чандин паҳлў ғайримумкин ва аз эҳтимол дур будани нисбати ин достон ва ҳаким Фирдавсиро собит намудаанд. Аз ҷумла Муҷтабо Минавӣ дар ибтидои пажӯҳиши худ менависад: Дар як ҷумла натиҷаи таҳқиқотро хулоса мекунам, ки: “Юсуф ва Зулайхое”, ки ба номи Фирдавсӣ шинохта мешуд, дар ҳудуди 476-и ҳиҷрӣ ба номи Шамсу-д-давлаи Туғоншоҳ писари Алп Арслон сохта шуда ва гӯяндаи он зоҳиран шоираке Шамсӣ-тахаллус будааст.” Ва ҷойи дигар: “Аз қазо ду нусха ҳам ҳаст, ки дар онҳо мадҳи подшоҳе, ки китоб аслан ба номи ӯ (на тибқи ривоят ба халифаи Бағдод) тақдим шуда буд, сареҳан зикр шудааст. Яке аз онҳо нусхаи муваррихи соли 1235 аст дар дасти инҷониб ва дигаре нусхаест муваррих ба соли 1276, мутааллиқ ба китобхонаи Порис, ки муҳаррири он Мамадзамони Қоинии Хуросонӣ будааст. Агарчи дар хотимаи ин ду нусха низ котиб достони онро ба Фирдавсӣ нисбат дода, дар муқаддимаи китоб абёте ҳаст дар ситоиши Абулфавориси Туғоншоҳи Муҳаммад, ки бархе аз онҳоро айнан нақл мекунам:

Сухан ибтидо мадҳи Хусрав бувад,

Ҳумоюн ҳама чун маҳи нав бувад.

Сипеҳри ҳунар, офтоби амал,

Валиюнниам, шоҳ Шамсуддувал.

Ҷаҳони фурӯзанда фахри мулук,

Муназзаҳ дили покаш аз ранҷу сук.

Малик Булфаворис паноҳи ҷаҳон,

Туғоншоҳи хусрав Алаб Арслон... ”

Фирдавсипажӯҳи номвар Муҳаммадамини Риёҳӣ дар китоби худ “Фирдавсӣ” як фаслро ба ҳамин мавзуъ махсус карда, аз ҷумла менависад: “Шамсӣ – гӯяндаи он манзума (“Юсуф ва Зулайхо”) наққолу шоҳномахон буда ва дар натиҷаи мудовимат дар шоҳномахонӣ табъи мавзуне ба ҳам расонда буда ва шояд баъзе достонҳоеро ҳам худ ба назм дароварда буда ва ҳангоме ки “Юсуф ва Зулайхо”-ро месуруда, абёти бемаънии бемаззае дар ибрози пушаймонӣ аз гузаштаи худ ба ҳам баста ва Шарафуддини Яздӣ ба ҷаълу тадлис он абётро ба унвони ин ки аз Фирдавсӣ аст, нақл кардааст:

Зи ҳар гунае назм оростам,

Бигуфтам дар он ҳарчи худ хостам.

Агарчи дилам буд аз он бомаза,

Ҳамекоштам тухму бехи база.

Аз он тухм киштан пушаймон шудам,

Забонрову дилро гираҳ барзадам.

Ки он достонҳо дурӯғ аст пок,

Дусад з-он наярзад ба як мушт хок.

Бад-ин месазад гар бихандад хирад,

Зи ман худ куҷо, кай писандад хирад?

Ки як нимаи умри худ кам кунам,

Ҷаҳоне пур аз номи Рустам кунам.

Чи бошад суханҳои барсохта,

Шабу рӯз з-андеша пардохта.”

Бубинед, як ёдоварии беасос дар муқаддимаи “Шоҳномаи Бойсанқурӣ” боиси чи иштибоҳот ва ҷаълиёти доманадоре мегардад, ки минбаъд ҳатто хеле аз донишмандони варзида ва адибони номӣ, бидуни таваҷҷуҳ ба ҳарзаҳои гирдомада дар қолаби ин манзума нисбати онро бар Фирдавсӣ таъйид ва ин иштибоҳро машҳур мекунанд.

Ҳадаф аз бастани ин достон ба номи Фирдавсӣ чӣ метавонад бошад?

1. Ҳангомазо ва бозоргир кардани як асари беарзиш ва беҳунарона

аз тарафи ҳаннотони китоб.

2. Беҳуда ва бенатиҷа ҷилва додани ҳамосаи бузурги миллии “Шоҳнома” ва дар маҷмуъ чунин осоре ба ин восита, ки худи соҳибаш гӯё аз сурудани он ибрози пушаймонӣ карда бошад.

3. Тасдиқи ин андешаи ботил, ки гӯё Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро маҳз ва танҳо ба хотири ба даст овардани суди иқтисодӣ, пул, таълиф карда ва чун харидор наёфта, аз кораш пушаймон шудааст ва бо навиштани “Юсуф ва Зулайхо” ин зиёни моддиро ҷуброн намудааст. Бо чунин тавсиф Фирдавсӣ шахсе тасаввур мешавад, ки ҳама эътиқоду азму дилбастагиҳояш танҳо вобаста ба сарват аст ва ҳамеша ҳозир аст, ба хотири он эътиқодашро дигар кунад.

4. Фаразан, гӯем касе ё касоне хостаанд, ки домани Фирдавсиро аз гарди

туҳмати исломситезӣ ва маҷуспарастӣ пок кунанд.

Аммо ин фарзи охир дар айни ҳол ба таври ғайримустақим тасдиқи ҳамин туҳмат мешавад, ки гӯё “Шоҳнома” як китоби исломситезона ва тарғибкунандаи ойини зидди он аст, китобе, ки соҳиби он дар даврони авҷи камолоти маънавӣ, ҳунарӣ ва илмии худ навиштааст ва дар ниҳоят, танҳо баъди рад шуданаш аз ҷониби Султон Маҳмуд ва маҳрум гардиданаш аз подош фаҳмидааст, ки эътиқодот ва ормонҳову мазмунҳое, ки ӯ дар ин китоб дарҷ кардааст, чизи ботилу бад будааст.

Дар ҳоле, ки аз аввалин то охирин сатри “Шоҳнома” сухане ба тасдиқи чунин назаре, ки эътиқоди шахси худи Фирдавсӣ бошад, ба назар намерасад ва баракс, сартопои “Шоҳнома” пур аз ҳазорон далели қотеъ бар гувоҳии эътиқод ва имони яктопарастонаи (тавҳидии) устувори Фирдавсӣ ва дур будани ӯ ҳатто аз ҳар гуна таассуби қавмию нажодӣ мебошад. Касе агар воқеан бихоҳад, эътиқоди солим ва муътадилу бидуни таассуби исломии Фирдавсиро собит намояд, барои ин кор далеле беҳтар аз матни худи “Шоҳнома” пайдо намекунад. Аммо бояд бидонад ва чунин хоста бошад, ки ҳам аз “Шоҳнома” ва ҳам аз Фирдавсӣ дифоъ карда бошад. На баръакс. Ин дуро аз ҳам ҷудо кардан, инкори ногузири ҳардуст.

Хулоса, онгуна ки ҳаргиз бо амали ботил ба ҳадафи дурусте наметавон даст ёфт, дар ин маврид ҳам , ҳатто агар ният нек бошад, натиҷааш аз бад ҳам бадтар хоҳад буд.

Ҷаълкунандагони густоху бадсиголу ғаразманд ҳатто аз ҷаъл кардан ба номи адибоне, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд, ибо наварзидаанд. Чунин як ҷаъли пурсару садо ва ҳангомабарангез асаре буд ба номи “Зиндагонии ман”, ки онро дар солҳои охири зиндагии Лоҳутӣ аз номи ӯ сохта пахш карда буданд. Муаллиф (гӯё Лоҳутӣ) дар ин асари ёддоштӣ аз моҷароҳое аз зиндагии худ шикоят мекунад, ки бо зиндагиномаи расмии ӯ агарчи дар ҳаводиси маълум ҳамхонӣ дошта бошад, бо моҳияти онҳо ва мавқеъу афкори Лоҳутӣ тафовути фоҳише дорад ва ӯро аз забони худи ӯ як фарди фурсатталабе муаррифӣ мекунад, ки ба ҳар василае мехоҳад ба мақоми қудрат ва нуфузи ҳарчи бештари шахсӣ бирасад, аз касоне қасос бигирад ва аҳдоферо иборат аз ғаразҳои фардӣ ва оромонҳои баландпарвозонаи худхоҳона амалӣ созад. Дар айни ҳол, бо вуруди худ ба ИҶШС ба доми суистифодагарон аз шахси худ афтодааст ва бо онҳо созиш намуда, ба дур аз самимият бозиҳои сиёсиеро барои ҳифзи бақои худ даст гирифта, мунтазири фурсати раҳоӣ аз ин дом мебошад. Дар айни ҳол аз ашъори ӯ тавре таъбиру тафсир мешавад, ки ҳама дар зоҳир ба ситоиши шуравӣ, вале дар ботин оганда аз интиқоду ҳатто ҳаҷви ин низом ҳастанд. Яъне ин зиндагинома тавре танзим шудааст, ки агар касе бихоҳад барои нобудии Лоҳутӣ аз тарафи дастгоҳи ҳокими Шуравӣ коре бикунад, муассиртар аз ин ҳам наметавон анҷом дод.

Агарчи Лоҳутӣ ба маҳзи ошноӣ ба ин зиндагиномаи ҷаълӣ бетаъхир ва ба лаҳни шадид онро радду такзиб кард, аммо ба назари мо он дар сарнавишти ояндаи Лоҳутӣ бетаъсир намонд. Хусусан, дар бахши ревизияи осори бадеии ӯ ва аз он кашф кардани нуктаҳои нуҳуфтаи зидди идеологияи Шуравӣ.

Умуман, дар таърихи адабиёти қадиму ҷадид камтар касе аз адибони номвар аз шарри ҷаълиёт дар амон мондаанд ва ин раванд идома дорад ва гумон аст, ки замоне хомӯш гардад, зеро ғаразҳо ва ангезаҳои зояндаи он ҳамеша вуҷуд хоҳанд дошт. Хусусан, чанд рубоии асили Умари Хайём дар зери хирмане аз ҷаълиёт мондааст, ки пайваста ҳаҷми он рӯ ба афзоиш аст.

Имрӯзҳо бо вусъати бесобиқаи абзори интишоротӣ ва иттилоотӣ (хусусан фазои маҷозии интернет) ҷаълиёт ҳам ба таври бесобиқа густариш ёфтааст. Касоне, ки дар ин фазо, аз ҷумла интернети тоҷикзабон ва форсизабон ворид ҳастанд, ночор шоҳиди ин ҳол мегарданд ва ҳамчунин метавонанд мушоҳида кунанд, ки ҳамарӯза бо чандин мавриди ҷаълиёт бархӯрд мешавад ва ҳамчунин мебинанд, ки ба чи душворӣ метавон мардумро муътақид ба ҷаълӣ будани ин “асарҳо” кард, аммо боз муддате нагузашта, он ҷаълиёт ҷойи дигар дар саҳифаи интернет ҷилвагар мешаванд. Асосан, ин ҷаълиёт ба номи адибони тавоно ва маъруф баста мешавад, зеро ҳадафи ҷаълкунандагон, албатта таъсири дилхоҳи худашон дар зеҳни мардум ба хотири ғаразҳое мебошад, ки пештар баршумурда шуд ва онҳо медонанд, чи навъ суханеро аз номи кӣ пахш кунанд, то ба ҳадафи худ ноил гарданд.

