31 ИҚТИБОСИ РОҲНАМО АЗ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Нашр шуд korbar - пн, 09/05/2022 - 08:33

БА ИФТИХОРИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Ҷойи ифтихор ва хушнудист, ки арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, хусусан арзишҳои дини мубини Ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ ба мо маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид.

2. Фарҳангу маърифати исломӣ бояд барои худшиносӣ ва ваҳдати миллат кӯмак расонад. Истиқлолият дари худшиносиро ба рӯи мо кушод, эҳтироми ҳамаи суннату оинҳои муқаддаси аҷдодӣ, аз ҷумла таомули Исломро бароямон воҷиб гардонд, пос доштани қадру қиммати ватандорӣ, қадру қимати хоку оби меросӣ, қадру қимати давлати миллӣ ва ваҳдати миллиро ба ҳар фарди бедордил омӯзонд.

3. Фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динии мо дар тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва давлати дунявии мо ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад.

4. Фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи онҳо метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд.

5. Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки арзишҳои милливу динии худро эҳё намуда, ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии виҷдонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кунем ва кафолат диҳем.

6. Соҳибихтиёрии давлатӣ дар баробари бунёди давлати миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба эҳёи арзишҳои динӣ ва ормонҳои таърихии миллат мусоидат кард.

7. Соҳибихтиёрии давлатӣ шароит фароҳам овард, ки дар баробари эҳёи арзишҳои маънавию мазҳабӣ ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон дар низоми давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври назаррас ҳифз ва таъмин гардида, дар кишвар фазои озоди андешаи динӣ ба вуҷуд оварда шавад.

8. Ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва як силсила тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ далели равшани гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабиамон мебошад.

9. Аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асарҳои гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои дароз дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, аз ҷумла “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин” ва “Кимиёи саодат”–и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқимат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.

10. Афзоиши теъдоди масоҷид ва иттиҳодияҳои динӣ нишонаи равшани таъмини озодии эътиқод ва шароити мусоид барои рушди фарҳанг ва ахлоқи динӣ мебошад.

11. Имрӯз шумораи масҷидҳо аз 17 адади замони шӯравӣ ба беш аз чаҳор ҳазор расида, теъдоди ҳоҷиёни кишвар аз 30 нафар то ба 200 ҳазор афзоиш ёфт ва Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ ба мақоми аввал баромад.

12. Мо нисбат ба тақдири диндорӣ, озодии имону эътиқод ва инчунин масъалаи ташаккул ва рушди ҳувияти динии мардум бетараф буда наметавонем.

13. Боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.

14. Ба ин тариқ бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад.

15. Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.

16. Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.

17. Дини мубини Ислом пайравони худро ба парокандагиву бародаркушӣ не, балки ба ободӣ, ваҳдат, ба савобҷӯиву дасти афтодагонро гирифтан, ба дӯстиву рафоқат ва адолатпешагӣ ҳидоят мекунад.

18. Халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар сол дар кишвари мо соли хониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо дарси сулҳ оғоз мегардад.

19. Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Ба ин маънӣ Қуръони карим мефармояд: “Ва шумо ҳама ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед”.

20. Имрӯз дар Тоҷикистон дину мазҳабҳои дигар низ мавҷуданд ва мо ба эътиқодоти диниву арзишҳои фарҳангии пайравони онҳо арҷ мегузорем.

Зеро таҳаммулгароӣ омили мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, асли фарҳанги динии мо ва асоси таълимоти пири мазҳабамон Имоми Аъзам буда, барои ҳамкорӣ ва муколамаҳои густурдаи дину мазҳабҳои гуногун заминаи мусоиде ба ҳисоб меравад.

