Мансури Ҳаллоҷ

Нашр шуд korbar - ср, 10/12/2022 - 16:11

Ҳусейн ибни Мансури Ҳаллоҷ аз машҳуртарин ва пуровозатарин чеҳраҳои ирфони форсу тоҷик ва ислом ба шумор меравад, ки бо изҳори қавли «Аналҳақ» (Ман Худоям) ба қатл расидааст.

Мансури Ҳаллоҷ дар соли 858 мелодӣ (244ҳ.) дар маҳали Тур наздики Байзои Форс дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Номи пурраи ӯ Абулмуғис Ал-Ҳусейн ибн Мансур ибни Маҳмо ал-Байзовӣ ал-Ҳаллоҷ мебошад. Аҷдоди вай маҷусӣ-зардуштӣ буданд ва бобояш низ пайрави ин мазҳаб буд. Падараш пахтафурӯшӣ мекард ва коргоҳи ҳаллоҷӣ дошт. Мансур ба ӯ кӯмак мекард, бино бар ин ӯро Ҳаллоҷ гуфтаанд. Аз кӯдакӣ вай ҳамроҳи падар ба Хузистону Ироқ рафтуо мекард ва дар ин сафарҳои ҳамешагӣ Мансури Ҳаллоҷ бо забони арабӣ ва меъёрҳои исломӣ ошноии комил пайдо кард. Ҳаллоҷ дар Дорулҳуффози шаҳри Восит ба фаро гирифтани улуми муқаддамотӣ пардохта, то дувоздаҳсолагӣ Қуръонро аз бар кардааст. Сипас дар паи такмили дониши хеш тарки хонавода ва хонумон гуфта, муриди Саҳли Тустарӣ шуд ва аз ӯ расми чиланишастанро ёд гирифтааст. Ҳаллоҷ ду сол дар хизмати Саҳли Тустарӣ буд. Баъдан ба Басра рафт ва бо Амр ибни Усмони Маккӣ мулоқот кард ва ҳаждаҳ моҳ бо ӯ сӯҳбат дошт. Дар ин муддат Абӯяъқуб Ақтаи Басрӣ, ки аз амалдорони Басра буд, духтарашро ба ӯ ба занӣ дод. Амр ибни Усмони Маккӣ бо ин издивоҷ созгорӣ надошт, зеро ӯ бо падарарӯси Ҳаллоҷ Ибни Ақтаъ душманӣ дошт. Миёни Амр Маккӣ ва Ақтаи Басрӣ сухан ба тундӣ мерафт. Бо ин рафтор пир ва муршиди худ Амр Маккиро сахт хашмгин намуд, Амр ибни Усмон аз ӯ биранчид, Ҳаллоҷ низ ба Бағдод омад ва пеши Ҷунайд рафт. Ҷунайд ӯро ба сукут ва хилватнишинӣ фармон дод, чанд вақт дар сӯҳбати ӯ сабр кард, охир тоқат наёвард ва ба Ҳиҷоз рафт ва як сол муҷовири хонаи Каъба монд. Лекин боз ба Бағдод омад ва бо гурӯҳе аз сӯфиён пеши Ҷунайди Бағдодӣ рафт ва аз вай чанд масъаларо пурсид. Ҷунайд ҷавоб надод ва гуфт: «Зуд бошад, ки сари чӯбпора сурх кунӣ» («Тазкиратул авлиё»-и Фариддадин Аттор, Бумбай, 1321ҳ., с.31) Ҳусейн низ гуфт: «Он рӯз, ки ман сари чӯбпора сурх кунам, ту ҷомаи аҳли сурат пӯшӣ», ва аҷиб ин аст, ки дар он рӯз, ки ќузот фатво доданд, ки Ҳусейнро бибояд кушт, Ҷунайд дар ҷомаи тасаввуф буд ва фатво наменавишт. Халифа фармуда буд, ки «хати Ҷунайд бояд бошад». Ночор Ҷунайд дастору дироа пӯшид, ба мадраса рафт ва ҷавоби фатво навишт, ки «бар зоҳири ҳол куштанӣ аст ва фатво бар зоҳир аст. Аммо ботин Худо донад» (њамон ҷо, с.31.).

Нақл аст, ки Ҳаллоҷ дар соли 270 вақте 26 сол дошт барои гузоридани ҳаҷ азми Каъба кард ба Макка мерафт. Дар роҳ суханони ваҷдомез ва шӯрангез мегуфт ва дар сафар хирќапӯши бисёр бо ӯ буданд. Чун ба Макка расид Абӯяъқуби Наҳрҷурӣ (вафот 330 ҳ. қ.) ӯро ба сеҳру ҷоду мансуб кард. Ҳаллоҷ аз сухани ӯ ва дигар душманони худ парвое накард ва ба Басра ва аз он ҷо ба Аҳвоз омад. Дар муроҷиат аз Макка ба Аҳвоз ба таълими мардум, бавижа соњибдилон пардохт. Ӯ бо сӯфиён ва олимони зоҳирӣ ба мухолифат пардохт ва назди хоссу омм ќабул ёфт ва аз асрор бо халқ сухан гуфт ва хирқа аз бар кашид ба хок андохт ва гуфт : «Ин русум ҳама нишони тааллуқ ва одат аст ва ин ҳар ду монеи роҳ аст».

Ҳаллоҷ чун пайванди дӯстии худро бо дӯстони сӯфии худ бурид, монанди яке аз доиёни мазҳабӣ дар Хуросон (Толиқон) Аҳвоз, Форс, Ҳинд (Гуҷарот) ва Туркистон гардид ва тасаввуфу зуҳдро дар ҷаҳон пароканд. Сафари вай, ки бо таваққуфҳои тӯлонӣ ҳамроҳ буд, беш аз 15 сол тӯл кашид. Дар ин солҳо мардуми бисёр ба ӯ рӯй оварда буданд ва овозаи зуҳду тақво ва донишу маърифати ӯ ба ҳама ҷо расида буд. Ҳусейн ибни Мансур дар миёни мардум мегашт ва ба дарди онҳо мерасид ва барои аз байн бурдани омилҳое, ки мӯҷиби ранҷу сахтии зиндагии мардумон мешуд, меандешид ва аз ҳамин рӯ дар дили муридон ва мардуми одӣ ҷои бузург ба даст овард. Ҳаллоҷ чун худ аз молу мақому шуҳрат бениёз буд, ночор бо мардум рафторе дошт, ки сарватмандон ва диндорони дунёдӯстро нисбат ба худ ҳаросон мекард. Пас аз он барои бори сеюм ба Макка рафт ва дар мавқеи бозгашт аз Макка ба Бағдод омад. Пайравони ӯ ба суръат даври ӯ ҷамъ шуданд ва ӯ акнун ақидаҳои хосси худро, ки аз андешаҳои мутасаввифаи вақт тафовут доштанд, тарғиб мекард. Таълимоти ӯ шомил аз ишқи илоҳӣ ва фано дар Худованд буд. Аз ҳамин ҷост, ки ӯ дар масҷиди ҷомеи Бағдод фарёд кашид, ки «маро бикушед то ман ором шавам ва шумо дар азои он ба подош бирасед». Шуҳрати Ҳаллоҷ ба дараҷае афзуда буд, ки ҳатто дар дарбори халифа тарафдорон ва ҳаводорони худро дошт. Аз ҷумлаи онҳо модари халифа сайида Шағаб буд.

