
Саломатӣ неъмати беҳтарине мебошад, ки Худованд ба инсон ато намудааст. Имом Тирмизӣ аз Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Аз ҳама неъматҳое, ки ба инсон дода шудааст, чизи аввале, ки дар рӯзи ҷазо Худо аз бандааш мепурсад, ин аст, ки оё ман ба ту тани сиҳҳат ато накарда будам?».
Шариати Ислом ба саломатии ҷисм таъкид намуда, ба истифодаи доруву дармон даъват менамояд, ба дарёфти дармон барои бемориҳо водор месозад ва инсонро аз анҷоми ҳар амале, ки ба бадани худ ва дигарон метавонад зарар расонад, наҳё мекунад. Чунин таълимотро дар оятҳои Қуръон дидан мумкин аст:
“Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва накукорӣ кунед! Ҳамоно Худо накукоронро дӯст медорад (сураи “Бақара”, оят 195).
Ин матлаб дар суханони Паёмбар (с) инъикос ёфтааст, чунончи мефармоянд: “Дар назди Худо муъмини қавӣ нисбат ба муъмини заиф беҳтар ва маҳбубтар аст”. Инчунин Паёмбари Ислом (с) мефармоянд: «Ба худ зиён овардан ва ба дигарон зиён расонидан раво нест». (Ривояти Ибни Моҷа ва Дорақутнӣ). Ин ҳадис чунин маъно дорад, ки моро шариат ба дур будан аз ҳар чизе, ки ба мо ва дигарон зарар мерасонад, амр кардааст.
Эмгузарониву ваксинагирӣ ба муқобили бемориҳо дар робита ба ҳифзи ҳаёт ба воситаи муҳофизат намудани он аз хавфу хатари беморӣ ба шариат мувофиқ аст. Вақте ки аз нигоҳи шариат ба масъалаи ваксинагирӣ назар мекунем, аҳамияти он зоҳир мегардад, чунки ҳар чизе, ки инсонро аз зарар эмин медорад, онро шариат мутобиқи қоидаи ҷилавгирӣ аз зарар ҳатман тақозо менамояд.
Чун инсон бояд аз зарар худдорӣ намояд, мувофиқи шариат ва мантиқ, аз инсон тақозо карда мешавад, ки ӯ зарарро пешгирӣ намояд ва тамоми роҳҳоро ба сӯи он бибандад. Тибқи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб яке аз воситаҳои боздоштани зарар аз ворид шудан ба бадани инсон ваксинагирӣ ба шумор меравад.
Тибқи нишондоди коршиносони соҳаи тиб напазируфтани ваксина оқибатҳои хатарнок хоҳад дошт. Бадани шахсоне, ки эмгузарониро рад мекунанд, муқовимат ба бемориҳои сирояткунанда, ки аз ҷониби ваксинаҳо пешгирӣ мешаванд, надоранд. Бисёр одамон ба бемориҳое мубтало мешаванд, ки онҳоро бо ваксинаҳо пешгирӣ кардан мумкин аст. Бемории сироятии Ковид-19 аз ҷумлаи бемориҳое мебошад, ки барои ҳаёти инсон хатарнок маҳсуб мешавад.
Шариати Ислом инсонро ба дастболо шудан бар беморӣ водор мекунад. Дар робита ба ҳифзи ҳаёти инсон мо дармеёбем, ки шариат моро ба суроғи дармон барои беморӣ ва ҷустани ҳар як роҳи имконпазир барои даст ёфтан ба ин ҳадаф водор мекунад. Ин маъноро дар гуфтаҳои Паёмбар (с) пайдо кардан мумкин аст, ки фармуданд: “Бандаи Худо, барои бемории худ дармон биҷӯй, чун Худо дардеро бидуни дармон наофаридааст. Нафароне ҳастанд, ки онро медонанд ва нафароне ҳастанд, ки аз он огоҳ нестанд”. Таҷрибаи илмӣ ва таҳқиқоти тиббӣ матлаби ин ҳадисро тасдиқ мекунад.
Айни ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавҷуд будани хавфи сироятёбӣ ба навъҳои дигари бемории Ковид-19 ва пешгирии мавҷҳои нави шиддатнокии ин беморӣ ваксина дарёфт намуда, дар саросари кишвар нуқтаҳои эмгузаронӣ (ваксинатсия) ташкил намудааст.
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада – пандемияи сирояти коронавирус дар изтиробанд. Албатта, табиист, ки мо ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва ин изтиробу нигарониҳои мо беҳуда нестанд, аммо мо бояд бештар аз ҳарвақта муттаҳид бошем, мардумро ба оромӣ, сабурӣ ва таҳаммул даъват намоем, то ки ба эҳсос, ҳарос ва воҳимаву таҳлука гирифтор нашаванд.
Мо бояд ба муқобили ин беморӣ, бо саъю талош, яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз рафтуомад ба ҷойҳои серодам мубориза бурда, барои баланд бардоштани масунияти бадани худ ваксина гирем.
Пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат ва ҳар нафаре, ки вориди кишвари мо мегардад, вобаста аст.
Ҳадаф ва мақсади аслии ҳамаи мо ҳифзи солимии миллат мебошад!
Дар ин раванд даъват менамоем, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён ҳар як шахс, махсусан дар навбати аввал шахсони калонсол бояд дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудаанд, ваксина қабул намоянд.
Маҳмуд Сангалиев,
сармутахассиси Раёсати фатвои
Маркази исломӣ