НАҚШИ МЕРОСИ ИЛМИИ АБУЛАЙСИ САМАРҚАНДӢ ДАР РУШДИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ

Нашр шуд korbar - сб, 11/26/2022 - 12:04

Наср ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Хаттоби Самарқанди Тусии Балхӣ (бархе мегӯянд, Наср ибни Муҳаммад ибни Аҳмад (ё Муҳаммад) ибни Иброҳими Самарқандӣ) бо лақаби «Ал-Фаеҳ» маъруф мебошад ва ба дараҷаи фиқҳие расидааст, ки ҳеҷ яке аз ҳамзамонаш бо ӯ баробар набудааст.

Абулайс пас аз он ки асари «Танбеҳу-л- ғофилин»-ро тамом кард, онро болои суфраи Паёмбар (с) гузошт. Дишаб пайғамбарамонро дар хоб дидам, чун китобро ба даст гирифт, гуфт: «Китоби худро бигир, эй фақеҳ». Вақте ки ӯ аз хоб бедор шуд, дар китоб изи дастонаш буданд. Барои ҳамин Самарқандӣ ин лақаб, яъне «Ал-Фақеҳ»-ро дӯст медошт.

Абумансури Мотуридӣ бо лақаби «Имом-ал-Ҳудо» низ шинохта шудааст. Соли таваллуди Абулайс ба таври дақиқ маълум нест. Таърихнигорон соли таваллуди ӯро ба солҳои 301-310 ҳиҷрӣ тахмин мезананд. Дар бораи марги ӯ низ манобеъ иттилои мухталиф доранд. Довудӣ дар асари худ «Табақот-ул-муфассирин» гуфтааст, ки ин шахс шаби 11 ҷумодуиюл-аввал, соли 393 ҳиҷрӣ даргузашт. Дар асари «Табақот ас-сунния фӣ тароҷим ал-ҳанафия» дар 3-юми 383 омадааст.

Дар «Тоҷу-т-тарҷим» соли 375 ҳиҷрӣ омадааст.

Дар «Ҷавоҳир-ул-мазия» дар 3-юми 373 омадааст.

Дар «Кашф-уз-зунун» Ҳоҷӣ Халифа мегӯяд, ки Абулайс дар яке аз солҳои 376 ё 383 ё 393 ҳиҷрӣ вафот кардааст.

Дар «Таърихи ат-Тиросу-л-арабӣ» гуфта мешавад, ки ӯ соли 373 вафот кардааст, аммо рақамҳои 375 ва 393 низ ба чашм мерасанд.

Дар «Муъҷам ал-муаллифин» гуфта мешавад, ки соли 393 вафот кардааст.

Дар «Навозил» гуфта мешавад, ки дар синни 55-солагӣ шаби 11-уми Ҷумоду-л-ахир соли 396-и ҳиҷрӣ даргузашт.

Дар китобҳои тарҷумаи ҳол дар бораи оилаи ин мард чизе гуфта нашудааст, шояд аз он бошад, ки дар хонаводаи онҳо ба ҷуз падар ва худи ӯ шахсияти маъруфе нагузашта бошад.

Аввалин муаллими ӯ падараш Муҳаммад ибни Иброҳими Тусӣ буд. Бисёре аз гуфтаҳои ӯ пас аз ибораи «Падарам ба ман гуфт» дар «Баҳрул улум» омадааст. Ва онҳое, ки дар айёми ҷавонӣ ба Абулайс таълим медоданд.

Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Умар Ҳиндувони Балхӣ (вафот 362 ҳиҷрӣ).

Мухаммад ибни Ақили Балхи ва Абубакр Мухаммад ибни Абусаид аз ҷумлаи устодони у будаанд.

Ал-Халил ибни Аҳмад ал-Қози ас-Сиҷзӣ (289-378 ҳ.) – қозии Самарқанд. Ӯ лақаби Имом, Қозӣ ва Шайхи Ҳанафӣ дошт. Аз Абулқосими Бағовӣ, Яҳё ибни Саид, Ибни Хузайма, Абул-аббоси Сироҷ, Муҳаммад ибни Иброҳими Диблии Маккӣ, Ибни Ҷусо ва дигарон илм омӯхтааст.

Ҳаким, Абуяъқуб Исҳоқ Қурроб, Абдулваҳҳоб ибни Муҳаммади Хаттобӣ, Ҷаъфари Мустағфирӣ, Абузар Ҳировӣ ва дигарон аз ӯ ривоят кардаанд.

Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Фазл ибни Аббоси Балхи.

Шогирдони машҳур у.

Луқмон ибни Ҳакими Фарғонӣ.

Нуайм-хатиби Абумолик

Мухаммад ибни Абдуррахмони Зубайрй.

Аҳмад ибни Муҳаммад Абусаҳл.

Тоҳир ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Наср Абуабдуллоҳи Ҳаддодӣ.

Мероси бузурги илмии олим дар асарҳои библиографи инъикос ёфтааст. Асарҳо ва эчодиёти у, ки то имруз боқи мондаанд, факеҳ будани уро исбот мекунанд. Ин осор бар пояи тафсир, фиқҳ, ҳадис ва зуҳд таҳия шуда, тамоми бахшҳои илми исломиро фаро гирифта, дар саросари ҷаҳони ислом паҳн шудаанд. Сарчашмаҳо зикр мекунанд, ки осори Абулайс ҳам мисли осори бисёре аз олимони дигар аз ҷониби шогирдонаш гирдовари шуда, ба шакли китоб тарҷума шудааст.

Тибқи маълумоти қаблӣ теъдоди осори олим камтар аз даҳ адад аст. Аз ҷумлаи онҳо асосан «Тафсир», «Ан-Навозили фил-фуруъ», «Ҳизонату-л-фиқҳ», «Уюну-л-масоил», «Ал-Мукаддима фис-салат», «Танбиҳу-л-ғофилин», «Бустону-л-орифин». Ин маълумот шояд натичаи он бошад, ки муаллифони асарҳои тарҷумашуда ба осори маъмултарини олим эътибор додаанд. Ин аст, ки шумораи онҳо дар натиҷаи тадқиқоти охирин зиёд шудааст.

Тибқи пажӯҳишҳои охир 41 номгӯи осори олим нашр шудааст. 24-тои онҳоро Фуат Сезгин муаррих, профессор дар университети Франкфурти Олмон ва Карл Брокелман шарқшиноси Олмони доценти университети Берлин Олмон (таърихи адабиёти араб) дар Хазинаи чаҳонии дастхатхо зикр кардаанд. Даҳ асар аз ҳабдаҳ асари боқимонда; Ҳасрул-масоили фил-фуруъ, Минҳоҷул-ибод, Мабсут, Шарҳул-ҷомеъу- ас-сағир, Мукаддима фил-фиқҳ, Рисола фил-имон мебошанд. . Мо намедонем, ки Китоб ан-наводир, Фазоили Рамазон, Умдатул-ақоид ва Усул-уд-дин боқи мондаанд. Аз ҳафт асари боқимонда дутоаш Тафсири Ҷуз Амма дар китобхонаи Вазорати вақфҳои Ироқ шумораи 3528 ва Муқаддима фил-кабоир вас-сағоир дар китобхонаи Бунёди Ироқ рақами 764/8 мебошанд. Панҷ асари боқимонда –Сабиёт, Фит-таҳорати вас-салот, Фазл-ул-муаллимин, Рисола фақеҳ Абулайс, Рисола фи фарзияти-с-салот дар фонди дастхатҳои Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунӣ маҳфузанд.

Дар зер тавсифи мухтасари осори Абулайси Самарқанди оварда шудааст.

1. Тафсири «Баҳр-ул-улум». 3 нусхаи ин тафсир ҳифз шудааст. Ду нусха дар китобхонаҳои Республикаи Мисри Араб ва як нусха дар китобхонаи Эдинбург пойтахти Шотландия маҳфузанд. Ин асари сеҷилда аз ҷониби доктор Муҳаммад Муоввоз, Аҳмад Абдулмавҷуд ва Абдулмаҷид ал-Нутий дар Донишгоҳи Ал-Азҳари Ҷумҳурии Арабии Миср пажӯҳиш шуда, соли 1993 дар Бейрут нашр шудааст.

Маҳмуд Ҳусайни Заҳабӣ дар бораи «Баҳрул-улум»-и Самарқандӣ дар асари худ «ат-тафсири вал-муфассирун» менависад: «Ман ин тафсирро борҳо хондаам, дар як боб муаллиф ҳангоме,ки аз олимони салаф ривоят мекард дар баробари зикри фазилати онҳо, мардумро ба омӯзиши илми тафсир даъват мекунад. Сипас изҳор дошт, ки бидуни донистани забони арабӣ ва сабабҳои нозил шудани оятҳо тафсири оятҳо ғайриимкон аст.

Дар анои тафсир на танҳо бо ақидаи худ, балки суханони уламои салафро низ зикр мекунад. «Агар шахсе забони арабӣ ва сабабҳои нузули оятро надонад, бояд тафсирро омӯзад, кӯшиш кунад, ки онро азёд кунад ва шояд донишманд онро дар шакли қисса баён кунад». Муфассир аз гуфтаҳои уламои салаф, саҳобаҳо ва тобеин иқтибос меорад.

Дар баъзе мавридҳо ба қироат эътироз мекунад ва гоҳе ба забон ишора мекунад. Агар як ояти Қуръон ояти дигарро шарҳ диҳад, Қуръонро бо Қуръон тафсир мекунад. Дар баъзе ҷойҳои душвор у ба талаба савол медихад ва баъд ба он ҷавоб медихад. Онҳоеро, ки дар Қуръон ихтилофу тазодҳо мепиндоранд, рад мекунад ва шакҳои онҳоро аз байн мебарад. Китоб маълумоти хеле нодирро дарбар мегирад. Дар он муфассир тафсири ривоят ва тафсири ақлро дар як ҷо гирд оварда, ба ҷанбаи ривоятӣ аз ҷиҳати фикрӣ авлавият додааст. Аз ин рӯ, мо ин тафсирро тафсири сарчашма мешуморем.

«Хизонатул-фиқҳ». Дар ин асар таърифи мухтасари фиқҳи мусулмонӣ аз рӯи ривоятҳои мазҳаби ҳанафи оварда шудааст. Асар ба 42 китоби мустақил ва зиёда аз 100 боб тақсим шудааст. Кор бо Китоби масъалаҳои таҳорат оғоз шуда, бо Китоби васиятҳо анҷом меёбад. Ду нусхаи дастнависи «Хизонатул-фиқҳ» дар солҳои 1467 ва 1814 нусхабардорӣ шуда, чоп карда шудааст.

3. Ан-Навозил фил-фуруъ (Фатвоҳо дар фиқҳи исломӣ). Асарро Ан-Навозил фил-фатово низ меноманд. Маҷмӯаи фатвоҳо дар бораи мазҳаби ҳанафӣ.

4. Ал-Фатово (фатвоҳо).

5. Ал-фатово мин ақовил-ул-машоих (Фатвоҳо аз гуфтаҳои уламо).

6. «Китоб мухталиф-ул- Ақовил (ихтилофҳои фиқҳии мазҳаби).

7. Ал-Мукаддима фи-с-салот» (Муқаддимаи намоз). Дар асар масъалаҳои муҳим барои касоне, ки ба намоз медароянд, ҷамъбаст шудааст.

8. Китоб баён ақоид ал-усул ((Китоби шарҳи асосҳои дин). Ин асар ба масъалахои эътиқод бахшида шудааст.

9. Танбиҳул-ғофилин (Ин асари таълими аст, ки аз ҳадисҳои зиёд истифода шудааст).

10. Бустону-л-орифин (ба мавзуи ахлоқу одоб бахшида шудааст).

11. Китоб-ул- асрор-ул-ваҳй (китоби асрори ваҳй). дар бораи ваҳйи Муҳаммад, (С) бахусус дар бораи достони Меъроҷ ҳиқоят мекунад.

12. Китаб қурратул-ъуюн ва муфаррихул-қалб ул-маҳзун.

13. Ъуйуну-л-масоил» (Манбаҳои масъалаҳои ҳуқуқӣ). Асар оид ба фиқҳ, ки андешаҳои Абуҳанифа ва пайравони ӯро ҷамъбаст мекунад, бахшида шудааст.

15. Шарҳ фиқҳ-ул-акбар» (Тафсири фикҳи акбар). Шарҳи осори Абу Ҳанифа Нуъмон ибни Собит дар масъалаҳои ақида.

16. Дақойқ-ал-ахборфизикрал-ҷанативан-нор.

