ДУХТАР «МОЛИ МАРДУМ» НЕСТ ВА Ё ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА ҶАВОБГАРӢ ДОРАД

Нашр шуд korbar - вт, 10/18/2022 - 11:48

Имрӯз илму технология ба дараҷае пеш рафтааст, ки онро 31 сол пеш тасаввур кардан ғайриимкон буд. Масалан, алҳол дар ҳар оила чандтоӣ телефони мобилӣ мавҷуд аст. Ҳол он ки то соли 2000-ум дар бисёр деҳаҳо ҳатто хатти телефони симдор ҳам набуд. Роҳҳои 2-3 қабата, хонаҳои хуштарҳи бисёрошёна, фаввораҳои «рақскунанда» мошинҳои барқӣ (электромобил) ва интернет низ он солҳо дар гӯшаи хаёли касе набуд. Бо вуҷуди ин қадар пешрафти илму техника ҳанӯз одамоне ёфт мешаванд, ки тафаккурашон аз одамони 1400 сол пеш фарқ надорад. Масалан, борҳо шунидаем ва шоҳиди он гаштаем, ки баъзе аз ҷавонони мафкураашон танг ҳамсари худро ба хотири паиҳам 2-3 духтар таваллуд карданаш аз хона рондаанд. Ҳол он ки писар ё духтар таваллуд кардани зан дар ихтиёри ӯ нест. Ҳамчунин барои таваллуди духтар зан гунаҳкор нест. Аз илми биология ба мо аён аст, ки кадом ҷинс таваллуд шудани тифл аз чигунагии хромосомаҳои мард вобастагӣ дорад. Ин рафтори мардони тангназар кирдори хушунатомези ҷомеаи пеш аз исломиро ба ёд меорад. Мардуми араб пеш аз зуҳури дини ислом таваллуди духтарро боиси нанг ва беобрӯии худ медонистанд. Иддае то он дараҷа ваҳшӣ буданд, ки духтари бегуноҳашонро дар биёбон зинда ба гӯр мекарданд. Ин рафтори бераҳмонаю ҷоҳилонаи онҳоро Худованд дар оятҳои 58-59-и сураи «Наҳл» чунин маҳкум мекунад: «Ва агар ба яке аз онҳо ба таваллуди духтар мужда дода шавад, рӯи ӯ сиёҳ гардад ва ӯ аз андӯҳ пур бошад. Ба сабаби нохушии он чи, ки ба вай мужда дода шуд, аз қавм пинҳон шавад; ба (ба андеша афтад, ки) оё ӯро ба хорӣ боқӣ гузорад ё дар хок дарорад?Огоҳ шавед, : ба даст ҳукми онҳо! ».

Фарзанд, хоҳ писар бошад, хоҳ духтар сарвати бебаҳо ва давоми умри инсон ба шумор меравад. Аммо бисёр вақт мебинем, ки волидон духтарро «моли мардум» гуфта, барои маълумотноку соҳибҳунар гаштанаш чандон кӯшиш намекунанд. Онҳо вазифаи худро танҳо дар ҳар чӣ зудтар ба шавҳар додани духтар меҳисобанд. «Чаро барои каси дигар хононам?» - мепиндоранд онҳо.

Қисми дигар ба ин ақидаанд, ки баъди ба шавҳар додани духтарашон агар ба хонаводаи шавҳараш лозим бошад, келинашонро соҳибмаълумот мекунанд.

Рӯҳшиноси маъруф, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ мегӯяд, ки занро барои таваллуд кардани духтар таъна задан, духтарро ба хотири «моли мардум» буданаш соҳибмаълумот накардан хушунати равонӣ аст. Дар чунин муҳит зан ё духтар худро дар оила як шахси «нодаркор» ва ё «зиёдатӣ» тасаввур мекунад. Аз ин рӯ, падаронро лозим аст, ки аз таваллуди духтар ғамгин нашуда, баръакс онро мояи баракату шодмонӣ ва хонаободӣ донанд.

Алишо Роғиби Самарқандӣ дар ин хусус чунин фармудааст:

Машав ғамгин агар духтар бизодӣ,

Ки бо духтар бувад пайваста шодӣ.

Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад,

Ба пешаш сад писар муҳтоҷ гардад.

 

Занеро мешиносам, ки шавҳараш ба хотири се духтар таваллуд карданаш зани дигар гирифту ҳамсару духтаронашро фаромӯш намуд. Зан бо меҳнати ҳалол духтаронашро хононда, соҳибмаълумот ва ба шавҳар дод. Имрӯз бо маслиҳати модари мушфиқ маҳз ҳамин духтарон падари дар кӯдакӣ таркнамудаашонро парасторӣ мекунанд.

Занро барои амале, ки дар он гуноҳ надорад, айбдор намудан беинсофист. Ҷавонони тангназаре, ки ҳамсарашонро барои духтар таваллуд карданаш айбдор медонанду ситамгорӣ намудаанд, рӯзе сазои аъмолашонро хоҳанд дид. Дар ин хусус дар ояти 24-и сураи «Зумар» таъкид шудааст: «…: Ва ба ситамгорон гуфта шавад: «(Ваболи) он чирок и мекардед, бичашед!».

Хушунату зӯроваи чӣ ҷисмонӣ бошад ё психологӣ, иқтисодӣ ва ё шаҳвонӣ қобили қабул нест. Имрӯз баъзе ҷавонон бо андаке хато ҳамсари худро мезананд. Ҳол он ки зимни бастани никоҳи мусулмонӣ ходими динӣ таъкид менамояд: «завҷаи худро бе ваҷҳи шаръӣ зарб ва лат нанамоед». Афсӯс, ки ин насиҳат аз як гӯши домод даромада, аз гӯши дигараш мебарояд.

Илова бар ин волидони домод ва ҷӯраҳои ӯ «маслиҳат» медиҳанд, ки мард бояд барои «алови чашми занро гирифтан» ӯро гоҳ-гоҳ лату куб намояд. Ин гуна андеша хилофи фармудаҳои дини мубини ислом аст. Зеро Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: «Мардони хубу бонаҷобат ҳаргиз занони худро намезананд».

Дар китоби «Оила ва рушди шахсияти фарзандон»-и равоншинос Маҳмадулло Давлатов чунин омадааст: «Расули акрам (с) бо занонашон масъалаҳои гуногунро муҳокима менамуданд. Бешубҳа, Пайғамбар (с) ба маслиҳатҳои онон ниёз надошт, зеро ба дастурҳои Худованд такя мекард. Вале бо амалу рафтору кирдорашон дар хонаводаи худ нишон доданд, ки чӣ гуна бояд бо оилаи худ муносибат кард. Расули акрам (с) бо занонашон меҳрубон буданд ва ҳамчун Пайғамбар (с) вазъияту масъалаҳои баамаломадаро бо онҳо муҳокима мекарданд».

Мутаассифона, имрӯз агар марде бо занаш дар ягон умури хонавода маслиҳат кунад, баъзе модару хоҳари мард ва ё ҷӯраҳояш ӯро лақаби «занкалон» мениҳанд. Ҳол он ки тибқи мушоҳидаи саҳобагон Ҳазрати Муҳаммад (с) бо ҳамсаронашон маслиҳат намуда, баъзе корҳои хонаро худашон анҷом медоданд. Чунончи, Имом Аҳмад (раҳ.) чунин ривоят мекунад: «Расулуллоҳ (с) либосҳо ва кафшҳояшонро худ медӯхтанд ва дигар корҳоеро, ки мардон дар хонаҳояшон анҷом медиҳанд, анҷом медоданд».

То солҳои навадум хушунати хонаводагӣ дар кишварамон кам ба назар мерасид. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он ҳодисаҳои зӯроварӣ нисбат ба занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гашт. Ба ин то андозае дур шудани ҷавонон аз таълиму тарбия, бекорӣ, камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ таъсир расонид. Бисёриҳо ба хотири берун набаровардани гапи хона, таънашунав нашудан, падару модарро дар хиҷолат нагузоштан зӯроварӣ дар оиларо таҳаммул намуда, хомӯширо авло медонанд. Аз тарафи дигар, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боиси идома ёфтани зӯроварӣ дар оила мегардад. Бинобар ин, бо мақсади паст кардани сатҳи зӯроварӣ дар оила ҳамчун поймолкунии мудҳиштарини ҳуқуқи инсон ва инчунин баҳри баланд бардоштани савияи маълумотнокии мардум оид ба масоили зӯроварӣ дар оила аз соли 2004 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) амал мекунад.

Лоиҳа солиёни зиёд аз ҷониби «Намояндагии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ» (SDC) маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби филиали Ташкилоти олмонии GOPA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Дастгирии сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила, беҳтар кардани дастрасии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ба хизматрасониҳои баландсифат, дигаргунии рафтор нисбати зӯроварӣ дар оила тавассути тадбирҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва аксияҳои иҷтимоӣ вазифаҳои лоиҳаи мазкур мебошанд.

Соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул шуд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаи субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

Зӯроварӣ дар оила ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки муқаррароти Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ҷазо пешбинӣ кардааст. Аз ин рӯ, ақли солимро ба кор бурда, ба ин кирдори нангин набояд ҳеҷ гоҳ роҳ дод.

 

Сайфиддин СУННАТӢ,

аълочии матбуот ва фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон