
Забони тоҷикӣ дар густариши тамаддуни исломӣ ҷойгоҳи хос дошта, дар тамоми сарчашмаҳои исломӣ аз китоби Худою аҳодиси паёмбари Ислом то осори гаронарзиши динию фалсафӣ калимоту ибороти тоҷикӣ ба чашм мехӯран. Баъзан матни пурраи ин осор бо забони тоҷикӣ китобат шудаанд. Аз аввалин сарчашмаҳои муътамади исломӣ, ки дар он вожаҳои тоҷикӣ ба чашм мерасад, ин Қуръони карим аст, ки дар пояи он дигар маохизи динӣ ва баъзе осори адабӣ, аз қабили "Маснавии маънавӣ"-и Ҷалолиддини Балхӣ, таърихӣ "Таърихи Табарӣ"-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ ва ғайраҳо ба таълиф расидаанд. Қуръон то имрӯз ҳамчун дастурамали ҳаёти иҷтимоии ҳар як мусулмон корбаст мегардад ва мавриди пажӯҳиши донишмандони тамоми соҳаҳо қарор гирифтааст. Новобаста аз эътиқод ва пайравӣ аз дини Ислом Қуръон борҳо мавриди пажӯҳиши муҳаққиқони мусулмону ғайримусулмон қарор гирифтааст.
Назари донишмандон дар боби калимаҳои тоҷикии Қуръони карим гуногун аст. Дар ҳоле ки дар асоси баъзе оятҳои Қуръони карим, ин китоби муқаддас танҳо бо забони арабӣ нозил шудааст, чун бар тибқи ояти дуюми сураи Юсуф: "Ба дурустӣ ки Мо онро Қуръоне арабӣ фурӯ фиристодем...". Вобаста ба ин донишмандон ба се гурӯҳ тақсим шудаанд: Иддае аз далели болозикр қотеона тарафдорӣ намуда, бар он андешаанд, ки дар Қуръони карим ягон вожаи ғайри арабӣ вуҷуд надорад. Гурӯҳи дигар, ки аксаран шарқшиносон мебошанд, ба вуҷуд доштани калимаҳои ғайриарабӣ дар Қуръон таъкид намудаанд. Гурӯҳи сеюм шахсони нисбатан муъдадил буда, бар он боваранд, ки Қуръон бо забони арабӣ нозил шудааст, аммо забони арабӣ низ монанди забонҳои дигар аз вожаҳои иқтибосӣ бой аст ва истифодаи вожаи иқтибосие, ки дар миёни мардум роиҷ аст, албатта ба вуҷуд доштани калимаҳои ғайриарабии Қуръон ҳеҷ рабте дошта наметавонанд. Масалан, имрӯз зиёда аз 30 фоизи вожаҳои забони тоҷикиро калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд ва вақте мо аз дилхоҳ калимаи арабӣ дар навиштан ё гуфтор истифода мекунем, ин бар маънои аз забони арабӣ истифода кардани мо нест. Мо низ бар он боварем, ки Қуръон бо забони арабӣ нозил шудааст ва он оятҳое, ки фарогири чунин иқтибосотанд, истифодаи онҳо дар ин маврид дурустанд ва ба назар чунин менамояд, ки вожаҳои иқтибосӣ ҳусни баёни Қуръонро зеботару равшантар сохтаанд. Дар умум, забоне, ҳатто асаре вуҷуд надорад, ки дар он калимаҳои иқтибосӣ дида нашаванд. Фирдавсии бузург бисёр талошҳои беандоза кашидааст, то "Шоҳнома"-и безаволашро орӣ аз калимаҳои иқтибосӣ нависад, аммо боз ҳам донишмандон бар он назаранд, ки дар он 2 ё 3 фоиз калимаҳои арабӣ вуҷуд доранд. Дар тули таърихи пеш аз Ислом, махсусан дар замони ҳукумати бузурги Сосониён иддае аз калимаҳои тоҷикӣ ба забони арабӣ иқтибос шудаанд ва чун корбурди зиёд доштанду дар забони мардум роиҷ буданд, баъзеи онҳоро дар Қуръони карим низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Маврид ба зикр аст, ки истифодаи вожаҳои забони тоҷикӣ дар Қуръони карим аз тарафи донишмандони риштаи забоншиносӣ борҳо мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Ин ҷо нуктаи асосӣ ба саҳми забони тоҷикӣ дар густариши тамаддуни исломӣ равона мегардад. Вожагоне, ки аз забони форсии тоҷикӣ ба забони арабӣ гузаштаанд, “муарраб”, "муъраб" ё "таъриб" ном бурда мешавад, ки дар онҳо ё гӯиш тағйир ёфтааст ва ё яке аз чор ҳарфи хоси забони тоҷикӣ, ба монанди "п", "г", "ч" ва "ж", ки ин ҳарфҳо дар забони арабӣ вуҷуд надоранд. Дар масъалаи теъдоди вожагони форсии тоҷикӣ дар Қуръони карим байни донишмандон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Артур Ҷефрӣ устоди донишгоҳи Калумбияи Амрико теъдоди ин калимотро 21 адад медонад. Забоншиноси араб ас-Суютӣ дар "ал-Итқон" 18 калимаи китоби муқаддасро форсӣ-тоҷикӣ гуфтааст. Ҷаволиқӣ дар "ал-Муъраб" калимоти форсӣ-тоҷикии Қуръонро ба 13 адад ишора кардааст. Ибни Аббос дар китоби "ал-Луғот фӣ-л-Қуръон" 2 вожаи ин китоби муқаддасро форсӣ-тоҷикӣ донистааст.
Зимнан бояд гуфт, ки калимаҳои тоҷикӣ, ки дар Қуръони карим дида мешаванд, бо тағйири фонетикию морфологӣ шакли арабӣ гирифтаанд, аммо решаи аслиашон тоҷикист, ба монанди:
1. (ибриқ / абориқ) - ин калима дар Қуръони карим як бор дар сураи “Воқеа”, ояти 18 ба кор рафтааст. Муҳаққиқон Суютӣ, Артур Ҷефрӣ, Аддай Шер ва ғ. ин калимаро арабишудаи "обреғ" ва "обрез" медонанд.
2. (истабрақ) - тибқи пажӯҳиши забоншиносон ин вожа дар Қуръони карим 4 маротиба баён ёфтааст, аз ҷумла, дар сураи “Каҳф”, ояти 31, ки аз муарраби “ситабр” ба маънои "дебои муҳкам" медонанд.
3. (барзах) - ин калима дар Қуръон 3 маротиба, аз ҷумла дар сураи “Муъминун”, ояти 100 ба кор рафта, забоншиносон онро арабишудаи "парзак", "барзах", "фарсах", "фарсанг" донистаанд.
4. (бурҳон) - дар Қуръони карим 8 бор ба кор рафтааст, аз ҷумла дар сураи “Нисо”, ояти 174, ки маънии он ҳуҷҷат, далел, равшан, ошкоро аст.
5. (танӯр) - ин вожа ду маротиба дар Қуръон ба кор рафта, Ҷаволиқӣ, Саъолабӣ, Ибни Дурайд ва дигарон форсии арабишуда донистаанд. Дар сураҳои “Ҳуд”, ояти 40 ва “Муъминун”, ояти 27 ба кор рафтааст.
6. (ҷуноҳ) - дар Қуръони карим 25 маротиба ба кор рафтааст, аз ҷумла дар сураи Бақара ояти 158. Ин калимаи тоҷикӣ ва арабишудаи "гуноҳ" аст.
7. (равза) - ин вожа як маротиба дар сураи “Рум”, ояти 15 ва дар шакли ҷамъ дар сураи “Шуро”, ояти 22 ба кор рафтааст, ки Артур Ҷефрӣ арабишудаи "рӯд" донистааст.
8. (забония) - ин вожа дар сураи “Алақ”, ояти 18 зикр ёфтааст, ба назари Аддай Шер шакли дурусти форсии он "забонӣ" буда, маънои "ҷаҳаннам"-ро дорад ва мансуб ба забонаи форсӣ-тоҷикист.
9. (заробӣ) - як маротиба дар сураи “Ғошия”, ояти 16 ба маънои "фаршҳои густурда" ба кор рафтааст, ки Аддай Шер онро арабишудаи "зароб" ба маънои "фаршҳои муҷалло" медонад ва бархе аз луғатшиносони дигар ин вожаро арабишудаи "зери по"-и форсии аз паҳлавӣ гирифташуда донистаанд.
10. (замҳарир) - ин калима дар Қуръон як бор дар сураи “Инсон”, ояти 13 ба маънои "сармои тунд (сахт)" омадааст. Аддай Шер ин вожаро муарраби "зам-сармо, ҳарир-муҷиб", яъне сармои сахт гуфтааст. Муҳаммад Алӣ Имом Шуштарӣ низ назари Аддай Шерро таъйид карда, мегӯяд вожаи "зам" дар луғоти форсӣ ба маънои "зимистон" бисёр ба кор рафтааст.
11. (сиҷҷил) - дар Қуръони карим се маротиба, аз ҷумла дар сураи “Ҳуд”, ояти 82 ва сураи “Фил”, ояти 4 ба кор рафтааст. Забоншиноси араб ас-Суютӣ ин вожаро арабишуда аз "сангу гил" гуфта, донишмандони дигар аз қабили Ҷаволиқӣ, Артур Ҷефрӣ, Алӣ Ашраф Содиқӣ низ бар ин назари Суютӣ мувофиқанд, яъне “сиҷҷил” аз вожаи тоҷикӣ-форсии "сангу гил" аст.
12. (сироҷ) - чор маротиба дар Қуръон ба кор рафта, аз ҷумла дар сураи “Фурқон”, ояти 61 ба маънои "чароғ, [яъне офтоб]" дида мешавад. Муарраб будани ин вожа дар таҳқиқоти Ҷаволиқӣ, Ибни Манзур, Фирузободӣ ба назар намерасад. Вале Аддай Шер ва Артур Ҷефрӣ онро муъраби "чароғ", баргирифта аз луғоти оромӣ ва сурёнӣ донистаанд, ки боз ҳам ин вожа ба забони форсии қадим бармегардад.
13. (ғамза) - дар Қуръони карим муштаққи ин калима "ятағомазун" дар сураи “Мутаффифин”, ояти 30 ба кор рафтааст. Аддай Шер онро баргирифта аз форсӣ дониста, ишораи хос ба чашму абру гуфтааст ва ин назари ӯро Имом Шуштарӣ низ таъйид кардааст.
14. (фил) - ин калима як маротиба дар сураи “Фил”, ояти 1 зикр гардидааст, ки Аддай Шер ва Имом Шуштарӣ онро арабишуда аз асли форсии "пил" донистаанд.
15. (каъс) - шаш маротиба дар Қуръон ба кор рафтааст, аз ҷумла дар сураи “Соффот”, ояти 45. Аддай Шер ин калимаро арабишудаи қадҳ, қадаҳ ё косаи форсӣ донистааст. Артур Ҷефрӣ мегӯяд: Камтарин шакке вуҷуд надорад, ки асли ин вожа оромӣ аст... Ба назар меояд, ки маншаи "коса"-и форсии сурёнӣ бошад.
16. (канз) - ин калима дар Қуръони карим чор маротиба, ҳам дар шакли ҷамъи арабии он, яъне ба сурати "кунуз" ва ҳам ба сурати феъл баён ёфтааст, аз ҷумла дар сураи “Ҳуд”, ояти 12. Ҷаволиқӣ ин калимаро форсии арабишуда донистааст. Суютӣ низ гуфтаи Ҷаволиқиро дуруст ҳисобидааст. Артур Ҷефрӣ дидгоҳи Ҷаволиқӣ, Саолабӣ, Хаффоҷӣ ва дигаронро нисбат ба баргирифта будани ин вожа аз форсӣ саҳеҳ дониста, решаи онро "ганз" ва паҳлавиашро "ганҷ" гуфтааст.
17. (маҷус) - як маротиба дар сураи “Ҳаҷ”, ояти 17 ба кор рафтааст. Ҷаволиқӣ ин вожаро аҷамӣ донистааст. Муҳаммад Алӣ Имом Шуштарӣ мегӯяд: "Маҷусӣ-зардуштӣ: аз ин вожа дар забони арабӣ феъл низ сохтаанд, ба монанди "тамаҷҷаса", яъне зардуштӣ шуд ё "маҷҷасаҳу", яъне “ӯро зардуштӣ хонд". Артур Ҷефрӣ мегӯяд: Равшан аст, ки ин вожаи "магуш"-и форсии бостон аст.
18. (марҷон) - ин калима дар Қуръони карим ду бор, дар сураи “Раҳмон”, оятҳои 22 ва 58 зикр гардидааст. Ҷаволиқӣ ин калимаро аз назари баъзе донишмандон форсии арабишуда донистааст.
Дар умум, забони тоҷикӣ дар тули таърих нуфузи зиёде дар минтақа дошт. Аз он ки аз замонҳои қадим, хоссатан дар замони Сосониён робитаҳои дуҷонибаи ниёгони мо ҷаҳони араб зиёд рушд намуда буд, мардуми араб баъзе калимаҳои паҳлавӣ ва баъдан калимаҳои форсӣ-тоҷикиро истифода мебурданд. Аз ин рӯ, дар китоби Қуръон низ баъзе калимаҳои форсӣ-тоҷикиро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар қуръоншиносӣ маълум аст, ки ин китоб бо ҳафт лаҳҷаи машҳури забони арабӣ, ба хотири он ки оммаи мардум бифаҳманд, нозил шудааст. Забони форсӣ-тоҷикӣ низ дар минтақае, ки Қуръон нозил шудааст, аз нуфузи вижае бархӯрдор будааст.
Шарифамо Одинаева,
сармутахассиси Муассисаи давлатии
“Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”