
Бахшида ба Рӯзи дониш!
Пас аз ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ», дар таърихи 27-уми июни соли 1997, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пастравии нишондиҳандаҳои сатҳи иқтисодиёти миллӣ рӯ ба таназзул оварда, мушкилоти ба бор овардаи ҷанги таҳмилӣ рафъ гардид, бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии гузошташудаи давлати соҳибихтиёрамон мустаҳкамтар гардид, мардуми кишвар роҳи созандагию бунёдкории аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ гузоштаи худро идома дода, ифтихори давлатдории худро ҳифз намуд ва натиҷа он шуд, ки дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт соҳибком гардид.
Дар тӯли 25 соли пас аз ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» ва 31 соли Истиқлолияти Давлатӣ таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ҳифзи мероси пурарзиши таърихиямон, таъмини рушди илму маориф ва фарҳанг муҳимтарин самтҳои стратегии сиёсати давлат буданд ва дар ин самт мардуми шарифи Тољикистон ба дастовардҳои намоёни назаррас ноил гардид.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи таърихии худро пайдо кард ва бо шарофати ин дастовардҳо пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.
Вале, як чизи хело муҳимро зикр намудан лозим аст, ки ҳамаи муваффақиятҳою пешравии замони мо бе дастёбӣ ба илми муосир муяссар нагаштааст. Илми муосирро он нафаре азбар менамояд, ки дар оила, мактабҳои умумию олӣ тарбияи дуруст гирифта, соҳиби ҷаҳонбинии замонавӣ ва маърифати намунавӣ гашта бошад. Ин ду, пеш аз ҳама, дар оила муяссар мегардад. Агар оила солим бошад, сарварони оила (зану шавҳар) босаводу бофарҳанг бошанд, пас фарзандон низ соҳибтарбия, соҳибилм ва соҳибмаърифат ба воя расида, дастовардҳои дар тӯли соҳибистиқлолӣ бадастомадаро ҳифз намуда, барои пешрафту нумӯи диёри азизамон, минтақа ва олам саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қадим соҳибфарҳангу соҳибмаърифат, буда, фарзонафарзандон ва аламбардорони миллати куҳанбунёду тамаддунофараш, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ , Абӯалӣ Ибни Сино, Мавлонои Балхӣ , Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит-Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Абумансури Мотуридӣ - соҳиби китоби “Таъвилоти аҳли суннат”дар даҳ ҷилд, китоби “Тавҳид дар илми ақида”, Умари Хайём ва дигарон натанҳо барои тоҷикон, балки барои аҳли башар хизматҳои шоистае намуда, шаъну шукуҳи миллати тоҷикро боло бардоштаанд. Агар сафҳаҳои таърихро варақ занему дигарон ба таърихи башарият мунсифона баҳо диҳанд, аён мегардад, ки ҳама дастоварду кашфиёти илмии олимони тоҷик дар асрҳои 8-15 саҳифаҳои дурахшон ва муҳимтарини илму фарҳанги умумибашариро дар бар мегирад. Зеро, эътиборан аз асри 8-и мелодӣ, олимони тоҷик саҳми босазои хешро дар пешрафти илмҳои ҷудогонаи табиатшиносӣ: нуҷум (астрономия), риёзиёт (математика), табииёт (физика), кимиё (химия), ҳаётшиносӣ (биология), заминшиносӣ (геология), ҷуғрофиё (география), соҳаҳои тиб ва меъморӣ ва ғайра гузоштаанд.Туфайли саҳми назарраси фарзонафарзандони миллати тоҷик илм тадриҷан рушд намудааст. Пӯшида нест, ки илм дар ҳаёти инсон нақши пешбарандаро мебозаду дастовардҳои рӯзафзуни ҳаёти инсоният ва пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз он вобастагии ногусастание доранд. Ҳамин гуфтаҳоро асос намуда, соли 1901 муаррихи маъруфи рус И. Гейер дар хусуси соҳибдонишу соҳибфарҳанг будани тоҷикон ва саҳми боризи онҳо дар тамаддуни башариро ба назар гирифта, чунин иброз намудааст: «Дар миёни миллатҳои Осиёи Марказӣ тоҷикон мардуми босаводу бофарҳанг буда, кулли дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва меъмории минтақа натиҷаи заҳмати онҳост».
Дар зиндагии инсон, махсусан ҷавонон, нақши бориз бозидани илмро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли равон зимни суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар бори дигар аҳамияти рушди раванди таълимро барои ояндаи кишвар ва ҷомеаи солим ишора намуда, камдониширо сабаби асосии пайдоиши одамони дорои рӯҳияи ифротӣ арзёбӣ кардаву иброз доштанд: «Яке аз сабабҳои асосии ба таассубгароӣ, ифротгароӣ ва радикализми динӣ ҷалб шудани одамон бесаводист...Ман бори дигар таъкид мекунам, ки фанатизм - ин ҷаҳолат аст ва нодонӣ ба инсон чизи дигаре ба ҷуз бадбахтӣ оварда наметавонад».
