
Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун падидаҳои хатарзои иҷтимоӣ ба яке аз проблемаҳои ҷиддӣ ва хатарноктарини ҷаҳони муосир табдил ёфта, имрӯз дар адабиёти илмиву таҳқиқотӣ ба ҳайси вабои аср арзёбӣ мешаванд. Таъсир ва таҳдиди ин падидаҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ на камтар аз ҳар гуна ҷангу низоъҳои милӣ ва давлативу минтақавӣ мебошад. Ин падидаҳои номатлуб дар ченакҳои гуногуне, аз қабили тундгароӣ, хушунатхоҳӣ, ифротгароӣ ва ниҳоят терроризм (амали иртиҳобӣ) арзи ҳастӣ намуда, зинаҳои гуногуни як раванд ва идомаи марҳилавию силсилавии ягдигар мебошанд. Онҳо аз рӯи моҳият ва хусусияти худ зуҳуроти иҷтимоӣ қаламдод шуда, дорои сабабҳо, омилҳо ва заминаҳои мухталиф ҳастанд. Зинаи аз ҳама баландтарин ва охирини ин гуна зуҳурот анҷоми амали террористӣ (ирҳобӣ) мебошад, ки он марҳилаи амалисозии падидаҳои мазкур аз шакли ғоя ва ё назария ба амалия мебошад. Терроризми имрӯза, бо вуҷуди нигоҳ доштани умумиятҳои зиёде аз таърихи пайдоишу инкишофаш, боз ҳамчунин хусусиятҳои хосеро касб намудааст, ки ҷиҳати муқобилияту мубориза бо он, ба назар нагирифтани ин махсусиятҳо ва тибқи онҳо дар муқобилаш чораҷуӣ намудан, воситаи муассири пешгирӣ аз он шумор меравад.
Яке аз махсусиятҳои терроризми муосир, ки ангезаи диниро ба худ гирифтааст, ин худкушии инфиродӣ ва инчунин худкушии дастаҷамъона дар анҷоми амалҳои интиҳорӣ ва ҳамзамон суиистифода аз мафкураи диниву эътиқодии шаҳрвандон барои ташкили гурӯҳҳои террористиву ифротӣ мебошад. Мутаассифона, ҳам худи нафарони гумроҳшуда ва иҷрокунандагони ин амалҳо ва ҳам иддае аз муҳаққиқон терроризмро ба дин, алалхусус ба дини Ислом айнияту нисбат медиҳанд, ки хатои ҷиддӣ буда, шинохти асли масъаларо мушкилтару мураккабтар мегардонад. Вале, чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, Исломро бо терроризму экстремизм айният додан хатои маҳз буда, аз рӯи инсофу адолат нест, балки таҳрифи рӯирост аст. Ҳамзамон ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. «Дар ин робита, ман борҳо таъкид намудаам ва ҳоло бори дигар иброз менамоям, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд» (Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, 04.05.2018, ш. Душанбе).
Ҳамин тариқ, дар идомаи ин дастуру тавсияҳо муҳаққиқи илмҳои сиёсӣ Муҳаммад Абдураҳмон, дуруст қайд менамояд, ки «…хатарнокии ин зуҳуроти иҷтимоию сиёсиро ба назар гирифта, мо бояд аз таърихи онҳо иттилои кофӣ дошта, бо таври илмӣ сабабҳои сар задани онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем» (Маҳмадов А. Терроризм, омилҳои хатарзои муҳоҷират ва таъсири онҳо ба амнияти миллӣ / Терроризм ва ифротгароӣ – роҳҳои пешгирии он. Душанбе: «Маориф», 2015, саҳ.140). Инчунин, илова намудан лозим аст, ки падидаи тероризмро дар шакли томаш таҳқиқ намуда, робитаи онро бо дин ҳамчун ниҳод ва шакли шуури ҷамъиятии шаҳрвандон, ки бар эътиқод асос меёбад, омӯхтан лозим аст. Чун дар замони муосир терроризм, махсусан дар байни пайравони дини Ислом ба худ шаклу намоди динӣ мегирад, муайян намудани он, ки терроризм фақат хоси фарҳангу ҷомеаҳои мусулмонӣ аст ё не ва ё, ин ки оё робитаи терроризм бо дини Ислом робитаи ҷавҳарӣ аст ё чизи дигар, барои пешгирӣ аз ин падидаи иҷтимоӣ бағоят муҳим аст. Ҳамчунин, сабабу омилҳои дар амалҳои таррористӣ истифода шудани таълимоту ғояҳои исломӣ барои муайян нмудани асли масъала манфиатовар аст.
Таҳлилҳо дар ин самт нишон медиҳанд, ки террор ҳамчун амали зӯроварии иҷтимоӣ ва терроризм ҳамчун зуҳурот аз замонҳои қадим арзи ҳастӣ намуда, то ба имрӯз дар ҷомеаҳои инсонӣ вобаста ба рушди онҳо идома ёфтааст. Ин падида фақат хоси ҷомеа ва пайравони фарҳанги исломӣ набуда, дар дигар ҷомеаҳо низ дида шуда, ҳатто аз он ҳам зиёдтару хушунатомезтар вуҷуд доштааст. Куштор ва амали террористии сиёсӣ дар замони қадим низ вуҷуд дошт. Филипп-падари Искандари Макдуниро, дар Македонияи Юнони Қадим ҳанӯз пеш аз солшумори мелодӣ тавассути террор барои ҳокимият ба қатл расонида буданд. Дар ҷомеаҳои насронӣ ва дар таърихи насрониён низ амалҳои террористӣ ба таври фаровон дар тӯли таърих ба чашм мерасид. Аз ин падида ҷомеаҳои аз ҷиҳати маданияти сиёсӣ пешрафтаи Аврупо низ дар канор нестанд. Як нигоҳи сатҳӣ ба таърихи амалҳои террористӣ дар ин кишварҳо нишон медиҳад, ки ин гуна амалкардҳо аз ҷониби ашхоси гуногуну бо дидгоҳҳои иҷтимоӣ – миллигароӣ ва ҳатто эътиқодию динияшон содир шудаанд. Дар давоми солҳои 1965–1985 дар Аврупо тундгароёни миллатчӣ даҳҳо амалҳои террористиро бо усули куштор, қатл, таркиш, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ ва ғайраҳо ба анҷом расонидаанд. Ёдоварӣ аз ҳодиса ва таркиши байни роҳпаймоёни зидди фашистӣ дар шаҳри Брешиаи Италия моҳи майи соли 1974, одамрабоӣ ва баъди он қатли пешвои масеҳӣ ва демократ Алдо–Моро дар ҳамин кишвар моҳи марти соли 1978, таркиш дар вокзали Роҳи оҳани Болони Италия соли 1980, таркиш дар майдони Фронкез Тевени Ню–Йорки Амрико, ки кушташудагон ва маҷрӯҳони зиёдро боқӣ гузошт, силсилаамалҳои террористӣ дар шаҳри Москва моҳи январи соли 1977 аз тарафи аъзоёни «Иттиҳодияи миллии ҳизби Арманистон», таркиш дар истгоҳи мусофиркашонии Лондон аз тарафи аъзоёни «Артиши ҷумҳуриявии Ирландия» моҳи феврали соли 1993 (ин ташкилот даҳҳо амалҳои дигари террористиро дар Британия ба анҷом расонидааст), таркиш аз тарафи миллатгаро Тимоти Маквей дар Оклохама–Ситии Амрико моҳи апрели соли 1995, амали террористӣ бо истифодаи маводи кимиёвии заррин ва заман дар метрои шаҳри Токио аз тарафи ҷамъияти динии Аум Синрикёи Япония соли 1987, амали терористӣ ва куштори 77 нафар ва маҷрӯҳ гардидани 151 нафар ҷавонон дар Нидерландия аз тарафи миллатчии террористи ростгаро Брейвик А. моҳи июли соли 2011 ва ғайраҳо аз доманаи васеи ин падида дар ҷомеаҳои мухталиф новобаста аз замон, макон ва дину фарҳангашон гувоҳӣ медиҳад.
Аммо дар замони муосир ин зуҳурот дар байни пайравони дини Ислом зиёдтар реша давонида, ба худ рангу намоди диниро гирифтааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва худи равшанфикрони мусулмонро низ нигарон намудааст. Яъне таҳқиқоти гуногунсоҳа собит месозанд, ки як худи омил ва заминаи ҷаҳонбинии эътиқодии исломӣ дар танҳоӣ сабаби аслии ташаккулёбии ангезаи ифротиву террористӣ шуда наметавонад. Дар баробари заминаҳои эътиқодиву динбоварӣ, инчунин омилҳои зиёде, чун омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, геополитикӣ, камбизоатӣ, бекорӣ, паст будани сатҳи маърифати ҷавонону шаҳрвандон, муҳоҷирати нодурусти меҳнатӣ, набудани назорати солими оила ва падару модар, ташвиқу тарғиб ва мағзшӯии намояндагони ҳаракатҳои ифротӣ, хоҳиши худозмоӣ ва дар гирудорҳои низомиву задухӯрдҳо иштирок намудану ғайраҳо дар якҷоягӣ ба ташаккулёбии ин зуҳурот мусоидат карда, сабаби ҷалби шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротиву террористӣ мешаванд. Вале, ба назар мерасад, ки дар ин самт бесаводию ноогоҳии ҷавонон ҳам аз илмҳои дунявӣ ва ҳам аз донишҳои динӣ, ки асоси ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои эътиқодии онҳоро ташкил медиҳад, омили ҷиддие мебошад. Заминаи диндории таассубонаву хурофотӣ воситаи осони ба доми мубаллиғони ин ҳаракатҳо афтодани ҷавонони ноогоҳи зеҳнияташон ташаккулнаёфта мегардад. Дар ин роҳ мубаллиғони номбурда аз ҷанбаҳои равониву мағзшӯӣ низ, ки дар дин ҷойгоҳи устувор доранд, моҳирона истифода мебаранд.
Мутаассифона, аксаран дар мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фақат аз неруи интизомӣ ва воситаи қудрат истифода мешавад. Зикр намудан лозим аст, ки гарчи бе истифодаи неруи қудратӣ муборизаи босамар бо чунин падида ғайриимкон аст, вале муқовимат бо зуҳуроти ифротгароиву терроризм ва намояндагони онҳо фақат вазифаи ниҳодҳои давлативу қудратӣ нест. Вале воситаи муассири муқовимат бо ин гуна зуҳурот пеш аз ҳама дар зинаҳои аввали пайдоиши тундггароӣ аз олудашавии мафкура, зеҳниятҳои ҷавонону қишри осебпазири ҷомеа роҳандозӣ ва пешгирӣ бояд шавад. Бар муқобили ақида ё ғоя сараввал тавассути худи ақида ва ғоя мубориза бояд бурд.
Барои афроде, ки ба боварҳои эътиқодии худ такя намуда, ба роҳи ифроту хушунат мераванд, бисёр муҳим аст дарк намоянд, ки анҷоми амали интиҳорӣ, ирҳоб (террористӣ), куштор, хунрезӣ ва ғайра дар ҳама динҳо, аз ҷумла дар дини Ислом бештар манъ шудааст ва Ислом дар асли таълимоташ ин гуна амалҳоро рад ва маҳкум месозад. Ин асл дар сарчашмаҳои исломӣ, дар ояҳои қуръонӣ, дар аҳодиси набавӣ ва дар тафсирҳо низ кушоду равшан омадааст. Дар ин сарчашмаҳо ба истиснои баъзе ҳолатҳое, ки вобаста бо контексти таърихии даврони Пайғамбар (с) барои худдифоияшон ба мусулмонон иҷозати муқовимату набард ва ҷанг дода шудааст, дигар дар тамоми маврид қатлу куштори инсон манъ аст. Ин нуктаҳо дар илоҳиётшиносии исломӣ аҳкоми «тафсири танзил», яъне ба назар гирифтани вазъ ва шароити нозил шудани оят ва дар қисмати илми диншиносии илмӣ бошад, усули герменевтика–маънидодкуни (экзегетика)-и матни динӣ тавассути ба контексти таърихии он ворид шуданро талаб менамоянд. Дар онҳо куштани як муъмини бегуноҳ баробари куштани тамоми башарият ва наҷоти як инсон чун наҷоти тамоми инсоният маънидод мешавад: «…ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод (яъне: роҳзанӣ ва муртад шудан) дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад; ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад» (сураи Моида, ояти 32).
Инчунин, худкушии огоҳона ва ё маргталабона барои мақсадҳои муайян ва ё супоришӣ, ки хоси терроризми муосир дар байни мусулмонони неофит (афроди ба тозагӣ рӯбадиноварда) гаштааст, ба асли таълимоти исломӣ куллан зид аст. Ислом таҳти ҳеҷ шароите ба инсон иҷозаи худкушӣ намедиҳад: «…Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ ки Худо ба шумо Меҳрубон аст. Ва ҳар ки ба бедодӣ ва ситам чунин кунад, ӯро ба дӯзах дарорем; ва ин (кор) бар Худо осон аст» (сураи Нисо, оёти 29-30). Дар таълимоти ҳама мазҳабҳои исломӣ ва махсусан дар мазҳаби ҳанафӣ, худкушӣ аз гуноҳони кабира ҳисоб шуда, ҳатто ҷаноза кардани шахси худкуш қобили қабул нест. Дар ҳадисҳои саҳеҳ омадааст, ки ҳар касе, ки дар дунё худро бо чизе бикушад бо ҳамон чиз дар қиёмат азоб дода хоҳад шуд. Вале террористони маргталаб бо фатвои иддае аз мутаассибони ифротӣ на танҳо бо қатли афроди бегуноҳ, балки бо қатли огоҳона ва худкушӣ, гӯё барои хеш дар он дунё биҳишти абадиро пайдо кардан мехоҳанд.
Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки асли таълимоти исломӣ ба амали террористӣ ва куштори инсонҳо на ин ки умумият надорад, балки ин гуна амалҳоро ба таври сареҳ ва равшан маҳкум менамояд. Дар чунин шароит омодасозӣ ва нашри адабиёту дастурҳое, ки зид будани Исломро бо амалҳои террористӣ собит месозанд, хеле зарур аст ва ин метавонад ҳам барои хоҳишмандон, ҳам барои намояндагони дин дар баромаду мавъизаашон ва ҳам барои омӯзгорони макотиби миёнаву олӣ, ки дар он ҷо мавзӯи машғулияти дарсии «Диншиносӣ» ва «Таърихи дин» ҷорӣ шудааст, маводи хубе бошад. Ҳамзамон, таълифи чунин дастурҳо барои пешгирии ғояҳои ифротӣ аз олудашавии мафкураи эътиқодмандон ва махсусан ҷавонони динбовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам хеле муҳим аст.
Дар ин ҷо лозим аст дар бораи баъзе вижагиҳои ифротгароӣ ва ҳаракатҳои хусусияти экстремистиву террористидошта дар фазои динии Тоҷикистон ва дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваққуф намуда, махсусият ва шеваи онҳоро равшан созем. Муҳити динӣ аз фазоҳои хеле ҳассос ва фарогири ҷомеаву ҳаёти маънавии аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба шумор меравад. Тайи солҳои охир пайдо шудани равияву ғояҳои ақидавии гуногун, ки сари масоили мухталифе бо Исломи суннатии минтақа ба баҳс ва ихтилоф пардохтанд, аз осебпазирӣ ва майдони бархурди ғояву андешаҳои гуногуни ақидавӣ будани ин фазо дарак медиҳад. Пайдоиши ТЭТ ҲНИ дар солҳои аввали замони истиқлолият ва тавассути террору зӯроварӣ кӯшиши ба даст овардани ҳокимият аз тарафи ин ҳизб нишонаи равшани густариши падидаҳои экстремистиву террористӣ дар минтақа буд.
Инчунин, дигар нишонаи зуҳури равияҳои ифротгаро дар ин фазо пайдоиши равияи навбаромади салафия дар солҳои 2005–ум ва баъди он буд. Салафигароиро то андозае агар идомаи шаклӣ ва мафкуравии ваҳҳобия маънидод кардан мумкин бошад, инчунин он бо баъзе нишонаҳояш аз ҳаракатҳои "Ҷамоати таблиғ", "Ҳизбу-т-таҳрир", "Ансоруллоҳ" ва ғайраҳо фарқ мекунад. Дар мавриди хусусият ва асли моҳияти салафигароӣ ҳанӯз пештар ҳам корҳои таҳлилӣ–таҳқиқотӣ гузаронида шуда, паҳлуҳои асосии ин падида муайян шуда буданд. Масалан, муҳаққиқи исломшиноси рус З.И. Левин дар кори таҳқиқотияш «Ислоҳот дар Ислом: шуданӣ ё шуданӣ нест?» дар ин маврид андешаашро баён намуда, салафигароиро як кӯшиши ба Исломи ибтидоӣ (фундаменталистӣ) баргаштан маънидод намудааст. Ӯ дар ин хусус зикр менамояд, ки салафигароӣ аз ҳамон андешаҳои бунёдгароии исломӣ илҳом гирифтаву об мехӯрад (Левин З.И. Реформа в исламе: быть или не быть? Москва, «Крафт+», 2005, стр.18). Вале ин падида дар муҳитҳои гуногун бо шаклу шеваҳои ба худ хос баромад мекунад. Дар фазои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон салафигароӣ чун кӯшиши ошно намудани эътиқодмандон ба Исломи асил, ки аз инҳирофу бидъат онҳоро гӯё ҳифз мекарда бошад, баромад мекард. Қайд намудан лозим аст, ки салафигароӣ гарчи дар ибтидо моҳияти аслии худро ошкор насозад ҳам, хатараш ба муҳити иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳамчунин суботи ҷомеа на камтар аз ҳар гуна ҳаракатҳои характери сиёсӣ доштаи ифротӣ мебошад. Аз ин рӯ, таҳлил ва таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни ин падида, аз он ҷумла заминаҳои пайдоиш, густариш ва шеваи фаъолияти пайравонаш ҷиҳати пешгирӣ намудан аз он, барои ҷомеаҳои мусалмоннишини Осиёи Марказӣ хеле муҳим ба шумор меравад.