Дар соли 295 њ./907м. халифаи аббосӣ бимурд ва афроди бонуфузи дастгоҳи хилофати Бағдод кӯдаки хурдро ба ҷои ӯ нишонданд. Мухолифони онњо низ шӯриданд ва марди доно ва шоирро аз хонадони бани Аббос ба номи Муътаз халифа карданд. Саррофон ва сарватмандони Бағдод аз ҷумлаи ањли яњуд ба ҳамдастии коргузорони хизонаи халифа, ки манфиатдор буданд, ба зудӣ Ибн Муътаззро барандохтанд ва ба дастгир кардан ва куштори касоне, ки ӯро рӯи кор оварда буданд, пардохтанд. Ҳаллоҷ дар ин моҷаро муттаҳами аслӣ ва мавриди кина ва нафрати қудратмандон шуморида мешуд. Ҳаллоҷ пас аз ин иттиҳом дубора ба Аҳвоз рафт ва се сол онҷо пинҳон гардид. Саранҷом дар соли 301 ҳ. ба дастури Муқтадир халифаи аббосӣ ӯро ёфтанд ва ба Бағдод оварда, зиндон карданд. Ӯ ҳашт солро дар зиндони Бағдод сипарӣ кард. Таассуб ва беадолатиҳои Ибни Аббос вазири халифа мӯҷиби шӯриши бузурге шуд. Шӯришиён зиндонро тасарруф карданд ва Ҳаллоҷро озод карданд, аммо Ҳаллоҷ аз он нагурехт. Вазир аз бими нуфузи бисёри Ҳаллоҷ ӯро ба муҳокима кашид ва бо фатвои ҷамъе аз рӯҳониён ӯро ба ширкат дар ҷунбиши қарматиён ва ба куфр дар асоси қавли машҳураш «Аналҳақ» ба қатл маҳкум кард. Билохира дар ҷаласаи маҳкама бо ҳузури Абӯаммор Ҳаммодӣ - қозии Бағдод фармони қатли Ҳаллоҷро аз халифа гирифт. Рӯзи сешанбе 24 зулқаъдаи соли 309 ҳиҷрии қамарӣ (922 м.) Ҳаллоҷро ба ваҳшиёнатарин ваҷҳ тозиёна заданд, мусаллабу сангсор карданд, сипас сараш аз тан ҷудо карданд, аҷзояш буриданд ва сӯзониданд, хокистарашро ба Даҷла андохтанд. Бад-ин тартиб яке аз барҷастатарин чеҳраҳои таърихи башар, ки худ меҳвари инсонро муќаддас мењисобид, бо як навъ қасовату бераҳмӣ ва даҳшатноктарин шакл ба шаҳодат расид.

Ба ин тартиб, Ҳаллоҷ дар мухолифат бо нодурустиҳои дастгоҳи хилофати аббосиҳо то пои ҷон кӯшид. Аммо шӯҳрати ӯ то ба имрӯз, ба воситаи суханони бебоконаш аст, ки ба равиши сӯфиён ва орифон бар забон ронда ва «Аналҳақ» зад. Вай марде зоҳидпеша буд, ки аз ҳама орзуҳои ҷисмонӣ ва хостҳои шаҳвонӣ дурӣ меҷуст. Аммо ӯ дар зуҳд ҷониби эътидолро нигоҳ медошт ва бо таҳқири майлҳои ҷисмонӣ аз ҷомеа ва мардум дурӣ намеҷуст. Ӯ сӯфии комил буд. Бо мардумон дар рафоқат ва мадоро мезист ва аъмоли мазҳабиро бо диққат ба ҷой меовард. Дар айни ҳол зоҳиран ба сурати ибодатҳо қонеъ набуд. Аз ишқ ба Худо дам мезад ва ба ҳақоиқи илоҳӣ берун аз ҷаҳони моддӣ ва арзишҳои дунёӣ муътақид буд. Дар осори адабӣ ва динӣ аз забони Мансури Њаллоҷ гуфторњои кӯтоње машњуранд, ки ба масал ё њикоят табдил ёфтаанд. Барои шинос шудани хонанда, чанде аз онњоро ба њайси мисол намуна меорем.

- Вақте Ҳаллоҷро сангсор мекарданд, ҳар касе санг ба сӯи ӯ партоб мекард. Абӯбакри Шиблӣ, ки аз дӯстони наздики ӯ буд, аз сари мувофиқат гуле ба сӯи ӯ андохт. Ҳаллоҷ оҳе кашид. Пурсид: «Аз ин ҳама санг нанолидӣ, чаро аз гуле нолидӣ»? Гуфт: «Онҳо, ки намедонанд, маъзуранд. Аз ӯ, ки ҳама чизро медонад, боз меандозад, мутаассифам».

-Вақте дасти Ҳаллоҷ ҷудо карданд, ханда намуд. Пурсиданд: «Чаро хандидӣ»? Гуфт: «Дасти аз одам баста ҷудо кардан осон аст. Мард он аст, ки дасти сифот, ки кулоҳи ҳиммат аз торикии арш дар мекашад, қатъ кунад».

Чун пойҳояшро бибриданд. Табассуме кард ва гуфт: «Бо ин пой дар хок сафар мекардам, аммо қадаме дигар дорам, ки ҳамакнун дар як дам сафари ҳарду оламро менамоям, агар тавонманд ҳастед, он қадамро бибуред».

