ТӮФОНИ ҶАЪЛИЁТ

Нашр шуд korbar - пт, 08/26/2022 - 14:55

(идома аз шумораи гузашта)

Дар хусуси бо бофти калом ва сабку сатҳи сухани Мавлоно аз замин то осмон фарқ доштани ин назми суст ҳоҷати гап нест ва онро ҳар касе андак завқи адабӣ дорад эҳсос менамояд, аммо дар таркиби забони ин назмпора чанд калимае ба кор рафтааст, ки дар забони тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ умре беш аз 70 сол надоранд, яъне асрҳо баъд аз сари Мавлавӣ пайдо шудаанд. Инҳо аз ҷумла калимаҳои “ҳамзистӣ” ва хусусан “дигарандеш” мебошад, ки дар матни улуми иҷтимоӣ ва сиёсии мо ба воситаи тарҷумаи мафҳумҳои мушобеҳашон аз забонҳои урупоӣ ба миён омадаанд ва агар умрашон дар ин риштаи улум ҳамон 70 сол бошад, дар матни адабӣ шояд беш аз 10-20 сол набошад. Яъне эҳтимолан баробар бо умри ҳамин назмпораи ҷаълӣ.

Акнун ба ин масъала таваҷҷуҳ шавад, ки оё дар осори Мавлоно нуктаҳое ҳаст, ки боис шуда дар ҳавои он ин назм маҳз ба номи ӯ ҷаъл карда шавад. Оре, дар осори Мавлоно, ҳам “Маснавии маънавӣ” ва ҳам “Девони кабир” ва низ осори дигар фармудаҳои бисёре ба назар мерасад, ки ӯ худро, муъминонро ва бисёри мавридҳо умуман башарро сириштан орӣ аз ҳар гуна тазоду тафовуту ҳатто фарқу ихтилофот медонад ва замоне дар ин боб сухан меронад, басароҳат такяи каломаш бар фармудаи ҳамин маъно аз Қуръони маҷид аст: “Ва ҳуваллази аншаакум мин нафсин воҳида.../ Ва Ӯ Он [Худой] аст, ки шуморо аз як шахс пайдо кард...” – Анъом:98. Ин ҷо мавқеест, ки сухан умуман дар боби офариниши башар аст. Мавлоно дар назму насри худ борҳо бар ин нукта таъкид мекунад:

Чу нафси воҳидем аз халқу аз баъс,

Ҷудо бошидани арвоҳ то кай?

Тафриқа дар руҳи ҳайвонӣ бувад,

Нафси воҳид руҳи инсонӣ бувад.

Мавлоно чун дигар бузургони адабиёту андешаи тоҷикӣ пойбанд бар ин эътиқоди решадори ҳам миллӣ ва ҳам исломӣ (ҳадис) аст, ки “Он чи бар худ написандӣ, бар дигарон маписанд” ва низ дар матни ҳамин андеша ба фармудаи машҳури қуръонӣ “Ман қатала нафсан биғайри нафсин ав фасодин филарзи факааннамо қаталанноса ҷамиъан ва ман аҳёҳо факааннамо аҳйанноса ҷамиъан” - (Моида:32) (ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад; ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад):

Он шахс, ки мурданист фардо,

Имрӯз чаро ҷафо намояд.

Чизе, ки ба худ намеписандӣ,

Он бар дигаре чи озмояд?

Аз хашм махой ҳеч касро,

То хашми Худо туро нахояд.

Бархез зи қасди хуни халқон,

То бар сари ту фурӯ наояд.

Боз бубинем, ки назмпораи ҷаълии мазкур аз ашъори Мавлоно боз чи “мояҳое” бурда, то шабеҳи сухани Мавлоно шавад. Байти зерин:

На мусалмонам, на тарсо, на ҷуҳуд,

Сар ба ҳукми ақл меорам фурӯд.

Ба ёди мо ғазали машҳуреро ба номи Мавлоно меорад, ки дар асли “Девони кабир” ва ҳамчунин дар нусхаи электронии он дар Ганҷур – китобхонаи электронии шеъри форсӣ сабт нашудааст, аммо ғазалест баланду қавӣ ва гар аз Мавлоно ҳам набошад, ҳатман ба яке аз шуарои орифи дараҷаи аввал, ки сабкаш ҳам ба сабки Мавлоно ҳамонандӣ дорад, тааллуқ дорад:

Чи тадбир, эй мусалмонон, ки ман худро намедонам,

На тарсо, на яҳудам ман, на габрам, на мусалмонам.

На шарқиям, на ғарбиям на барриям, на баҳриям,

На аз кони табииям, на аз афлоки гардонам.

На аз хокам, на аз обам, на аз бодам, на аз оташ,

На аз аршам, на за фаршам, на аз кавнам, на аз конам.

На аз Ҳиндам, на аз Чинам, на аз Булғору Сақсинам,

На аз мулки Ироқинам, на аз хоки Хуросонам.

На аз дунё, на аз уқбо, на аз ҷаннат, на аз дӯзах,

На аз Одам, на аз Ҳавво на аз Фирдавсу Ризвонам.

Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад,

На тан бошад, на ҷон бошад, ки ман аз ҷони ҷононам.

Дӯӣ аз худ бадар кардам, яке дидам ду оламро,

Яке ҷӯям, яке донам, яке бинам, яке хонам.

“Ҳувал аввал, ҳувал охир, ҳуваз-зоҳир, ҳувалботин”,

Ба ҷуз “ё ҳу”-ву “ё манҳу” касе дигар намедонам.

Зи ҷоми ишқ сармастам, ду олам рафта аз дастам,

Ба ҷуз риндиву қаллошӣ набошад ҳеч сомонам.

Агар дар умри худ рӯзе даме бе ту баровардам,

Аз он вақту аз он соат зи умри худ пушаймонам.

Агар дастам расад рӯзе даме бо ту дар ин хилват,

Ду олам зери по орам, ҳаме дасте биафшонам.

Ало эй Шамси Табрезӣ! Чунин мастам дар ин олам,

Ки ҷуз риндиву қаллошӣ дигар чизе намедонам.

Аммо оё худи ҳамин ғазал (ба фарзе ҳам, ки аз Мавлоно бошад) санади мухолафати Мавлоно ва каломи ӯ ба дину миллату ватандорӣ метавонад бишавад? Барои ҳар оқиле равшан аст, ки ҳаргиз чунин нест. Ин ҳолати одӣ ва содаю маъмулие нест, ки аз чашмандоз ва зовияи диди маҳдуди ҳолию замонию маконӣ баррасӣ шавад. Ин ҳолати растохези равони пуршӯри ориф аст, ки ҳама қайду бандҳои ҷузъиро як сӯ мезанад ва ба сӯйи мабдаи азалӣ ба меъроҷ меравад. Гунаи дигаре аз ҳамон “Аналҳақ”-и Ҳаллоҷ ва баёни дигаре аз ҳолест, ки дар муқаддимаи “Маснавии маънавӣ” омадааст ва ояти “Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”(Мо аз они Худоем ва ба сӯйи Ӯ бармегардем. - Бақара:156) мабдаи он мебошад:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад,

К-аз найистон то маро бибридаанд,

Аз нафирам марду зан нолидаанд...

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Бозҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Мо зи болоему боло меравем,

Мо зи дарёему дарё меравем.

Мо аз ин ҷову аз он ҷо нестем,

Мо зи беҷоему беҷо меравем.

Ло илаҳ андар пайи иллаЛаҳ аст,

Ҳамчу ло мо ҳам ба илло меравем.

Қул таъолу оятест аз ҷазби Ҳақ,

Мо ба ҷазбай Ҳақтаъоло меравем.

Дар ғайри ин маврид ҳам мо наметавонем сифати “қаллошӣ”-ро барои Мавлоно бипазирем, ҳатто аз забони худи он бузургвор. Яъне ин ҳама мафҳуми ирфонӣ ва ғайриодӣ доранд.

Ва замоне ба байти дигар:

На шарқиям, на ғарбиям на барриям, на баҳриям,

На аз кони табииям, на аз афлоки гардонам.

Таваҷҷуҳ мекунем, байте дигар аз ғазалиёти бебаҳс мутааллиқ ба “Девони кабир” ба ёд мерасад:

Зиҳӣ анқои раббонӣ, шаҳаншаҳ Шамси Табрезӣ,

Ки ӯ шамсест не шарқиву не ғарбиву не дар ҷо.

Ки дар тафсирҳои ин байт, хусусан дар мавриди фиқраи “на шарқиву на ғарбӣ” ба ояти 35-уми сураи Нур ишора мешавад:

“Худо нури осмонҳову замин аст. Масали нури Вай монанди тоқе аст, ки дар он чароғ ҳаст, он чароғ дар шиша аст, он шиша гӯё ситораи дурахшанда аст, аз равғани дарахти бобаракат – дарахти зайтуне афрӯхта мешавад, ки на шарқӣ асту на ғарбӣ. Наздик аст, ки равғани вай – агарчи оташе ба он нарасида бошад – равшанӣ бидиҳад, равшанӣ бар равшанӣ аст. Худо ба нури худ ҳар киро хоҳад, роҳ менамояд. Ва Худо ин масалҳоро барои мардум баён мефармояд; ва Худо бар ҳар чиз доност”.

Пештар бо мисоли равшан аз осори худи Мавлоно мухолифат ва мазаммату накӯҳиши ӯро аз зулму ситам ва мардумозорӣ ба унвони мушт намунаи хирвор порае овардем, пас бубинем, ки оё Мавлоно дар мазаммати ифроту сахтгириву таассуб ва зарурати ҳамёриву меҳрбонӣ бар мардум чизе нагуфта, ки дигарон ба заҳмат наафтанд ва аз номи он бузургвор ин “камбуди эшонро” ҷуброн накунанд. Аз “Маснавии маънавӣ” дар тамсили бисёр шоирона ҳакимона ва пурмаъно инояти эшонро ба ин мавзуъ мебинем:

Ин ҷаҳон ҳамчун дарахт аст, эй киром,

Мо бар ӯ чун меваҳои нимхом.

Сахт гирад хомҳо мар шохро,

З-он ки дар хомӣ нашояд кохро.

Чун бипухту гашт ширин лабгазон,

Суст гирад шохаҳоро баъд аз он.

Чун аз он иқбол ширин шуд даҳон,

Сард шуд бар одамӣ мулки ҷаҳон.

Сахтгириву таассуб хомӣ аст,

То ҷанинӣ, кор хуношомӣ аст.

Боз дар мазаммати зулму ситам бар аҳли башар мефармояд:

Чоҳи музлим гашт зулми золимон

Инчунин гуфтанд ҷумла олимон.

Ҳар кӣ золимтар чаҳаш пурҳавлтар,

Адл фармудаст бадтарро батар

Эй ки ту аз зулм чоҳе меканӣ,

Аз барои хеш доме метанӣ.

Гирди худ чун кирми пилла барматан,

Баҳри худ чаҳ меканӣ, андоза кан.

Мар заифонро ту бе хасме мадон,

Аз Нубӣ “Зо ҷоа насруллоҳ” хон.

Гар заифе дар замин хоҳад амон,

Ғулғул уфтад дар сипоҳи осмон.

Гар ба дандонаш газӣ, пурхун кунӣ,

Дарди дандонат бигирад, чун кунӣ?

Зулмати чаҳ беҳ, ки зулматҳои халқ,

Сар набурд, он кас, ки гирад пои халқ.

Дар бораи дӯстӣ, муҳаббат ва маваддати инсонҳо дар тамоми осори Мавлоно ҳазорҳо намунаи дурахшонро пайдо метавон кард, ки дар ин боб ҳам эҳтиёҷе ба суханбофӣ аз номи баланди ӯ боқӣ намемонад:

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад,

Аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.

Аз муҳаббат мурда зинда мекунанд,

Аз муҳаббат шоҳ банда мекунанд.

Ин муҳабат ҳам натиҷай дониш аст,

Кай газофа бар чунин тахте нишаст?

Дар “Девони кабир” чунин намунаҳои тараннуми шафқат, дустӣ, ҳамраъйии башариро дар ҳар сафҳа пайдо мекунем, ки ба шоиронатарин ва ҳакимонатарин сурате баён шудааст:

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

Каримон ҷон фидои дӯст карданд,

Чаро бо оина мо рӯгаронем.

Фусуни қулаузу қулҳуваллоҳ,

Чаро дар ишқи ҳамдигар нахонем.

Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,

Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?

Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,

Чаро мурдапарасту хасми ҷонем?

Кунун пиндор мурдам, оштӣ кун,

Ки дар таслим мо чун мурдагонем.

Дар мавзуи ваҳдати сириштӣ (фитрии) инсонҳо чи аз Қуръону аҳодиси набавӣ ва чи аз суханони Мавлоно, ки бар мабнои онҳост, даҳҳо саҳифа метавон мисол овард, аммо шояд муассиртарин намуна ҳамон ривояти тамсилии ҳадафманд дар бораи чаҳор тани мухталифзабон аст, ки бо ба даст овардани як дирам дар хариди чизе, ки ҳамагӣ ҳамонро мехоҳанд, бо ҳам муноқиша мекунанд, чун забони якдигарро намедонанд:

Чор касро дод марде як дирам,

Он яке гуфт: “Ин ба ангуре диҳам”.

Он яке дигар араб буд, гуфт: “Ло,

Ман инаб хоҳам, на ангур, эй дағо!”.

Он яке турке буду гуфт: “Ин банум,

Ман намехоҳам, ҳамехоҳам узум”.

Он яке румӣ бигуфт: “Ин қилро

Тарк кун, хоҳем истофилро”.

Дар танозуъ он нафар ҷангӣ шуданд,

Ки зи сирри номҳо ғофил буданд.

Соҳиби сире, азизе садзабон

Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон.

Ишорати Мавлоно дар ин тамсил, ки баъдан шарҳ меёбад, ки ҳамон мазмуни ба хилқат ва фитрату табиати илоҳӣ яке будани ҳамаи инсонҳо ва зоҳирӣ будани ихтилофи онҳо ва ниёзи онҳо ба “тарҷумони асрор”- яъне паямбарон ва пешвоён аст, ки дар байти дигар тасреҳ ва дар зимни он ба сураи Фотир, ояти 24 ишора мешавад:

Қавли “ин мин умматин”-ро ёд гир,

То ба “илло ва хало фиҳо назир” (Ниг.: Қуръони карим (асл ва матни тарҷумаи тоҷикӣ). – Душанбе: Ирфон, 2007, с.437. (Ҳамоно мо туро муждадиҳанда ба дини рост ва бимкунанда фиристодем; ва ҳеҷ уммате нест, магар он ки дар он бимкунандае гузаштааст).

Ҷойи дигар ҳамин мазмунро аз паҳлуйи дигар боз мекунад ва иттифоқу иттиҳоди инсонҳоро бар асоси дарку эҳсосу ормони ягона (ҳамдилӣ) бартар аз шохисаҳои дигари онҳо, аз ҷумла забону баён, мешуморад:

Эй басо ҳиндуву турки ҳамзабон,

Эй басо ду турк чун бегонагон.

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ғайри нутқу ғайри имову сиҷил

Сад ҳазорон тарҷумон хезад зи дил.

Ва дар ниҳоят ин ҷо ҳам таҷассуми ҳамдилӣ, ё вусъати дил, ки ҳама дар он роҳ меёбад ва дуруст инъикос мешавад, Сулаймони паёмбар аст, ки дар ривоятҳои куҳан гоҳе бо Ҷамшед айният меёбад.

Хулоса, дар ҳар мавзуе, ки ба салоҳи башар ва беҳбуди ҷомеа, тарбияту ислоҳи инсонҳо оид мешавад, метавон ба таври поённопазир аз офаридаҳои табъи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ намунаи суханони матину барҷастаро, ки ба беҳтарин ва ҳунармандонатарину шоиронатарин сурат ороста шуда дар ниҳоди одамон таъсири беназир доранд, пайдо кард. Хусусан, бо он ки таҳлилҳои муфассал ва олимонаи равоншиносона (психологӣ) дар онҳо дарҷ шудааст ва шуҳрати ҷаҳонии Мавлоно ҳам ба ҳамин ҷанба бемуносибат нест. Хусусан суханони Мавлоно бар зидди хурофот, таассуб, ифротгароӣ, инсонситезӣ, хушунат ва бераҳмӣ, куштор ва падидаҳое, ки онро имрӯз ба истилоҳи “терроризм” баён мекунанд, зулм ва зоеъ кардани ҳаққи инсонҳо бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла бо таҳрифи аркон, аслҳо ва фармудаҳои дин, ва баракс, даъват ба иттиҳоду дӯстии инсонҳо, адолати саросарӣ, маърифатомӯзӣ, донишдӯстӣ, сулҳҷӯйӣ мисли дурдонаҳои пурбаҳо медурахшанд ва ҳаргиз куҳнаву нокоромад намешаванд. Зеро Мавлоно намояндаи бузурги ҷаҳони шикаставу рехта пас аз истилои мудҳиши Чингиз ва чингизиён буд, ки ҳанӯз дар кураи сӯзони зулм, таассуб, ифрот, душманӣ, донишситезӣ ва... месӯхт.

Муҳим аст, ки ҳамаи ин ҳикматҳои инсонсозро Мавлоно бо истиноди паёпай ба оёти Қуръони карим, аҳодиси Паёмбар (с) ва суханони бузургони олами ислому ирфон исботу мустанаду бодалел мекунад. Ба тавре ки, масалан, танҳо дар “Маснавии маънавӣ” Мавлоно беш аз ҳафтсад ҳадиси Паёмбари исломро чун ҳуҷҷати асолат ва ростии сухани худ зикр кардааст, шумораи оёти Қуръон ва ё мазмуни ин оёт ҳам бештар аз ин аст. Чаро? Зеро (агар ба эътиқоди худи Мавлоно ҳам кор нагирем) табиист, ки дар ҷомеаҳои мусулмонон, бахусус дар замони Мавлоно танҳо ба василаи сухане, ки бо ин манбаъҳои аслии эътиқодӣ тасдиқу таъйид шудааст, метавонист ҳуҷҷат бошад ва муроди гӯяндаро ба қотеият собит кунад, аз эроду эътирози дигарон эмин бошад. Аз тарафи дигар, асосан касоне, ки Мавлоно мехост дар мухолифат ба онҳо ҳақиқатро баён кунад, ҳамонҳое буданд, ки худ бо такя ба ин манбаъҳои муқаддас ва инкорнопазир мехостанд баракси хостаҳо ва гуфтаҳои Мавлоно зулму фасоду таассубу хурофотро ба суду ғаразҳои худ ривоҷ бидиҳанд. Ҳамон гуна, ки Фирдавсӣ низ қабл аз Мавлоно фармуда буд:

Зиёни касон аз пайи суди хеш

Биҷӯянду дин андароранд пеш.

Ё Ҳофиз баъд аз Мавлоно:

Ҳофизо, май хуру риндӣ куну хуш бош, вале

Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.

Аз ҳамин ҷост, ки он мухолифоне, ки ҳадафи чунин баёноти шоирони бузургу холису содиқ ҳастанд, ба навбати худ бекор наменишастанд ва кӯшиш мекарданд, ки ин суханваронро бегона ба дину мазҳаб муаррифӣ кунанд ва ба ин васила аз майдони рақобат бар сари истифода аз ин манбаъҳои муқаддасу пуртаъсир дур созанд, суханашонро дар миёни ҷомеа беэътибор созанд. Ин навъ бархӯрдро бо суханварону мутафаккирон аз санадҳои таърихӣ фаровон пайдо кардан имкон дорад, аммо дар айни ҳол санади муассиртар ва бурҳони равшантар гуфтори худи ҳамин суханварон ва мутафаккирон дар посух ба чунин туҳматҳост:

Фирдавсӣ:

Сухангӯй к-аш рӯзи неке мабод,

Суханҳои некам ба бад кард ёд.

Бари подшаҳ пайкарам зишт кард,

Фурӯзанда ахгар чу ангишт кард,

Ки баддину бадкеш хонад маро,

Манам шери нар меш хонад маро.

(Бояд гуфт, ки ин матн ҳам худ дар “Шоҳнома” вуҷуд надорад, аммо назари муҳаққиқони Фирдавсиро ҷамъ кардааст, зеро изҳои имон аз сӯйи Фирдавсӣ саросари “Шоҳнома”-ро фаро мегирад).

Ибни Сино:

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир?

Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.

Ҳофиз:

Моро ба мастӣ афсона карданд

Пирони ҷоҳил, шайхони гумроҳ.

Ва Мавлоно низ ё дар замони худаш ба чунин тафсиру таъбири осораш ва туҳмати бадэътиқодӣ ба муқаддасоти ислом дучор шуда ва ё аз бими он ки шояд дар оянда дучор гардад, хитоб мекунад:

Ман бандаи Қуръонам, агар ҷон дорам,

Ман хоки раҳи Муҳаммади мухторам.

Гар нақл кунад ҷуз ин кас аз гуфторам,

Безорам аз ӯ в-аз он сухан безорам!

Шоир ва донишманду орифи бузург Абдураҳмони Ҷомӣ низ бар асари чунин тавтеа ва фитна ба гуфтани рубоие водор гардид, ки то чи ҳад мутаассир ва мутаннафир будани ӯро аз кирдори ин тоифа нишон медиҳад:

Эй муғбачаи даҳр, бидеҳ ҷоми маям,

К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям.

Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ?

Сад шукр, ки сагсунниву харшиа наям.

Моҷароеро, ки ҷаълкунандагони бадандеш бар сари Ҷомӣ овардаанд, дар таҳқиқоти ҷамеи донишманди тоҷик Аълохон Афсаҳзод бо баёне муъҷазу ҷаззоб пайдо мекунем:

“Фатҳӣ ном, ки аҳли Ҷом буд, дар даргоҳи ӯ (Ҷомӣ) хизмат мекард ва дар ин сафар (ҳаҷ) низ ҳамроҳ буд... Ин ҳақношинос ба мухолифон пайваст ва барои аз Ҷомӣ қасос гирифтан нусхаи дафтари аввали “Силсилат-уз-заҳаб”-ро, ки Ҷомӣ ба расми ёдгор ба китобхонаи Мадина мебурд, дуздида, чизи туҳматомезе навишта дар байни китоб гузошт...

Суҳбати аҳли фазл тафсид. Аммо дар ин миён рофизие, ки тақрибан 22-25 сола буд, китоберо оварда, бидуни иҷозат пеши ҳоким гузошт.

Ин чист? – пурсид Мақсудбек, - китоб

Ин китоб нест, музахрафот, номаи рӯсиёҳиии ин бадбахт! – фарёд бардошт он рофизӣ ва дасташро шоф карда ангушти шаҳодаташро тирвор ба тарафи Ҷомӣ гардонд...

Рофизӣ ба чобукӣ китобро аз пеши садрнишинон бардошт ва онро кушода ба хондан шуруъ кард. Шеър аз таҳқири Алӣ сар мешуд.

Ҷомӣ тирвор аз ҷояш хесту бо як ҳаракат китобро аз дасти рофизӣ гирифт, мардумро хомўш кард ва бо лаҳни мулоим сухан оғоз намуд:

Ёрон, паноҳ металабам аз шарри шайтон ва туҳмати ногаҳон. Худо ҳозиру нозир, ки нуҳ байти мобайн моли ман аст. Аммо абёти дигар бофтаи кадом рӯсиёҳест. Ана, бинеду огоҳ бошед, ки ин варақи китоб хати каси дигар ва коғазаш бағдодист, коғази авроқи дигар ҳиротӣ, - Ҷомӣ бо дасташ он варақи китоб ва чанд варақи дигарро ба аҳли маҷлис нишон дод.

Садрнишастагон онро ба навбат ба даст гирифта зеҳн монданд ва ҳақиқати суханони Ҷомиро тасдиқ карданд...” (Аълохон Афсаҳзод. Абдураҳмони Ҷомӣ. – Душанбе: Маориф, 1978, с.84-85).

(идома дорад)

Рустам Ваҳҳобзода,

адиб