ҲУСН ВА ЧЕҲРАИ МИЛЛИИ ЗАНИ ТОҶИК АЗ ДАСТ МЕРАВАД?!..

Нашр шуд korbar - пн, 10/24/2022 - 14:27

Зани тоҷикро ҳамеша бо чеҳраи зебои хос - чашмони бодомиву шаҳло, абрувони камоншакл, лабони арғувонӣ ва кокулони дарозу ба тасвири шоирон арғамчинмонандаш мешинохтанд. Чунин зебоиро аҳли адаб дар осори худ ҳамеша васфу ситоиш менамуданд, сарояндагони касбӣ дар саҳнаҳои бузурги ҳунарӣ ин нафосатро аз тариқи мусиқӣ ва ҳунари асилу воло пешкаши шунавандагону бинандагон мегардониданд. Ҳангоме ки вассофон ба ситоиши зани тоҷик мепардохтанд, нахуст аз ибораҳои тасвирие чун «ҳусни Худодод», «моҳи шаби чаҳордаҳ», «сарви симинқад» ва ғайра истифода мебурданд. Дар замони ҷавониҳои волидонамон, ду нафар зани тоҷик - Лоланисо Исмоилова - доктори илми тиб ва Нуқра Раҳматова - ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳусни табиӣ, бидуни холу хати иловагӣ дар сартосари Иттифоқи Шуравӣ шуҳратманд гашта буданд. Шояд насли ҳамон замон хуб дар хотир доранд, ки акси беназири Лоланисо Исмоилова муқоваи маҷаллаи “Огонёк”-и Иттиҳоди Шуравии бузургро оро медод ва ин маҷалла бо акси ин паричеҳраи тоҷик солҳои дароз даст ба даст мегашт.

Ҳоло ҳам занони зебои мо кам нестанд, аммо шояд бо мурури солҳо меъёрҳои ифодакунандаи зебоӣ тағйир хӯрданд. Агар бигӯем, ки он ҳусни табиии Худододро дигар ба ҷустан пайдо намудан амри маҳол аст, албатта муболиға мешавад, вале бе муболиға метавонем нигарон бошем, ки воқеан ҳам имрӯз зани тоҷик чеҳраи аслӣ, табиӣ ва миллии худро аз даст дода истодааст! Бале, маҳз чеҳраи миллие, ки бо он занони тоҷикро ҳар ҷое медиданд, мешинохтанд ва бо хушҳолӣ хитоб мекарданд, ки: “чеҳраи тоҷикист”! Ҳатто дар ҳудуди кишвари худамон - Тоҷикистон духтаракони мо бо хусусиятҳои зебои хеш аз ҳамдигар фарқ мекарданд, мо духтари бадахшониро аз суғдӣ ё хатлониро аз зарафшонӣ дарҳол фарқ мекардем, чунки ҳар кадом зебоии хоси худро бо вижагиҳои қиёсшаванда доро буданд. Ҳоло бошад, ҳама якрангу якнамуданд... Ба ҷои абрувони сиёҳи камоншакл - қошҳои рангмолидашудаи қанотмонанд, ба ҷойи лабҳои нафиси ба барги гул монанд, лабҳои варамкунонидашудаи балоншакл (ботоксшуда бо моеъҳои махсус), ба ҷойи миҷгонҳои табиӣ - миҷҷаҳои сунъии хеле дарозу каҷгардоншуда, ки ҳатто чашмҳоро мепӯшонанд ва мӯйҳои сунъиву рангмолидаву ғайраҳои зиёди дилхароши дигар ба назар мерасад.

Албатта хеле хуб аст, ки имрӯз барои нигоҳ доштани зебоии занон мутахассисони соҳаҳои муайян як қатор корҳои назаррасеро ба сомон расонида истодаанд, вале бояд бо таассуф зикр намоем, ки бо “кумаки” ҳамин гуна мутахассисон зан - модари тоҷик қариб ки чеҳраи воқеӣ ва миллии худро гум карда истодааст. Охир, тоҷикдухтар ҳеҷ гоҳ лабҳои варамида ва рухсораҳои бардамида надошт!

Дар ҳама давру замонҳо ҳунармандони маъруф дар тарғиби зебоӣ миёни аҳли ҷомеа таъсиррасон буда метавонистанд ва ҳоло ҳам чунин аст. Хоҳем, нахоҳем як нафар сарояндаи шинохташуда метавонад бо тарзи либоспӯшӣ ва ороиши рӯю мӯйи худ, тамоми аҳли ҷомеаро аз паси хеш бикашонад. Замоне Нигина Рауфоваи маҳбуб тавонист бо ба бар намудани либоси миллӣ завқи тамоми занону бонувонро ба ин тарзи либоспӯшӣ ҷалб намояд. Аҳмад Зоҳир аз Афғонистони ҳамсоя садои дилкашу ҷозибадори хешро ба ҳаводорони ҳунар тақдим менамуд, ҳамзамон тамоми ҷавонписарон мӯи сари худро монанди ӯ оро медоданд ва он зебо буд.

Акнун чӣ? Акнун аз Фаттона шуруъ карда, то ба Ҳангома ва боз дигару дигарон ин силсиларо идома дода истодаанд, вале ба чӣ шаклу ба чӣ сурат ба ҳама маълум... Акнун албатта авҳол хеле нигаронкунанда аст! Имрӯз агар ба дилхоҳ саҳифаи интернетӣ ворид шавӣ, дарҳол пеши назар лабҳои ғафси даҳшатнок ва абрувони аввал тарошидашуда ва паҳну рангмолидаи қариб болои сарбаромадаи “хушрубонувон”- и навбаромад бо нозу ишваҳои ғашовар ва чашмгардониҳои ночаспоне намоён мешавад. Дар муқоваи рӯзномаву маҷаллаҳои махсус низ ҳол чунин аст. Бемуболиға, анқариб тамоми ҳофизаву раққосаву машшотаву дигар духтарон низ як шаклу як намуд чеҳранамоӣ мекунанд. Гуфтан мумкин, ки имрӯз Миҷгонаро аз Парвона, Райҳонаро аз Паймона, Рухсораро аз Рухшона фарқ кардан имконпазир нест.

Гоҳо ба худ суол медиҳем, ки чаро ин тоифа хоҳарону модарони ҷавон намефаҳманд, ки чунин амал на бо фарҳанги тоҷикӣ мувофиқ аст, на дар ахлоқи исломӣ пазируфта мешавад ва на қадру қимати онҳоро ҳамчун зан заррае боло мебарад, балки баракс хеле поин мебарад?

Падидаи хеле нохушоянди дигар он аст, ки вақтҳои охир як идда бонувону занон худро ба ном “сатрпӯш” менамоянду даъвои тақводорию парҳезкорӣ мекунанд, вале боз ҳам дар чеҳраи эшон истифодаи дағали ботоксу дигар намуди рангу бори аз меъёр зиёд бараъло эҳсос мешавад. Охир сатр пӯшидану чеҳраро тағйир намудан, лабҳоро варам кунонидан ва миҷгони сунъӣ часпонидану абрувонро аз пешонӣ ҳам болотар баровардан, магар ифодагари латофат ва иффати зан аст?

Дар ин масъала коршиноси масоили динӣ Муслиҳиддин Хоҷамирзода андешаи худро чунин баён намуд: Аз назари дин афроди ба тағйири офаридаи Худованд дастзананда дӯстони шайтон ба шумор мераванд. Дар Қуръони карим чунин омадааст:

“Ва, албатта, онҳоро гумроҳ кунам ва дар орзу(-и ботил) афканам; ва, албатта, ба онҳо бифармоям, то гӯши чаҳорпоёнро бишикофанд; ва, албатта, ба онҳо бифармоям, то офариниши Худоро тағйир диҳанд». Ва ҳар ки ба ҷуз Худо Шайтонро дӯст гирад, пас, ба зиёни ошкоре зиёнкор шудааст” (сураи Нисо, ояти 119).

Ба масъалае, ки шумо имрӯз рӯ овардед, мутаассифона далелҳои зиёдеро дучор меоем. Барои мисол, гуфтаҳои сарояндаи ҷавоне ба ёдам меояд, ки худро сатрпӯш намуда, ҳини мусоҳибае бо рӯзноманигор мегуфт: “Аз марги модарам сахт дилшикаста шудам, бинобар ин саҳнаро тарк мекунам”. Ин сароянда воқаен ҳам саҳнаро тарк кард, аммо пас аз чанд муддат рӯ ба “саҳна”-и машшотахонаҳо оварду ҳусни додаи Худовандро ба хости дили худ ё ба таври мӯдшуда тағйир дод. Оё чунин амал парҳезкориву тақводорӣ номида мешавад? Дар Қуръони азимушшаън ояти дигаре низ оварда шудааст, ки бадал намудани офаридаи Худовандро аз ҷониби мардум манъ менамояд:

“... Офариниши Худоро бадал кардан набувад. Ин дини дуруст аст, валекин аксари мардум намедонанд”(сураи Рум, ояти 30).

