
Мубориза бо гардиши маводи мухаддир ин мубориза барои солим нигоҳ доштани насли инсоният, наҷоти фарҳангу ҳуввияти миллӣ мебошад. Имрӯз паҳнкунандагони маводи мухаддир ба бузургтарин сармояи миллату давлати ҳар як кишвар таҳдид мекунанд.
Истеъмоли маводи мухаддир ба руҳу ҷисми инсонҳо зарари калон расонида, баданро дар муддати кӯтоҳ фалаҷу нотавон карда, ҳаракати қисми зиёди узвҳои инсонро аз ҳаракат боз медорад. Ҳатто ҳангоми истеъмоли маводи мухаддир мағзи сари инсон карахт шуда, хотирааш заиф ва ақлаш бегона мегардад. Маводи мухаддир чун моддаи мадҳушкунанда бадтаъсир буда, инсонро ба касодӣ, носолимӣ ва беобрӯӣ мерасонад. Истеъмолкунандагони маводи мухаддир аз обрӯю ҳиммати худу наздиконашон руй гардонида, ҳастию ҷонро асос намедонанд ва худро ба нестӣ мерасонанд. Барои истеъмолкунандаи маводи мухаддир, ки кайфияти онро аз ҳама боло медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қиммате, ки набошад барояшон зарур аст. Ҳангоми ёфт нашудани маблағ онҳо тамоми дороии бударо фурӯхта, ба ҳар қиммате, ки набошад онро дастрас менамоянд. Зану фарзандон ё волидони хешро хонахароб карда, ҷамъиятро вайрону наздиконро парешон ва оилаҳоро бесаробону саргардон мегардонанд. Оқибат истеъмолкунандагони маводи мухаддир дар кӯчаву маҳал ва хиёбонҳо ба ҳайси нокасу беобрӯй ва хастадилу афгор то ба рӯзи марг овора гардида, ба хору хаси замин баробар мешаванд. Наздиконашон бошанд, аз ҳастиашон шармсору дар хиҷолат мемонанд.
Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон паҳнкунандагони асосии маводи мухаддир гурӯҳҳои террористӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба ҳисоб мераванд. Чунки гардишу муомилоти маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии даромади гурӯҳҳои мазкур маҳсуб меёбад. Мутаассифона, дар аксар мавридҳо ҷавонон қурбони фиреби паҳнкунандагони маводи мухаддир мегарданд, ки ин омил ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳамарӯза дар кураи замин паҳнкунандагони маводи мухаддир зиндагии ҳазорҳо нафарро вайрон ва умри садҳо ҷавононро аз байн мебаранд.
Албата ин амали номатлуб дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд, пойдевор ва иморате, ки тавасути нашъаҷалобӣ бунёд гаштааст, ноустувор ва бебақост.
Барои решакан намудани ин вабои аср мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки дастаҷамъона бар муқобили ҳар як истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи маводи мухаддир муборизаи беамон барем.
Муяссари Мамадвафо,
сокини ВМКБ