
Яке аз муваффақиятҳои беназир ва гомҳои устувори давлати тоҷикон қабул гардидани «Қатъномаи Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 буда, ташаббус ва иқдоми бузурги башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меоварад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масоили обро асоси татбиқи босамари ҳадафҳои рушди ҳазорсола, рушди устувори соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасии умумӣ ба озуқаворӣ, таъмини амнияти санитарӣ ва дигар ҳадафҳои эълоншудаи глобалӣ номида, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳия ва қабули стратегияҳои мушаххаси маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба идоракунии заҳираҳои об даъват намуданд.
Дар таърих собит шудааст, ки барои дастрас намудани об, бахусус дар зарфи 50 соли охир 21 муҳорибаҳои бузург ва 507 маротиба бархӯрдҳо (конфликт) ба вуқуъ пайваста аст.
Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз воқеъ гардидани буҳрони об дар ҷаҳон, масъалаи оқилона ва самаранок истифодабарии обро маҳз ба хотири раҳоии инсоният ва табиат ҳамчун ливо ва пайғоми сулҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд, ки дар тамоми дунё ҷонибдорӣ ва ҳамовозии гарму ҷӯшони худро пайдо кард.
Дар кишварҳои пешрафтаи олам 70 дарсади партовҳои корҳонаҳои саноатӣ ба об партофта мешавад. Сокинони сайёра бошад рӯз то рӯз зиёд ва оби ошомидани кам шуда истодааст, ки ин дар ояндаи наздик боиси нигаронӣ хоҳад буд. Ҳамчуноне, ки Пешвои миллат дар хусуси об ва минтақа мегӯяд: «Агар аз ин захоир оқилона ва одилона истифода нашавад, кишварҳои минтақа ба таври чиддӣ ба мушкилии камбудии об гирифтор хоҳанд шуд».
Об муъҷизаи зиндагист.
Бешак 70 дарсади кураи замин бо об пӯшонида шудааст. Дар асри ҷаҳонишавӣ таърифоти об вобаста ба самти коршиносон зиёд мебошад:
- Зироаткорон мегӯянд, ки об мояи асосӣ дар ҳаёти мавҷудот мебошад ва агар об нест шавад на дона мерӯяд ва на растанӣ қад мекашад ва на мавҷудоти зинда боқӣ мемонад;
- табибон мегӯянд тамоми амалиётҳо дар ҷисми инсон бо об сурат мегирад ва саломатии ҳаёти инсон ба об вобаста мебошад;
- биологҳо байни афкори зироаткорон ва табибон ҷамъ карда мегӯянд, ки ҳаёт куллаш об аст ва тамоми мавҷудоти зинда дар тамоми марҳилаҳои ҳаёт ба об ниёз дорад;
- таърихшиносон ва олимони география обро асоси тамаддун ҳисобида, рушди фарҳангу тамаддуни ин ё он кишварро ба об рабт медиҳанд. Масалан, тамаддуни Мисрро ба дарёи Нил, тамаддуни мамолики араб ба Оби зам-зам ва тамаддуни Ҳиндӯстонро ба дарёи Ганга марбут медонанд;
- олимони соҳаи физика обро масдари гидроген, манбаи нерумандию қудрат ва устувории мавқеи стартегӣ дар ояндаи қариб муаррифӣ менамоянд;
- геологҳо тавассути ҳафриёт ва иктишофоти илмӣ исбот намудаанд, ки манбаи иқтидори давлату миллатҳои пешин ва мақому манзалати онҳо маҳз ба мавҷуд будани об марбут мебошад;
Мебояд қайд кард, ки 1438 сол пеш Худованд дар Қуръони азимушшаънаш фармудааст: «Мо аз об кулли мавҷудоти зиндаро офаридем».
Қуръони карим ба аҳамияти об ҳамчун арзишмандтарин неъмати илоҳӣ арҷгузорӣ намуда, 63 маротиба анвоъи гуногуни обро ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ, мояи ибрат ва тафаккур зикр карда, аз исрофкорӣ ҳушдор ва ба сарфаҷӯӣ дар масрафи об ташвиқ кардааст. Ҳатто қудрати беҳамтои худро Худованд бо офридани об ва ҳастии он изҳор мекунад.
Донишмандони зиёд дар таҳқиқи об барои рушди зиндагӣ асару рисолаҳои бешумор ба табъ расонидаанд. Аз ҷумла Профессор Масару Емото, яке аз муҳаққиқон ва обшиноси машҳури Япония муътақид аст, ки мафоҳими метафизикӣ ба рӯи таркиби молекулаҳои об таъсир мегузоранд ва ҳамон тавре, ки шакли зоҳирии об нисбат ба зарфҳо ва маконҳое, ки дар он қарор мегирад, тағйир меёбад, шакли молекулавии об низ нисбат ба шароит ва муҳити худаш тағйир меёбад. Обҳои ҳавзу кулҳо ва рӯдҳои беҳаракат, обҳои убуркунанда аз байни шаҳру маҳаллаҳои пуриздиҳом бо далели ин ки аксари мардум дорои шуури манфӣ ҳастанд, намои зишт пайдо карда, аз лиҳози молекулаҳояшон беарзиш ва номақбул мебошанд.
