«Ашъори зўҳд»-и Рӯдакӣ ё имтизоҷи фарҳанги миллӣ ва динӣ

Нашр шуд korbar - чт, 09/22/2022 - 09:33

Дар миёни мероси бозмондаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз ҷумла дар байни шеърҳое, ки дар интисоби онҳо ба қалами шоир шакке нест, байту пораҳои манзуме низ вуҷуд доранд, ки дорои маъниву мазмунҳои диниву ирфонӣ ва оҳангҳои зӯҳду тақво мебошанд. Дар шеъри устод Рӯдакӣ мавҷуд будани маъниву мазмунҳои исломӣ ё ба шаҳодати Носири Хусрав «ашъори зӯҳд» ҷои тааҷҷуб нест, зеро шоир дар асри Х, дар замоне мезист, ки аз вуруди дини ислом ба Мовароуннаҳру Хуросон се аср гузашта буд ва мардумони он, аз ҷумла шоир ба дини ислом гаравида буданд. Хусусан, ки ӯ худ дар замина чанд ишораи бевосита низ дорад. Монанди:
 Биё, дилу ҷонро ба Худованд супорем,
 Андўҳи дирамму ғами динор надорем.
 Ҷонро зи паи дину диёнат бифурӯшем
 В-ин умри фаноро ба раҳи ғазв гузорем.
 ***
 Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб,
 Чи об ҷӯям аз ҷӯи хушки юнонӣ?!
 Шоир ба Худои якто ва китоби муқаддаси он имон оварда буд ва шаҳриёри Систон Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммадро маҳз барои ҳамин сифатҳояш мадҳ намудааст:
 Ҳуҷҷати Яктохудою сояи ӯяст,
 Тоъати ӯ карда воҷиб ояти Фурқон! 
 Далели дигар бар он, ки дар шеъри Рӯдакӣ маъниву мазмунҳои диниву ирфонӣ ва оҳангҳои зӯҳду тақво вуҷуд доранд, ин аст, ки ба мушоҳидаи рӯдакишиносон ӯ дар шеърҳояш аз маъниву мазмунҳои оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбари ислом истифода кардааст. Аз ҷумла, чунонки донишманди тоҷик Тоҷиддини Мардонӣ шаҳодат медиҳад, рӯдакишиноси маъруфи араб Ҳусайн Алӣ Маҳфуз пас аз иқтибоси байти зерини Рӯдакӣ дар тасҳеҳи худ:
 З-омада шодмон набояд буд
 В-аз гузашта накард бояд ёд.
навиштааст, ки: «Мазмуни ин байти Рӯдакӣ аз ояти бисту севуми сураи «ал-Ҳадид»-и Қуръон сарчашма гирифта, ояти номбурда чунин садо медиҳад: «Ликай ло тоъсу ало ло фотакум ва ло тафраҳу би мо атокум» (То ки ғам махӯред бар он чизе, ки гузашт ва фараҳманд мабошед аз он чӣ ки пеш ояд) (Ёдномаи устод Рӯдакӣ. –Душанбе. -2014. –С.319)».   Қодири Рустам, ки аз рӯдакишиносони номии тоҷик ба шумор меравад ва дар таҳияву тасҳеҳ ва нашри шеърҳои шоир хизмати бузургеро анҷом додааст, зимни иқтибоси байти:
 Ай ғофил аз шумор, чӣ пиндорӣ,
 К-ат холиқ офарид паи коре?!
навиштааст, ки «ба гумони ғолиб, устод Рӯдакӣ дар сурудани ин қитъа аз сураи «Муъминун»-и Қуръони карим илҳом гирифтааст, ки дар ояи 115 он мехонем: «Оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридем ва ин ки шумо ба сӯи мо баргардонда намешавед? ( Ёдномаи устод Рӯдакӣ. –Душанбе. -2014. –С.293)». Муҳаққиқони эронӣ Н. Ҷоннисорӣ ва М. Муҳаммадӣ, муаллифони мақолаи вижаи «Оят ва ҳадисҳо дар шеъри Рӯдакӣ» пас аз баррасии байтҳои зиёди шеъри шоир ба натиҷае расидаанд, ки «аммо аз ҳамин пораҳои пароканда ҳам пай бурдан мумкин аст, ки шеъри ӯ саршор аз ояту ҳадисҳо ва гуфтаҳои бузургони дин будааст (Донишномаи Рӯдакӣ. Ҷ.2.–Душанбе. -2008. –с.304)». 
 Бо ин ҳама, ба ҳеч ваҷҳ наметавон розӣ ба гуфтаҳои муаллифи мақолаи «Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад…» шуд, ки дар баҳс бо сарпарасти вақти ҷамъияти «Пайванд» Исомиддин Салоҳиддинов навиштааст, ки «бо нигоҳи амиқ ба ашъори устод Рӯдакӣ метавон дарёфт, ки сарчашмаи ҳамаи андешаҳои ӯ Қуръон ва ҳадисҳои пайѓамбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с) аст (Рӯз. «Зиндагӣ». - 8 сентябри 2004)». Зеро тавре ки аз баррасии ҳаматарафаи муҳтавову мавзӯъ ва паёмҳое, ки дар шеъри шоир вуҷуд доранд, бармеояд, шеърҳои устод Рӯдакӣ ба  масъалаҳои муҳимми зиндагии воқеии давраш бахшида шуда буданд ва  баёни мавзӯъ ва мазмунҳои динӣ як ҷузъи хурди онро ташкил  медоданд. Аз ин сабаб, на фикри он ки сарчашмаи ҳамаи андешаҳои шоир «Қуръон ва ҳадисҳои пайғамбари ислом» буданд ва на ҳукми ду рӯдакишиноси маъруф яке, Абдураҳмон Тоҳирҷонов ва дигаре, устод Субҳон Амирзода дар бораи ќатъан набудани мазмунҳои динӣ, мазмунҳои қуръонӣ ва зоҳидона дар осори Рӯдакӣ   дуруст нест ва ба воқеъияти зиндагӣ, эҷод ва андешаҳои ӯ мувофиқат намекунад. 
Профессор Субҳон Амирзода, ки дар илми адабиётшиносӣ, аз ҷумла рӯдакишиносӣ бо навназариҳои худ маъруф аст ва аксар дар кашф ва баёни онҳо муваффақ ҳам ҳаст, қотеъона эълом доштааст, ки  дар байни мероси боқимондаи устод Рӯдакӣ ҷустуҷӯй намудани осори баёни мазмунҳои зоҳидонаву орифона ва ӯро «пайрави китоби Муҳаммад (с)», «шореҳи аҳодиси пайғомбар» ва ғ. муаррифӣ кардан «иштибоҳи маҳз аст» (Устод Рӯдакӣ – аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ. –Душанбе. -2015. –С.201). Ва ӯ ин бардошти худро  бо он асоснок намудааст, ки  гӯиё ин чиз, яъне эътирофи дар шеъри Рӯдакӣ ҷой доштани “мазмунҳои зоҳидонаву орифона”   ба асли «миллияти эҷодиёти шоири бузурги Хуросон» (Ҳамон асар, с.155) мухолиф мебошад. 
   Иштибоҳи равишшиносии ҳам онҳое, ки муҳтавои ҳамаи осори устод Рӯдакиро дар баёни мазмунҳои зоҳидона ва орифона мебинанд ва ҳам онҳое, ки арзиши аслии онҳоро дар сарчашмаҳои миллии суннатии қадим, дину оинҳои қадимии ориёӣ дидаанд, дар он аст, ки дар миёни ин ду унсур тазоди бартарафнашавандаро дидаанд ва аз воқеъиятҳои айнии давру замоне, ки шоир мезист, сарфи назар карданд. Онҳо тасаввур намекунанд, ки шоир дар муҳите мезист, ки исломӣ буд. Ва дар чунин муҳит идома ва зуҳури суннатҳои миллии қадимӣ ҳаргиз ғайричашмдошт нахоҳад буд, алалхусус суннатҳои адабӣ. Ин ду унсур дар амал он вақт созиш намуда буданд ва гоҳе ба ҳам омехта шуда буданд ва дар навбати худ ба суннати наве табдил ёфта буданд, мисли ҷашни Наврӯз. Ва бо ҳамин роҳ исломи арабиро исломи эронӣ карда буданд. Дуктур Асғари Додбеҳ бо дарназардошти он замон миёни «мусулмон будан ва эронӣ мондан» ҳеч гуна тазоде намебинад (Рӯдакӣ ва ҳувияти забон // Ёдномаи устод Рӯдакӣ. –С.123.) ва дуруст ҳам кардааст.
 Зимнан, гуфтани «ашъори зӯҳд» дар асри Х танҳо ба падари шеъри форсии тоҷикӣ устод Рӯдакӣ хос набуд. Бино бар шаҳодати ду тан аз донишмандони тирози аввал Забеҳуллоҳ Сафо ва Ризозода Шафақ намунаи ингуна шеърҳоро дар осори шоирони дигари ин аср низ дидан мумкин аст, мисли Маънавии Бухороӣ («ки шеърҳое…дар ситоиши зўҳд…месурудааст»), Кисоии Марвазӣ («ки аз нахустин шоирони форсизабонест, ки қасоиди динӣ…сохта») ва ғ.
 Баъзе аз пажӯҳишгарон дар асоси шеъри маълуми Рӯдакӣ:
  Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд,
 Дил ба Бухорову бутони Тароз?
 Эзади мо васвасаи ошиқӣ
 Аз ту пазирад, напазирад намоз! 
ба хулосае омадаанд, ки гӯиё устод Рӯдакӣ дар он «таҳқири исломи расмӣ»–ро раво дидааст. Аз он ҷумла, таърихшиноси номдор В. В. Бартолд дар асоси пораи шеърии мазкур ба натиҷае расида буд, ки «аз забони шоирони форсе, ки Сомониёнро мадҳ мегуфтанд, гоҳе суханони ба мусулмонони тақводор номуносиб ҳам садо медод. Шоир Рӯдакӣ… чунин меҳисобад, ки ба Каъба рӯй овардан маънӣ надорад, агар дил ба муқаддасоти бутпарастӣ мутаваҷҷеҳ бошад, бояд ба ишқ, ки ба тамоми мазҳабҳо хос аст, имон овард» (Туркистан в эпоху монгольского нашествия, ч. 1).Шарқшиноси маъруф Михаил Занд низ гумон дошт, ки Рӯдакӣ чун қарматӣ гӯиё дар ин байтҳо аҳкоми исломи расмиро истеҳзо кардааст (Соҳибқирони шоирӣ – устод Рӯдакӣ. –Сталинобод. –1957). 
 Академик Абдулғанӣ Мирзоев яке аз аввалин муҳаққиқоне буд, ки ишора ба он карда буд, ки «ин қитъаи шеъриро як навъ тамасхур ба аҳкоми ислом шуморидан ва амсоли ин тавҷеҳ кардан таҳрифи ошкорост» (Рудаки. Жизнь и творчество. – Москва. -1968). Тоҷиддин Мардонӣ бо зикри он ки «тафсири В. В. Бартолд дар ин мавқеъ чандон саҳеҳ нест» аз он низ ёдовар шудааст, ки дар вақташ донишманди арабӣ Ҳинд Ҳусейн Таҳа «ба ин гуфта тафсири мухолиф навишта», зикр намуда буд, ки «чунин ашъор ҳанӯз маънои зиддиисломӣ ва бутпарастӣ надорад ва шеъри мазкур аз қабили ҳамон шеърҳои зоҳиран зиддиисломист, ки шоирони шӯхтабъи мусулмон аз миёни худи арабҳо низ сурудаанд  (Ёдномаи устод Рӯдакӣ. –Душанбе. -2014)».  
 Назари қобили таваҷҷуҳро дар замина ҷомеашиноси муосири эронӣ Муҳаммад Қулизода (Масеҳо) баён доштааст. Мувофиқи гуфтаи ӯ, «вай (Рӯдакӣ – А.С.), ҳаммонанди ҷомеа ва ҳукумати он рӯзгор пеш ва беш аз он ки муташарриъ бошад, диндор аст. Фаҳм ва қироати ӯ аз дин хониш ва қироате инсонмадор аст. Қироате, ки дар он исон қурбонии осмон ва фаҳми шодиситези мутаваллиёни расмии дин ва ҳукумати дин нест ва дар он фурсате ҳаст аз барои зиндагӣ (Рӯдакӣ ва ҳаёти имрӯзи тоҷикон // Рудаки и 1000 лет персидской поэзии.-Алматы: «Библиотека Олжаса».-2017)».
 Барои рафъи зуҳури ин гуна таноқузҳо, парадоксҳо дар муҳити адабию фарҳангӣ ва илмии даври Сомониён, хосса дар аҳди Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ва вазири хирадманди ӯ Абулфазли Балъамӣ, ҳаргиз фаромӯш набояд бикунем, ки маҳз ҳамин «бузургмардоне, ки аз Рӯдакӣ мехостанд то «Калила ва Димна»–ро ба шеъри форсӣ баргардонад ва Дақиқиро ба сурудани устураҳои миллӣ ва таърихии ниёкони худ, яъне сурудани «Шоҳнома» бармеангехтанд, бегумон мардуме сахт диндор буданд ва аз табори ҳамон мардони мусулмон ба шумор меомаданд, ки  бо фармони онон «Таърихи Табарӣ» ба порсӣ даромад, бузургмардоне, ки ҳам ба «Тафсири Қуръони карим» меҳр меварзиданд, ҳам ба «Шоҳнома (достонҳои паҳлавонӣ ва таърихии Эрон) ва ин низ ҷилвае аст аз иттиҳоди «Шери Худову Рустами Дастон». Бузургмардоне, ки аз Бухоро қиблаи ислом сохтанд, кохи маҷд ва азамати истиқлоли Эронро барафроштанд ва дар «низоъи бақои миллият» заминаҳои пирӯзии Рӯдакӣ ва Фирдавсиро фароҳам оварданд» (Асғари Додбеҳ. Падари шеъри форсӣ, бахши дувум). 

Абдунабӣ Сатторзода
профессор