Имрӯзҳо дар расонаҳои форсизабон ба номи шоирони бузург Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Мавлоно (хусусан), Иқбол ва дигарон ашъоре нашр мешавад, ки натанҳо дорои айбҳое чун заъфи таълиф, сактаи вазн, харобии қофия, парешонӣ ва заъфи таносуби маънавӣ ошкор аст, балки мазмуни онҳо низ аксаран бо ҷаҳонбинӣ, эътиқод ва мавқеи ғоявии ин адибони номвар ихтилофи шадиду барҷаста дорад. Хусусан ба номи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ахиран дар фазои маҷозии аз тарафи ҳамзабононамон паёпай ҷаъл сурат мегирад ва онро корбарони тоҷикистонии ворид дар ин фазо ба хатти кирилӣ баргардонда пахш мекунанд ва аз ин ҷо ба расонаҳои дигари гурӯҳии худамон, ҳатто ба матбуот ва китобҳои таълимиамон роҳ меёбад ва аз ҷумла аз забони ширкаткунандагони Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар ҳамоишҳои илмию адабию фарҳангӣ низ садо медиҳад. Яъне дар фазои фарҳангиву иттилоотии мо ба “расмият” медарояд. Вақте ба ноширони чунин ҷаълиёт эрод гирифта мешавад, онҳо бо эътимоди комил ба дурустии ин навъ сохтаҳо далел меоранд, ки инро аз як сайти “муътабари” ҳамзабононамон иқтибос кардаанд, ки он ҷо ба хатти форсӣ буда ва ин ношири муҳтарами мо ҳам барои хонандаи беиттилои тоҷик “хидмати беминнат” карда, онро ба хатти кирилӣ баргардондааст ва боз ба ҷойи таҳсину офарин кори ӯ нақду мазаммат мешавад. Чунин хидматҳои хирсона ҳамарӯза мушоҳида мешавад. Ҳатто вақте аз худи манбаъҳои муътамади худи ҳамзабонон ба радди ҳамин ҷаълиёт иқтибос оварда мешавад, ба он чандон эътино намекунанд ва нашру пахши ин ҷаълиёт идома меёбад. Аз ҷумла ин шеър ба номи Мавлоно:

Борон ки шудӣ, мапурс ин хонаи кист,

Сақфи ҳараму масҷиду майхона якест.

Борон ки шудӣ, пиёлаҳоро машумор,

Ҷому қадаҳу косаву паймона якест.

Борон, ту ки аз пеши Худо меоӣ,

Тавзеҳ бидеҳ, оқилу девона якест.

Бар даргаҳи ӯ чунки биафтанд ба хок,

Шеру шутуру Рустаму мурёна якест.

Бо сураи дил агар Худоро хондӣ,

Ҳамду Фалақу наъраи мастона якест.

Ин бехирадон хеш Худо медонанд,

Ин ҷо санаду қиссаву афсона якест.

Гар дарк кунӣ, худат Худоро бинӣ,

Даркаш накунӣ, Каъбаву бутхона якест.

Барои касе, ки камобеш дар адабиёти куҳану нав мутолиаву огаҳӣ дорад ва аз завқи шеър каме ҳам бархӯрдор аст, аз нахустин байт возеҳ мегардад, ки ин ҳаргиз сухани Мавлоно нест. Бофту таркиби калом, аз нахустин ибора “борон ки шудӣ”, ва бавижа дар байти аввал дар мавқеи қофия омадани калимаи “якест” ва дар абёти баъдӣ ба радиф табдил гардидани он, таносуби заифи калом, дар байти “Бар даргаҳи ӯ чунки биафтанд ба хок, Шеру шутуру Рустаму мурёна якест” ва сактаи ошкори вазн дар калимаи “мурёна (муриёна)”, ки ҳаргиз бо номи “Рустам” муносибате ҳам надорад ва байти бисёр сусту заифу ношоирона дар мақтаи шеър “Гар дарк кунӣ, худат Худоро бинӣ, Даркаш накунӣ, Каъбаву бутхона якест”- бо мулоҳизаи он, ки дар ин мавзуъ Мавлоно ҳамеша бо сӯзи ҷону дил шоиронатарин ва матинтарин абёти худро сурудааст, бо сухани Мавлоно тафовути ошкор дорад.