- Ҳаллоҷ ҳарду дасти буридаи хунолуди худро ба рӯй ва соиди хеш молид ва рӯйи худро сурх намуд. Пурсиданд: «Чаро чунин

кардӣ»? Гуфт: «Хуни ман бисёр рафт, медонам, ки рӯям зард шудааст, шумо мепиндоред, ки зардии рӯи ман аз тарс аст. Рӯи худро хунолуд кардам, то дар чашми шумо сурхрӯй бошам, ки гулгунаи мардон, хуни эшон аст».

- Аз ӯ пурсиданд: «Рӯйро сурх кардӣ, магар соидро чаро олудӣ»? Гуфт: «Вузӯъ сохтам». Гуфтанд: «Чӣ навъ вузӯъ»? Гуфт: «Дар ишқ ду ракъат аст, ки вузӯи он танҳо бо хун дуруст мешавад».

- Дарвеше аз Ҳаллоҷ пурсид, ки ишқ чист? Гуфт: «Имрӯз, фардо ва пас фардо бинӣ». Он рӯзаш бикуштанд, дигар рӯз сӯхтанд ва савум рӯзаш ба об доданд.

- Ҳаллоҷ дар панҷоҳсолагии хеш гуфт: «Ҳанӯз ҳеч мазҳаб нагирифтаам, аммо ҳар мазҳаб ихтиёр кардам, то имрӯз, ки панҷоҳсолаам, намоз хондаам ва дар ҳар намоз ғусле низ кардам».

- Навиштаанд, ки пайваста мегуфт: «Эй мусулмонон! Доди маро

аз Худо биситонед, ки на маро бо нафси хеш раҳо мекунад ва

на онро аз ман мегирад».

-Ҳаллоҷ дар масҷиди ҷомеи Бағдод фарёд кашид, ки маро бикушед то ман ором шавам ва шумо дар ҷазои он ба подош бирасед.

- Чашмҳояшро барканданд ва забонашро бибриданд ва санг ба ӯ заданд. Намози шом буд, ки сарашро буриданд. Аммо дар ҳангоме ки рамақ дошт ва (овои ано ал-ҳақ ) мекашид, пиразани жандапӯше аз роҳ расид. Чун Мансури Ҳаллоҷро бар он ҳол дид гуфт: «Бизанед ин Ҳаллоҷаки раъноро, ӯро бо сухани асрор чӣ кор»?

Назири ин сухан байти зерин:

Ҳазор мартаба Саъдӣ туро насиҳат кард, Ки ҳарфи маҳфили моро ба маҷлисе набарӣ.

Осори Мансури Ҳаллоҷ

Мансури Ҳаллоҷ, чунонки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, муаллифи хеле сермаҳсул будааст. Ибни Надим дар китобаш «Феҳрист» шасту чаҳор китоб ва рисолаи Ҳаллоҷро зикр кардааст. Аз он ки Ҳаллоҷ китоби зиёд таълиф карда буд, Ҳуҷвирӣ низ дар китоби худ «Дар шарҳи каломи Ҳаллоҷ» хабар додааст, ки «…ӯ дар ҷавонӣ бисёр мафтуни Ҳаллоҷ буд ва аз китобҳои ӯ зиёд хондааст». Мутаассифона, аз онҳо то замони мо ба ҷуз китоби «Тавосин» ва ашъори парокандаи ӯ чизе нарасидааст. Яке аз сабабҳои нобуд шудани муаллафоти Ҳаллоҷ ҳукми маҳкамаи Бағдод дар бораи сӯхтани китобҳои вай мебошад. Луи Масинон китоби «Тавосин»-ро дар асоси дастхатҳои дар Лондон ва Истамбул буда, бо шарҳҳои Рӯзбаҳони Бақлӣ ва Ҳуҷвирӣ дар соли 1913 дар Париж ба табъ расонидааст. Инчунин, ӯ ашъори парокандаи Ҳаллоҷро ба шакли Девон нашр намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки девоне бо номи «Девони Мансури Ҳаллоҷ» ба забони форсӣ низ мавҷуд аст, ки муҳаққиқон, аз ҷумла Саид Нафисӣ исбот кардаанд, ки ин девон на ба Ҳаллоҷ, балки ба Шайх Имом Камолиддин Ҳасан ибни Ҳусейни Кошонии Хоразмии Кубравӣ (Кубро) мутааллиқ мебошад.

Мирзо Шодиев,

номзади илмҳои филологӣ