
Сад шукр мекунам, ки ба синни мубораки пирӣ расидам. Ҳарчанд пириро баъзеҳо хортарин айёми ҳаёт номанд ҳам, ҳар як нафаси ҳаёт азизу ғанимат аст, ки бояд ба қадри он бирасем.
Ҳоло ба остонаи синни 90 қадам ниҳода истодаам. Дар ин синну сол омаду ноомадҳои кор хеле зиёд буданд, онҳоро ҳар замон пеши чашм меорам, пастию баландиҳоеро дидаам, ки онҳоро фаромӯш карда наметавонам. Ба ҷавонон аз гуруснагиҳои солҳои ҷангӣ ҳарф мезанам... охир аз он сахтиҳо чӣ гуна ёдовар нашавам, ки барои хӯрдан ақаллан сабӯс ёфт намешуд. Мо-бачаҳои хурдсол кӯҳҳоро бо калонсолон давр зада, гиёҳ ҷамъоварӣ мекардему онро ҷӯшонида бо хоҳару додаронамон тановул мекардем. Бо чашму гӯши худ дидаму шунидам, ки бисёриҳо “нон, нон” гӯён ҷон доданд. Чӣ илоҷ, ба умеди равшании пагоҳ сабр мекардем. Шукри Худо, ноумедиҳо ҳама паси сар шуданду имрӯз нафаси озод мекашем. Шукри бениҳоят мекунам, ки ҳоло аз меваҳои шаҳдбори Истиқлол бархӯрдор шудем. Боз аз он шукри бениҳоят дорам, ки Пешвои ҷасуру қавииродаю ғамхор дорем, ки моро ба сӯи пешрафтҳои нав ба нав мебарад. Ӯ таъми меваҳои ширини ҳаёти навро ба мо чашонд. Касе инро набинаду надонад, ақли солиму дили инсонӣ надорад.
Рӯзҳои мудҳиши аввали ҳаёти навро ман ба чашмони худ дида будам. Вазъ ончунон муташанниҷ ва Тоҷикистони азизи мо ончунон бесаранҷом буд, ки касе дар бораи ояндаи хуб аслан суҳбат намекард. Зеро ҳеҷ кас ба чунин ояндаи хуб бовар надошт. Гурӯҳҳои дилсиёҳу ватанбезор, ки худро “исломӣ” медонистанд, амалҳои комилан зиддиисломӣ мекарданд. Чунин гурӯҳҳо ҳоло ҳам ҳастанд, ки Худо ҳеҷ гоҳ онҳоро ба мақсадҳояшон нарасонад.
Бояд аз рӯи имони мусулмонӣ ва виҷдони мардона эътироф кунем, ки соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба давлате роҳбар шуд, ки анбораш холиву аслан сару нӯги сиёсаташ номаълум буд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо сабру таҳаммули хоси худаш аз пайи ободии Ватан шуд. Ӯ маҷрои роҳбариро дигар кард, ба ободии Тоҷикистони дар ҳоли ногувор қарордошта камари ҳиммат баст. Ӯ дар сар танҳо як фикр дошт: Ватан!.
Эмомалӣ Раҳмон дар он айём на шаб дошту на рӯз. Ҳуҷраи кориаш ҳам коргоҳаш буду ҳам маконаш. Шукурҷон Зуҳуров, ки солҳои тӯлонӣ бо Сарвари давлат кор кардааст, гуфта буд: “Эмомалӣ Раҳмон дорои хислатҳои баланди инсонӣ аст. Ӯ одӣ, меҳрубон, ҳалим, дилсӯзу ғамхор аст. Ӯ аз дилсӯзҳо дилсӯзтар аст, аз оқилон оқилтар аст. Ҳангоми сафарамон ба Афғонистон ман пай бурдам, ки ӯ шахси муқаррарӣ нест. Ӯ то дараҷае аз дарди миллат месӯзад, ки омода буд, ҷони худро нисор кунад, то ба халқи азизи азиятдидааш сулҳ орад, оромӣ орад”.
Воқеан, нияту мароми ӯ нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид. Эмомалӣ Раҳмон ба савгандаш содиқ ва ба қавлаш устувор монд, ки ин бешак мактаби бузурги мардонагӣ барои наслҳои оянда мебошад. Эмомалӣ Раҳмон дарси ибрати ваҳдати миллӣ мебошад. Зеро будани чунин шахсиятҳо барои миллати тоҷик, ки ҳазор сол давлатдории миллии худро аз даст дода буд, чун обу ҳаво зарур буд.
Хислати дигари барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон, ки барои насли оянда мактаби бузурги ватандорӣ буда метавонад, ин қотеият ва азми устувори ӯ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар лаҳзаҳои мушкилтарини буҳронӣ бо такя ба миллати сарбаландаш аз созандагиҳо гуфт: “Роғун месозем, роҳу нақбҳо бунёд мекунем, дурро наздик мекунем, давлатамонро худамон обод мекунем...” Шояд барои баъзе афрод ин суханон дар ҳамон шароите, ки доштем, афсонаро мемонд. Аммо вақт ҳамчун довари барҳақ исбот кард, ки ҳарҷо азму устуворист, шубҳаву дудилагӣ аз байн мераванд.
Ман солҳои зиёд дар соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият кардаам. Солҳои тӯлонӣ омӯзгор будам ва ба қадри тавонам дар тарбияву таълими насли наврасу ҷавон саҳм гузоштам. Ҳоло, ки давлати пирӣ меронам, боз ҳам ҳамеша ояти шукрона бар лаб ба хотири ояндаи дурахшони ҳамин давлату ҳамин миллат дуо мекунам. Илоҳо мардуми мо дигар рӯзи бадро набинанд ва Пешвои муаззамамон моро ба қуллаҳои баланди мурод расонанд.
Каримқул Ҷумъаев,
собиқадори меҳнат
Акс аз манбаҳои боз.
Дар акс: дар миёна Махсум Олимӣ, аз рост падари устод Муллобарот Султонов, аз чап Каримқул Ҷумъаев.