
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин қатъиян дар мувофиқат бо принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда мешавад, ки асли он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва дигар санадҳои қонунгузорӣ инъикос ёфта, ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат, дахолат накардани давлатро ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ҷузъ аз ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, таъмин менамоянд ва ҳамзамон таҳаммули мазҳабиро байни динҳои гуногун кафолат медиҳад.
Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқод аз зумраи ҳуқуқҳои асосии инсон маҳсуб ёфта, дар масири пуршебу фарози таърих дар муқобили манфиатҳои мухталифи гурӯҳӣ бо муборизаю қурбониҳои беназир эътироф гардидаанд. Бузургони миллати тоҷик ҳанӯз дар аҳди бостон дарк намудаанд, ки озодии эътиқод кафили ҳамзистии осоиштаи халқу миллатҳо буда, нишонаи беназири фарҳанги олӣ мебошад. Моҳияти ин консепсия маротибаи аввал дар Эъломияи Куруш Кабир ҳамчун нахустин санади меъёрӣ роҷеъ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон дарҷ гардида буд, ки дар озодии ҳамаи халқҳо дар парастишу эътиқодашон ифода меёфт. Маҳз муносибати одамон ба олами атроф ва кайҳон ва ба динҳои гуногун ҳамчун ҷавҳари ботинии шахсӣ ва виҷдони инсонҳои аввалия ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди фарзандони нахустин тамаддунҳоро ташаккул додаанд. Эътиқод ва боварии инсонҳо дар масири таърих дар шаклгирӣ ва рушди халқиятҳо, давлатҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳо таъсири амиқ гузоштааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии эътиқод ва озодии виҷдонро ба ихтиёри инсон вогузор намудааст. Нуктаи муҳим ва марказии ин озодӣ эътирофи ҳаққи инсонҳо ба ҳамин арзишҳо буда, ҳукми ихтиёр ва ҷонибдорӣ кори шахсии ҳар фард аст. Маҳз ба ҳамин хотир моддаи 26 Конститутсия таъкид менамояд, ки: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.»
Санади меъёрии ҳуқуқии асосие, ки ба таъмини озодии виҷдон бахшида шуда, фаъолияти иттиҳодияҳои диниро дар Тоҷикистон бевосита танзим менамояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” мебошад, ки бо дарназардошти воқеияти рӯзмарраи ҷомеа қабул шудааст. Қонуни мазкур дар таърихи 26 марти соли 2009, таҳти № 489 ба тасвиб расида, аз 8 боб ва 36 модда иборат мебошад.
Ин қонун ҳамаи паҳлуҳои озодии виҷдон, яъне аз муайян намудани муносибати шахс ба дин то ҳалли масъалаҳои таъсис ва бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ ба танзим медарорад. Мутобиқи ин қонун озодии шахс нисбат ба интихоби дин, инчунин ба ҷо овардани муқаррароти динӣ кафолат дода шуда, иттиҳодияҳои динӣ фаъолияташонро дар асоси низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишии худ ва эҳтироми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозанд. Озодона муайян намудани муносибати шахс ба дин аз талаботи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад, ки Тоҷикистонро давлатӣ дунявӣ эълон намудааст.
Дар хусуси ба талаботи пайравони динҳои гуногун мутобиқ будани меъёрҳои Қонуни мазкур метавон зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои таҷрибаи судманди муҳокимаи доимии лоиҳаи қонунҳо бо сохторҳои маҳаллии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мутобиқати онҳо ба талаботҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Тибқи талаботи қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Дар ҷумҳурӣ низоми татбиқи меъёрҳои зикршудаи Конститутсия аз тарафи Суди конститутсионӣ ва судҳои умумӣ ба таври дақиқ мукаммал гардидааст.
Моддаи 5 Конститутсияи кишвар таъкид менамояд, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд ва онҳоро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Моддаи 10 Конститутсия бошад, эътибори олии ҳуқуқӣ доштани меъёрҳои конститутсионӣ дар низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро эътироф намуда, ба меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар сарчашмаҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарият медиҳад. Дар қисми 1 моддаи 10 Конститутсия қайд мегардад: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд». Ҳамчунин, мутобиқи қисми 3 моддаи 10 Конститутсия вазъи бартарӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Дар ин радиф, қобили зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ақалиятҳои диниро, ки ҳуқуқҳояшон бояд тибқи арзишҳои давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ҳифз шаванд, эътироф менамояд. Айни замон, тибқи талаботи Қонуни мазкур оинномаи 66 адад ташкилотҳои динии ғайриисломӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро дар доираи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва оинномаашон ба роҳ мондаанд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин пайваста дар доираи қонунҳои амалкунанда бо пайравони динҳои гуногун корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо намояндаи созмони ҷамъиятӣ дар моҳи декабри соли 2019 бо иштироки 115 нафар ходимони дини исломӣ – сархатибон, имомхатибон, имомон, халифаҳо ва ходимони ташкилотҳои ғайриисломии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Фестивали байнидиёнатӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон хонаи ободи мо» баргузор карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки намояндагони ташкилотҳои динии ғайриисломӣ дар баробари намояндагони иттиҳодияҳои динии исломӣ дар ҳаёти динию фарҳангии кишвар фаъолона ширкат варзида, дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми худро мегузоранд. Инчунин намояндагони ташкилотҳои динии ғайриисломӣ матолиби чопии худро озодона дар маҷаллаи оммавӣ, фарҳангӣ ва динии “Дин ва ҷомеа”, дар сомонаҳои расмӣ ва дигар матбуоти даврӣ интишор менамоянд. Онҳо мавқеи худро дар самти таҳаммулпазирии адён ва мазҳабҳо дар чорабиниҳои гуногун озод баён менамоянд. Тибқи ҳисоботи пешниҳоднамудаи иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” талаботи онҳо ба инобат гирифта шуда, онҳо дар фазои амну субот ва ҳамбастагӣ бо пайравони дигар адёну мазҳабҳои кишвар фаъолияти худро дар доираи қонунгузории амалкунанда ва оинномаҳои хеш идома дода истодаанд.
Тибқи як қатор пажӯҳишҳо Тоҷикистон дар қатори он кишварҳое маҳсуб дониста мешавад, ки бо вуҷуди аз дини ислом пайравӣ намудани аксари аҳолиашон, нисбат ба аққалиятҳои дигар мазҳабҳо ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Ин ҳолатҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар замони истиқлолият ба шаҳрвандон ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои динӣ имкониятҳои зиёд пешниҳод гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ба талаботи пайравони динҳои гуногун мутобиқ мебошад. Истифодаи ин озодиҳо ҳаққи табиии ҳар шахс аст. Муҳимтарин нуктаи ин озодиҳо дар он ифода меёбад, ки ҳар шахс метавонад бидуни мамониат ба дине пайравӣ кунад ва ё накунад, ин ҳаққи табиӣ ва модарзоди ӯ мебошад.
Дар ин замина, моро зарур аст, ки бо таҳкими ҷаҳонбинии дунявӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамкории васеи фарҳангҳо, ҳамгироии динӣ, эҳтироми якдигар ва таҳаммулпазирии динӣ баҳри пешгирии хатарҳои олами муосир ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ диҳем.