Баргузории ду маърака аз як ҷониб. Нақзи Қонуни миллӣ аз ҷониби сокини ноҳияи Шоҳмансур

Нашр шуд korbar - ср, 10/19/2022 - 15:49

Аз санаи 3 - юм то 9 - уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади назорати рафти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби масъулони комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим 603 рейд гузаронида шудааст, ки дар натиҷа 1 ҳолати қонуншиканӣ дар ин самт ошкор ва нисбати қонунвайронкунандагон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, барои чораандешӣ ба судҳо ирсол гардидааст.

Дар ин бора аз раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ сокини маҳаллаи Чилмеҳроби ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Эгамбердиев Тоҳир тӯйи домодию арӯсии фарзандашро бо ду маърака аз як ҷониб баргузор намудааст, ки бо ин амалаш талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро вайрон намудааст.

Мутобиқи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” туйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёри бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад.