
Дар ҳар асру замон оила барои ояндаи ҳар миллат ҳамчун хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб меравад. Тарбияти солими фарзандон, парвариши рӯҳиёти нек ва ахлоқи ҳамида дар онҳо беш аз ҳама ба фазои маънавӣ-ахлоқии хонавода, муҳити солими иҷтимоӣ ва барномаи комили фарҳангӣ ва ё таълимӣ, ки ҳамсоз бо фитрати инсон бошад, ниёз дорад.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар дар осори худ перомуни муносибати зану шавҳар ва тарбияти фарзанд, бахусус муҳаббату дӯстӣ, муносибатҳои оилавӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар, тарбияти дурусти фарзанд ва ғайра изҳори назар карда, талош намудааст, то роҳҳои рафъи мушкилоти оилавиро нишон диҳад. Қобили зикр аст, ки асоси таълимоти ахлоқии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мавриди муносибатҳои оилавиро дӯстиву рафоқат, самимияту амонатдорӣ, муҳаббату эҳтиром, тозагию озодагӣ ва илмомӯзӣ ва дигар рфторҳои шоиста ташкил медиҳад.
Ӯ дар боби чаҳоруми китоби «Захирату-л-мулук»-и хеш ба масъалаи одоби оиладорӣ ва тарбити солими фарзанд диққати махсус додааст.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар бораи одоби никоҳ ва ҳуқуқҳои занушавҳарӣ диққати махсус зоҳир намуда, ба ҷавонон аз Паёмбар (с) ҳуҷҷат оварда, онҳоро ба ташкил намудани оила роҳнамоӣ менамояд. Чунонки Паёмбар (с) фармудааст: «Никоҳ суннати ман аст. Ҳар кӣ аз суннати ман рӯй тобад, аз уммати ман нест».
Дар идомаи иршодоти хеш барои ҷавонон донистан ва дар амал пиёда кардани қонунҳои никоҳро зарурӣ мешуморад. Инчунин барои амалӣ намудани қонунҳои никоҳ аз бар намудани якчанд шартҳоро заруриро дар мисоли муошират, сиёсат, ғайрат, нафақа, таълим, қисмат ва таъдиб муҳим медонад. Ба андешаи орифи фозил агар зану шавҳар дар муносибату муоширати хеш, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷой оварда, ҳуқуқҳои якдигарро комилан риоя намоянд, метавонанд як оилаи хушбахтро ташкил намоянд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба масъалаи таълим аҳамияти зиёд дода, бар ин андеша қарор гирифтааст, ки марди хонадон бояд натанҳо худ таълим бигирад, балки аҳли оилаи худро низ таълим дода, онҳоро соҳиби илму маърифат гадонад, зеро ҳар кӣ соҳиби илму маърифат гардад, саодати дорайнро ба даст меорад.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади мустаҳкам ва пойдор нигаҳ доштани сутуни оила, даҳ ҳаққи шавҳарро, ки бар ҳамсар аст, чунин зикр менамояд: «Ва аз ҳуқуқи завҷ бар завҷа яке он аст, ки ҳар гоҳ ки завҷаро рағбати ӯ бошад, ба ҳар ҳол, ки бошад, манъ накунад, магар дар ҳолати ҳайз (бемории моҳона). Дувум он ки, аз хонаи шавҳар бе изни ӯ чизе ба касе надиҳад. Савум он ки, рӯзаи татаввуъ (нафл) бе фармони шӯй надорад. Чаҳорум он, ки бе иҷозати шӯй пой аз хона наниҳад. Панҷум он ки, айби шӯй пеши хешони худ нагӯяд. Шашум он ки, зиёдат аз қадри ҳоҷат аз шӯй талаб накунад. Ҳафтум он, ки ба шодии шӯй шод ва бо андӯҳи ӯ андӯҳгин бошад. Ҳаштум он, ки бар шӯй бисёр ғайрат набарад. Нуҳум он ки, худро пайваста покиза дорад ва феъле, ки шавҳар онро кореҳ бошад, накунад. Даҳум он ки, бар фарзандон дуои бад накунад».
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нақши падару модар ва устодро дар тарбияти дурусти фарзанд муҳим дониста, таъкид менамояд, ки онҳо бояд аҳли хайр ва салоҳ бошанд, то ки таъсири неки онҳо ба фарзанд гузарад. Чи тавре ки дар «Захират-ул-мулук» мефармояд: «Эй азиз, бидон, ки фарзанд амонати Ҳақ аст назди модару падар ва мутолиби ту дар ҳуқуқи ин амонат дар маҷмаи қиёмат хоҳад буд ва вуҷуди ин амонат оинаест, ки сувари ҷамеи нақоис ва камолотро қобил аст ва ҷавҳари ҳақиқати ӯро бар ҳар чӣ майл диҳанд, бад-он моил гардад. Агар модару падар ва устоду муаллими ӯ аз аҳли хайр ва салоҳ бошанд, осори салоҳи эшон дар вай росих гардад ва аз осори илму тақво натиҷаи ӯ шавад ва некбахти ду ҷаҳон гардад, модару падар ва устоду муаллим дар савоби ӯ шарик бошанд. Ва агар модару падар ва устоду муаллими ӯ фосиқ бошанд, осори зулмат, фисқ, ғафлат ва ҷаҳли онон дар ниҳоди фарзанд мустаҳкам гардад ва мубошарати фисқ, зулм, фитна, уҷб (ҳавобаландї) ва кибр табъи ӯ шавад ва бадбахти ду ҷаҳон гардад ва модару падар ва устоду муаллим ҷумла дар исми (гуноҳи) ӯ шарик бошанд».
Орифи бузург таъкид менамояд, ки ба тарбияти ахлоқии фарзанд аз синни хурдсолиаш машғул бояд шуд: «Ва чун модару падар ба ҳукми шафқат фарзандро дар ҳолати сиғари он аз офати обу оташ нигоҳ медоранд, то ҳалок нашавад ва аз ҳалокати оташи он ҷаҳонӣ виқоят кардан авалотар аст, то ба ҳалокати абадӣ гирифтор нашавад. Ва ин виқоят он бошад, ки фарзандонро аз хурдӣ маҳосини ахлоқ таълим кунанд ва аз мухолитати қуранои
39
сӯъ (рафиқони бадахлоқ) нигоҳ доранд ва ба зиннати дунё нафиребанд ва танаъъумро одати ӯ насозанд».
Шоҳи Ҳамадон луқмаи ҳалолро низ дар тарбияти фарзанд муҳим ва муассир дониста, мефармояд: «Ва луқмаи ҳаромро ғизои ӯ насозанд, чи ҳар тифл, ки бадани ӯ дар хурдӣ ба шир ва луқмаи ҳаром тарбият ёбад, зулмати хабосати он ҳаром табъи ӯро торик ва мукаддар (тира) гардонад ва дар ҳолати ҷавонӣ майли ӯ ҳама ба шарру маросӣ бошад».
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар кӯдак парваридани ҳисси шармгиниро дар хурдсолӣ зарур шуморида, онро дар оянда сабаби саодатманд гардидани ӯ медонад: «Ва чун тифл ба ҳадди тамиз расад, бояд, ки кул муроқиби ҳоли ӯ бошанд, ки аввал нишоне аз осори саодат дар тифл ҳаё аст. Чун дар ҳолати тамиз тифл шармгин бувад, ин нишони саодатро ғанимат шумуранд ва дар тарбияти ӯ саъйи балиғ намоянд».
Ҳамадонӣ бар ин андеша аст, ки одоби таомхӯрӣ низ ба фарзанд аз хурдсолї омӯзонида шавад. «Ва аввал сифате аз сифоти замима, ки дар тифл зоҳир мешавад, ширрааст бар хӯрдан. Бояд ки одоби таом хӯрдан ӯро таълим кунанд ва бисёр хӯрданро дар чашми ӯ зишт гардонанд ва аз захира кардани таом манъ кунанд ва ба исор фармоянд ва кӯдакони бисёрхораро пеши ӯ сарзаниш кунанд ба бисёр хурдан, то он сифат дар вай шикаста шавад». Инчунин, Ҳамадонӣ барои нигоҳ доштани қувваи ҳофизаи кӯдакон тавсияи аҷибе менамояд: «Дар овони таҳсил ҳар рӯз як соат тифлро дар лаъбу бозӣ рухсат диҳанд, то айш ба вай мунағғас (талх) нагардад ва табъи ӯ дар эътидол бимонад ва қуввати закои ӯ ботил нагардад».
Аз суханони дар боло зикршуда, ба ин натиҷа мерасем, ки андешаҳои ахлоқӣ ва тарбиявии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ агарчанде қарнҳо пеш гуфта шуда бошад ҳам, имрӯз низ ҷавобгӯи замони мо ба ҳисоб рафта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сифати тарбияти насли наврас мадад расонида метавонад.
Ҳасани Исо,
мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносии Кумита
Дар поён акси намунаи нусхаи хаттии «Захирату-л-мулук» оварда шудааст.