ВАКСИНА – ТАДБИРИ МУҲИМ БА ХОТИРИ САЛОМАТӢ!

Нашр шуд korbar - вт, 09/20/2022 - 14:31

Соли 2019-ро одамон бо сабаби вуруди бемории “Коронавирус” ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард, чунки он ба таърихи ҳаёти инсоният саҳифаҳои дарднок ва ғамолудаеро ҳадя сохт.

Ҳанӯз ҳам мардуми сайёра бо ин беморӣ мубориза мебаранд ва яке аз роҳҳои таъсирбахш чиҳати пешгирии он гирифтани ваксина мебошад. Аммо вобаста ба гирифтани ваксина миёни аҳли ҷомеа то имрӯз андешаҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки ба зеҳнҳои одамон гоҳо ба таври манфӣ низ таъсир мерасонад.

Бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала хабарнигори маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” бо духтури дараҷаи олӣ, аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси соҳаи тибби Шарқ, табиби равоншифо Маҳмуд Кабир мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаи он пешниҳоди хонанда мегардад.

Шояд бисёриҳо ҳанӯз оид ба мафҳуми ваксина огоҳии сатҳӣ доранд, аз назари Шумо ваксина чист ва ваксинагузаронӣ барои рафъи бемории Ковид - 19 чи моҳият дорад?

Маҳмуд Кабир: Воқеан, ваксинагузаронӣ як тадбири хеле муҳими соҳаи тандурустӣ ва тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти одамон ба шумор меравад, ки тавассути ин кор метавонем ба қавле “миёни ин бемориро шиканем”. Яъне бо анҷом додани ин амал мо - одамон ба худамон кумак карда метавонем. Ваксина микроб ё вируси заифу мурда аст, ки онро ба хуни одам ворид мекунанд ва масуният (иммунитет)-и инсонро бо ин намуд ангезаи биологӣ ошно месозанд. Дар ин ҳолат қувваҳои иммунӣ зидди он иммуноглобулин (аскарчаҳо) сохта, вирусро мағлуб мекунанд ва дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо ангезандаи зинда онро нобуд менамоянд.

Бо ифтихор зикр бояд намуд, ки аввалин шуда ваксинаро Абубакр ар Розӣ - олиму мутафаккири тоҷик истифода бурдааст. Ӯ ҳубобчаҳои дар пӯст пайдошудаи кӯдакони бемории сурхаконро кафонда, дар даҳони кӯдакони сиҳҳат мечаконд ва ҳамин тавр, онҳо дигар бемор намешуданд.

Ба андешаи Шумо кадом омилҳо таъсир расониданд, ки тарсу ваҳми аз бемории Ковид дар зеҳни мардум ҷойгашта то андозае дур шуд?

Маҳмуд кабир: Бале, хушбахтона чунин шуд, ба ин якчанд омил таъсир расонида тавонист. Яке аз он омилҳо ҳарчи бештар пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳии кормандони тиб, равонпизишкону равоншиносон ва уламои дин дар миёни аҳолӣ буд. Инчунин, паҳн намудани иттилооти воқеии саривақтӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, яъне телевизиону радио, матбуот, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ ба фоидаи кор буд. Дувум, ба бемории мавриди назар гирифтор нашудани одамони ваксинашуда ё ба таври сабук гузаронидани беморӣ аз ҷониби онҳо ё ки зуд сиҳҳат шуданашон сабаби эътимоди мардум ба ваксина гашт. Чизи дигар, нахустин шуда ваксина гирифтани худи табибон буд. Инчунин заҳмати шабонарӯзии кормандони тиб дар мубориза бо ин бемории сироятӣ ва маърифати тиббии мардуми мо дар ин масъала таъсиргузор шуда тавонист. Банда низ дар ин самт аз оғоз то ба имрӯз 34 барномаи махсус тавассути ВАО ва 5 мақола дар маҷаллаву рӯзномаҳо пешниҳод намудам ва ҳамин тариқ тамоми мутахассисон ва коршиносон бо мақсади бартараф намудани ин маризии даҳшатнок ҳамаҷониба талош ва мубориза мебурданду мебаранд.

Дар оғоз иттилооти манфӣ ва нуқтаи назари то як андоза беэътимодона ва нобоварона нисбат ба ваксина зиёд буд, вале анҷом додани ҳама он амалҳои дар боло зикршуда нуқтаи назари мардумро ба ҷониби мусбат иваз кард, ҳарчанд афроди дорои ақидаҳои писсимистона то ҳоло ҳам дар ҷомеа вуҷуд доранд.

Яъне бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки имрӯз мардум ба ваксинаҳое, ки ба онҳо гузаронида мешавад, пурра боварӣ ҳосил карданд?

Маҳмуд Кабир: Имрӯз аз таҷрибаи калони касбӣ ва илмии худ истифода бурда, мутахассисони маркази иммунопрофилактикии ҷумҳурӣ беҳтарин намуди ваксинаҳоро интихоб карданд ва мардумро бо он таъмин намуданд. Фаромӯш намбояд кард, ки аз ҷониби давлат дастрас гардидани ваксина кори саҳлу сода нест, вале хушбахтона имрӯз аҳолии мо бо беҳтарин ваксинаҳо таъмин гаштааст. Ин раванд талошҳо ва музокираву гуфтушунидҳои зиёдеро талаб менамуд. Ҳар як шахси ваксинашаванда имрӯз бо ваксинаи мувофиқи худ таъмин аст ва баъзе ваксинаҳои мухталиф низ бо ҳам зид нестанд ва мумкин аст, дар ҳолати набудани як намуди ваксина дигар ваксинаро гирифт, ки ин амал мувофиқи дастуроти мутахассисони соҳа аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аҳолии рӯи замин ба хотири гирифтор нашудан ва ё табобат ёфтан аз бемории Ковид - 19 намудҳои гуногуни ваксинаро гирифтанд, ҳамзамон миёни ҷомеа нисбат ба ин ваксинаҳо овозаҳо низ ба миён омада буданд, ба андешаи шумо ин овозаҳо то чӣ ҳад ҳақиқат доштанд?

Маҳмуди Кабир: Дар ҳақиқат, дар оғоз ваксинаҳо гуногун буданд ва натиҷаҳои ҳархела ҳам доштанд. Каммаълумотӣ шакку шубҳаро ба вуҷуд меорад ва иттилоотнокӣ гумонҳои беҳударо аз миён мебардорад. Албатта ҳама гуна падидаи нав бо худ овоза ва ҳақиқат дорад. Табиати инсон чунин аст, одамон ба хотири ҳифз намудани худ аз бемориҳои мухталиф дар дараҷаи аввал чизҳои манфиро пеши назар меоранд ва табиист, ки ба худ дар ин маврид суолгузорӣ мекунад, ки “мабодо ин набошад, он набошад?”... Инсон дар зеҳни худ аз чизҳои набуда як қатор масъалаҳоеро мебофад ва онро ҳатто бар дигарон низ талқин менамояд. Дар ин баробар одамони дигар ҳам зуд ҳарфи бепоя ва беасосро қабул мекунанд. Ин албатта аз мизроб (настойка)-и худи одам вобаста аст, кам маълумот доштан дар зеҳни инсон эҳсоси пессимизмро ба вуҷуд меорад, маълумотнок ё бохабар будан оптимизмро тарҳрезӣ мекунад, вале одамоне ҳастанд, ки ҳамеша интизори ҳодисаҳои бад ҳастанд ва баъзан дар чизҳои хуб ҳам бадиро мебинанд, мутаассифона онҳо ниҳоят дар интизории натиҷаҳои бофтаи манфӣ ба мушкилиҳои офаридаи эҳсос ва хаёли худ гирифтор мешаванд. Агар ин гуна одамон ба равоншиносон ва ё равондармонҳо муроҷиат намоянд, эшон фаҳму дарки онҳоро ба самти интизории ҳодисаҳои хуб равона мекунанд.

Лоиқ ба қайд аст, ки дар ин самт низ мавқеи расонаҳои хабарӣ нақши назаррасеро мебозанд, баъзе рӯзноманигорон ҳам ба эҳсосоти писсимистон таваҷчуҳи бештар зоҳир намуда, ба андешаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Аммо хушбахтона, шумораи некбинон ё худ оптимистон дар ҷомеаи мо бештар аст.

Оё дуруст аст, ки ваксинаҳо ангезандаи бемориҳои хуфта ё куҳнаи организм гашта метавонанд ё шояд ин андеша ҳам бофтаи худи мардум аст?

Маҳмуди Кабир: Вақте иммунитети одам бо ваксина қувва мегирад, баъзе бемориҳои музминро ба сиҳатшавӣ водор месозад ва ҳамин раванд бисёриҳоро метарсонад, вале ин кори мусбати масуният аст, аксари бемориҳои музмин баъди ваксинатсия ангеза ёфта, сиҳат мешаванд, ин дар натиҷаи пурзӯр шудани қувваҳои дифоии сиришти одам аст.

Яъне, бешакку шубҳа гирифтани ваксина аз назари илми тиб ва равоншиносӣ ба инсон таъсири мусбат мерасонад?

Маҳмуди Кабир: Албатта ваксинатсия ин ба шумори тибби пешгирикунанда (профилактикӣ) дохил мешавад ва табиист, ки пешгирӣ аз табобат беҳтару арзонтар аст. Пеш аз он ки аҳолӣ ваксина шавад, олимони соҳаи тандурустӣ онро дуруст омӯхта, барои эмгузаронӣ иҷозат медиҳанд.

Кормандони тибби тоҷик имрӯзҳо дар муқобили бемории сироятии Ковид-19 садди бузургеро гузошта тавонистанд ва ин беморӣ дар сатҳи идорашаванда қарор гирифт. Мардуми мо аз ин маризии ногаҳонӣ эмин монданд, яъне нисбатан талафот камтар шуд ва ба аҳолии кишвари мо таъсири ҷиддии манфӣ нарасонд.

Миллати мо худ табибмиҷоз аст ва ба қавли шоири маъруфи мо Бозор Собир “ҳафтод пушташ бӯи Сино мекунад”. Имрӯзҳо даври чаҳоруми гирифтани ваксина бар муқобили бемории сироятии мазкур оғоз шудааст. Аз ин лиҳоз, бояд ба ақидаҳои хурофотӣ, андешаҳои бофтаву кӯчагӣ дода нашуда, ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои мухталиф, махсусан “Ковид-19” ваксина гиранд.

Мусоҳиб Моҳсафар Яҳёзод