АВСОФ ВА ЗИНДАГИИ ПАЁМБАРИ ИСЛОМ МУҲАММАДИ МУСТАФО (С)

Нашр шуд korbar - ср, 10/12/2022 - 10:15

(ба муносибати мавлуди Расули акрам(с))

ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

Ҳамду сано Парвардигори ҷаҳониёнро ва дуруду салом бар беҳтарин ва Хотами паёмоварони Ӯ, Муҳаммад алайҳиссалом, он раҳнамои росткору амин.

Паёмбари гиромии Ислом (с) дар дувоздаҳуми Рабиъул-аввали “Омул-фил”, ки мувофиқ бо 571-уми мелодӣ аст, дар Макка таваллуд шудаанд. Қабл аз таваллуди Паёмбар (с) падараш Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб, ки барои дидори тағоҳояш Банӣ Наҷҷор берун рафта буд, даргузашт. Ҳангоми таваллуди Паёмбар (с) ин муждаро ба ҷаддаш Абдулмутталиб доданд. Абдулмутталиб аз шунидани ин хабар бисёр хушҳол шуд ва ӯро дар оғӯш гирифта, бо ӯ ба шукронаи ин неъмати Худовандӣ ба тавофи Каъба пардохт ва номи ӯро ба илҳоме аз ҷониби Худованд Муҳаммад гузошт. Бо вуҷуди ин ки ин ном дар миёни мардуми араб собиқа надошт, аммо Абдулмутталиб дӯст дошт, ки ӯ назди Худованд ситуда бошад, аз ин рӯ номи ӯро Муҳаммад (писандида) номид.

Супурдани Паёмбар (с) ба доя

Омина, модари Паёмбар (с) аз ҳамон нахустини рӯзи таваллуди ӯ дарёфт, ки шири кофӣ барои хӯронидани самараи ягонаи издивоҷи хеш бо Абдуллоҳро надорад. Омина танҳо ҳафт рӯз ба Паёмбар (с) шир дод ва пас аз он аз ғизо додан ва сер кардани вай нотавон монд. Аввалин зане, ки баъд аз Омина Паёмбар (с)-ро шир дод, Сувайба-канизи озодшудаи Абӯлаҳаб буд, ки ҳамзамон бо Паёмбар (с) фарзандашро ба номи Масруҳ шир медод. Баъд аз Сувайба касе, ки сарпарастии Паёмбар (с)-ро бар уҳда гирифт, Ҳалима духтари Абӯзуайб буд. Дар он замон расму одати араб бар ин буд, ки фарзандонашро ба хотири ин ки қавӣ ва неруманд гарданд, аз ҳавои озоду соф истифода намоянд ва зеҳнашон барои ёдгирии матолиб омода гардад, ҳамчунин ба ин хотир ки забони фасеҳи арабиро ёд бигиранд, ба доя месупориданд. Занони бодиянишин низ ба хотири дарёфти музд ба шаҳр меомаданд, то сарпарастии кӯдакеро бар уҳда гиранд ва аз ин роҳ махориҷи зиндагиашонро таъмин карда тавонанд. Абдулмутталиб ва Омина низ ба ҷустӯҷӯи ёфтани дояе баромаданд, то ба сарпарастии Паёмбар (с) уҳдадор гардад, лизо Паёмбар (с)-ро бо зане ба номи Ҳалима супурданд. Баъд аз ин ки Ҳалима Паёмбар (с)-ро ба унвони фарзандӣ қабул кард, баракоти Худованд дар зиндагии ӯ сарозер шуд. Ҳалима мегӯяд. “Баъд аз ин ки Паёмбар (с)-ро пазируфтам, пистонҳои шутуре, ки доштем пур аз шир шуд, дар ҳоле ки қабл аз он аз лоғарӣ тоқат ва таҳаммули роҳ рафтанро надошт. Ҳамчунин пистонҳои худам пур аз шир гардид, ба гунае ки ҳам Паёмбар (с) ва ҳам фарзандам сер мешуданд, аммо қабл аз он пистонҳои ман шире надошт, ки битавонад фақат фарзандамро аз гуруснагӣ наҷот диҳад”.

Баъд аз ин Ҳалима Паёмбар (с)-ро ба модараш супурд, модараш дар садад баромад, то ҳамроҳи Паёмбар (с) барои зиёрати қабри шавҳари вафоткардааш ва ҳамчунин дидорбинии ақвому хешовандони ҷадди Паёмбар (с) – Абдулмутталиб, ки аз қабилаи Банӣ Наҷҷор буданд, ба Ясриб (Мадина) мусофират намоянд. Дар ин сафар Абдулмутталиб – ҷадди Паёмбар (с) ва хидматгори Омина ба номи Умми Айман ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Баъд аз ин ки масофати ҳудуди панҷсад километрро тай намуданд, ба Ясриб расиданд ва Омина як моҳ дар он ҷо монд. Ҳангоми бозгашт Омина дучори бемории сахте гардид ва дар ноҳияе ба номи Абвоъ, ки минтақае миёни Макка ва Мадина аст, даргузашт ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд. Дар ин ҳангом Паёмбар (с) шашсола буданд.

Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб

Баъд аз вафоти Омина, модари Паёмбар (с) сарпарастии ӯро Абдулмутталиб бар уҳда гирифт. Абдулмутталиб аз ҳеҷ гуна меҳру шафқате нисбат ба Паёмбар (с) дареғ намеварзид ва ӯро бисёр дӯст дошта навозиш мекард, ҳатто ӯро аз фарзандони худаш ҳам бештар дӯст медошт, чаро ки медонист, ояндаи дурахшону равшан дар интизори ӯст. Аммо бо тамоми меҳру утуфати ҷаддаш нисбат ба Паёмбар (с) зиндагии ӯ бо ҷаддаш низ дер напойид ва дар синни нуҳсолагӣ бобои бузургворашро аз даст дод.

Пас аз ин Паёмбар (с) таҳти сарпарастии амакаш Абӯтолиб қарор гирифт. Абӯтолиб ӯро ба хонааш бурд ва аз Паёмбар (с) монанди фарзанди худ нигаҳдорӣ менамуд, ҳатто ӯро аз фарзандонаш муқаддам медошт ва ин меҳру утуфатро ҳатто дар давроне, ки Паёмбар (с) ба паёмбарӣ мабъус шуд, ба эшон иброз медошт.

Паёмбар (с) дар синни ҷавонӣ касбу кори мушаххасе надошт, аммо дар ин айём бештар ба чӯпонӣ ва гӯсфандчаронӣ мепардохт, то заҳматҳои амакаш Абӯтолибро ҷуброн намояд. Аммо баъд аз муддате, ки рӯзгорро ба чӯпонӣ сипарӣ намуд, даст аз ин кор кашиду ба тиҷорат пардохт. Албатта ҳадафи Паёмбар (с) аз чӯпонӣ таҳияи сарфу харҷи зиндагӣ буд ва дигар ин ки беҳтар метавонист оёту нишонаҳои Худованд, аз ҷумла азамати осмон, хуршед, ситорагон, моҳ ва ғайраро бубинад. Паёмбар (с) дар синни бисту панҷсолагӣ ба қасди тиҷорат бо сармояи Хадиҷа равонаи Шом шуд. Ба хотири ин ки Хадиҷа зани сарватманду пулдор буд, афродеро аҷир (муздур) менамуд, то бо сармояи ӯ ба тиҷорат бипардозанд. Вақте ки ростгӯӣ ва садоқати Паёмбар (с) ба гӯши Хадиҷа расид, фардеро назди Паёмбар (с) фиристод ва ба Паёмбар (с) пешниҳод кард, ки бо ғуломи ӯ Майсара барои тиҷорат ба Шом биравад. Азбаски шуғли мардуми Қурайш тиҷорат буд, Паёмбар (с) ин пешниҳодро пазируфта, ҳамроҳи Майсара ба Шом рафтанд.

Баъд аз ин ки Паёмбар (с) ҳамроҳи ғуломи Хадиҷа – Майсара аз сафари тиҷоратӣ бозгаштанд, осори баракат ва амонатдорӣ дар молҳои Хадиҷа намоён буд, зеро ки қабл аз он чунин фоидае барои Хадиҷа ба даст наомада буд. Оре, садоқату дурустӣ ва амонатдории Паёмбар (с) таваҷҷуҳи Хадиҷаро ҷалб намуда буд, бахусус, ҳангоме ки ғуломи ӯ Майсара каромоту бузургвориҳоеро, ки аз Паёмбар (с) дар тӯли ин сафар дида буд, барои Хадиҷа таъриф намуд.

Хадиҷа пас аз ин пешниҳоди издивоҷи хеш бо Паёмбар (с)-ро ба воситаи зане ба номи Нафиса матраҳ кард. Паёмбар (с) низ пешниҳоди Нафисаро пазируфт ва ин амрро бо амаки худ дар миён гузошт. Онон назди амаки Хадиҷа рафтанду Хадиҷаро барои Паёмбар (с) хостгорӣ намуданд. Ба ин тартиб издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа сурат гирифт. Ба ғайр аз Иброҳим тамоми фарзандони Паёмбар (с) аз Хадиҷа мебошанд. Фарзандони Хадиҷа аз инҳо иборатанд: Қосим, Зайнаб, Руқайя, Умми Кулсум, Абдуллоҳ ва Фотима.

Паёмбар (с) қабл аз ин ки ба паёмбарӣ мабъус гардад, дорои хусусияту вежагиҳои бисёр неку писандида буд. Садоқат ва дурусткории Паёмбар (с) забонзади хосу ом гардида буд ва ҳамаи мардуми Қурайш эшонро бо номи Муҳаммадамин мешинохтанд. Ӯ ба оёт ва нишонаҳои қудрат ва азамати илоҳӣ меандешид ва соатҳои тӯлонӣ ба розу ниёзи Парвардигори хеш мепардохт. Шароб наменӯшид, агар Қурайш кори хайр ва неке анҷом медоданд, ононро ёрӣ менамуд ва агар кори зишту норавое анҷом медоданд, аз онон рӯйгардон мешуд. Бо ҳамнавъон ба некӣ ва хушӣ рафтор мекарду ба дарди дилҳои дигарон гӯш медод. Аз синни сиву панҷсолагӣ ба узлат ва гӯшанишинӣ мепардохт ва бештари вақташро дар ғоре бо номи “Ҳиро” сипарӣ менамуд.

Зиндагии Паёмбар (с) ҳамроҳи Хадиҷа бо хушбахтӣ ва саодат сипарӣ мешуд ва ҳар чи Паёмбар (с) ба синни чиҳилсолагӣ наздиктар мешуд, вежагиҳои рӯҳӣ ва ахлоқии ӯ тараққӣ меёфт ва мутаолитар мегардид. Паёмбар (с) ҳар сол моҳи Рамазонро дар ғори “Ҳиро”, ки дар кӯҳи “Нур” воқеъ шуда буд, сипарӣ менамуд. Аммо дар ин сол Паёмбар (с) бо ғори “Ҳиро” унсу улфати бештаре пайдо намуда буд ва рӯҳи Паёмбар (с) ба гунае мутаолӣ шуда буд, ки хобҳои содиқонаро мушоҳида менамуд ва ҳар чи дар хоб медид, ба вуқӯъ мепайваст. Яъне, Худованд ирода карда буд, то лутфи бениҳояти худашро машмули ҷаҳониён созад ва Паёмбар (с)-ро Хотамуланбиё қарор диҳад ва динро ба василаи ӯ комил гардонад.

Баъд аз нузули ваҳй дар зиндагии Паёмбар (с) марҳалаҳои ҷадиде оғоз гардид. Худованди Мутаъол дар Қуръони азимушшаън мефармояд:

“Ба дурустӣ ки барои шумо -барои касе, ки (савоби) Худо ва рӯзи охирро умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад, дар [кори] пайғамбари Худо иқтидои писандидае ҳаст” (сураи “Аҳзоб”, ояти 21).

Паёмбари мо (с) дилсӯз ва меҳрубон, хайрхоҳ ва некандеш, дорои кирдор ва гуфторест, ки барои ҳар инсоне дар ҳар замон ва дар ҳар макон ва дар ҳар мақом ва мавқеъ беҳтарин сармашқ ва болотарин намунаанд. Касе дар сафои рӯҳ ва иртибот бо малакути аъло ва дарёфти ваҳй ба мақоми он Ҳазрат (с) намерасад, чаро ки Худованд нубувватҳоро ба василаи Ӯ ба итмом расонид ва шариати вайро охирин шариат барои башар қарор дод.

Авсофи он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба гунае буданд, ки ҳар мусалмоне дар орзуи он аст, ки ба ахлоқи Ӯ ороста ва пайрави ҳидояти Ӯ бошад, то андаке аз бурдборӣ, порсоӣ, ибодат, фидокорӣ ва азхудгузаштагии эшон баҳра гирад, чаро ки Худованд Паёмбарашро бо ин мадҳи бузург манзалат бахшидааст: “Ва ба ростӣ ту дорои хулқи волое ҳастӣ” (сураи “Қалам”, ояти 4).

Зиндагонии Паёмбар алайҳиссалом дар миёни соири улум аз ҷойгоҳи сазовор ва аҳамияти хоссе бархӯрдор аст, зеро мусалмон бо омӯзиши он шинохте дар робита ба дину оини худ ва аҳволу мароҳили зиндагонии паёмбари худ ба даст меоварад ва ба умқи иноят ва илтифоти Худовандӣ нисбат ба он меҳтари олам пай мебарад. Инчунин пай мебарад, ки азамату дараҷоти бузургӣ ва баландии пояҳои арзишмандии ӯ назди Ҳазрати Маъбуд ба дараҷаест, ки ӯро ба мақоми расонидани рисолати худ баргузидааст. Аз ҷониби дигар, аз талошҳои хастагинопазир ва кӯшишҳои бевақфаи он Ҳазрат (с), ранҷу заҳмат ва сахтиҳое, ки Ӯ таҳаммул кардааст ва ба дунболи он фаро расидани нусрати Худовандӣ шинохти бештаре хоҳад дошт.

Касоне, ки он Ҳазрат (с)-ро дидаанд, чунин тавсиф мекунанд: Зоҳире нуронӣ ва чеҳрае дурахшон доштанд. Дорои нуре буданд, ки он Ҳазрат (с)-ро бар ҳама кас бартарӣ мебахшид. Қадамҳояшон дар ҳадди ниёз буд ва бо қадамҳои устувор бо оромиш ва виқор роҳ мерафтанд. Чашмашон доим поён буд ва ба замин беш аз осмон назар меандохтанд. Вақте бо касе рӯбарӯ мешуданд, дар салом кардан аз ӯ пеши мегирифтанд, бидуни ниёз суҳбат намекарданд, суханашонро бо номи Худо оғоз ва бо номи Ӯ ба поён мерасониданд. Суханонашон шумурда-шумурда ва қотеъ буд ва нуқсоне дар он роҳ надошт. Фасеҳ ва балеғ суҳбат мекарданд ва бефоида лаб ба сухан намекушоданд. Ҳаргиз аз таоме бадгӯӣ намекарданд ва ҳеҷ вақт ба хотири умури дунё ё масоили шахсии худ хашмгин намешуданд. Ба хотири худ интиқоме намегирифтанд. Вақте хушҳол мешуданд, чашмонашонро поён меандохтанд ва хандаашон табассум буд. Он Ҳазрат (с) хушсимотарин, зеботарин, бахшандатарин ва ҷавонмардтарини одамиён буданд. Аз фақр намеҳаросиданд. Ҳаргиз талаберо рад накардаанд. Ҳар гоҳ ду амр пеш меомад, осонтарини онро ихтиёр мекарданд.

Ҳазрати Оиша (р) гуфтаанд: “Ахлоқашон айни Қуръон буд” (ривояти Бухорӣ дар “Адаби муфрад”).

Дар зиндагии шахсӣ низ ҳаргиз сахт намегирифтанд. Ҳар либосе, ки барояшон осон даст медод, мепӯшиданд. Бештар аз либоси маъмулии мардум истифода мебурданд, аммо ҳангоми истиқболи меҳмон ё ба муносибати ид, либоси хубу муносиб мепӯшиданд. Ҳар ғизое, ки мавҷуд мебуд, мехӯрданд ва агар чизе пайдо намешуд, гурусна мехобиданд ва гоҳе аз шиддати гуруснагӣ санге бар шиками худ мебастанд.

Агар ба ҳаёти хонаводагиашон назар андозем, бо ҳамсарон ҳамнишин ва ҳамсуҳбати хуб буданд. Бо онҳо суҳбат мекарданд, ахлоқ ва маниши онҳоро мепазируфтанд ва ҳассосият ва рӯҳияи ҳар кадомеро дар назар мегирифтанд.

Ба мусулмонон мефармуданд: “Беҳтарини шумо, беҳтаринатон барои хонаводааш аст” (Ривояти Тирмизӣ ва Байҳақӣ).

Анас разияллоҳу анҳу ходими он Ҳазрат (с) мегӯяд: “Даҳ сол ба Паёмбари Худо хидмат кардам, ҳаргиз нафармуданд: “Оҳ аз дасти ту”. Дар тӯли даҳ сол ба хотири коре, ки карда будам ё коре, ки таъхир карда будам, маро бозхост накарданд ва дар пардохти музд ҳаргиз ситаме раво намедоштанд” (муттафақун алайҳ).

Ҳазрати Оиша (р) мегӯянд: “Паёмбари Худо (с) ҳаргиз касе ё чизеро зарб назаданд, на занеро ва на хидматгореро” (ривояти Муслим).

Агар ба муносибати он Ҳазрат (с) бо ёронаш назар кунем, пас Абӯҳурайра (р) нақл мекунад: “Бо Расули Худо (с) ба бозор рафтем, то шалворе бихаранд. Фурӯшанда хост, дастони он ҳазратро бибӯсад. Паёмбар (с) дасташонро ақиб кашиданд ва ӯро аз ин кор манъ карданд. Сипас шалворро хариданд. Ман хостам онро барои Паёмбар (с) бардорам, вале иҷозат надоданд ва фармуданд: Барои бардоштани ҳар чизе соҳибаш сазовортар аст” (“Маҷмаъу-з-завоид”, ҷ. 5, с. 212).

Агар ба фурӯтанӣ ва ибодати Паёмбар (с) бингарем, эшон муроқибат ва назорати Худоро бениҳоят эҳсос мекарданд ва бисёр аз Худо меҳаросиданд ва фаровон ибодат мекарданд. Шабҳо бедор ва дар ҳоли рукӯъ ва суҷуд буданд. Оиша (р) ба он ҳазрат боре гуфтанд: “Чаро ин ҳама ибодат мекунед, дар ҳоле ки Худованд гуноҳони пешину пасини шуморо бахшидааст? Дар посух фармуданд: “Оё бандае шукргузор набошам?” (Муттафақун алайҳ).

Он ҳазрат Худоро бисёр ёд мекарданд. Хӯрдан, нӯшидан, нишастан, бархостан ва шурӯи тамоми корҳояшон бо номи Худо буд ва чун тамом мешуд, “Алҳамду лиллоҳи раббилоламин”­ро зикр мекарданд ва ҳаргиз аз розу ниёз бо Худо хаста намешуданд ва инчунин дуо мекарданд: “Парвардигоро, аз илме, ки баҳрае нарасонад ва аз амале, ки пазируфта нашавад ва аз дуое, ки мустаҷоб нагардад, ба Ту паноҳ мебарам”.

Инҳо, ки зикр кардем, як пораи хурде аз зиндагиномаи сарвари коинот Паёмбари гиромӣ ва беҳтарини махлуқот буданд. Дар мавриди дигар, перомуни ҷанбаҳои ахлоқии фаъолияти эшон, аз ҷумла фидокорӣ, амонатдорӣ, ҳаё, ихлос, садоқат, покдоманӣ, сиёсат, хушрафторӣ бо ҳамсоя ва фасоҳати эшону ахлоқи накуяшон агар ҳазорон ҷилд китоб навишта шавад, боз ҳам кам аст.

Вуҷуди пурбаракаташон зиндагии башариятро ба куллӣ тағйир дод ва дар миёни инсоният адлу инсоф, дӯстиву бародарӣ, риояи ҳақ ва яктопарастиро ривоҷ дод.

Ҷамолиддини Хомӯшӣ,

сардори Раёсати фатвои

Маркази исломӣ