
Санаи 4- уми октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, сардорони раёсатҳо, бахшу шуъбаҳо, инчунин дигар кормандони Кумита чорабинии идона бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода ба сухан баромада иброз доштанд, ки “Забони адабии тоҷикӣ маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муҳити хонавода ва муҳовараю муоширати маҳдуд берун омад. Имрӯз садои забони тоҷикӣ дар тамоми ақсои олам танинандоз аст ва ба ҳайси як забони давлатӣ қудрату тавоноии худро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмиву маърифатӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷилва овард.”
Сипас, аз ҷониби дигар кормандони Кумита доир ба Рӯзи забони давлатӣ ва мақому манзалати он шеъру маърӯзаҳо пешкаш гардид. Дар фуроварди чорабини ахли нишаст фикру мулоҳизаҳои хешро доир ба муваффақият ва дастовардҳои ноилгардида дар ин самт иброз намуданд.