Ба таври умум, салафигароӣ ва намояндагони ҳаракати салафия чун дигар ҳаракатҳои мазҳабӣ фаъолияташонро зери ниқоби баланд бардоштани маърифати динии эътиқодмандон шурӯъ намуда, онро бо усул ва шеваи ғайрианъанавӣ ба роҳ мемонанд. Адабиёт ва сарчашмаҳои милливу ватанӣ, инчунин мазҳабии суннатии минтақаро ғайриқобили қабул ва беэътимод ба қалам медиҳанд. Ба таълимот ва андешаҳои ақидавии рӯҳониёни суннатӣ ба таври ревазионистӣ муносибат менамоянд. Муҳит ва сатҳи диндории минтақаро аз назари худ гӯё бо меъёри исломӣ нокомилу ташаккулнаёфта арзёбӣ менамоянд. Омилҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва миллиро, ки дар ташаккулёбии зеҳнияти мазҳабии мардуми мо нақш ва ҷойгоҳ доранд, инкор ва рад менамоянд. Ба таври кулл, фаъолияти ин гурӯҳҳоро як намуд аз сари нав исломикунонии (дар истилоҳи илмии русӣ – реисламизация) аҳолии минтақа бар асоси фарҳанг ва муҳити арабӣ маънидод кардан мумкин аст. Муҳаққиқони тоҷик Қ. Нурулҳақов ва Виркан М. дар таҳқиқоташон нисбати салафияи муосир зикр менамоянд, ки он бештар ҳадафҳои паҳн намудани фарҳанг, хусусиятҳо ва арзишҳои арабиро барои кишварҳои дигар дар пай дорад (Нурулҳақов Қ., Виркан М. Салафия ва ҷанбаҳои ақидатию сиёсии он. //Маҷаллаи Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 2014. 3 4 (139), саҳ.149). Вале чун ба низоми ақидавӣ, шеваи фаъолият ва ҳадафҳои онҳо ҳаматарафа шинос шавем, маълум мешавад, ки онҳо аз вижагиҳои андеша ва ақидаи мазҳабии мардуми минтақа ноогоҳ ҳастанд ва хоҳишашон на танҳо ғаризаҳои диниву эътиқодӣ, балки тавассути фазои мазҳабӣ ба муҳити фарҳангӣ, сипас ба муҳити иҷтимоӣ-сиёсии кишвар ва ҷомеа роҳ ёфтан мебошад. Ин гурӯҳ ва пайравони онҳо шиори худро бозгаштан ба Исломи ноб, ки дар сурати пайравӣ намудан аз "салафи солеҳ" амалӣ мешавад, қарор додаанд ва масоили шаръиву ҳуқуқии ҳаёти диниро дар низоми бемазҳабӣ ва ё яккамазҳабии ҳанбалӣ дидан мехоҳанд.
Шеваи фаъолияти онҳо аввал аз эрод гирифтан ва ислоҳу дигаргун намудани баъзе ҷузъиёти фароизи динӣ, ки фуруъи дин ҳисоб мешаванд, ибтидо гирифта, оҳиста–оҳиста баҳсро ба масоили куллӣ ва усулии таълимоти динӣ бармекашанд. Сараввал, ихтилофи назарии онҳо бо тарзи иҷроиши баъзе аз фароизии кӯчаки динии суннатии мо, аз қабили баланд ё паст гуфтани омин ҳангоми намоз, кушоду ҷафс мондани пойҳо дар намоз, бардоштани дастҳо дар вақти гуфтани такбир ва ғайраҳо шурӯъ шуда, дар ниҳоят тамоми усули фароизи динии эътиқодмандонро зери шубҳа мекашанд. Чунин амал дар оянда роҳро барои матраҳ намудани масоили дигари шубҳабарангези эътиқодӣ ва назарӣ барои онҳо мекушояд. Инчунин, баргузории бисёр оину маросими диниву мазҳабии мардумро, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷузъи ҳаёти диниву иҷтимоии онҳо гаштаанд, аз қабили зиёрати қабристон, қироати сураи Қуръон дар хонаи фавтида, хондани сураи Қуръон дар болои қабр, фотеҳа ё дуои шукрона хондан баъди ғизохӯрӣ ва ғайраҳоро рад намуда, иҷроиши онҳоро аз тарафи ҳар мусулмон чун куфр маънидод мекунанд.
Аз ин нигоҳ, пайдоиш ва густариш ёфтани ҷунбиши салафигароӣ дар байни эътиқодмандон ва дар фазои динӣ-мазҳабии ҷомеаи Тоҷикистон чӣ пайомад ва оқибатеро метавонад ба бор биёрад? Аввалан, дар як ҷомеаи суннатии анъанавӣ чун Тоҷикистон, ки андешаи динӣ дар ҳаёти рӯзмарраи сокинони он то ҳанӯз муассир мебошад, паҳншавии ин гуна ҳаракат метавонад, мувозинати ақидатию идеологиро вайрон намуда, заминаро барои ихтилофҳои оянда, аз он ҷумла ихтилофҳои иҷтимоию сиёсӣ фароҳам созад. Сониян, зуҳур ва паҳншавии ин ҷунбиши ақидавӣ мубориза ва рақобати дохили динро барои тақсим ва густариши доираи нуфузи рӯҳониёни маъруф, мулло ва муллоҳои навбаромад, ходимони гуногуни дин, ки дар байни диндорон мавқеи гуногун доранд ва ғайраҳо ба нуқтаи аълояш расонида, дар ин муҳит боиси пайдо шудани гурӯҳу ҳалқаҳои нави ақидатӣ мешавад. Мусаллам аст, ки ин гурӯҳу ҳалқаҳои навбаромад дар самти ҷалб намудани пайравону ҷонибдорони тозаи худ аз хеҷ гуна даргирӣ ва рақобат рӯй намегардонанд. Онҳо пеш аз ҳама рақиби аслии худро дар симои рӯҳониёни суннатии минтақа, ки пойбанди ақоиди мазҳаби ҳанафӣ ва каломи Мотуридӣ мебошанд, мебинанд ва муборизаи ғоявии худро ба онҳо чун мухотаб бо ҳарифи потенсиалӣ қарор медиҳанд.
Ҳамзамон, муносибати пайравони ҷунбиши салафӣ бо намояндагони дигар мазҳаби анъанавии ҷомеаи тоҷик, ки таърихан ҷузъи муҳити ҳам динӣ ва ҳам фарҳангии миллат аст, яъне шохаи исмоилияи ташайюъ тамоман ғайри қобили қабул ва ғайритаҳаммул мебошад.
Солисан, гурӯҳҳои салафӣ бо ин шеваи амалу фаъолияташон андеша ва тафаккури ҷовонони нохудогоҳро вайрон намуда, воситаи ҷалби онҳо ба ҳаракату созмонҳои ифротию экстремистии ҷаҳони муосир мегарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷовонони тоҷик, ки ба ин ҳаракатҳои ифротӣ шомил шудаанд, дар заминаи ду ғаризаи асосӣ ба ин амал даст задаанд: якум ғариза ва хостаҳои иқтисодию молӣ, дувум ғаризаи имонию эътиқодӣ, ки бар ақоиди ҷиҳодии салафӣ такя мекунад. Ҳамчунин, зикр намудан ба маврид аст, ки доираи фаъолият ва ҷалби пайравону ихлосмандонашонро гурӯҳҳои салафии ҳозира аксари вақт маҳз аз байни ҷавонон ҷӯё мешаванд. Зеро ҷавонон дорои қувваю неруи тоза ва ҳамеша ба чизи нав рағбату таваҷҷуҳ доранд ва бо эҳсосҳои эътиқодию имонии онҳо бозӣ кардан осонтар мебошад.
Пас, омӯхтани заминаҳои пайдоиш ва шеваю фаъолияти ҳомилони ин гуна ҳаракатҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани онҳо барои ҷомеа зарур мебошад. Заминаи аслии зуҳури ин гуна ҳаракату ҷунбишҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз он ҷумла Тоҷикистон, пеш аз ҳама фазои ақидавию мазҳабӣ бо мушкилоту хусусиятҳои хоси худаш мебошад. Бархурдҳои ақидавӣ дар дохили фазои динӣ ҳанӯз аз замони фурӯпошии идеологияи коммунистӣ ва пайдошавии халои мафкуравӣ дар ин минтақа шурӯъ шуда буд. Ба таври лозима ташаккул наёфтани худшиносии миллӣ дар сатҳи ҷомеа, ҳамчунин надоштани худшиносии динӣ дар байни эътиқодмандон, адами эҳсоси манфиатҳои давлатӣ, масъулияти иҷитимоӣ, таассуби хурофотӣ, густариш ёфтани архаизми динӣ, маҳалгароӣ ва ғайраҳо мушкилоти ин фазоро боз ҳам печидатар мегардонад. Тайи солҳои истиқлолият ва дастовардҳои муҳими он фазои динӣ ҳам то андозае тағйир ёфта, ба арзишҳои милливу давлатӣ роҳи қаробат ва наздикшавиро ҷӯё шуд. Шуури динии шаҳрвандон ҳам таҳаввул намуда, акнун шаҳрванд дар нисбати солҳои 90-уми қарни гузашта ба осонӣ метавонад мавъизаи диниро аз ғариза ва даъватҳои сиёсӣ фарқ намояд. Вале ба вуҷуди ин ҳама, сатҳи тафаккури диниву мазҳабӣ то ба ҳанӯз ҷавобгӯи манофеи миллӣ нагаштааст ва дар бисёр маврид он бо арзишҳои миллӣ ба рақобат ва мухолифати рӯирост мепардозад. Айни замон, густариш ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ ва воситаҳои иттилоотии он аз тарафи чунин ҳаракату созмонҳои ифротӣ хеле устокорона мавриди суиистифода қарор меёбанд. Сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари минбару масҷид ба воситаи муҳими тарғибу ташвиқи ақоиди диниву мазҳабӣ ва аз он ҷумла ғояҳои бегонаи динӣ табдил меёбанд. Зери таъсири ин омилҳо шуури динӣ баъзе хусусиятҳои фаромазҳабиву фаромиллиро ба худ касб намуда истодааст, ки ин барои ҷомеаи мо пайомади хуб надорад. Дар баробари ин, раванди муҳоҷират ҳам ба таҳаввулёбии тафаккури динӣ ва дар он фаъол гаштани андешаҳои салафигароӣ мусоидат менамояд. Салафия ва ҳаракати салафигароӣ баъди аз тарафи қонунгузории Ҷумҳуриии Тоҷикистон манъ шудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани иддае аз мубаллиғону пештозони он фаъолияти густардаи худро ба байни муҳоҷирони меҳнатӣ интиқол дод. Маҳз дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки қишри хеле ҳассоси ҷомеаи мо ба шумор мераванд, фаъолияту таблиғоти гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ, аз он ҷумла салафӣ, имрӯз зиёдтар ба назар мерасанд. Онҳо пеш аз ҳама аз надоштани маърифати дунявӣ ва динии ин қишри иҷтимоӣ суиистифода менамоянд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Чунин вазъият далолат ба он мекунад, ки пайдоиш ва паҳншавии ҳаракату равияҳои ифротиву террористӣ ва ба сафи онҳо пайвастани ҷавонон аз сабабу омилҳои гуногун, аз он ҷумла омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ низ вобаста аст. Аз ин рӯ, ҷиҳати пешгирӣ намудани ин равияҳои номатлуб омӯхтан ва якҷоя ҳал намудани ҳамаи ин масоили мавҷуда аҳамияти хосса дорад.
Ғаффор Мирзоев,
доктори илмҳои фалсафа,
мудири кафедраи фалсафаи
назди Раёсати АМИТ