НАМУНАҲОИ МАҶОЗ ДАР ШЕЪРИ КЛАССИКӢ

Нашр шуд korbar - ср, 11/23/2022 - 10:08

Илми баён шеваи адои маъно бо услубҳои гуногун аст ва маҷоз бе гумон дар раъси ин услубҳо қарор дорад. Зеро маҷоз аз беҳтарин воситаҳо баён аст. Ки табиати одами ба он роҳ меёбад, то маънеро равшан ва таъсир бахш гардонад. Дар ин мақолаи илмии таҳқиқотӣ саъй шудааст дар оғоз маълумоти фарогире аз таърифи маҷоз ва алоқаҳои он матраҳ шавад. Сипас барои равшантар гардидани ин суратҳои хиёли ва ҳунарӣ мисолҳо ва намунаҳое аз санъатҳои бадеъӣ дар назму насри адабӣ баён шавад, то зеҳни хонандагон бо ин услубҳои баёнӣ ошно гардад ва аз зебогиҳои шигифтангез ва ҳунарии он бештар баҳраманд шаванд. Пас касе. Ки ҳунари бадеиро фаро гирифта бошад, аз ҳар маъное ки дар зеҳнаш мегузарад, бихоҳад таъбир кунад, метавонад яке аз шеваҳои гуфториеро, ки ба мақсадаш наздиктар бошад интихоб кунад. Бинобар ин услуби маҷоз беҳтарин воситаи баён барои равшан ва таъсирбахш гардидани маънои сухан мебошад, зеро ба вооситаи он маъноҳои шигифтангез падид меояд, ки дар равони инсон нишоту бедориро ба вуҷуд меорад.

Бояд гуфт, ки услубҳои таъбир ва баёни маъноҳои мавриди назар гуногун буда, аз ҳамдигар ҷолибтару ҷаззобтар метавонанд бошанд. Чуноне, ки гуфтаанд: Баъзе аз шеваҳои гуфтор сеҳрангез аст.. бинобар ин барои зебо ва ҷолибу ҷаззоб гардидани сухан ва гуфтор бояд бо зинати ибҳом ва норавшанӣ ороста шавад. ва зеботарин шакл ва намунаи ибҳом ва норавшанӣ услуби мачоз аст.

Таърифи маҷоз:

Маҷоз яъне корбурди лафз дар ғай маънои ҳақиқӣ ба шарти он, ки миёни маънои ҳақиқӣ ва маънои маҷозӣ пайванде бар қарор бошад, ки онро дар истилоҳи адабӣ алоқа мегӯянд:

Мисол: касеро бо далели шуҷоаташ шер меномем Ин ҷо алоқа ва муносибат ҳамон шуҷоат аст, ки ҳам дар шери ҳайвон ва ҳам дар инсоне, ки дар назари ту аст, гуфта мешавад.

Илова бар ин бояд қаринае вуҷуд дошта бошад, ки мухотабро аз маънои аввал ба маънои дувум роҳнамои кунад.

Байни маънои ҳақиқӣ ва маҷозӣ як робита ва пайванде вуҷуд дорад, ки онро алоқа мегӯянд. Алоқаҳое, ки мумкин аст байни маъноҳои қиқиқӣ ва маҷозӣ вуҷуд дошта бошад, бисёр аст.

Баъзе аз донишмандон 24 навъи арлоқаро муайян намуданд, вале муҳимтарини онҳоро Аломаи Тафтозонӣ чунин баён намудааст:

1. Номидани чизе ба исми ҷуъзъи он, ки инро алоқа байни кул ва ҷузъ меноманд: Чунончи Хоҷа Ҳофиз фармуданд:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро .

Аз турки шерозӣ маъшуқи ҳақиқӣ мурод аст ва аз Шероз мурод дунё аст, дар ин ҷо Хоҷа ҳофиз ҷузъ (Шероз) –ро зикр намуда дунёро маҷозан ирода кардааст. Ба холи ҳиндуяш самарқанду бухороро мебахшам. Мурод аз Самарқанд дунё ва аз Бухоро уқбо аст. Дар инҷо Ҳоҷаҳофи зикри ҷузъ (хол) иродаи кул (вуҷудаш) кардааст.

Дар араби мегуянд: “Айн” (чашм), ки узви махсус аст дар “Рабиа” (ҷосус) истифода бурда шудааст, ки айн ҷузъи аз ҷосус аст. Мисоли дигар. Ҳаким Саноӣ гуфтааст:

Муттавассит шуд миёни сурату ҳуш,

Шуд з-ин сӯ забону з-он сӯ гӯш .

Шайх Саъдӣ дар ин маврид бисёр хуб ва зебо гуфтааст:

Дар сухан бо дустон оҳиста бош,

То надорад душмани хунхор гуш.

Пеши девор он чи гӯйи ҳуш дор,

То набошад аз паси девор гуш .

2. Ном бурдани чизе бо номи кул:

Гуйи магар касе ба нишон зоби заъфарон.

Ангушт зард карда ба кофур бар ниҳод.

Мурод аз ангушт дар ин ҷо сари ангушт аст на ангушт.

Дар Қуръони Карим омадааст” Тарыума “аз тарси марг Ангуштҳояшонро дар гушҳои худ дар меоранд ” дар ин оят ки ангушт кул аст ва сари ангушт, ки ҷузъ аст бар он номбурда шудааст.

3. Номидани чизе ба номи мусаббаби он: Монанди ин шеъри Ломиъӣ.

Кунам бо васлу ҳаҷрон сабр чандоне, ки битвонам,

Ки бошад сабр дар оғоз сабру нӯш дар поён .

Мақсуд аз сабри охир дар мисраи дувум, давои маъруф, аст, ки сабаби талхӣ аст, пас дар ин ҷо аз зикри сабаб (гиёҳи талх) ҳамон мусаббаб (талхӣ) аст. Дар Арабӣ мегӯянд: “Амтаратиссамоу набота” Борон гиёҳ боронд. Дар ин ҷо “матар” борон сабаб “наботан”гиёҳ мусаббаб. Яъне борон сабаби рӯидани гиёҳ мегардад.

4. Номи дани чизе бо номи пешини он. “Ва ба ятимон амволашонро бидиҳед " Дар ин ояти шариф ба васиҳо ва валиҳои ятимон амро шудааст, вақте, ки ятимон ба сини булуғ мерасанд он моҳое, ки да ҳифозати шумо буд бар онҳо бар гардонед. “Алятомо” маҷозан бар болиғон итлоқ (номбурда) шудааст.

Шоире гуфтааст:

Офарин ҷонофарини покро,

Он ки ҷон бахшиду имон хокро.

Ҳамди беҳад мар Худои покро,

Он, ки имон дод мушти хокро .

5. Номидани чизе бо номи он чи ки дар оянда ба он мерасад:

“ Иннӣ аронӣ Аъсиру хамран”Ҳамоно ман худро ба хоб дидам, ки оби ангур мефишорам . Хамр калимаи арабӣ буда, шароби масткунандаро мегӯянд; дар ин ояти карима мурод аз хамр ангур аст, зеро “хамр”-ро фишурда намешавад, бал ки ангурро мефишоранд.

Ду ҷавон низ ҳабс гашт он ҷо,

Яке аз ду ҷавон бигуфт онро.

Дидаам кори хешродар хоб,

Ки фишорам инаб барои шароб.

Дигаре гуфт хобдидам нон,

Бар сарам буду хурд тайр аз он .

6. Номидани чизе бо номи маҳалаш.

Такаллуф бар намедорад димоғи ҷоми Мансурам,

Сари ушшоқ ҳар ҷо гардад аз гардан ҷудо гардад.

“Такаллуф” корро бо сахти ва ранҷ таҳаммул кардан, бар хилофи одати худ амал кардан, худро заҳмат додан. Мирзо Абдуқодири Бедил мегӯяд, ки мақоме. ки Мансури Ҳаллоҷ расида буд, манҳам ба ҳамон мақом расида будам ва Мансур худашро дошта натавонист ва дар ҳолати сукр анал ҳақ гуфт, ба имтиҳон гирифтор шуд, чун сари ошиқҳо ҳар ҷо, ки баланд шавад аз гардан ҷудо мешавад Пеш аз калимаи “гардад” калимаи дароз пушида омада аст Яъне дароз гардад :

Дар ин байт Бедил зикри маҳал (димоғ) мағзи сар карда ва иродаи ҳол (ақл)-ро дорад. Чунки ақл дар мағзи сар қарор мегирад.

Дар Қуръони карим омадааст: “Фалядъунодияҳу ”

“Пас маҷлиси худро” фаро хонад” яъне Абуҷаҳ, мурод аҳли маҷлисро.

7. Номидани чизе бо номи он чи дар он ҳулул мекунад.

Дар Сураи оли умрон омадааст” “ Аммаллазина оману фафӣ раҳматиллоҳ" Ва аммо касоне, ки рушон сафед шуд, дар раҳмати Худо бошанд . Яъне дар Ҷаннат. Дар ин ҷо номидан маҳал (Ҷаннат) ба номи ҳол (Раҳмат).

Бош огоҳ аз ин, ки рӯзи ҷазо,

Рӯ сабеданду рӯ сиёҳ ҷудо.

Ба сияҳрӯ хитоб ояд ҳон,

Аз чи кофир шуди пас аз имон.

Бичашед аз азоби дузаху нор,

Чун, ки кофир шудед бар Қаҳҳор.

Мардумони сапедрӯ аммо,

Човидонанд дар наими Худо .ا

8. Номидани чизе бо номи абзори он.

Они ту ки ҳоли дили нолон донӣ,

Аҳволи дили шикастаболон донӣ.

Гар дам занам аз синаи сузон шунавӣ,

Вар дам назанам забони лолон донӣ .

”Ваҷъал ли лисона сидқин филохирин” “Ва барои ман дар пасиниён зикри нек падидор!” Дар ин ҷо забон ба ҷои зикр омадааст, зеро бо забон зикрро анҷом дода мешавад.

Шарипов Исломиддин

Муаллими калони кафедраи “Шариати Ислом”