ЗАРАРҲОИ ИЗДИВОҶИ БАРМАҲАЛ

Нашр шуд korbar - чт, 09/08/2022 - 09:58

Ислом занро на ҳамчун даврони ҷоҳилият мавҷуди зишту беарзиш медонад, балки барои боло бурдани мақоми зан иқдоми бузург намудааст. Ислом ҳама он ҳуқуқи инсонӣ ва иҷтимоиеро, ки мард аз он бархурдор аст, барои зан низ муқаррар карда, ҳамчунин бар асоси фитрату сохтмони ҷисмонию рӯҳӣ ва ончи муносиби ҳоли ӯст, вазифаҳои хосеро барои зан дар назар гирифтааст.

Дар мавриди масъулиятпазирӣ ва анҷоми масъулият, зан бо мард баробар аст ва аз дидгоҳи Ислом зан метавонад, ки бевосита хариду фурӯш кунад, ба моликият ва анҷоми дигар муомилот ҳақ дошта, дар сарнавишти иҷтимоии худ мушорикат кунад, ки ин низ яке аз нишонаҳои бузургдошти зан дар Ислом аст.

Худованд дар Қуръони карим фармудааст, ки одамонро аз марду зан офаридаву ҳама бо якдигар баробаранд ва меъёри бартарӣ назди Худованд амали солеҳу тақво мебошад.

 «Эй мардум, Мо шуморо аз марду зане офаридаем ва шуморо гурӯҳ-гурӯҳ ва қабила-қабила намудаем, то ҳамдигарро бишиносед, бегумон гиромитарини шумо назди Худованд ботақвотарини шумост. Худованд дар ҳақиқат доно ва бохабар аст» (Сураи «Ҳуҷурот», ояти 13).

Аз дигар нишонаҳои бузургдошти мақоми зан ин аст, ки Ислом занонро ба омӯзиши илму дониш ташвиқу тарғиб намудааст. Аз Абӯсаиди Худрӣ ривоят аст, ки занон ба Паёмбар (с) гуфтанд: «Мардон аз мо бештар аз суҳбати мубораки Шумо истифода мекунанд, як рӯзро барои мо муайян кунед, ки дар он рӯз ба мо илм омӯзонед». Ҳамин тариқ, Расули акрам (с) рӯзеро мушаххас менамоянд. Занон дар он рӯз ҷамъ мешуданд ва Паёмбар (с) барои онҳо суханронӣ мекарду ба онҳо дастуроти лозимиро медод. 

Худованд дар Қуръони маҷид аз занон дар канори мардон ин гуна ёд намудааст:

 «Мардони мусулмон ва занони мусулмон, мардони боимон ва занони боимон, мардони фармонбардори Худо ва занони фармонбардори Худо, мардони ростгӯ ва занони ростгӯ, мардони сабркунанда ва занони сабркунанда, мардони фурӯтан ва занони фурӯтан, мардони бахшоишгар ва занони бахшоишгар, мардони рӯзадор ва занони рӯзадор, мардони покдоман ва занони покдоман ва мардоне, ки бисёр Худоро ёд мекунанд ва заноне, ки бисёр Худоро ёд мекунанд, Худованд барои ҳамаи онҳо омурзиш ва подоши бузурге фароҳам сохта аст» (Сураи «Аҳзоб», ояти 35).

Худованд дар Қуръони карим сурае бо номи  «Нисо», яъне, сураи «Занон» нозил кардааст, дар сурате ки сураеро ба номи мардон, яъне, «Риҷол» номгузорӣ накардааст ва ин далели ошкоре барои он аст, ки зан дар Ислом аз аҳамияти хосае бархурдор аст. Худованд дар сураи «Нисо» ба баёни умури муҳиме пардохтааст, ки ба зану хонавода марбут аст. Бештари бахши сураи «Нисо» дар бораи ҳуқуқи занон сухан мегӯяд, ба ин хотир сура ба номи «Нисо» (Занон) номгузорӣ шудааст. Агар дар мафҳуми ин сура фикр кунем, мебинем, ки Худованд занонро бисёр гиромӣ доштааст. Аз ҷумла:

Худованд нахустин занро ҳамроҳи мард офарид ва аз омезиши зану мард занону мардони зиёде офарид ва дар дунё мунташир кард. Худованд мефармояд:

ا«Эй мардум! Аз (нофармонии) Парвардигоратон бипарҳезед. Парвардигоре, ки шуморо аз як инсон офарид ва ҳамсарашро аз навъи ӯ офарид ва аз он ду нафар, мардону занони фаровоне мунташир сохт». (Сураи «Нисо», ояти 1).

 Ин оят қисмате аз хутбаи «Ҳаҷҷат-ул-видоъ» аст, ки Расули акрам (с) суханрониҳои худро бо он оғоз менамуданд. Хутбаи «Ҳаҷҷат-ул-видоъ» бисёр муҳим аст, зеро дар он чигунагии офариниши инсон аз як нафар баён шудааст.

Ҳуқуқи духтарони ятим дар Ислом. «Ва агар тарсидед, ки дар ҳаққи духтарони ятим ба адлу инсоф рафтор намекунед, дар ин сурат аз заноне, ки меписандед, ба никоҳи худ дароваред… Ва агар битарсед, ки ба адолат рафтор намекунед, (пас фақат) ба як зан иктифо кунед (на бештар аз он), (ё иктифо кунед) ба он чи ки молик шудаед, ин сабаб мешавад, ки камтар дучори каҷравӣ ва ситам шавед». (Сураи «Нисо», ояти 3).

Ислом барои эҳтироми зан ва барои он, ки ояндааш хуб шавад, мувофиқати вали (сарпараст)-и занро дар умури издивоҷ шарти комил шудани никоҳ қарор додаст. Зеро валӣ манфиати занро беҳтар медонад.

Худованди мутаол фармудааст:

 «Занони муҷарради худро ба издивоҷи якдигар дароваред» (Сураи «Нур»,ояти 33).

Худованд аз қавли падари он духтар, ки Мӯсо (с) бар сари чоҳ дида буд, мегӯяд:

 «Ман мехоҳам яке аз ин духтаронамро ба издивоҷи ту дароварам» (Сураи «Қасас», ояти 27).

Дар ин ду оят Худованд мардонро мавриди хитоб қарор додааст ва агар хитоби илоҳӣ ба тарафи занон мебуд, ҳатман, тасреҳ мешуд. Зеро Худованди мутаол фармудааст:

Мардон бар занон сарпарастанд» (Сураи «Нисо», ояти 34).

Паёмбар (с) фармудаанд: «Никоҳ бидуни иҷозати валӣ ва ҳузури ду гувоҳи одил дуруст нест».

 Боз фармудаанд: «Никоҳ бидуни иҷозати  сарпараст саҳеҳ нест. Ва ҳар касе, ки сарпарасте надошта бошад, подшоҳ ва ҳоким сарпарастии ӯ шуморида мешаванд» (Имом Аҳмад).

Оре, мутобиқи ин ҳадис Президенти кишварамон сарпараст ва падари меҳрубону мушфиқи ятимону барҷомондагон, бепарасторону муҳтоҷон мебошанд. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки Ҷаноби Олӣ пайваста сари ятимонро сила карда, дастгири тамоми муҳтоҷон мебошанд. Ҳар иду айём ҳамчун намунаи ибрат аз мактаб- интернатҳову хонаҳои бепарасторон дидан намуда, кумаки моддӣ ва маънавӣ мерасонанд, доим аз ҳоли онҳо пурсонанд. Ин аст, ки дигар шахсони саховатманд дар пайравии Сарвари давлат ба ятимон дасти ёрӣ дароз намуда, вазорату идораҳо чунин муассисаҳоро ба сарпарастии худ гирифтаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар фақат ба нафъи мардум буда, ягон нафар аз ғамхории Ҷаноби Олӣ дур намемонад.      

Худованд бар валиҳои занон воҷиб гардондааст, то дар умури издивоҷ ба маслиҳату фоидаи занон биандешанд, на ба масолеҳу фоидаи худ. Зеро зан амонатест дар дасти валии худ ва Худованд дар мавриди амонат фармудааст:

 «Бегумон Худованд ба шумо дастур медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибони он бирасонед ва ҳангоме ки дар миёни мардум ба доварӣ нишастаед, ба ҳақ доварӣ кунед» (Сураи «Нисо», ояти 58.

Ҳатто агар фарде аз дидгоҳи мусулмонон солеҳу накӯ бошад, метавон ба ӯ пешниҳод кард, ки бо духтар ё хоҳараш издивоҷ кунад, ҳамонгуна ки Умар ибни Хаттоб (р) ба Усмон (р) пешниҳод кард, то бо духтараш Ҳафса (р) издивоҷ намояд. Сипас ба Абӯбакр (р) пешниҳод кард, то инки Паёмбар (с) Ҳафсаро хостгорӣ намуд ва бо ӯ издивоҷ кард.

Ҳамчунин ҷоиз аст, ки зан ба марди солеҳу накӯкор пешниҳоди издивоҷ намояд, бахусус агар зан валӣ ва сарпарасте надошта бошад.  Хадиҷа бинти Хувайлид қабл аз биъсат ба Паёмбар (с) пешниҳоди издивоҷ намуд. Ӯ беҳтарин ҳамсаре буд, ки Паёмбарро паноҳ дод ва бо ҷону молаш ба ӯ кумак намуд ва ҳеҷ кас ин кори Хадиҷаро айб нагирифт, дар сурате, ки бузургону ашрофи Қурайш қаблан ба хостгории ӯ омада буданд ва ӯ ҳамаро рад намуда буд.

Аммо, мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи мо мушкилие мавҷуд аст, ки ҳамагон ба он чашм мепӯшем. Бисёр ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки одамон бо сохтани ҳуҷчатҳои қалбакӣ синну соли духтаронашонро бузург нишон дода, духтарони ноболиғро ба шавҳар медиҳанд.

Дар байни аҳолӣ чунин ақида устувор аст, ки гӯё барвақт ба шавҳар додани духтарон аз Ислом бошад. Аммо дар асл, чунин нест. Ҳанӯз Ҳазрати Умар таъкид намуда буд, ки духтаронатонро барвақт ва ноболиғ ба шавҳар набароред.

Уламои Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср доир ба ин масъала мегӯянд: «Издивоҷ бо ноболиғон ба онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад ва аз ин рӯ, падару модарон уҳдадор карда мешаванд, ки фарзандони ноболиғи худро аз оқибатҳо чунин амал нигоҳ доранд.

Худои қодир мефармояд: «Худо ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонашон бозгардонед. Ва чун дар миёни мардум ба доварӣ нишинед, ба адл доварӣ кунед. Худо шуморо чи некӯ панд медиҳад. Ҳароина Ӯ шунаво ва биност»! (Сураи «Нисо», ояти 58).

Баръакси тасаввури ғалат мо дар ҳеч ҷои шариат мушаххасоте дар робита ба синну соли издивоҷ пайдо накардем. Чизе ки вуҷуд дорад, ин меъёри собити балоғати ақлонӣ ва ақидаи солим мебошад.

Аз як тараф тафовути возеҳ байни расидан ба синни балоғат ва майли табиӣ, аз дигар тараф балоғат ва салоҳияти уҳда кардани зиндагӣ вуҷуд дорад. Ҳаёт дар издивоҷ заруратеро ҳам барои шавҳар ва ҳам барои зан ба миён меорад, ки онҳо бомаърифат ва солимфикр бошанд. Бинобар ин, сифатҳои мазкур тавассути никоҳ бо ноболиғон ба вуҷуд намеоянд» (Баёнияи Маркази байналмилалии исломӣ оид ба омӯзиш ва таҳқиқи аҳолии Донишгоҳи ал-Азҳар).

Чунончи пайдост, дини ислом никоҳ бо ноболиғонро ҷонибдорӣ намекунад ва ин масъала дар қонунгузории ҷумҳурӣ низ мушаххас зикр гардидааст.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

Мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон