ПАНДУ НАСИҲАТ БА ФАРЗАНДОН БЕҲТАРИН РОҲИ ИСЛОҲИ ОНОН

Нашр шуд korbar - пт, 04/26/2019 - 14:51

Фарзанд меваи умри инсон ва давомдиҳандаи ному насаб ва шарафи волидайн аст. Мо бояд баҳри ба роҳи дуруст тарбия намудани онон талош варзем.  

Насиҳат яке аз бењтарин роњи тарбияи ахлоќии фарзанд мебошад. Мо набояд онњоро дашному танбењ намоем, балки бо суханњои хубу мулоим ба онњо муносибат кунем. Онњоро бо дилсӯзӣ насиҳат кунем ва бифаҳмонем. Чунки фарзандон бо задану дашном ислоҳ намешаванд. Роњи насињатро интихоб намоем. Аммо насиҳат ду бору се бор кофӣ нест, мураттабан ин равишро идома диҳем ва мебинем, ки рафта-рафта суханоямон дар дилҳояшон асар хоҳанд гузошт. Пеш аз насиҳат дар ҳузури Ҳақ чунин дуо кунед; “ Парвардигоро сухани маро муассир бигардон ва ба ман тавфиқ деҳ, ки онҳоро ба беҳтарин равиш насиҳат кунам”.

Бояд ќайд кард, ки панду насиҳат агар бо ихлосу дилсӯзӣ ва мулотифат ҳамроҳ бошад, таъсири басазое бар рӯҳу равони фарзанд мегузорад ва ахлоќу кирдорашро дигаргун месозад. Расулуллоњ (с.а.в.) барњаќ фармудаанд:

“Дин насињат ва хайрхоњї аст”.

Насиҳати ҳар шахс ба шахси дигар сабаби хайр ва сабаби ризояти Парвардигор аст, аммо насиҳати падарон ба фарзандон ба қадре сабаби ризои Илоҳӣ ва сабаби хушнудии ӯст, ки Аллоҳ (ҷ.ҷ) дар Қуръони маҷид ба унвони беҳтарин намуна, онҳоро барои бандагонаш нақл кардааст, аз он ҷумла насиҳатҳои дилсӯзона ва пандҳои дилпазири бандаи баргузидааш Луқмони ҳакимро, ки дарбаргирандаи беҳтарин матолиб аст ба тафсил баён карда ва барои уммати Расулуллоҳ (с.с) нақл намудааст. Луқмон (а.с) ки Худованд ба вай баҳрае аз ҳикмат дода буд, яке аз беҳтарин намунаҳои падарони дилсӯз мебошад.

Луқмони ҳаким дар ҳамин нуктаро ба фарзандаш ёдовар мешавад:

 “Ба некӣ амр кун ва аз бадиву гуноҳ боздор ва ба ҳар чи ба ту бирасад сабр кун, чаро ки ин муқаддимаи корҳои мақсуд аст”.

Аллома Ибни Касир (р.ҳ) ривояте овардааст, ки аз Луқмон (а.с) пурсида шуд: “Шумо чигуна ба ин мақом расидед? Луқмон гуфт: -Ман корҳое анҷом додам, ки агар шумо ҳам онҳоро анҷом бидиҳед ба ин мақом мерасед:

  1. Ҳифзи нигоҳ.
  2. Ҳифзи забон.
  3. Қаноат бар ҳалол.
  4. Ҳифзи иффат.
  5. Сидқи гуфтор.
  6. Вафо ба аҳд.
  7. Гиромидошти меҳмон.
  8. Риояти ҳаққи ҳамсоя.
  9. Тарки лояънӣ (дурӣ аз корҳо ва суханони беҳуда).”

Дақиқан ба насиҳатҳои Луқмон (а.с) таваҷҷӯҳ фармоед, фикр кунед, ки чигуна як падари дилсӯз ва меҳрубон ба такрор насиҳат мекунад ва хаста намешавад ва чигуна ин насиҳатгари мухлис ва меҳрубон мулотифат ва муҳаббатро дар насиҳат муроот менамояд ва чигуна мекӯшад бо хитоби дилпазири “ё бунайя” (эй писари азизам) эҳсосот ва авотифи фарзандро бедор намуда ва ӯро барои пазириши насиҳат омода месозад.

Саъдии Шерозӣ (р.ҳ) дар мавриди тарбияи фарзанд фармудааст:

Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,

Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.

Чу фарҳангу рояш набошад басе,

Бимириву аз ту намонад касе.

Басо рӯзгоро, ки сахтӣ барад,

Писар, чун падар нозукаш парварад.

Хирадманду парҳезгораш барор,

Гараш дӯст дорӣ, ба нозаш мадор.

Ба хурдӣ дараш заҷру таълим кун,

Ба неку бадаш ваъдаву бим кун.

Навомӯзро зикру таҳсину зиҳ,

Зи тавбеху таҳдиди устод беҳ.

Биомӯз парвардаро дастранҷ,

Вагар даст дорӣ чу Қорун ба ганҷ.

Макун такя бар дастгоҳе, ки ҳаст,

Ки бошад, ки неъмат бимонад ба даст.

Нуктаи бисёр муҳиме, ки бояд волидайн ба он таваҷҷӯҳ бикунанд, ин аст ки кӯшиш намоянд, муҳити хонаводаро маркази амну осоиш ва сафову самимият бигардонанд. Агар муҳити хонавода созгор набошад, талошҳо ва орзуҳои волидайн барои хуб шудани фарзандон абас ва беҳуда аст. Иртиботи самимонаи волидайн бо якдигар дар ислоҳ ва тарбияи рӯҳиву равонии фарзандон таъсири басазое дорад.

 Тањияи

Бекназарова Мавзуна