Чун дар миёни анбуҳи иқтибосҳои ин шеър дар фазои маҷозӣ мегардем, дар баробари даҳҳо мавриде, ки дар зери ин шеър унвони Мавлоно оварда шудааст, танҳо як-ду ҷо номи соҳиби аслии онро пайдо мекунем, ки Меҳдии Мухторзода – шоири муосири Эрон аст. Шоире, ки дар қолаби ашъори суннатӣ саъй ба тозагӯйӣ дорад ва ин тозагӯйиро ӯ ғолибан дар ҳарчи содатар ва муҳовараӣ кардани таркиби забони шеър мебинад ва дар ашъораш оҳанги эътироз мушоҳида мешавад. Масалан намунае дигар аз шеъри ӯ:

Гар тан бидиҳӣ, дил надиҳӣ, кори хароб аст,

Чун хурдани нӯшоба, ки дар ҷоми шароб аст.

Гар дил бидиҳӣ, тан надиҳӣ, боз хароб аст,

Ин бор на ҷом асту на нӯшоба, сароб аст...

Борон бишавӣ, чунки танат бар ҳама ҷорист,

Кай ташна шавад сер... фақат номи ту об аст.

Ин ҷо ба ту аз ишқу вафо ҳеч нагӯянд,

Чун дағдағаи мардуми ин шаҳр ҳиҷоб аст...

Эй кош, ки далқак шуда будам ва на шоир,

Дар кишвари ман арзиши инсон ба ниқоб аст.

Ҳамчунин равшан аст, ки ин шеър дар тақлид ба сохту бофти қитъаи машҳур бо матлаъи: Он кас, ки бидонад ва бихоҳад, ки бидонад, Худро ба баландои саодат бирасонад. – сохта шудааст ва танзи сода онро ба нақиза ҳамонанд кардааст.

Шеъри аввали Меҳдии Мухторзода ва ашъори дигаре, ки ба номи Мавлоно баста мешаванд, як ваҷҳи муштарак доранд. Дар онҳо ғолибан он чи аз нигоҳи ҷаълкунандагон ҷаҳолат, хурофот, мафкураи носолим, ихтилофу низои мазҳабию динӣ, ҳатто нажодӣ шумурда мешавад, мазаммат мегардад ва дар муқобил аз “забони Мавлоно” қаҳрамоне чун тимсоли пайравӣ таблиғ мешавад, ки ӯ худро ба ҳеч навъ сарзамин, дину мазҳабу эътиқод ва нажоду табор ва фарҳангу миллати муайян мансуб намедонад. Ӯ дар маҷмуъ худро инсон (бе ҳеч гуна мушахассоти миллию, забонию, фарҳангию мазҳабӣ) медонад ва ончи ба дастури он амал мекунад танҳо ақл аст. Ин ҷо масъалае дар аввалин нигоҳ пеш меояд, ки мубаллиғи чунин рафтор ақлро ноқизи (инкоркунандаи) дин, мазҳаб, нажод, мансубияти ҳудудӣ (сарзамин ё ватан), фарҳангу боварҳо ва суннатҳои миллии муайяну мушаххас медонад. Яъне инсоне, ки ҳувияти ӯ дар мафҳуми умумии инсон хулоса мешавад ва ҳеч навъ мушаххасоти дигарро намепазирад. Ҳоло машҳуртарин назмпораи ҷаълӣ ба ин мазмун, ки ба номи баланди Мавлоно баста шудааст, ҳамин пора мебошад:

Аз падар пурсид рӯзе як писар,

Беҳтари динҳо кадом аст, эй падар.

Гуфт: ман бо дин надорам ҳеҷ кор,

Пеши ман динҳо надоранд эътибор.

Чунки овардем ҳар дини ҷадид,

Ихтилофи бештар омад падид.