Вақти он расида, ки мо - аҳли ҷомеа имрӯз бояд мушкилоти ороиши нодурусти рӯй аз ҷониби бонувону занонро аз тариқи воситаҳои гуногуни иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор бидиҳем, чунки он ноаён ба як проблемае табдил гашта истодааст. Дар ин росто шояд бисёр бонувон аз андешаронӣ ва навиштаҳои мо норозӣ ҳам бошанд ва фикр кунанд, ки масъалаи ороиши рӯю мӯй кори хусусии ҳар нафар аст, агар чунин фикр мекунанд, то андозае дар ин масъала ҳақанд, аммо ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард, ки ҳама гуна амале, ки аз меъёр гузарад, ба чашм дағал ва дурушт менамояд. Он амале, ки бонувони мо ба хотири он талош менамоянд, аслан ки зебоӣ нест, балки аз даст додани зебоӣ аст. Пас бояд андеша намоянд, ки бо ин ҳолат чӣ гуна метавонанд фарзандон, хусусан духтарони худро тарбият намоянд?

Имрӯзҳо олимон ва мутахассисони соҳаи тиб низ ба ин масъала бо ташвишу нигаронӣ назар мекунанд. Аз сомонаи www.biobeauty.ru/ маълумотеро дастрас намудем, ки гуфтаҳои болоро тақвият медиҳад: “Пажӯҳишҳои олимони кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки истифодаи ботокс ба сифати маводи кашишдиҳандаи пӯсти рӯй барои чашмон ва майнаи сар хатар дорад. Соли 2012 дар натиҷаи ин гуна амалҳо 32 нафар нобино гаштанд. Дар чор нафари дигар зарари сахт дидани майнаи сар ва инсулт ба назар расид. Ҳамин тавр, ҳар сол қурбониҳои нав ба чашм мерасанд, аммо ин мавод аз ҷониби занон боз ҳам истифода мешавад. Онро дар клиникаҳои махсусгардонидашуда ва ҳатто дар хона низ, ки шароити хуб вуҷуд надорад, истифода мебаранд”. Ҷулиан де Силва, ҷарроҳи машҳури инглис оид ба амалҳои пластикӣ гуфтааст: «Таъсири манфии ботокс ҳамон вақт ба назар мерасад, ки маводи воридкардашуда ба раг - артерияи рӯй ворид шавад. Чунки ин артерия ба чашмҳо кислород медиҳад, агар ба он ботокс афтад, дар ин ҳолат, инсон аз қувваи биноиш маҳрум мегардад, инчунин метавонад ба инсулт гирифтор шавад, маводи мазкур имкони гузаштани кислородро ба майнаи сар маҳдуд менамояд. Ин ҳолат марговар аст ва ҳангоми гирифтор шудан ба он ҳатто табибон ҳам мадад расонида наметавонанд».

Бале, зебоӣ офаридаи хеле пурарзиши Худованд аст. Аммо дар зиндагӣ арзишҳое низ вуҷуд доранд, ки болотар аз ҳама меистанд ва яке аз ин гуна арзишҳо саломатӣ аст. Чуноне ки дар боло қайд намудем, мо бояд саломатӣ ва чеҳраи миллии тоҷиконаи худро ҳамеша ҳифз намоем ва бо мақсади зебоии сунъӣ ва муваққатиеро ба даст овардан, ин дуро дар хатар нагузорем. Агар ба ороишоти табиӣ рӯ оварему аз ботокси пурхатар даст бикашем, зебоӣ ва латофати занона доимӣ бо мо боқӣ хоҳад монд.

Бонувони гиромӣ, ҷавонӣ ва симои беназири тоҷиконаи худро эҳтиром гузоред, он гоҳ ба шаъну шараф, иззату эҳтиром ва саломатии шумо ягон хатаре таҳдид нахоҳад кард. Ҳанӯз ҳам ҳикмати байти маъруфе, ки миёни мардум солҳои зиёд шуҳрат дошт, қимати худро гум накардааст:

Сурати зебои зоҳир ҳеҷ нест,

Эй бародар, сирати зебо биёр.

Моҳсафари Яҳёзод