
Дар мавзӯи никоҳ ё худ бинои заношавҳарӣ дар хазонаи фарҳангӣ ва шариати ислом ба маҷмуаи муқаррарот ва раҳнамоиҳое бармехӯрем, ки пойдевори бинои ҳаёти заношавҳариро аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирӣ, интихоби куфв (ҳамто)-и муносиб ва ҷуфти шоиста, то марҳалаҳои ниҳоӣ ва сояафкан гардидани гунбади хонавода бар сари зану шавҳар, зери пӯшиш қарор додааст.
Аз ҳамон қадамҳои аввал барои ҳарчи муваффақтар сурат гирифтани интихоби ҳамрадиф ва ҳамроҳи ҳаёти хонаводагӣ ба як силсила меъёрҳое дучор меоем, ки инсон бо риояи онҳо метавонад худро аз пешомадҳои пешгӯиношудае дар амон нигоҳ дорад.
Дар барпо намудан ва ё бастани ақд низ мушаххасот, шартҳо ва бастабандиҳое гузошта шудаанд, ки бе риояи онҳо ақд баста намегардад, ҳамчун сурати доду қабул, ҳузури ду шоҳид ва дар гӯшраси онҳо баргузор гардидани маросими доду қабул (ақд). Ҳар сурати заношавҳарӣ ва робитаҳои пайванддиҳандае, ки берун аз ин муқаррарот анҷом бигирад, фосид ва бепоя мебошад.
Аз як сӯ, шариати ислом ба хотири ғамхорӣ, шинохти ҳассосият ва раҳнамоии лаҳзаҳои бетаҷрибагии ҷавон дар коргоҳи зиндагӣ ва давраи хомии фикри инсони тозаворид ба арсаи ҳаёти хонаводагӣ, асли сарпарастӣ ва бунёди валигиро бино ниҳодааст, то писару духтарро аз ҳамон даврони хурдсолӣ қадам ба қадам то марҳалаҳои рушди фикрӣ ва расиши балоғат зери назорат ва мавриди роҳнамоӣ қарор диҳанд, то онҳо дар ниҳоят ҳаётдида шуда, барои як бор ҳам бошад, дар баҳри таҷрибаҳои зиндагӣ шиновар гарданд.
Аз сӯи дигар, озодиҳо ва ҳаққи интихоби ҷуфтро барои писару духтар мавриди таъкид қарор додааст. Писару духтари наврас ва хурдсол, ки ҳанӯз аз зиндагии худ таҷрибаи кофие наандӯхтаанд, ниёзи домангире ба роҳнамоиҳо ва назорати лаҳза ба лаҳзаи сарпараст ва валии худ доранд ва ҳамин ки ба синни рушду балоғат расиданд, дигар ба андозае аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифтаанд. Ин ҷост, ки ҳаққи интихоби ҳамсар комилан ба худи онҳо интиқол меёбад ва барои валӣ танҳо нақши роҳнамоӣ ва насиҳат боқӣ мемонад, на ҳаққи тасмимгирӣ.
Вале бо бардоштани қадами дигаре, ки камар бастан ба ҳаёти заношавҳарӣ аст, дигар зан шавҳардида ва дорои таҷрибаи кофӣ ба шумор меояд ва валӣ дар интихоби вай ҳаққи эътирозе ҳам надорад.
Агар ҳуқуқи тасмимгирӣ ва сарпарастӣ барои писару духтари хурдсол, умуман, аз салоҳиятҳои валӣ ба шумор ояд, ки аз маҳдудтар будани ихтиёроти амалии онҳо то андозае хабар медиҳад, пас аз расидан ба синни балоғат ва рушди фикрӣ, ҳуқуқи валӣ ҳарчи костатар ва ихтиёроту салоҳиятҳои писару духтар пурра мегарданд. Вале пас аз ин ҳам ҳаққи роҳнамоӣ ва насиҳат барои валӣ маҳфуз мемонад, то дар сурати ба фиреб афтодани духтару писар дар интихоби ҳамрадифи шоиста ва куфви ҳамсанг, ба кумак ва ислоҳи онҳо бархезад.
Дар бораи маҳр низ ислом роҳи ҳарчи муносибтар ва фарогири ҳолатҳои фақру бенавоӣ ва дороию бениёзии табақаҳои гуногуни мардумро пешкаш намудааст. Барои дуруст гардидан ва ҷанбаи шаръӣ пайдо кардани ақди заношавҳарӣ камтарин миқдори маҳрро, ба ҳаҷми даҳ дирҳам, муайян намуда, барои ҳадди болои он марзе муайян накардааст.
Даҳ дирҳам (пули нуқра) аз ҷиҳати вазн ба ҳафт мисқол ва аз назари ифодаи ҳаҷми дороии шахс дар субути ҳукми фарзияти закот ва дигар пардохтҳои молӣ дар садри ислом ба як мисқол тилло (бештар аз чаҳор грамм) баробар буд. Ин миқдор поёнтарин меъёри тавоноӣ ва марзи қудрати эҷоди як хонаводаи фақиронаро нишон медиҳад. Ва дар сурате ки шахсе ба андозаи чаҳор-панҷ грамм тилло пулу дороӣ надошта бошад, дар ҳақиқат, чунин одаме поёнтар аз марзи фақру тангдастӣ ба сар мебарад.
Дар он ҳолат инсон на ба додани маҳр ва на ба баровардани ниёзҳои зиндагӣ (нафақа) қодир мебошад. Иқдом ба бинои хонавода бо чунин дасти тиҳӣ на танҳо мушкилофарин аст, балки худ, нашинохтан ва сарфаҳм нарафтан ба моҳияти зиндагӣ ба шумор меравад. Худованд дар ин бора мефармояд:
«Онҳое, ки имконоти издивоҷро надоранд, бояд, то он замоне ки Худо онҳоро аз фазли худ бениёз гардонад, иффат ва покдоманӣ намоянд» (Сураи Нур, 24: 33).
Ҳамин аст, ки бархе аз имомони фиқҳӣ ва донишварони исломӣ аввал сару сомон бахшидан ба вазъи зиндагӣ ва сипас бунёди хонаводаро тавсия намудаанд. Имом Абуҳанифа (рҳ) дар зимни тавсияҳо ва насиҳатҳое, ки хитоб ба бузургтарин шогирд ва ёри худ Абуюсуф – Яъқуб ибни Иброҳим фармудааст, мегӯяд: «Пеш аз таъмини заруриёти зиндагӣ ва мояҳтоҷи зан издивоҷ накун. Аввал, илм биомӯз, дуюм, худро аз назари молӣ таъмин намо ва он гоҳ издивоҷ кун».
Аз дигар ҷониб, ислом ҳарчанд барои ҳадди болои маҳр дар ҳолати рафоҳияту бениёзӣ марзе таъйин накардааст, вале аз фармоишоти Паёмбари ислом (с) ва равиши амалии бузургони пешин бармеояд, ки ислом ҳамчунин бо гаронмаҳрӣ рӯи хуше надорад, зеро он (гаронмаҳрӣ), маҳрумият ва аҷзи наслҳои ҷавони ҳар миллатеро аз бунёди ороми хонавода ва ҳаёти заношавҳарӣ дар пай дорад.
Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Бобаракаттарин ва ё беҳтарин занон ҳамон заноне мебошанд, ки маҳрашон камтар бошад» (Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 4034. – Ҷ. 9. – С. 342).
Аз назари шариати ислом бурузи (рӯй додан) бисёре аз мушкилоти ҳалнопазири иҷтимоӣ, фасод ва таназзули ахлоқӣ ва дар ниҳоят, таназзули маънавию фарҳангии ҷомеа аз ҳамин вазъи ошуфтаи ҷисмонӣ ва равонии наслҳои ҷавон сарчашма мегирад.
Қуръони карим се чиз: оромиш, муҳаббат ва дилсӯзиро муҳимтарин фалсафаи ҳаёти заношавҳарӣ ва асоси тамоми хушиҳо дар зиндагии хонаводагӣ мегӯяд. Чӣ тавре дар ояти 21-уми сураи Рум мехонем, яке аз нишонаҳои қудрат ва осори ҳикмати Парвардигор дар офариниши ҷинси зан он аст, ки мард бо ҳамзистӣ дар канори вай оромиши ҳамаҷонибаи худро пайдо намояд ва барои таҳаққуқи ормонҳои зиндагӣ дар ҳаёти якҷояи онҳо Худованд дар миёнашон муҳаббат ва дилсӯзиро ниҳодааст.
Пас таҳаққуқ ёфтани ин се чиз: оромиш, муҳаббат ва дилсӯзӣ дар зиндагонии муштараки зану шавҳар муҳимтарин ҳадафи бинои хонавода аз дидгоҳи Қуръон мебошад. Бинобар ин, бар фазои хонавода ва ҳаёти оилавии зану шавҳаре ин се чиз сояафкан набошад, умуман, дар он муҳимтарин ҳадафи бинои хонавода таҳаққуқ наёфтааст ва дар он муҳит рӯй додани ҳар нохушие аз имкон дур нест.
«Ва яке аз нишонаҳои (қудрат ва осори ҳикмати) Худо он аст, ки барои шумо аз худатон ҳамсароне офарид, то ба сӯи онҳо ором гиред ва дар миёни шумо маваддат ва раҳмате ниҳода. Албатта, дар ин (кор) барои мардуме, ки тафаккур намоянд, нишонаҳои (равшане) вуҷуд дорад» (Сураи Рум, 30: 21).
Барои ба даст овардани ин маънои зиндагӣ ва ҳадафи бинои оила бояд ба тамоми муқаррароти ҳуқуқӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тавсияҳои шариат дар ин бора амалан таваҷҷуҳ дод.
Издивоҷ дар Қуръони карим
Худованди мутаъол тамоми мавҷудоти олам ва навъҳои ҳастӣ, аз ҷумла инсонро ҷуфт ва ба сурати ду ҷинси нарина ва модина офарида, афзоиши насл, шароити бақои навъ ва имтидоди сулолаи онҳоро аз ҷиҳати биологӣ ва физиологӣ ба тариқи омезиши ҷинсӣ, васлати таносулии ҷинси нарина ва модина бо якдигар ва бордоршавӣ аз ин роҳ пешбинӣ ва муқаррар намудааст. Пас барои роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти ин механизм дар фитрат ва вуҷуди онҳо ғаризаи ҷинсӣ ва майл ба ҷониби муқобилро ниҳодааст. Қуръони карим дар ин бора мефармояд: «Офаридгори осмонҳо ва замин аст, барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне гардонида ва аз чаҳорпоён (низ) ҷуфтҳо офаридааст, ки ба ин восита шуморо бисёр мегардонад ва (наслатонро) афзоиш медиҳад…» (Сураи Шуро, 42: 11).
Вақте Худованд офариниши инсон ва заминаи афзоиши насли ӯро ба ин тариқ пешбинӣ ва тадбир намуда, пас ҳатман барои пешгирӣ аз суиистифодаи ғаризаи ҷинсӣ ва аз инҳироф дар баровардани майлҳои шаҳвонӣ роҳи дурусти таъмини ниёзҳои фитрӣ ва баровардани майлҳои ҷинсиро дар чорчӯбаи муқаррароти шаръ пешбинӣ намуда, издивоҷ ва бинои хонаводаро барои он тадорук дидааст.
Дини мубини ислом бо таваҷҷуҳ ба ин ниёзи фитрии инсон ва ба манзури таъмини дигар ҳадафҳои олие, ки барои шахсияти инсон ва ҷомеа дар назар дорад, бо равишҳои гуногуне ба бинои хонавода ва барпо намудани оила тарғиб намудааст. Қуръони карим мефармояд: «Мардони безан ва бевазанони худро ба никоҳ бароред ва ғуломон ва канизони солеҳи худро (низ). Агар онҳо фақиру бенаво бошанд, Худо онҳоро аз фазли худ бениёз мегардонад. Ва Худо кушодафазлу доно аст» (Сураи Нур, 24: 32).
Чӣ тавре мушоҳида мешавад, Худованд дар ин оят ба шахсе, ки ба бинои хонавода иқдом менамояд, ваъдаи бениёзӣ, ғино ва кушодани дарҳои фазли худро медиҳад ва ӯро аз фақр мераҳонад. Аз Ибни Масъуд (р) ривоят шудааст, ки фармуд: «Бойӣ ва молу сарватро дар никоҳ биҷӯед» ва ояти каримаро тиловат намуд (Тафсири Табарӣ. – Ҷ. 7. – С. 6040; Тафсири Қуртубӣ. – Ҷ. 6, ҷузъи 12. – С. 220).
Худованд дар ҷои дигар бо ёдоварӣ аз паёмбарони баргузидаи худ ба Расули акрам (с) хабар медиҳад, ки барои онҳо низ ҳамсар ва фарзанд ато кардааст ва аз ин тариқ бандагони муъминро ба никоҳ ва бинои хонавода ташвиқ менамояд, он ҷо ки мефармояд: «Ва дар ҳақиқат, пеш аз ту расулоне фиристодаем ва барои онҳо ҳамсарон ва зуррийя ато намудаем…» (Сураи Раъд, 13: 38).
Дар ояти 74-уми сураи Фурқон дар зимни баёни сифатҳои ситудаи бандагони солеҳ ба яке аз он сифатҳо ишора менамояд ва гӯшае аз ҳаёти онҳоро барои мо васф мекунад, ки онҳо бо калимоти пурмуҳтавое бораи ҳамсарон ва фарзандонашон дуо мекунанд, он ҷо ки мефармояд: «…ва онҳое, ки мегӯянд: Парвардигоро! Барои мо аз ҳамсарон ва фарзандонамон нури чашм ва хушнудие ато фармо ва моро пешвои муттақиён гардон!».
Дар оятҳои 23-24 сураи Раъд манзараи даромадани аҳли имон ва салоҳро ба ҷанноти адн, дар ҳоле ки падарон, ҳамсарон ва фарзандони некашон дар канори онҳо ба биҳишт медароянд, васф менамояд ва мефармояд: «Ба биҳишти ҷовидона медароянд ва падарон, ҳамсарон ва фарзандони солеҳашон низ ва фариштагон аз тамоми дарҳо (-и биҳишт) бар эшон ворид шуда, (ба шодбоши ин комгории азим ба онҳо мегӯянд) салом бар шумо бо ончи сабр намудед! Пас чӣ зебо ва хуб аст сарои охират!».
Издивоҷ дар суннати набавӣ
Дар суннати набавӣ низ бо шеваҳои гуногуне ба издивоҷ ва бинои хонавода ташвиқ шудааст, то ҷое, ки Расули ақрам (с) ҳамбистарӣ ва наздикӣ бо ҳамсари шаръиро ибодат ва муҷиби аҷру савоб гуфтааст. Ривоят шудааст, ки мардуме гуфтанд: Эй расули Худо! Аҳли дусур (молу сарват) аҷру савобро ба даст оварданд: ҳамон гуна ки мо намоз мегузорем, намоз мехонанд, чӣ тавре рӯза мегирем, рӯза медоранд ва (илова бар ин) молҳои зиёд аз ниёзҳои зиндагиашонро садақа мекунанд. Фармуд: «Оё чунин нест, ки Худо барои шумо низ чизе додааст, ки онро садақа намоед? Дар ҳар тасбеҳе садақа аст, ҳар такбире садақа аст, ҳар ҳамде садақа аст, ҳар таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ)-е садақа аст, амри ба маъруф садақа аст, наҳйи аз мункар садақа аст (ва ҳатто) дар бузъ (баровардани ниёзи ҷинсӣ)-и ҳар кадоми шумо садақа аст». Гуфтанд: Эй расули Худо! Оё касе аз мо шаҳвати худро бароварда созад, дар он барояш аҷр аст? Фармуд: «Бигӯед, ки агар онро дар ҳароме мегузошт, оё бар вай гуноҳе буд? Пас ҳамчунин вақте онро дар ҳалол бигузорад, барояш аҷр аст» (Саҳеҳи Муслим, 2326 (1006)-52).
Паёмбари акрам (с) боз фармуда: «Никоҳ аз ҷумлаи суннатҳои ман аст ва касе ба суннати ман амал накунад, аз умматони ман нест» (Сунани Ибни Моља, 1846).
Яъне барои баровардани ниёзҳои фитрӣ ва хостаҳои табиии инсон Паёмбар (с) роҳи машруъ ва мутаодилеро поягузорӣ намудааст, ки башариятро ҳам аз васвасаҳои гӯшанишинӣ, зиёнҳои гуногунҷанбаи ҳаёти бехонавода ва ваҳшатҳои танҳоӣ раҳо месозад ва ҳам аз ҳар гуна беиффатӣ, тардоманӣ ва лаззатҷӯиҳои номашруъ нигаҳ медорад.
Пас касе дар бароварда сохтани ниёзҳои фитрӣ ва майлҳои ҷисмонию нафсонии худ аз равиши муътадил ва дурусти Паёмбари акрам (с) пайравӣ нанамояд ва ё бо паймудани маслакҳои хилофи фитрат, аз посухи мусбат ба ин ҷанбаи ҳаёти инсон чашмпӯшӣ намояд, чунин инсоне аз роҳи дуруст ва суннати зебое, ки он Ҳазрат (с) бино ниҳодааст, берун ва бенасиб мондааст.
Ҳамзамон Расули акрам (с) аз танҳо зистан ва канорагирӣ аз издивоҷ наҳй намудааст. Аз Самура (р) ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с) аз табаттул (безанӣ ва танҳоӣ) наҳй намудааст» ва ровии ҳадис, Қатода: «Ва дар ҳақиқат, пеш аз ту паёмбароне фиристодем ва барои онҳо ҳамсарон ва насле гардонидем» (ояти 38-уми сураи Раъд)-ро тиловат кард» (Сунани Тирмизӣ, 1082). Яъне издивоҷ яке аз суннатҳои паёмбарон мебошад.
Ҳазрати паёмбар (с) дар яке аз фармоишоти дигари худ ба нуктаи муҳимме ишора фармудааст: «Шахсе, ки издивоҷ менамояд, аз се ду ҳиссаи дини худро дар амони Худованд даровардааст». Зеро аз як ҷониб, ҳадафи асосии издивоҷ ҳифзу нигоҳдории иффат ва покдомании марду зани мусалмон аст ва аз ҷониби дигар, ба вуҷуд омадани фарзандон ва насли солеҳ мебошад. Чунончи, Паёмбари ислом (с) мефармояд: «Издивоҷ намоед, то насли мусалмонон зиёд шавад, зеро рӯзи қиёмат ба бисёрии умматонам ифтихор хоҳам кард» (Сунани Абудовуд, 2050).
Ҳифзи иффат ва покдомании мардум, ки яке аз муҳимтарин мақсадҳои ислом аст, бо бунёди оила ва дар оғӯши гарми хонавода таъмин мегардад. Қуръони карим мефармояд:
«Бигӯ: Парвардигорам тамоми зиштиҳо (ва бебандубориҳо)-ро, чи ошкор бошанд, чи пинҳон, ҳаром гардонидааст…» (Сураи Аъроф, 7: 33).
Издивоҷ ва бунёди хонавода дар шароити одӣ ва дар ҳолати эътидоли майлҳои шаҳвонӣ дар инсон низ аз пардохтан ба ибодатҳои нафлӣ афзал аст. Гузаштагони солеҳи уммат ба барпо намудани оила ҳамеша ташвиқ намуда, тарки издивоҷро бад медиданд. Ҳатто аз имом Шофеӣ (рҳ) ривоят шуда, ки фармуд: «Танҳоӣ ва ғурбат дар ҳеҷ чизе аз амри ислом набуда ва касе ба тарки издивоҷ фаро хонад, воқеан ҳам, ба сӯи ғайри ислом даъват намудааст» (ал-Фиқҳу-л-ҳанафӣ фӣ савбиҳи-л-ҷадид. – Ҷ. 2. – С. 36).
Абдушариф боқизода,
МУФАССИР
Меньше