Кинаҳову душманӣ бисёр шуд,

Ҷангҳои мазҳабӣ такрор шуд.

Хуни мардум рехт бар рӯйи замин,

Борҳою борҳо бо номи дин.

На мусалмонам, на тарсо, на ҷуҳуд,

Сар ба ҳукми ақл меорам фуруд.

Ақл мегӯяд, ки айши бекарон,

Ҳаст дар ҳамзистӣ бо дигарон.

Дин вале гӯяд, ки хуни кофарон,

Гар бирезӣ айш дорӣ бекарон.

Дигарандешон ҳам охир одаманд,

Дин чаро гӯяд, ки маҳдур-ул-даманд.

Ман бадин иллат надорам дину кеш,

То нарезам хуни ҳамнавъони хеш.

Ту ҳам эй фарзанд танҳо аз хирад,

Пайравӣ кун, то ба минуят барад.

Бо тамоми мардуми рӯйи замин,

Дӯстӣ кун, беҳтарин дин аст ин.

Ҳоло бубинем, ки ин ҷаъл аввал то чи ҳад бемантиқ ва беҳунарона тарошида шудааст. Як писар то аз падар бипурсад, ки кадом дин беҳтар аст, бояд ба он ҳадди камол расида бошад, ки то ҷое аз чандин дин огоҳӣ пайдо карда бошад ва дар тараддуди он бошад, ки кадом якеро интихоб кунад. Аммо магар то ин муддат кадом падаре ба фарзанди худ дар ин мавзуи муҳим ҳеч чизе намегӯяд ва ё дар муддати ҳамзистӣ дар як хонадон чи тавр фарзанд то ин муддат аз дину мазҳаби падари худ ё бединиву бемазҳабии ӯ огоҳӣ пайдо намекунад ва ин ҳам дар замони зиндагии Мавлоно, ки дину диндорӣ дар тарбият мавзуи аввал буд. Ва баъд аз он ҳам, ки ин падар мегӯяд, ман ба дин коре надорам ва ҳеч дине пеши ман эътиборе надорад (яъне даҳрӣ, атеист ҳастам), боз дар идома мефармояд, сабаби ин бединии ман он аст, ки ҳар дини наве, ки (мо) овардем боиси ҷангу хунрезиҳо шуд. Ин падар магар “пайғамбари аз рисолати худ дасткашида” аст, ки дини ҷадиде оварда бошад ва худ аз он баъд рӯйгардон шуда бошад ё магар Мавлоно намедонад, ки диноварӣ танҳо марбут ба Худову Пайғамбар аст. Дар ниҳоят писарро ба дӯстӣ бо ҳама инсонҳо ва пайравӣ танҳо аз фармудаҳои ақл фаро мехонад ва мукофоти онро боз роҳ ёфтан ба “мину”, яъне биҳишт медонад. Ин боз чи гуна бединие аст, ки дар таълимоти он чизе ба номи “мину-биҳишт” вуҷуд дорад? Фарз кардем “мину”-ро ба маҷоз ба кор бурда бошад, магар ин динпарҳез чизе дигар ба унвони мукофот пайдо накарда, ки аз доираи истилоҳоти динӣ хориҷ бошад? Боз ҳам суоле пеш меояд, ки оё ҳеч ҳам набошад, ҳазорон тан донишмандони бузурги ҷаҳоние, ки пайравии он динҳои зикршуда яъне масеҳият, яҳудият ва исломро кардаанд ва дӯстиву рафоқату рафоҳи инсонҳои рӯйи ҷаҳонро тарғибу амалан ҳам барқарор намудаанд, оё бо ақлу хирад ситеза доштанд ва инсонҳоро ба ҷангу куштори якдигар даъват менамуданд ва барои раҳоӣ аз ин офат танҳо як роҳ – бединӣ ҳасту бас? Ва магар Мавлоно (маъзур) равандаи ҳамин роҳ аст?

Рустам Ваҳҳобзода,

адиб

(идома дорад...)