Дастовардҳои 30 соли даврони истиқлолият гувоҳи он аст, ки зери сарпарастии Сарвари давлат натанҳо дар дохили кишвар барои пурра бо илм фаро гирифтани ҳар як нафар корҳои зиёде анҷом дода шудаасту боз дар назар аст, балки ба роҳ мондани таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ низ яке аз ибтикороти муҳим дар самти рушди илму маориф ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти расмӣ ҳоло дар хориҷи кишвар беш аз 40 000 нафар донишҷӯ, магистрант, аспирант ва докторантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд. Зеро, тавре Пешвои муаззами миллат дар вохӯрӣ бо ҷавонон зикр намуданд: “Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”.
Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳо имзо гардида, ҳоло ҳазорон нафар ҷавонони мо аз ҳисоби бурсияҳои ройгони барои Тоҷикистон ҷудошуда дар он давлатҳо таҳсил карда истодаанд ва дар оянда дар амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии давлат саҳми босазои хешро хоҳанд гузошт.Асоси пойдории оила дар рӯй ба дониш овардани ҳамаи аъзоёни он аст. Ба ин васила дар оила ҷорӣ намудани адолат, рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонӣ, дилсўзӣ, покниятиву ростқавлӣ, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия, дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот доштани онҳо муҳим мебошад.Монеъ шудан, ё гирифтани пеши роҳи чунин ҳаёт поймолкунии ҳуқуқҳои кўдак мебошад. Ҳар як инсон бояд чунон илму дониш омўзад, ки тавонад ҳаёти худро озодонаву сарбаландона пеш барад ва аз аҳли некӯкорон гардад.
Падару модар ҳангоми ба дунё омадани фарзанд мекӯшанд, то ӯ дуруст тарбия ёбаду соҳибмаърифат гардад. Ба ҳамин маънӣ, тарбияи тифл аз гаҳвора бо аллаи саршор аз меҳри модар бо сад орзуву ҳавасҳо оғоз мегардад. Ҳар як падару модар хоҳони онанд, то фарзандони эшон соҳибтарбияю соҳибмаърифат гарданду дар оянда номбардори оилаву миллату Ватан гарданд ва мақоми лоиқеро дар зиндагӣ сазовор гарданд:
Ҳаст доим салтанат дар маърифат,
Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат.
Ҳар кӣ масти олами ирфон бувад,
Бар ҳама халқи ҷаҳон султон бувад.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Аз мазмуни ин байтҳо маълум мешавад, ки орифи бузург беҳтарин сифати инсониро дар доштани маърифат мебинад ва саъйу талошро дар ин ҷода асоси расидан ба роҳи Ҳақ медонад ва таъкид месозад, ки шахси босавод ва донишманд дар зиндагӣ душворӣ намекашад. Аз ин лиҳоз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо чунин муроҷиат одамонро ба дониш андўхтан даъват намуда, таъкид менамояд, ки танҳо маърифати комил инсонро аз қайди ҷаҳолату нодонӣ раҳоӣ мебахшад.Муҳити солими хонавода зинаи нахустини тарбия аст ва масъулияти падару модар низ ҳамин аст, ки ҳаргиз тарбияи фарзандро аз мадди назар дур насозад, доим бо маслиҳатҳои судманд ба фарзанд кӯмак расонад. Агар тифл дар ҳамин давра бо меҳр парвариш ёбад, минбаъд дар муҳити кӯчаю таълимгоҳ низ ин равишро тағйир намедиҳад ва дар масири ҳаёт танҳо бо роҳи рост қадам мегузорад.Хушбахтона, аз баракати Истиқлол, имрӯз тамоми шароит барои тарбияи фарзандон ва соҳибилм намудани эшон муҳайё аст. Пас, аз хурдӣ мебояд дар дили фарзандон, муҳаббат ба миллату Ватанро ҷо намоем ва дар масъалаи тарбияи фарзандон масъулиятро танҳо ба уҳдаи омӯзгорон ҳавола нанамоем.
Воқеоти имрӯзаи ҳаёт ва олами муосир волидон, устодон ва ашхоси масъулро водор месозад, ки дар низоми тарбия, ташаккули шахсияти кӯдакон, боло рафтани ҳисси ватандории ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ чораҳои зарурии саривақтиро роҳандозӣ намоянд.Дар ин ҷода Худованди мутаол тавассути пайғамбаронаш панду ҳикматҳо ва китобҳояшро фиристод, то бандагонаш тибқи фармудаи Ӯ илм омӯзанду донишандӯзӣ намоянд:«Бихон ба номи Парвардигори худ, ки офарид! Одамиро аз хуни баста офарид. Бихон! Ва Парвардигори ту Бузургвор аст! Он, ки ба қалам илм омӯхт; одамиро он чи намедонист, омўхт» (сураи «Алақ», оятҳои 1-5). Инсони хирадманд дар ҳама давру замон дар ҷомеаи шаҳрвадӣ маҳбубияти хоссеро дорост ва танҳо тавассути илму дониш имконоти паси сар намудани тамоми мушкилотро дорад. Туфайли илму дониш буд, ки Абуалӣ ибни Сино ҳазорон беморро аз чанголи марг раҳо кард. Ин олими машҳур тани инсонро ба шиша, илмро ба чароғ ва ҳикматро ба равған монанд кардааст:
Тан мисоли шиша асту илм монанди чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост.
Бобомурод ҚАЛАНДАРОВ,
мудири бахши дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими МИҲД-и
н.Фирдавсии ш.Душанбе