21. Мояи ифтихор аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар халқҳои мусулмон дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ саҳми арзанда ва барҷаста гузоштааст. Чунонки шумо медонед, беш аз 60 фоизи аҳли суннат ва ҷамоат пайрави мазҳаби Имоми Аъзам ҳастанд, ки асосгузори мактаби бузурги фиқҳӣ мебошад. Хоҷа Муҳаммад Исмоили Бухорӣ дар олами ислом ҳамчун поягузори илми ҳадис эътироф гардида, асари ӯ “Саҳеҳи Имом Бухорӣ” чун бузургтарин китоби динӣ баъд аз Қуръони карим шинохта шудааст. Фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, аз ҷумла Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Замахшарӣ, Мотурудӣ, Қозӣ Абӯлайс, Абӯҳафси Кабир, Умари Хайём, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Наҷмуддини Кубро ва Баҳоваддини Нақшбанд дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни исломӣ нақши бузург гузоштаанд.

22. Мо ба дини мубини ислом, дини падару бобоёнамон, чун ба як сарчашмаи покизаи маънавӣ, руҳонӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем.

23. Фарҳанги исломӣ беҳтарин арзишҳои маънавии ҳаётӣ, аз қабили омӯзиши илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накӯкорӣ, заҳматдӯстӣ, рафоқату дӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро талқин карда, аҳли ҷомеаро ҳамеша ба иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.

24. Маърифати Ислом муъминро бародари муъмин хонда, хайру саховат ва пуштибонии афтодаҳолонро барои ҳар як мусулмон фарз мешуморад. Ман гумон мекунам, ки фарҳангу маърифати Ислом баробари ба ҷо овардани аркони шариат ва дигар фарзу суннатҳои маъмулӣ бояд барои худшиносӣ ва ваҳдати миллат кӯмак расонад. Зеро миллате, ки арзишҳои миллию фарҳангӣ ва хотираи таърихашонро пос надорад, хоҳу нохоҳ гирифтори тафаккури ғуломона мегардад.

25. Худо ба мардуми мусулмон танҳо ҳалол кор кардан ва покиза зистанро фармудааст. Аз ин нигоҳ дин ва аҳкоми динӣ бояд барои амалӣ гаштани ормонҳои наҷиби миллӣ, тарбияи ахллоқию маънавии ҷомеа, инчунин донишу фазилати башардӯстонаи ҷавонон ба давлат мадад расонад. Ҳам давлат ва ҳам аҳкоми дин барои тезтар барҳам додани руҳия ҷоҳилӣ, ҳаромхӯрӣ, авомфиребӣ, бадахлоқӣ дар ин марҳилаи ҳассос бояд мубориза баранд.

26. Ҳама хуб медонем, ки шеъру сухани оламгир ва девону дафтари ибратомўзи олимону шоирони гузаштаамон дар омезиш бо дини Ислом ва суннатњои волои он густариш ёфтаанд. Бигузор, китоби муқаддаси Қуръон бо забони модарӣ ва ба ҳар як шаҳрванди тоҷик дастрас шуда, барои дарки мероси гузашта, суннатҳои қадима ва расму оинҳои аҷдодии мо ёварӣ намояд, барои парвариши ақлу басират, ахлоқу одоби нек ва хислатҳои наҷиби инсонӣ раҳнамоӣ кунад.

27. Иду маросимҳои суннатӣ ва мазҳабӣ моро водор мекунанд, ки ба ҳамдигар меҳрубонтар бошем ва кинаву адоватро аз дилҳо берун андозем.

28. То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.

29. Иду маросимҳо бояд барои мустаҳкам намудани дӯстиву бародарии байни шаҳрвандони гуногунмиллат ва гуногунмазҳаби ҷумҳурӣ мусоидат намоянд. Аз ин амали хайр мо ҳамеша бурд мекунем - меҳру шафқат ва эҳтирому рафоқат миёни аҳли ҷомеа пояндатар мегардад.

30. Мусулмонони Тољикистон дар айни ҳол аз ҳамаи ҳуқуқҳои сиёсӣ баҳравар мебошанд, ки Конститутсия ва қонунҳои мамлакат ба онҳо додаанд.

31. Халқи тоҷик, сарфи назар аз ҳама гардишҳои таърих, асрҳост, ки дар олами тамаддуни исломӣ қарор дорад. Ислом барои мо як сарчашмаи пурбаракати маънавиёт, ахлоқ ва фарҳанг аст.