ВАТАНРО СИДҚАН ДӮСТ БОЯД ДОШТ!

Нашр шуд korbar - чт, 09/15/2022 - 09:05

Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ватан дар ҳама дину мазҳабҳо ва фарҳангу тамаддунҳо ҷойгоҳи махсус дошта, барои муқаддас шумурдану дӯст доштани он таъкидҳо рафтааст. Мартабаи Ватан дар баробари Модар қарор дошта, дӯст доштани он аз нишонаи имондорӣ дониста мешавад. Ватандӯстӣ танҳо як шиор нест, балки зери ин мафҳум ҳимояи марзу бум, ҳифзи оила ва пайвандон, ободониву созандагӣ, донишомӯзиву ихтироъкорӣ, якдиливу ваҳдат, сулҳу оромиш, арҷгузориву посдории арзишҳои миллӣ фаҳмида мешавад.

Агар дар сафаҳоти таърихи миллати тоҷик номи Спитамену Темурмалик ва ё Ибни Синову Садриддин Айнӣ ва ғ. мондагор гаштааст, маҳз ба он хотир аст, ки эшон, чи бо шамшери буррон ва чи бо қалами тез, барои ҳифзу посдорӣ ва мондагорсозии сарзамини аҷдодӣ талош кардаву ҷон ба каф гузоштаанд.

Сидқан дӯст доштани Ватан аз ҷониби насли ҷавон ва куҳансол ин амали шоиста ва боиси ифтихор аст. Ҳисси меҳанпарастиву миллатдӯстӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон аз оила маншаъ гирифта, баъдан дар кӯдакистон, мактаб, донишкадаву донишгоҳҳо шакл мегираду рушд мекунад. Барои бедор кардани ҳисси меҳанпарастиву миллатдӯстӣ, қабл аз ҳама, мураббиёну муаллимони кӯдакистон, мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо ва баъдан бахшҳои идеологӣ ва фарҳангии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлтии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати деҳот нақши калидӣ мебозанд. Ниҳодҳои мазкур метавонанд бо роҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкили маҳфилҳои адабиву илмӣ ва барномаҳои фарҳангиву тафреҳӣ ҳисси меҳанпарастиву ватандӯстиро дар зеҳни ҷавонон бедор сохта, роҳ ёфтани ҳар гуна мафкураҳои бади ифротию иртиҷоиро аз зеҳни онҳо дур намоянд.

Бояд мо ватандӯстиву меҳанпарастиро имрӯз аз Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон омӯзем, ки бо азхудгузаштагиҳои худ ба Ватан сулҳ оварду миллатро аз вартаи нестӣ наҷот дод. Пешвои миллат барои оромии Ватан, миллат ва марзу бум ҷони худро сипар карда, нагузоштанд, ки миллат аз ҳам пошад, марзу буми аҷдодӣ аз байн равад ва фарҳангу тамаддуни тоҷикон ба коми нобудӣ кашида шавад. Маҳз кӯшишҳову заҳматҳои шабонарӯзии ин абармард буд, ки Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба як кишвари пешниҳодкунандаи муҳимтарин ва бузургтарин ташаббусҳои байналмилалӣ табдил ёфт.

Имрӯз ҳар гӯшаву канори Ватан гулгулшукуфон гаштаву мардум дар фазои сулҳу ваҳдат ва ҳамдиливу баробарӣ басар мебаранд. Аз ҷумла, дар ин се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ симои пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун гашта, аз нигоҳи зебоиву осудагӣ байни шаҳрҳои кишварҳои минтақа чун нигин гаштааст. Баланд гаштани биноҳои осмонбӯс ва сарсабз гаштани гулгашту боғҳо дар Душанбе ҳар бинандаро шефта мегардонад. Ҳар нафаре бо дидани ин пешрафтҳо таҳсину офарин ба шаҳрдорӣ, хусусан ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ менамояд, ки дар партави ҳидояту роҳнамоиҳо ва пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат Душанберо ба зеботарин ва амнтарин шаҳрҳои минтақа ва ҷаҳон табдил додааст. Маҳз ҳамин талошҳои шаҳрдорист, ки имрӯз Душанбе “Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” эълон гардидааст.

Аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон имрӯз сӣ сол сипарӣ мегардад ва дар ин сӣ сол миллати тоҷик шебу фарозҳои зиёди тақдирсозу тақдирсӯзро аз сар гузаронид ва бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки ин миллат аз қадимулайём миллати сулҳпарвару сулҳдӯст буда, теғро на аз баҳри ғорат, балки барои ҳимоя аз арзишҳои худ кашидааст. Фарзандони баруманди ин миллат нишон доданд, ки онҳо танҳо дар фикри пешрафту саодати худ маҳдуд намегарданд, балки талош менамоянд, ки то ҳама насли башарият аз саодату хушии зиндагӣ баҳравар гарданд.

Хулоса, имрӯз моро зарур аст, ки аз Истиқлоли давлатӣ чун гавҳараки чашм ҳимоя намоем ва дар ин замони аз лиҳози сиёсӣ мураккаб гардидани вазъи минтақа зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро шиори зиндагии худ қарор диҳему дар гуфтору рафтор ва кирдор пайрави ӯ бошем.

Маъруф Шонасурдинов,

сармутахассиси Кумитаи дин,

танзими анъана ва ҷашну маросими

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон