
Шукронаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ кору зиндагӣ дошта, баҳри расидан ба ҳадафҳои ояндасоз заҳмату талош варзида истодаанд. Маҳз аз баракати иттиҳоду сарҷамъӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо, тоҷикистониён, дар масири расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи худ ба муваффаққиятҳои беназир ноил гардида истодаем.
Таърих гувоҳ аст, ки андар ҳама давру замонҳо дар амалӣ намудани андешаҳои бузурги созанда, аз ҷумла, ҳадафҳои стратегӣ ба ҷуз саъю талошҳо баҳри рушди иқтисодиёт ва таҳкими фишангҳои давлатдорӣ инчунин фарҳанги сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва дигар сарватҳои модӣ нақши аввалиндараҷа мебозад. Зеро Офаридгор дар баробари дигар неъматҳои фитрӣ ва бунёдӣ ба башарият ақлу дарки худшиносӣ ато фармуд, то инсон бо василаи омӯзиши илму мушоҳидаи маърифати воло ба хушбахтию саодати зиндагӣ бирасад. Аз ин лиҳоз, дар самти тасмимгириҳои ҳаётӣ ва ҳар қадами устуворамон ба сӯи беҳбудиҳои рӯзгор ва амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги давлату давлатдорӣ моро мебояд, бо риояи фарҳанги сарфакорӣ ва оқилона истифода бурдани неъматҳои мавҷуда файзу баракати рӯзгори хешро афзун намуда, инчунин барои наслҳои оянда аз худ чизе ба мерос гузорем.
Тавре ки ҳамагон дар хотир дорем, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зимни яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд, ки: «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд».
Дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ки аз коргоҳу идораву ташкилотҳо то дар ҳар манзили истиқоматӣ ва ҳар нуқтаи истифодаи неруи барқ ба истифодаи сарфакоронаи он эътибори ҷиддӣ диҳем.
Худованд дар Ояти 31-уми сураи Аъроф ба ин мазмун фармудааст: “... ва исроф накунед, ки Худованд исрофкоронро дӯст намедорад”. Аз ин лиҳоз, маҳз дар ҳамин шабу рӯз, ки ҳар зарра захираҳои табиӣ ва сарватҳои модии мо аз ҷумла, неруи барқ дар рушди ҷомеа ва иқтидори давлат ниҳоят муҳиму зарур аст, масъалаи таблиғу ташвиқи фарҳанги сарфакорӣ миёни аҳолӣ аз мавзуҳои меҳварии масъулону фаъолони ҷомеаи мо мебошад. Дар иҷрои ин амри муҳим, яъне, суҳбату вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум, бояд ки ҳар фарди худогоҳи ҷомеа, бахусус имомхатибон ва шахсиятҳои обурӯманди маҳалҳо саҳми арзандаи худро гузоранд.
Имрӯзҳо ҳар нафари мо шоҳиди истифодаи исрофкорона ва аз меъёр зиёди неруи барқ дар ин ё он иншоот ва манзилҳои истиқоматии сокинон мегардем, ки дар чунин равиши беэътиноӣ хоси фарди мусулмон нест. Бахусус, барои миллати соҳибмаърифати мо, ки фарҳанги сарфакориро аз ниёгони тамаддунофари худ аз насл ба насл мерос гирифтаанд. Мардуми мо бояд дар доираи таълимоти шариати исломӣ ва ҳам панду андарзҳои ниёгони хеш тарзе кору зиндагӣ намоянд, ки дар рафтору гуфтор ва маданияту фарҳанги рӯзгордорӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Зеро ба қавли гузаштагонамон; «Агар дахл нуздаҳу харҷат бист бошад» ҳеҷ гоҳ наметавонӣ дар зиндагӣ муваффақу комёб гардӣ.
Бад-он кадхудо зор бояд гирист,
Ки дахлаш бувад нуздаҳу харҷ бист.
Аз таҳлилҳои коршиносон дар самти истеҳсолу истифодаи неруи барқ бармеояд, ки маҳз истифодаи ғайримақсадноки неруи барқ ва сари вақт пардохт накардани ҳаққи истифодаи он аз ҷониби муштариён ба вазъи таъминоту нигоҳдорӣ ва фаъолияти минбаъдаи шабакаҳои барқдиҳӣ таъсири манфӣ расонида исодааст. Ҳол он ки дар масири расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва ҳадафи чаҳоруми мамлакат, яъне, саноатикунонии кишвар мо ба фароҳам намудани сохтори ҷадиди шабакаҳои барқдиҳӣ ва низоми муайяани таъмини неруи барқ дар саросари кишвар ниёз дорем. Аммо масъалаҳои доғе ба мисоли сарфи беҳудаву истифодаи ғаримақсадноки неруи барқ ва саривакт пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонӣ аз тарафи баъзе коргоҳҳо ва шахсони алоҳида монеи рушди соҳаи энергетика дар кишварамон гардида истодааст.
Мардуми Тоҷикистон хуб дар хотир доранд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон дар фасли сармо сокинон дар шабонарӯз ҳамагӣ ду соат бо барқ таъмин мешуданду халос. Ҳамакнун дар шароити кунунии гармшавии иқлим ва чандин баробар кам шудани боришоти барфу борон, ки ба сатҳи об дар обанборҳои неругоҳҳои барқии обии кишвар таъсири манфӣ мерасонад, моро мебояд, барқи истеҳсолшударо сарфакорона истифода намоем, то захираи оби обанборҳои кишвар кифоят кунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар самти иҷрои ин амали хайр, яъне истифодаи сарфакоронаи неруи барқ маҳз бонувон, ки тамоми корҳои пухтупазу тамйизу дарзмол ва дигар шуғлҳои хонаводагиро бо истифода аз воситаҳои барқӣ анҷом медиҳанд, саҳми ниҳоят бузург гузошта метавонанд.
Бинобар ин, таваҷҷуҳи кадбонуҳои мо ба риояи фарҳанги сарфакорӣ дар масъалаи мазкур имкон медиҳад, ки дар кишвари мо дар як шабонарӯз ҳазорон Квт неруи барқ сарфаву саришта шавад. Умедворем, ки дар ҳамин давраи муҳим, ки сарфакории неруи барқ ба хотири пойдории низоми солими таъмини барқ дар кишвар равона гардидааст, мо, ҳар фарди худогоҳи Тоҷикистон ба гуфти ниёгонамон барқу дигар сарвату неъматҳои Ватани худро сарфакорона истифода менамоем, то ин ки ба қавле “зарра-зарра ҷамъ шавад”...
Умоналӣ Нурзода,
сархатиби вилояти Хатлон,
муовини Раиси Шурои уламои Маркази исломӣ