17. Усул-ал-фиқҳ.

18. Шаръ- аль-Ислам (Ҳуқуқӣ исломӣ).

19. Ал-Маъориф –фи- шарҳ- ас-саҳоиф.

20. Таъсис ан-назар ал-мухталаф байна асҳаб- аль-фиқҳ.

21. Ал-Маърифаҳ вал-иман.

22. Фил-ҳикам (Ҳикматҳо).

23. Қуту-н-нафс фи маърифатил- ал-аркон ал-хамс.

24.Туҳфату-л-анам фи маноқиб ал-аимма ал-арбаъа ал-алам.

25. Ал-Латойф ал-Мустахраҷа мин саҳеҳ ал-Бухари.

26. Фил-фиқҳ.

27. Рисола фил-иман (рисола дар бораи имон).

28. Муқаддимаи Фиқҳ.

29. Китоб ан-наводир (Китоби вожаҳои нодир).

30. Ҳаср ал-масоил фил-фуруъ.

31. Манҳаҷ-ул-ъибод.

32. Мабсут фил- фуруъ фиқҳ ҳанафия.

33. Шарҳ ал-Ҷомеъ –ул-Кабир, Шарҳ ал-Ҷомеъ -ус-Сағир.

34. Фазоил Рамазон.

35. Ъумдату –ль-ақоид.

36. Усул ад-дин.

37. Тафсир ҷузъу-л- ъамма.

38. Муқаддима фил-кабоир ва-с-сағоир.

39. Фи-таҳарати ва-с-салат.

40. «Фазлу- л-Муаллим».

41. Рисала-ал- фақеҳ Абу-л-Лайс.

42. Рисола фи фарзияти-с-салат.

Умуман, осори олим дар асоси осори фиқҳи, тафсир ва мавъиза аст. Ҳарчанд маҷмӯаи ҳадис надошта бошад ҳам, дар таълифоти худ аз ҳадис фаровон истифода кардааст. Шояд ба татбиқи амалии ҳадис такя карда, аз онҳо дар баёни маънии Қуръон, дар мавъизаҳои тарбиявӣ ва ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ истифода кардааст.

Олим дар осори фиқҳ «Ан-Навозил фил-фуруъ», «Хизонату-л-фиқҳ», «ал-Мукаддима фис-салат» аввалин фикҳи ҳанафияро инъикос намуда, сарчашмаи муҳимми замони худ гардонид. Кори олим дар бахши тафсир низ назаррас буда, бори нахуст дар замони худ Қуръонро танҳо аз каломи манобеъи мӯътабар, ҳадис ва ҳамчунин аз гуфтаҳои пешиниёнаш Саҳобӣ ва Тобеин тафсир кардааст Дар байни осори таълимии у «Танбеху-л-ғофилин» ва «Бустону-л-орифин» чандин аср боз нашр шудаанд.

Рӯй овардан ба омузиши сарчашмаҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ Мовароуннаҳри пеш аз ҳама моро бо ҳавзаи илмии Мовароуннаҳр шинос намуда, мавқеи илмии онҳоро бо дигар мактабҳои фикҳӣ-ҳуқуқӣ равшан месозад.

Омузиши усул ва манҳаҷи онҳо, ончуноне,ки У ишора мекунад бидуни донистани забони арабӣ ва сабабҳои нозил шудани оятҳо тафсири оятҳо ғайри имкон аст, ба монанди гурӯҳҳое ,ки имрӯз ҳатто маълумот дар бораи шарту шурути тафсир надоранд, бо фаҳм ва андешаҳои худ тафсир мекунанд, бо вуҷуди он бардошти худро болои дигарон таҳмил мекунанд, ин нофаҳмоиҳоро бартараф мекунад.

Ҳамчуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Э. Раҳмон, ба он ишора намуданд, ки «донистани мероси маънавии гузаштагон ва олимон, донишмандони дин, адабиёт ва ходимони ҷамъиятию сиёсии миллати худ, истифодаи асарҳои безаволи онҳо барои тарбияи ҷомеаи имрӯза дар руҳияи эҳтиром ба гузаштагон мебошад» [3]. 3.Рахмон Э. Имоми Аъзам ва худшиносии миллӣ. - http://khovar.tj/rus/archive/

Мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наботов М.А.