ФИДОИИ ОСОРИ МАРДУМӢ

Нашр шуд korbar - ср, 08/24/2022 - 10:56

Донишманди шинохта ва фолклоршиноси варзидаи тоҷик устод Рӯзӣ Аҳмад 5-уми марти соли равон аз ҷаҳон рахт бастанд. Устод Рӯзӣ Аҳмад новобаста ба синни мубораки 88-солагиашон тақрибан ҳар моҳ ба идораи маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” омада, ҳам навиштаҳои худро барои чоп пешниҳод мекарданд ва ҳам мо аз файзи суҳбаташон баҳра мегирифтем. Ҳамагӣ ду рӯз пеш аз вафоташон, 3-юми март устод Рӯзӣ Аҳмад ба идораи маҷалла ташриф оварда, китоби тозанашрашон бо номи “Фолклори тоҷикони Афғонистон”-ро бо соядаст ҳамчун туҳфаи наврӯзӣ ба идораи маҷалла тақдим намуданд... Равони устод Рӯзӣ Аҳмад шод ва ёдашон гиромӣ бод!

Дар зер андешаҳои фолклоршинос Фаридун Исмоиловро, ки яке аз шогирдони устод Рӯзӣ Аҳмад аст, дар мавриди роҳи тайкардаи устод ва хизматҳои мондагорашон дар роҳи таҳкими фарҳанги миллии тоҷикӣ пешниҳод менамоем.

ФИДОИИ ОСОРИ МАРДУМӢ

Инсонҳои шариф бо номи нек ва хидматҳои шоёни таҳсини худ ҳамеша, дар ҳар давру замон вирди забони хосу ом қарор мегиранд. Дар ҷомеа корҳои хайр ва муҳимро маҳз ҳамин қабил одамон анҷом медиҳанд, ки дили пок ва нигоҳи нек доранд. Қаҳрамони ин нигоштаи мо низ дорои сифатҳои ҳамидаи инсонӣ буда, дилбохтаи фарҳанги мардум ва фидоии илми фолклоршиносии тоҷик мебошанд.

Устод Рӯзӣ Аҳмад аз зумраи фолклоршиноси моҳиру пажӯҳишгарони тавоно ва шефтаи осори шифоҳии халқи тоҷик буданд, ки дар замони мо ҳамчун олими пуртаҷрибаву сермаҳсул эътироф гардидаанд ва пайваста шогирдону донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон аз маслиҳату машварати беғаразонаашон баҳра мегирифтанд.

Ҳар ҷавони илмдӯст ва навқалам вақте ки ба назди устод Рӯзӣ Аҳмад меомад, ноумед барнамегашт. Чунки устод бо ҳама бо чеҳраи кушод, дили пок ва ширинзабонӣ суҳбат мекарданд. Беҳуда нест, ки мардум «забони пир бо панд хуш аст» мегӯянд. Шиори ӯ низ дар зиндагӣ баҳра бардоштан аз панду андарз, мақолу зарбулмасал ва дигар осори пандуахлоқии мардумӣ буд. Дар суҳбату гузоришҳои хеш ба таври фаровон аз эҷодиёти маънавии халқ истифода мекард ва гузоришҳои хотирмону дилнишини ӯ саршор аз байту тарона, рубоиву дубайтӣ ва суруду ғазалҳои ҷаззоб буданд. Ҳар вақте бо устод Рӯзӯ Аҳмад ҳамсуҳбат мешудем, андарзҳои зиёди мардумиро аз забонашон мешунидем. Устод гуфтори худро бо осори манзуму мансури шифоҳию хаттӣ ороста месохтанд, ки барои шунаванда низ ҷолибу хотирмон мегардид.

Устод Рӯзӣ Аҳмад солиёни зиёд, аз овони донишҷӯӣ то дами марг ба ҷамъоварӣ ва пажӯҳиши адабиёти шифоҳӣ машғул буданд. Аз соли 1954 сар карда ҳамроҳи фолклоршиноси варзидаи тоҷик академик Раҷаб Амонов дар якчанд экспедитсияҳои фолклоршиносӣ ширкат варзидаанд. Аз ҷумла, устод Рӯзӣ Аҳмад солҳои 1954 дар экспедитсияи фолклории Истаравшан, Шаҳристон, 1955 ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳ, 1956 дар ковишҳои фолклории диёри Рӯдакӣ – шаҳри Панҷакент ва Колхозчиён ширкат варзидаанд, ки бархе аз натиҷаи он ковишҳо дар маҷмуаҳои «Фолклори водии Зарафшон» ва «Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ» ба табъ расидаанд.

Рӯзӣ Аҳмад, ки аз тоҷикони Китоб буданд, соли 1957 ба зодгоҳаш деҳаи Варгонза сафар намуда, маводи фаровони эҷодиёти шифоҳии мардуми онҷоро гирд оварда, рисолаи дипломӣ навиштаанд. Аз солҳои дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ифои вазифа намудан дар аксари экспедитсияҳои фолклорӣ ширкат варзида, барои ғанӣ гардонидани ганҷинаи фолклори тоҷик нақши бузург гузоштаанд.

Солҳои 1965-1968 дар аспирантура таҳсил намуда, соли 1973 таҳти унвони «Фолклори маросимҳои баҳории тоҷик» бо раҳнамоии академик Раҷаб Амонов рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Устод Рӯзӣ Аҳмад солҳои 1974-1976 ва 1980-82 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва дипломат ифои вазифа намуда, дар ҳамон давра намунаҳои фаровони эҷодиёти шифоҳии бадеии тоҷикони Афғонистонро гирд овардаанд.

Устод Рӯзӣ Аҳмад солҳои 1968-1973 ҳамроҳи Ҳикмат Раҳматов ва Равшан Ёров муассис ва барандаи клуби телевизионии эҷодиёти халқ «Чашма» буданд ва аз тариқи «Чашма» маводи зиёди сабти хаттию овозиро вориди ганҷинаи мазкур намудаанд. Клуби эҷодиёти мардумии «Чашма» аз соли 1967 то соли 1973 мунтазам, моҳе як маротиба намоиш дода мешуд, ки дар таъсис ва пешрафти он саҳми устод Рӯзӣ Аҳмад бузург аст.

Устод Рӯзӣ Аҳмад доир ба ҷашни Наврӯз ва суннатҳои он зиёда аз 170 мақола, маҷмуа ва рисолаҳо таълиф ва нашр намудаанд.

Муҳимтарин таълифоти Рӯзӣ Аҳмад рисолаҳои «Наврӯзи хуҷастапай» (1978), «Наврӯзи оламафрӯз» (2001), «Наврӯз дар Варорудон» (бо алифбои форсӣ, 2005), «Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ» (2007), «Ҷойгоҳи маросим ва аъёди исломӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик» (бо алифбои форсӣ, 2010), «Таронаҳои наврӯзӣ» (2011, ҳаммуаллиф С. Фатҳуллоев), «Наврӯзи ҷаҳоноро» (2012) буда, маҷмуаҳои зеринро мураттаб сохтаанд: «Дастовези наврӯзӣ» (ҳаммуаллиф: А. Аҳмадҷонзода, 1992), «Ҳикматҳои Луқмони Ҳаким» (1992), «Масъалаҳои фолклори кишварҳои форсизабон» (маҷмуи мақолаҳо бо ҳамқаламии Р. Раҳмонӣ, 1998), «Фолклори тоҷикони водии Қашқадарё» (бо ҳаммуаллифии Р. Қодиров иборат аз се ҷилд, солҳои 1998, 2000), «Ганҷи шоён», Душанбе (бо ҳаммуаллифии Ш. Умарова, 2004), «Таронаҳои мардуми тоҷик» (бо алифбои форсӣ, ҳаммуаллиф: С. Фатҳуллоев, 2006), «Рамзкушои фарҳанги мардум» (маҷмуи мақолаҳо бахшида ба 80 - солагии академик Раҷаб Амонов, 2003), «Ёдномаи академик Абдулғанӣ Мирзоев» (маҷмуи мақолаҳо, бо ҳаммуаллифии А. Алимардонов, 2008), «Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода» (2012, ҳамқалам Д. Раҳимов), «Наврӯзи оламафрӯз» (Теҳрон, 2013), «Ёдномаи академик Раҷаб Амонов» (мураттибон Р. Аҳмадов ва Ш. Мирзоева) ва ғ.

