ТАФСИРИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ АЗ НАЗАРИ НАМОЯНДАГОНИ МАШШОИЯИ ШАРҚ

Нашр шуд korbar - пт, 12/16/2022 - 14:01

Аксари муҳаққиқон бар он назаранд, ки таълимоти тоисломӣ, аз қабили зардуштия, мония, маздакия, инчунин фалсафаи Юнони қадим манбаъҳои назариявии ташаккули ғояҳои мутафаккирони Шарқи асримиёнагӣ дар бораи адолат ба шумор мераванд (Абдухаликов Ё. Х. Философия справедливости. Ходжент, 1994.; Абдулатипов У. Х. Концепция справедливости в истории таджикской философии IX-XI веков. Дисс. на соискание ученой степени канд. философских наук. Душанбе, 2017. стр.29.; Ахмади Бонакдар Вали Мохаммад. Проблемы справедливости в истории персидско-таджикской философии XIII-XV веков. Дисс. на соискание ученой степени канд. философских наук.Душанбе, 2006. стр.67). Зимнан бояд қайд намоем, ки масъалаи адолати иҷтимоӣ дар асрҳои миёна бо тобиши нав зуҳур кард, ки аз давраи атиқа фарқ дошт. Агар дар давраи бостонӣ ҳамоҳангию мутаносибии кайҳон, ивазшавии даврии (сикли) ҳолати табиат мавзӯи асосӣ буд, пас дар асрҳои миёна ин хусусияти кайҳонмеҳварии ҷаҳонбинӣ бо худомеҳварӣ иваз гардид: дар ибтидои асрҳои миёна рушди маънавии инсоният ба сатҳи муайян расида, парастиши табиат ҳамчун қувваи азиму муттаҳидсоз бо мафҳуми «Худо» ҳамчун моҳияти маънавии олам, дар ҷаҳонбинии одамон тадриҷан ҷойгузин шуд. Дар ин шароит принсипи мутаносибӣ (гармония), пеш аз ҳама, дониши априорӣ, дониши тайёрро дар бораи чунин сохтори ҳастӣ тақозо мекунад. Инсони асримиёнагӣ ба эътирофи он расид, ки ҳамҷӯрии олам суботу устувории сохтори кулли ҳастӣ, аз ҷумла тартиботи иҷтимоиро кафолат медиҳад ва ба дарки ақлонию интиқодӣ тобеъ нест.

Эътимоди пешакӣ ба муайяну фароҳам будани тартиботи иҷтимоӣ, аз як тараф, ба қонунию ҳақ ҳисобидани нобаробарии иҷтимоӣ ва ноозодиҳо хидмат карда, аз тарафи дигар, ақидаҳои ормониро дар бораи сохтори ҷомеа ба вуҷуд овард. Чунин шакли дониши иҷтимоӣ дар он замона то дараҷае ба орзую ормонҳои маънавии ҷомеа ҷавобгӯ буд, зеро он ба коҳиш додани низову муноқишаҳои иҷтимоии воқеӣ ва эҳтимолӣ мусоидат мекард.

Дар ҷаҳони исломӣ, ба қавли Г. Э. Грунебаум, тафаккури дедуктивӣ бартарӣ дошт ва он дар тамоюли пайравӣ ба нуфузи ниёгон ё пайғамбар ифода меёфт. Ӯ ин хусусиятро ҳамчун як хусусияти азалии ҷомеаи исломӣ арзёбӣ мекунад, ки дар байни мусалмонон реша давондааст. Ин тамоюл хусусан дар таҳияи қоидаҳои Қуръон дар шакли суннат назаррас буданд. Ин мутахассиси ҷаҳони исломӣ шарҳи ҳолати мазкурро ба тасмими арҷгузории мусалмонон нисбати тавоноӣ, абадӣ ва ҳакимии Аллоҳ ҳамчун унсури созмондиҳандаи ҷомеа рабт медиҳад. «Ҳар он чизе, ки тағйир ва “ташаккул” меёбад, он ногузир ба таназзулу нобудшавӣ низ мубтало мегардад. Дараҷаю аҳамияти он аз ҳузураш дар ҳастӣ, ки онро инсон ҳатто барои хеш афзунтар карда наметавонад, вобастагӣ дорад. Ҳар як амали таърихӣ низ ҳатман нокомил аст. Гузашта аз ин, инсон фақат иҷрокунанда аст, дар ҳоле ки ирода ба маънои томи калима танҳо ба Худо тааллуқ дорад» (Грюнебаум Г. Э. Основные черты арабо-мусульманской культуры: Статьи раз. лет. [Переводы] / Г. Э. фон Грюнебаум. М.: Наука, 1981, стр.54).

Ислом як тамаддунеро офарид, ки дар он дилбастагӣ ба қавм ва ҳамбастагию тифоқ бо давлат (хилофат) назаррас буд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки он бояд дар навбати аввал ҳал мекард, ин масъалаи ҳокимият буд; чунин ҳокимият, ки «мақбули ҳама», яъне риоякунандаи манфиатҳои умумӣ бошад. Дар Ислом доир ба интиқоли ҳокимият аз ҷониби Аллоҳ ба ҳокимони заминӣ ду ақида арзи вуҷуд карда буд: а) мустақиман аз ҷониби Худо ба Пайғамбар ва ворисони ӯ ато шудани ҳокимият; б) тавассути ҷомеа, ки шахси шоистатаринро ба мақоми ҳокимӣ интихоб мекунад. Давлатҳои исломӣ дар аксари ҳолатҳо майдони мубориза барои ҳокимият мешуданд, аз ҷумла байни халифаҳои заиф ва султону амирони пурқудрате, ки ҳокимиятро ғасб кардан мехостанд. Аммо чунин манзараи муборизае, ки байни Папа ва император дар Ғарби масеҳӣ вобаста ба тафовути назар ё тафсири он сурат мегирифт, дар Шарқи исломӣ ҷой надошт. Дар Ғарби масеҳӣ рақобати байни қонунҳои илоҳии калисо ва қонуни давлат ба мушоҳида мерасид, ки дар Шарқи исломӣ ғайри имкон буд, зеро ислом танҳо як қонунро мепазируфт – ваҳйи илоҳии шариат, ки ба соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ яксон дахл дорад.

Дар он давраи таърихӣ дин тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятро фаро гирифта, мутеъ мекард. Ба ваколат ва аҳамияти ин қонун ҳеҷ касе, ҳатто ҳокимони бонуфуз, шакку шубҳа намекарданд. Соҳибқудрати сиёсӣ будан низ ҳокимро дар ҳолати вайрон кардани шариат аз мазаммату айбдоркунӣ халос карда наметавонист (Ерасов Б. С. Культура, религия и цивилизация на Востоке : (Очерки общ. теории) / Б. С. Ерасов; АН СССР, Ин-т востоковедения. М.: Наука, 1990, стр.170-171).

Тасаввуроту ақидаи намояндагони барҷастаи машшоия, донишмандони бузурги халқи мо Абунасри Форобӣ ва Абӯалӣ ибни Сино дар бораи адолат намунаи гуфтаҳои болозикр буда метавонад. Албатта, шароит ва мафкураи замонашон ба ҷаҳонфаҳмии ин мутафаккирон асари амиқ гузоштааст. Онҳо агарчи заминаҳои татбиқшавии адолати иҷтимоиро дар воқеияти асримиёнагии феодалӣ ошкор карда натавонистаанд, вале онро дар чорчӯбаи давлатдорӣ ба такмили ахлоқу одоб, илму дониш ва саодат вобаста кардаанд.

Тибқи назари Форобӣ, аҳли ҷомеа, аз ҷумла ҳоким ахлоқи худро такмил дода, нафси хешро поку латиф нигоҳ дошта, аз илму фазилат самар бардошта, метавонад аз ҳар гуна зулму ситами иҷтимоӣ ва маънавӣ озод гарданд. Ӯ ба Афлотун ва Арасту пайравӣ намуда, имкони некӯшавии ҳаёти ҷомеаро ба фаъолияти шахсони алоҳида, хусусан подшоҳон алоқаманд меҳисобад. Чунин фаҳмиши ҳалли масъала ба шароити давраи феодализм рабт дошт, зеро дар он давра масъалаҳои мубрами давлатӣ ва ҷамъиятиро асосан монархияи мутлақ ҳал мекард.

Эътироф шудааст, ки адолат дар системаи арзишҳои ахлоқии мардуми мусулмон мавқеи меҳварӣ дошта, ба маънои васеъ ҳамчун накӯкорию фазилат низ шарҳ дода мешавад. Умуман, дар ин афкор ҳангоми таҳияи консепсияи адолат ду нукта муҳим дониста мешуд: а) адолати инсонӣ (заминӣ) аз адолати илоҳӣ бармеояд; б) адолат қисмате аз накӯкорию фазилат аст.

Форобӣ категорияи адолатро, пеш аз ҳама, барои ифодаи баҳои ахлоқӣ ва сиёсӣ мавриди истифода қарор додааст. Аз ҷумла, ӯ қайд мекунад, ки калимаи «адолат» гоҳе ба маънои дигар, васетар, ҳамчун ифодакунандаи вазъи муносибати байни ашхос, яъне ҳамчун «накӯкорӣ» истифода бурда мешавад (Аль-Фараби. Гражданская политика» // Аль-Фараби. Социально-этические трактаты. Алма-ата: «Наука», 1978, стр. 261). Мутафаккир мафҳуми «адолат»-ро на танҳо дар арзёбии муносибатҳои байни инсонҳои алоҳида, инчунин барои тавсифи сохти ҷамъият, баҳодиҳӣ ба фаъолияти сиёсии (ҳукмронии) подшоҳ, муайян намудани симои ахлоқии ҳокимон, умуман барои муайян кардани сифати муносибатҳои ҷамъиятии замонаш истифода кардааст.

Ӯ дар асарҳояш аз усули муқоиса васеъ истифода карда, мадинаи фозиларо ба мадинаи ҷоҳила муқобил мегузорад. Дар мадинаи фозила адолат ҳукмфармост, дар мадинаи ҷоҳила бошад, баръакс, беадолатӣ ҳукмрон аст. Адл беҳтарин фазилат, зулм зишттарин разолат аст.

Тибқи андешаи мутафаккир, адолат танҳо дар чунин ҷомеае вуҷуд дошта метавонад, ки ҳар як аъзои он оқилу хирадманд буда, ба мададгори ҳамдигар будан ҳамеша тайёр бошанд. Мадинаи фозила ба ин меъёру талабот ҷавобгӯ буда, аз ин рӯ, ҳам сокинон он, ҳам ҳокими он дар саодату хушбахтӣ зиндагӣ мекунанд. Дар мадинаи ҷоҳила, баръакси мадинаи фозила, сокинонаш инсонҳои комил нестанд ва табиист, ки нафси ҳайвонӣ хоси онҳо аст. Барои онҳо ҷангҳои доимӣ, ҳирси сарватҷамъкунӣ, муфтхӯрӣ, мансабпарастӣ, шаҳватпарастӣ, дуздию ғорат, аввомфиребӣ, ғуломгардонии қавмҳои дигар, поймол кардани ҳуқуқи онҳо, ситамкорӣ, бадахлоқӣ, умуман беадолатӣ меъёри зиндагӣ аст. Мутафаккир мадинаҳои ҷоҳиларо зери мазаммат гирифта, ҳоким ва сокинони онро ҷоҳил номидааст.

Ҳамин тариқ, мутафаккир мадинаи фозиларо ба мадинаи ҷоҳила, адолатро ба беадолатӣ муқобил гузошта, асосҳои ахлоқи ҳамидаи мадинаи фозиларо тарғиб намудааст.

Форобӣ дар сари ҳокимият подшоҳи оқилу одилро дидан мехоҳад. Ӯ мутмаин аст, ки агар мамлакатро подшоҳи оқилу одил идора кунад, пешрафти ҷомеа ҳатман таъмин мегардад. Меъёри адолатпешагии подшоҳ – қаноатманд будани раият аз сиёсати пешгирифтаи ӯ мебошад. Подшоҳ бар замми оқилу одил будан, бояд қонуну қоидаҳои динӣ ва давлатдориро хуб донад, онҳоро ҳамеша риоя намояд. Форобӣ даъват мекунад, ки ҳамаи одамон дар муносибатҳои байни ҳамдигарашон бояд талаботи адолатро риоя кунанд. Ҳар як инсон ба чизҳои зиёде эҳтиёҷ дорад, ки худ дар танҳоӣ онҳоро ба даст оварда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фард ба ёрмандии фардҳои дигар ниёз дорад. Аз ин мавқеъ, ҳамаи фардҳо бо ҳамдигар баробаранд ва дар чунин баробарӣ риояи адолат зарурат дорад.

Форобӣ адолатро ба маънои васеъ накӯкорию фазилат дониста (Аль-Фараби О достижении счастья. // Аль-Фараби. Социально-этические трактаты. Алма-ата: «Наука», 1978, стр.227), зарур шуморидааст, ки ҳар як инсон ба дигарон чун ба худ муносибати нек кунад, эҳтироми эшонро ба ҷо орад, дар ҳолатҳои сангин ғамгусор бошад. Адолатпешагӣ ин доштани ахлоқи ҳамида аст. Аз чунин шарҳи мазмуни адолат бармеояд, ки мутафаккир адолат ва хушахлоқиро ба ҳамдигараш мутобиқу айниятдор меҳисобад.

Албатта, Форобӣ мушкилоти зиндагии мардумро эҳсос карда, дар асарҳояш ҷомеаи ормониро тасвир карда, орзу мекард, ки дар ҷомеа баробарии иҷтимоӣ, баробарҳуқуқӣ, адлу адолатпарварӣ ҳамеша ҳукмрон бошад. Адолат, қайд мекунад мутафаккир, ин тақсимоти одилонаи он неъматҳои моддӣ мебошад, ки миёни сокинони мадина бахшу қисмат шудааст. Дар истеҳсоли ин неъматҳо ҳар як сокини мадина саҳми худро гузоштааст ва бояд мувофиқи меҳнаташ ҳақ гирад. Агар ҳаққи мегирифтааш кам ё зиёд бошад, пас ин на адл, балки ҷабр аст: агар ҳаққи кам гирад, ҷабр ба худи ӯст ва агар ҳаққи зиёд гирад, ин ҷабр нисбат ба дигарон аст. Мутафаккир бо таассуф зикр мекунад, ки дар аксари ҳолатҳо ин меъёр нигоҳ дошта намешавад (Аль-Фараби. О достижении счастья. // Аль-Фараби Социально-этические трактаты. Алма-ата: «Наука», 1978, стр.224). Барои бартараф кардани ин ҳолат зарур аст, ки миёни мардум адлу инсоф ташфиқу тарғиб карда шавад. Ӯ расидан ба адлу адолатпешагиро бо тарбия ва ахлоқ вобаста дониста, менависад: «Шахси накӯкор, ки аз фазилатҳои ахлоқӣ баҳраманд аст, ҳамеша мақсадҳои некро пеш мегузорад ва онҳоро мавриди ҷаҳду талош қарор медиҳад» (Аль-Фараби О достижении счастья. // Аль-Фараби. Социально-этические трактаты. Алма-ата: «Наука», 1978, стр.242). Ҷолиби диққат аст, ки мутафаккир категорияи адолатро якҷоя бо категорияҳои дигари ахлоқ (ба мисли виҷдон, некӣ, масъулият ва ғайра) дида баромадааст.

Дар рисолаи худ «Мадинаи фозила» Форобӣ масъалаҳои пайдоиши давлат, сабабҳои нобаробарии иҷтимоӣ, сифатҳои мадинаи фозила ва амсоли инро мавриди баррасӣ қарор додааст. Давлати идеалӣ, ки мутафаккир тасвиру тавсиф намудааст, бешубҳа як падидаи пешқадами замонааш ба шумор меравад, зеро он инъикоси ҷустуҷӯҳои назарӣ ва орзую омоли халқи мазлум дар бораи адолату инсоф, баробарию бародарӣ ва сулҳу осоиштагӣ буд.

Аз назари Форобӣ, як масъалаи муҳими ҳаёти мадинаи фозила ин масъалаи ҳокимиятдорӣ дар он аст. Мутафаккир эътимод дошт, ки агар мамлакатро ҳокими одил идора кунад, ҷомеа дар умум пеш меравад, баръакс, агар ба сари қудрат ҳокими ҷоҳил нишинад, он гоҳ дар мамлакат норозигӣ, низоъ ва бетартибӣ боло меравад. Усули давлатдорӣ метавонад имконияти барқарор намудани баробарии иҷтимоиро фароҳам оварад. Ба ақидаи Форобӣ, ҳокими мадина бояд файласуф бошад, чунки маҳз шахси оқил, адолатпеша, донишманд, ҳақиқатпараст, соҳибистеъдод, солиму ҷасур дар ҷомеа адолатро ҷорӣ намуда, одамонро саодатманд гардонида метавонад. Аз нигоҳи мутафаккир, ҳокими давлат симои ҷамъият буда, дар худ орзую омоли тамоми халқро таҷассум намудааст ва барои некӯаҳволию хушбахтии кулли мардум мубориза мебарад. Ҳокими одил ҳар ончиро ки хилофи некӣ ва адлу инсоф аст, бояд нобуд кунад.

Ҳамин тариқ, Форобӣ мафкураи замони худро пайравӣ намуда, ба ҳокими мутлақ, ки бояд адолатпарвар ва фозил бошад, умед мебандад. Дар муҳити теократии асримиёнагӣ, бинобар маҳдудияти таърихии ҷаҳонбинӣ мутафаккир фаҳмида натавонист, ки амалишавии орзуҳои деринаи халқи мазлум фақат аз хайрандешию адолатпарварии ҳоким вобаста нест, зеро одилии ҳоким агарчи зарур ва муфид аст, вале он истисмор ва нобаробарии иҷтимоиро дар ҷомеаи феодалӣ решакан карда наметавонист. Ӯ амиқ дарк карда натавонист, ки ҳоким ҳамчун намояндаи табақаю тоифаи ҳукмрон манфиатҳои халқи одиро пурра зери ҳимояи худ гирифта наметавонад. Умуман, Форобӣ давлатро бидуни ҳоким тасаввур карда наметавонист, зеро ин манзара ба идеали сиёсии ӯ комилан мувофиқат надошт. Агарчи мутафаккир дар бораи чораҳои сохтани чунин давлати идеалӣ ва асосҳои фаъолияти имконии он чизе нагуфтааст (Содиқов А. У. Ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Абӯ Наср ал-Форобӣ. Душанбе: ДМТ «Сино», 2009, стр.66), вале андешаҳои гуманистии ин мутафаккири барҷастаи асримиёнагӣ як навъ нигаронӣ аз камбудию нокомилии муносибатҳои ҷамъиятии замонааш буд.

Вобаста ба вазъи давраи таърихӣ, мавзӯи адолат дар таълимоти Абуалӣ ибни Сино мазмуни тоза касб намуд. Хусусан дар асарҳояш «Донишнома», «Ишорот ва танбеҳот», «Рисола андар ахлоқ», «Таҳсилу-с-саодат», «Тадбири манзил» мавзӯи адолат то дараҷае мавриди баррасии амиқ қарор дода шудааст. Аз назари ӯ, мутаносибии нафс меъёри адолат буда, ақлу фаросат сарчашмаи адолат мебошад. Бояд зикр кард, ки барои Ибни Сино адолат на танҳо мутаносибии нафси инсон, инчунин мутаносибии ҷомеа ва давлат аст ва аз ин рӯ, дар таълимоти мутафаккир адолат хусусияти ҳуқуқӣ касб намудааст.

Аз нигоҳи мутафаккир, моҳияти адолатро на танҳо ахлоқ, инчунин қонун, ки пояи мавҷудияти ҳар як ҷомеа ва давлат аст, ташкил медиҳад. Ҳоким қонунҳоро тарзе муқаррар менамояд, ки бар нафъи ҷомеа ва ба талаботи мардум ҷавобгӯ бошад. Ибни Сино дар асараш «ан-Наҷот» қайд мекунад, ки барои роҳандозӣ шудани ҳамкории афрод «касе зарур аст, ки қонун ва адолатро муқаррар кунад ва чунин кас бояд тавассути сухан имконияти ба мардум муроҷиат дошта бошад ва мардумро барои риояи қонун уҳдадор кунад…, ва ӯ наметавонвд, ки мардумро ва назариёти онҳоро бе раҳнамоӣ нигаҳ дорад, зеро дар акси ҳол дар байни онҳо нифоқ ба вуҷуд хоҳад омад ва ҳар касе он чизро адолат мешуморад, ки барояш фоидабахш аст ва ғайриадоат он чизеро медонад, ки барояш зараровар аст» (Диноршоев М.Д. Афрӯзандаи нури хирад ва афшонандаи тухми маърифат // Абӯалӣ ибни Сино. Осор. Ҷилди якум. Душанбе: «Дониш», 2005, стр.133).

Тибқи назари Ибни Сино, ҷомеае, ки дар он қонуни ҳамкории боадолатона ҳукмрон аст, Мадинаи Одила мебошад. Ӯ ҷамъияти бенуқсеро дидан мехост, ки дар он подшоҳи одилу бомаърифате раисӣ дошта бошад. Подшоҳ ҳини идора кардани давлат на фақат манфиатҳои хеш, балки манфиатҳои ҷомеаро бояд ба эътибор гирад. Мутафаккир монархияи мутлақро шакли беҳтарини давлатдорӣ меҳисобид.

Дар мавриди муайян кардани моҳияти адолат, мутафаккир ба Форобӣ ва файласуфони Юнони қадим пайравӣ карда, ба ғояи «ҳадди вассату эътидол» таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд. Агарчи ӯ назарияи махсуси «ҳадди эътидол»-ро пешбарӣ накардааст, вале дар ҳудуди системаи фалсафаи худ тавонистааст, ки нуктаҳои алоҳидаи «назарияи эътидол»-ро мӯҷаз, вале пурмазмун, бо дарназардошти одатҳои шарқиёна таҳлил намояд. Аз диди Ибни Сино, муайян карда тавонистани «ҳадди эътидол» маънои пок сохтани нафси инсонӣ аз касифию палидӣ, тавассути накӯию фазилатҳо расидан ба ҳолати осудагии нафс ва камоли ахлоқ мебошад. Мутафаккир мегӯяд: «Бояд бидонем, ки феъли нафси инсонӣ танҳо хоси идроки маъқулаш нест, балки бо иштироки бадан афъоли дигареро содир мекунад, ки ба сабаби онҳо саодатҳои худро ба даст меорад, агар афъол ба адолат майл дошта бошад. Маънои адолат ин аст, ки нафс миёни ахлоқи муқобил, аз он чи мехоҳад ё намехоҳад, аз он чи ба ғазаб меояд ва аз он чи тавассути он тадбири ҳаётро меҷӯяд, ҳадди эътидолро қабул менамояд» (Абӯ Алӣ ибни Сино. Рисола андар ахлоқ // Абӯ Алӣ ибни Сино. Осор. Ҷилди дувум. Душанбе: «Дониш», 2005, саҳ. стр.654).

Дар асари дигараш низ Ибни Сино тақрибан бо ҳамин мазмун навиштааст: «Ва маънои адолат ин аcт, ки нафси одамӣ дар иштиҳо ва адами иштиҳо ва ғазаб ва адами ғазаб ва идора ва тадбири зиндагӣ ва адами он ва хулоса дар миёни ахлоқи мутазод миёнрав ва дар ҳадди истиво бошад» (Абӯ Алӣ ибни Сино. Мабдаъ ва маод // Абӯ Алӣ ибни Сино. Осор. Ҷилди якум. Душанбе: «Дониш», 2005, саҳ.681).

Дар «Рисола андар ахлоқ» Ибни Сино чунин шохаҳои фазилатҳоро номбар ва тафсир кардааст: саховат, қаноат, сабр, карам, ҳалимӣ, покдоманӣ, бахшандагӣ, олиҳимматӣ, пинҳон доштани сир, ҳикмат, хушбаёнӣ, фаросат, бикрандешӣ, дурандешӣ, ростгӯӣ, вафодорӣ, дӯстӣ, меҳрубонӣ, ҳаё, бурзургҳимматӣ, накӯаҳдӣ ва фурӯтанӣ (Абӯ Алӣ ибни Сино. Рисола андар ахлоқ // Абӯ Алӣ ибни Сино Осор. Ҷилди дувум. Душанбе: «Дониш», 2005, саҳ.644-650). Мутафаккир фазилатро ба разилатҳо муқобил гузошта, фазилатҳоро воситаҳои миёни разоил медонад. Аз ҷумла, багузорӣ мекунад, ки баъзеи фазилатҳо воситаи миёни ду разилат – ифрот ва тафрит, буда метавонад: «Саховат – миёни бухлу аз андоза берун сарфу харҷ кардан қарор дорад.

Адолат – миёни ситам ва зери ситам қарор гирифтан аст.

Қаноат – воситаи байни озмандӣ ва ҳақир донистан аз роҳи кифоят кардан аст, ки онро «инҳилол», яъне аз миён рафтан мегӯянд.

Далерӣ ва шуҷоат – миёнаи тарсуйӣ ва бепарвоию бебокист» (Абӯ Алӣ ибни Сино. Рисола андар ахлоқ // Абӯ Алӣ ибни Сино. Осор. Ҷилди дувум. Душанбе: «Дониш», 2005, саҳ.650).

Ҳамин тавр, Ибни Сино ҳамчун мутафаккири гуманисти замони худ дар муносибатҳои иҷтимоӣ ҷой доштани зулму ситам, беадолатӣ, кинаю адоватро маҳкуму мазаммат карда, фазилатҳои неки инсонӣ – хайрандешӣ, накӯкорӣ, адолати иҷтимоӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва дигар сифатҳои неки инсониро ташфиқу тарғиб намудааст. Бо ғояҳои пешқадами худ мутафаккири бузург ба рушд ва нумӯи минбаъдаи афкори ҷамъиятию сиёсии кишварҳои Шарқ таъсири бузург расонид.

Назар МУМИН АБДУҶАЛОЛ,

директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ

ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, номзади илми фалсафа