Обҳое, ки аз кӯҳҳо ва чашмаҳо берун меоянд, аз баски дар маърази гуфтору рафтор ва афкори манфӣ қарор нагрифтаанд, таркиби молекулаҳои худро солим ҳифз мекунанд.
Профессор Емото озмоишҳои худро дар обҳои гуногуни кишварҳои мухталифи дунё бо сухан, мусиқӣ, дуо, навиштаҷотҳо ва аксҳо анҷом додааст.
Яке аз тариқаҳои озмоишии ӯ ин аст, ки ӯ аз иддае аз мардум хост, ки дар канори дарёи «Фуҷивара» истода дуо бихонанд ва оби онро қабл ва баъд аз дуо озмоиш диҳад. Ӯ мутақид аст, ки холис будани ният дар дуо барои таъсири мусбат расонидан дар об бисёр муҳим аст.
Роҳи дигар озмоишии ӯ бо таъсири мусиқӣ бар рӯи об мебошад. Профессор мусиқиҳои мухталифро дар канори об пахш карда, вокуниши молекулаҳои обро баррасӣ кардааст.
Об на танҳо аз рафтору гуфтори мо таъсир мепазирад, балки нисбат ба навиштаҳо низ вокуниш нишон медиҳад. Емото бо часпондани часпҳо бо навиштаҷотҳо бар рӯи зарфҳои обро баррасӣ намудааст. Аз ҷумла навиштаҷотҳои «Модар», «Гитлер», «Фаришта», «Модар-Тереза», «Шайтон», «Руҳ», «Ишқи зан ба шавҳар», «Хушҳолӣ» «Сулҳ» ва ғайраро озмоиш карда вокуниши обро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Профессор Емото бовар дорад, ки агар бо об бо забонҳои мухталифи дунё бархӯрд кунем, дар муқобили ҳамаи калимаҳои мусбат вокуниши молекулаҳои об зебо ва дар муқобили ҳамаи калимаҳои манфӣ вокуниши об беарзиш хоҳад буд. Ӯ барои озмоиш ибораҳои мухталифро бо забонҳои гуногун бар рӯи об омӯзиш мекунад: Аз ҷумла «Hari Gato-Муташккирам» (ҷопонӣ), «Merci»(фаронсавӣ), «Love and Gratitude-Ишқ ва қадрдонӣ» (англисӣ), «Thanks and Love-ташаккур ва ишқ». Профессор исбот намудааст, ки вокуниши об нисбат ба калимоти дастурӣ хуб нест. Яъне об фармон доданро намеписандад.
Профессор обро дар канори гулҳо қарор дода, вокуниши обро мавриди баррасӣ қарор дода, исбот мекунад, ки молекулаҳои об дар канори гулҳо худро дар шакли гулҳо қарор медиҳанд. Эҳсоси нашоту шодмонӣ мекунанд ва неруе, ки инсон аз табиат мегирад, маҳз ба ҳамин далел аст, ки молекулаҳои оби бадани инсон худро ба шакли табиат дармеоваранд.
Профессор Емото мегӯяд: «Об маълумотҳои гуногуни бешумор дорад ва агар оби маълумотдор ба бадани инсон гузаронида шавад, бадани одам маълумоти обро аз худ мекунад ва дар натиҷа ҳолати инсон аз манфӣ ба мусбат тағйир дода мешавад».
Профессор Емото дар се зарфи шишагин биринҷ гирифта, каме об илова карда, ба назди зарфи якум рафта лафзи «Ташаккур», дар дуюм лафзи «Аҳмақ»-ро то як моҳ такрор карда, дар зарфи сеюм чизе намегӯяд. Баъд аз як моҳ месанҷад, ки биринҷ дар зарфи якум бе тағйир, балки бӯи хуш пайдо кардааст, дар зарфи дуюм сиёҳ шуда, дар сеюм ба пӯсидан шуруъ кардааст. Бо чунин таҷриба профессор Емото тавсия медиҳад, ки бо кӯдакон ҷиҳати солим нигоҳ доштани оби баданашон бо риояи тавозуни гармонияи онҳо мебояд эҳтиёткор буд.
Рустум Рой, профессори Донишгоҳи Пенсилванияи Штатҳои Муттаҳидаи Америка- аъзо корреспонденти академияи илмҳои байналмилдалӣ мегӯяд: «Аксари қисми майнаи сарро об ташкил медиҳад ва об маълумотро ба худ сабт мекунад, пас оби солим бояд нӯшид, то ин ки ба майнаи сар маълумоти солим бирасад.
Бо дарназардошти ин ки 70 дарсади курраи замин, 60 дарсади бадани одам, 80 дарсади хуни инсон ва 90 дарсади рагҳои инсонро об ташкил медиҳад, пас мо бояд тасмим бигирем, ки чӣ гуна аз истифодаи алфозу ибораҳо, бахусус дар назди об баҳраманд бошем.
Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар хусуси эҳтиёт дар гуфтор мефармоянд: «Ҳар инсоне, ки ба Худо ва ба рӯзи Қиёмат бовар дорад, ё сухани нек бигӯяд ё ин ки хомӯширо ихтиёр кунад».
Ҳамаи ин озмоишҳо сад дар сад таҳқиқ шудаанд ва аз он шаҳодат медиҳанд, ки молекулаҳои об дорои ҳиссиёт ҳастанд ва дар муқобили тамоми аъмолу афкор ва суханҳои неку гуворои инсон вокуниши мусбат ва ҳангоми талафузи суханҳои зишт вокунишҳои манфӣ нишон медиҳанд. Модоме, ки беш аз 70 дарсади бадани инсонро об ташкил медиҳад, мебояд мусбатнигариро, ки бадан, шуур ва тафаккури инсонро зебо мегардонад, ривоҷ дод ва аз бадгуфторию бадрафторӣ ҷиҳати солимнигоҳдории бадан ва муҳити зист ҳазар кард.
Бо мусбатнигарӣ, гуфтору кирдор ва амалҳои неку шоиста метавон шакли кристалҳои оби бадан ва муҳити зистро зеботар ва аз бемориҳои ҷисмию равонӣ пешгирӣ кард.
Агар афкору андеша ва гуфтору кирдор шакли кристалҳои обро тағйир диҳанд пас, инсонро чӣ гуна бе тағйир мегузоранд.
Ниёгони мо ҳангоми нӯшидани об номи мубораки Худованд- Офаридгору Мураббии оламиёнро мегирифтанду мегиранд, то ин ки кристалҳои об ба шакли зеботарин дароянд ва руҳу равон ва ҷисму ҷонашон хушҳолу бегазанд бимонад.
Дар ҳамин замина, аз назарияи профессор Емото иқтибос меоварам, ки мегӯяд: «Молекулаҳои об дар муқобили афкор ва алфози инсонҳо фавран аксуламал ва вокуниш нишон медиҳанд. Сухан, ҳиссиёт ва нақшаҳои манфӣ, сохтор ва таркиби молекулаҳои обро вайрон мекунанд ва обро дар як лаҳза аз моеъи ташнашикани солим ба маҳлули фасодкунанда мубаддал мекунанд».
Ин маънои онро дорад, ки об на танҳо моддӣ, балки маънавӣ, яъне бо амал ва суханҳои манфӣ низ ифлос мешавад.
Профессор мегӯяд: «Агар мо дар бораи об бештар медонистем, неруву тавоноии обро хуб дарк мекардем, обро ба сифати доруву даво истифода менамудем, метавонистем аз бемориҳои хатарнок эмин бимонем ва мушкилоти экологӣ, гармшавии сайёра ва тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро саривақт ҳал кунем».
Наҷоти об аз ифлосшавӣ наҷоти ахлоқу фарҳангу зиндагист. Зеро об муҳимтарин моддаи ҳаёт ва сарчашмаи ободонӣ аст. Инсон барои анҷом додани фаъолиятҳои хеш ба оби ширин, яъне бенамак, ниёз дорад. Бешак идомаи зиндагӣ ба вуҷуди об ва навъи зиндагӣ ба сифати оби ошомиданӣ вобастагӣ дорад. Агар сифати оби ошомиданӣ ба шакли маънавӣ хуб шавад, ахлоқу фарҳанг, муносибату муошират, саломатӣ ва тарзи тафаккури мардум хуб мешавад.
Иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба об, бахусус қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, ки куллан ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва табиату башарият нигаронида шудааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ онро бо сипосу миннатдорӣ пазируфт. Бо ин иқдом нуфузи Тоҷикистон - ҳамчун кишвари ташаббускор боло ва мавқеи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувортар гардид.
Пас мо, тоҷикистониёнро лозим аст, ки ҷавобан ба хизматҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар қатра обро сарфакорона ва ба нафъи умум истифода намоем.
Бо ин мақсад зарур аст, ки муколама ва нишастҳои обфарҳангӣ бештар ташкилу тарғиб ва фарҳанги сарфаҷӯӣ дар масрафи об ба таври густурда ба роҳ монда шавад.
Дар ҳақиқат об-муъҷизаи зиндагист ва қарзи шаҳрвандии мост, ки онро покиза нигоҳ дорем.
Абдуалим Норасов,
мудири шуъба оид ба корҳои дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими
миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Душанбе