Устод Рӯзӣ Аҳмад яке аз мураттибони асосии «Куллиёти фолклори тоҷик» буда, дар таҳияи каталоги фолклори тоҷик низ саҳм гузоштаанд. Устод инчунин ба корҳои адабиву тарҷумонӣ машғул шуда, 24 филми бадеиро ба тоҷикӣ баргардон кардаву муаллифи чанд филмнома низ ҳастанд.

Устод Рӯзӣ Аҳмад як умр ба омӯзиш ва пажӯҳиши маросимҳои мавсимии тоҷикон, бахусус ҷашни Наврӯз машғул шудаанд, ки осори дар ин мавзуъ нашрнамудаашон далели ин гуфтаҳост. Аз ҳар мақола ва осори алоҳидаи устод масъалаҳои таърихи пайдоиш, гиромидошт ва таҷлили он, замони баргузории ҷашни Наврӯз, афкори шоирон дар ин хусус, назари мардум дар бораи ин ҷашни аҷдодӣ ва ғайра маълумоти пурарзиши илмиву таърихӣ метавон дарёфт. Мақолаҳои «Гулгардонӣ», «Ҷашни Наврӯз», «Ҷашни оламу Одам», «Наврӯзи кишоварзон», «Чун лола ба Наврӯз қадаҳ гир ба даст», «Мири Наврӯзӣ», «Наврӯз ва оини Ислом», «Бадеияти наврӯзиҳои халқӣ», «Инъикоси баҳор ва Наврӯз дар ашъори Рӯдакӣ» ва ғайра ҷанбаҳои мухталифи ҷашни бостонии Наврӯзро инъикос менамоянд. Дар ин мақолот устод Рӯзӣ Аҳмад бо диди ҷадиду ковишҳои илмӣ паҳлӯҳои гуногуни густариши ҷашни Наврӯзро дар ҳар давраи таърихӣ таҳлилу баррасӣ намудаанд. Ба андешаи устод «Ҷашни хуҷастапай ва оламафрӯзи Наврӯз барои мардумони эрониасли ориёинажод ва махсусан, барои тоҷикон рамзи эҳёи дунёи хуфта ва бедории табиат мебошад. Ин ҷашн барои мардумони мо пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, хубӣ бар бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ ва накуӣ бар зиштӣ аст. Наврӯз ҷашни омад-омади баҳор, такопӯи ҳаёт, зоишу рӯиши дубораи табиат ва ҷашни офариниши Оламу Одам аст. Нисбат ба чунин фазилатҳояш ҷашни фархундаи Наврӯз аз тамоми анъана ва суннатҳои гузаштаи мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон азизу мукаррамтарин ва беназиртарин русуми миллӣ маҳсуб мешавад». Аз ин андеша бармеояд, ки устод Рӯзӣ Аҳмад бо хирадмеҳварӣ ва андешаи жарф пайи таҳқиқ ва омӯзиши ин ҷашни бостонии ниёгонамон гомҳои устувор гузоштаанд. Устод Рӯзӣ Аҳмад асарҳои роҷеъ ба ҷашни мавриди назар таълифшудаи пешиниёнро бо дарки масъулият мутолиа намуда, дар ҳар нигоштаи худ аз пешиниён ёд кардаанд.

Устод Рӯзӣ Аҳмад дар бисёр ҳамоиш ва конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, доир ба фолклор, мардумшиносӣ ва махсусан, Наврӯзи тоҷикон маърузаҳои пурарзиш намудаанд. Рӯзӣ Аҳмад яке аз наврӯзшиносони шинохтаи ҷумҳурӣ ба шумор мераванд ва умри пурбаракати хешро сарфи пажӯҳиши адабиёти шифоҳӣ намуда, аз худ осори гаронмоя боқӣ гузошт. Номи неки устод Рӯзӣ Аҳмад ҳамеша дар байни пайвандон, ҳамкорон ва ҳамаи муҳаққиқон ҷовидон хоҳад буд. Зеро бузургони фидоии илм намирандаанд. Ба ин маънӣ Шайх Саъдӣ басо бамаврид фармудааст:

Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд.