УСТОД РӮДАКӢ - АВВАЛИН НОЗИМИ «КАЛИЛА ВА ДИМНА»

Нашр шуд korbar - чт, 09/22/2022 - 09:56

 (ба истиқболи Рӯзи Рӯдакӣ)

Яке аз асарҳои дидактикӣ ва тарбиявӣ ахлоқӣ, ки таваҷҷуҳи оламиёнро бештар ба худ ҷалб кардааст, «Калила ва димна» аст, ки то ибтидои садаи XX ба фузун аз шаст забони ҷаҳониён беш аз дусад маротиба тарҷумаву таҳрир шудааст.

Дар таърихи адабиёти форс – тоҷик беш аз 20 тан адибон ин асарро бо номҳои гуногун: «Анвори Суҳайлӣ», «Иёри дониш», «Нигори дониш», «Ҳумоюннома», «Афсонаи Бедпой» ва ғайра эҷод кардаанд. Тибқи тасдиқи адабиётшиноси Эрон Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб, донишманди эронитабори муқими Амрико- Алиризо Амир Муиз аз рӯйи боби аввали асар - «Шер ва барзагов» асари саҳнавӣ низ таълиф намудааст, ки аз шуҳрату маҳбубияти асари мазкур башорат медиҳад.

Сарчашмаҳои адабиеро, ки роҷеъ ба маншаъҳои чуқур ва сайри таърихии «Калила ва Димна» то асри Х баҳс ба миён овардаанд, метавон ба ду даста тақсим намуд: ба гурӯҳи аввал маълумоти Абумансури Абдураззоқ дар муқаддимаи «Шоҳнома», Муҳаммад ас-Саолибӣ дар китоби «Ғурару ахбори мулук ал- фурс ва сияриҳим», Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар «Шоҳнома», Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ»-ро метавон дохил намуд.

Ба дастаи дуюм бошад, ахбори Ибни Муқаффаъ, Абулмаолӣ Насруллоҳи Муншӣ, дар муқаддимаи «Калила ва димна» ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар пешгуфтори «Анвори Суҳайлӣ» дохил мешаванд, ки дар омӯзиши ин шоҳасари сатҳи ҷаҳонӣ хеле калидианд, зеро бисёр гиреҳҳоро аз сайри таърихии ин асар мекушоянд.

Аз маълумоти дастаи аввал, баҳси басо ҷолиб дар ахбори Абумансурӣ омадааст, ки иллати паҳншавии «Калила ва Димна» дар таърихи адабиёт гардидааст. Чунончӣ дар муқаддимаи асари Абумансурӣ омадааст, ки Абдуллоҳ писари Муқаффаъ дабири Маъмун ба хоҷаи хеш гуфт: «Аз Кисрои Анӯшервон чизе мондааст, ки аз ҳеҷ подшоҳ намондааст? - Маъмун гуфт:- Чӣ монд? гуфт: - Номае аз Ҳиндустон биёвард, он ки Барзӯяш табиб аз ҳиндӯӣ ба паҳлавӣ гардонида буд, номи ӯ зинда шуд миёни ҷаҳониён ва понсад хирвор дирам хазина кард. Маъмун он номаро бихост ва он нома бидид, фармуд дабири хешро, то аз забони паҳлавӣ гардонид». Пасон омадааст, ки: «Амири саъид Наср бинни Аҳмад ин сухан бишунид, хуш омадаш, дастури хешро Хоҷа Балъамиро бар он дошт, то аз забони тозӣ ба забони порсӣ гардонад, то ин нома ба дасти мардумон андар афтод ва ҳар касе даст бад - ӯ андар заданд». Маълум аст, ки манзури гӯянда тарҷумаҳои арабӣ ва баъзе забонҳои аврупоист.

Сипас таъкид мешавад, ки: «Ва Рӯдакиро фармуд то ба назм овард ва «Калила ва Димна» андар забони хурду бузург афтод ва номи ӯ бад-ин зинда гашт ва ин нома аз ӯ ёдгорӣ бимонд. Пас чиниён тасвир андар ӯ афзуданд, то ҳар касеро хуш ояд дидану хондани он»Аз қазовати охир шуҳрати асари устод Рӯдакӣ на танҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, беш аз он дар мамолики дигари Шарқ дар кӯтоҳтарин муддат аст, зеро таълифи маснавии «Калила ва Димна»-и Рӯдакӣ соли 932 бошад, таълифи асари Абумансури Муаммарӣ соли 957 аст, яъне дар муҳлати андак асари устод Рӯдакӣ дар қаламрави Чин таваҷҷуҳи мусаввирони ин сарзаминро комилан ҷалб намудааст, ин гувоҳи он аст, ки шуҳрати достони мазкури устод ҳанӯз дар замони зиндагии ӯ дар мамолики Машриқ паҳн гардида будааст.

Яке аз ҷолибтарину пурарзиштарин ахбор оид ба сайри таърихии «Калила ва Димна» ахбори Ҳаким Фирдавсӣ аст, ки баъзе лаҳазоти онро ҳоло зикр хоҳем кард. Чунончӣ:

Пизишке сароянда Барзӯй буд,

Ба пирӣ расида сухангӯй буд.

Чунин гуфт, к-эй шоҳи донишпазир,

Пажӯҳандаи донишу ёдгир,

Ман имрӯз дар дафтари ҳиндувон,

Ҳаме бингаридам ба равшанравон.

Набишта чунин буд, ки дар кӯҳи Ҳинд,

Гиёҳест рахшон чу румӣ паринд,

Чу бар мурда бипроканӣ бегумон,

Сухангӯй гардад ҳам андар замон.

Барзӯя пас аз сайри кӯҳҳои Ҳинд бо ёрии шоҳи он сарзамин, ба донишманди куҳансоле муроҷиат намуда, асли асрорро мефаҳмад ва мақсадаш амалӣ мешавад. Он донишманд чунин рамзкушоӣ мекунад:

Гиё чун сухан дону дониш чу кӯҳ,

Ки бошад ҳамасола дур аз гурӯҳ.

Тани мурда чун марди бедониш аст,

Ки нодон ба ҳар ҷой беромиш аст.

Чу мардум зи нодонӣ омад сутуҳ,

Гиё чун Калиласту дониш чу кӯҳ.

Баъдан Барзӯяи Ҳаким тавассути номаҳо он китобҳоро ба қасри Нӯшервон мефиристад:

Бад – ин чора то номаи Ҳиндувон,

Биёмад ба наздики Нӯшинравон.

Дар ин бора маълумоти муфассал дар мақолаи академик А.М.Мирзоев дода шудааст. Як нукта сазовор ба таъкид аст, ки ҳамин маълумот дар гузориши орифи шоир Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ дарунмояи комилан ноб мегирад. Чунончӣ :

Гуфт доное барои достон,

Ки дарахте ҳаст дар Ҳиндустон.

Ҳар касе, к – аз меваи ӯ хӯрду бурд,

Не шавад ӯ пир, на ҳаргиз бимурд.

Подшоҳе ин шунид аз содиқе,

Бар дарахту мевааш шу ошиқе.

Қосиди доно зи девони адаб,

Сӯйи Ҳиндустон равон кард аз талаб.

Шаҳр – шаҳр аз баҳри ин матлуб гашт,

Не ҷазира монду не кӯҳу на дашт.

Сипас қосид ба шайхи куҳансолу рамзкушо муроҷиат мекунад ва Шайх дар ҷавоби қосид мегӯяд:

Шайх хандиду бигуфташ, эй салим,

Ин дарахти илм бошад дар алим.

Бас баланду бас шигарфу бас басит,

Оби ҳайвоне зи дарёи муҳит.

Ту ба сурат рафтаӣ, эй бехабар,

З – он зи шохи маънии бебору бар.

Гаҳ дарахташ ком шуд, гаҳ офтоб,

Гоҳ баҳраш ном гашту гаҳ саҳоб.

Даргузар аз ному бингар дар сифот,

То сифоташ раҳ намояд сӯйи Зот.

Ихтилофи халқ аз ном уфтод,

Чун ба маънӣ рафт, ором уфтод.

Ҳадафи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баёни дарахти илм ва маърифати илоҳӣ аст. «Калила ва Димна»-и устод Рӯдакӣ дар баҳри рамали мусаддаси маҳзуф ё мақсур эҷод шудааст.

Муқаддимаи «Калила ва Димна» - и Рӯдакӣ бо абёти зерин оғоз мешавад, ки ду мисраи аввали он дертар пайдо шудааст:

Ҳар киро Эзад-ш лахте ҳуш дод,

Рӯзгор ӯро басанда устод.

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Оид ба ин шоҳасари устод Рӯдакӣ академик А. М. Мирзоев баҳси ҷолиб ба миён оварда, менависад: «Дар забони тоҷикӣ- форсии дарӣ аввалин дафъа «Калила ва Димна» дар замони Наср бинни Аҳмади Сомонӣ (914- 943) аз нусхаи арабии Ибни Муқаффаъ тарҷума шуда, аз тарафи Рӯдакӣ ба назм дароварда мешавад». Шояд «Калила ва Димна» пас аз устод Рӯдакӣ низ аз ҷониби шоирони дигари форс тоҷик манзум шуда бошад, вале аз дасти ҳаводис эмин намондаву ҳатто иттилоъ дар бораашон низ мавҷуд нест. Дар ин бора академик А.М.Мирзоев дар такя бар андешаи адабиётшинос Абдулазими Қариб чунин таъкиде дорад: «То асри XV дар забони тоҷикӣ форсии дарӣ «Калила ва Димна» боз як маротибаи дигар ба назм дароварда шуда будааст». Чи навъе ки Абдулазими Қариб менависад, «Калила ва Димна» дар соли 655 ҳиҷрӣ (с. 1257 м.) аз тарафи Аҳмади Қонеӣ ном шоире ба номи (бо тахаллуси) Иззуддин Кайковус, ки яке аз ҳукмронони салҷуқии Осиёи Хурд будааст, ба назм кашида шудааст. Умуман аз 12 ҳазор байт достони устод 150 байт боқӣ монда бошад ҳам, шуҳрат ва маҳбубияти ин асарро наметавон дар қиёс ба нусхаҳои мансур кам донист, зеро санъати эҷоду ҳунари баёни Одамушшуаро комилан саҳли мумтанеъ аст. Аз тарафи дигар, оид ба мутааллиқии достони мазкур ба устод Рӯдакӣ миёни сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва миёни маҳаққиқони он ихтилофи назар манзур намегардад, ки ниҳоят муҳим аст.

         Метавон гуфт, ки мактаби адабии ҳунарии устод Рӯдакӣ ба эҷоди «Калила ва Димна» дар таърихи адабиёт бунёд гузоштааст.

Мирзо Солеҳов,

доктори илми филология, профессори ДМТ.