
Инсон мавҷудест иборат аз ҷону тан. Аз ин рӯ, уҳдадориҳои мо ба ду қисм ҷудо мегардад:
Якум. Ҳаққи тан дар назди мо
Дувум. Ҳаққи ҷон дар назди мо
Ҳаққи тан
Ғизои дуруст. Ба хотири тани солиму бардам доштан ҳатман ба он чизе, ки мехӯрему менӯшем, бояд диққати ҷиддӣ диҳем. Худованди бузург дар Қуръони карим дар ин маврид фармудааст: “Эй мардум, аз он чи дар замин ҳалоли покиза аст, бихӯред...” (сураи “Бақара”, ояти 168).
Паёмбар (с) фармудаанд: “Муъмини зӯру тавоно, нисбат ба муъмини сусту заиф беҳтар ва дӯстоштатарини Аллоҳ аст” (Муслим, “Қадар”-34, Ибни Моҷа, “Зуҳд”-14).
Аз ин ҷо маълум мешавад, ки Паёмбар (с) хоҳони он будаанд, ки шахси мусулмон натанҳо руҳан, балки ҷисман ҳам бардаму бақувват бошанд.
Ҳифзи саломатӣ. Мусалмон вазифадор аст, ки ба саломатии худ диққат диҳад. Агар бемор шавад, худро табобат кунад. Яке аз саҳобагон аз Расули Худо (с) суол кард: “Ё Расулаллоҳ! Табобат иҷозат аст?” Паёмбар (с) гуфтанд: “Эй бандагони Аллоҳ! Дардҳои худро табобат кунед, ба дурустӣ ки Аллоҳ таъоло ягон бемориеро нозил накардааст, ки табобати он ва ё роҳи аз он халос гаштанро надода бошад ба ғайри як чиз”. Пурсиданд: “Эй Паёмбар (с) ин чист? Ў ҷавоб доданд: “Пирӣ”. (“Ҷомиъу-с-сағир”).
Яке аз неъматҳои бузурги Худованд саломатӣ ва тани сиҳат мебошад. Инсон қодир аст, ба қадри ин неъмати илоҳӣ бирасад. Агар саломатӣ набошад, гузаронидани ҳаёти шоиста ва фараҳбахш хеле мушкил аст. Инсон аксар вақт ба қадри саломатии худ намерасад. Паёмбар (с) фармудаанд: “Аксарияти мардумон дар ду чиз фиреб мехӯранд (яъне, ки ба қадри ду чиз намерасанд): яке саломатӣ, дигаре вақти холӣ” (“Ҷомиъу-с-сағир”).
Барои нигоҳ доштани саломатӣ мебояд ба маслиҳати табибон гӯш дод ва барои пешгирии баъзе аз бемориҳо парҳез кардан зарур аст. Ба ҷойҳое, ки манбаъи сирояти бемориҳо мебошанд, набояд наздик шуд. Паёмбар (с) дар ҳадиси муборак мефармоянд: “Аз ҷузом (як навъ беморӣ) чун шер дар гурез бошед” (Бухорӣ).
Дини мубини Ислом ба тиб аҳамияти калон медиҳад. Худи Расули акрам (с) аз беморӣ табобат гирифтаанд ва дигаронро низ маслиҳат додааанд, ки мувофиқи имконияти ҳамон давр табобат гиранд. Паёмбар (с) мефармоянд: “Аз мусалмонҳо касе нест, ки Аллоҳ таъоло дар беморӣ ӯро аз гуноҳ пок нагардонида бошад, монанди он ки Ӯ дарахтонро аз гаронии баргҳо озод мегардонад”. (Бухорӣ “Тиб”-1, Муслим “Салом”-69).
“Ҳар чизе ки ба муъмин фиристода мешавад: дарди сар, хастагӣ, беморӣ ё ки ғам, ҳатто ғуссаи оддӣ, ҳамаи ин каффорати гуноҳони вай мебошад”. (Муслим “Бирр”-52).
Ба тозагӣ бояд диққат дод. Тану либос ва манзили мусалмон бояд тозаву озода бошад. Тозагӣ барои тансиҳатӣ нақши намоёнро бозӣ мекунад. Паёмбар (с) фармудаанд: “Покизагӣ ними имон аст”. (Муслим “Таҳорат”-1, Аҳмад ибни Ҳанбал -260).
Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: “Вақте ки касе аз шумо аз хоб бармехезад, бигзор пеш аз он ки ба зарфи обдоштае (ё дигар асбобу анҷоми хона) даст расонад, аввал дастони худро бишӯяд, зеро ки номаълум аст, дасташ дар хоб ба чӣ мерасад”. (Бухорӣ “Вузуъ”-26, Муслим “Таҳорат”-87).
Расули Худо (с) ба нигоҳубини дандонҳо аҳамияти зиёд дода, истифодаи мисвокро ташвиқ кардаанд:
“Намози баъд аз истифодаи мисвок барпошуда, ҳафтод дараҷа афзалият дорад” (Аҳмад ибни Ҳанбал, “Муснад”-272).
Ҳаққи рўҳу ҷон
Дилро аз ақидаи ботил ҳифз намудан
Дар дил парвариш додани эътиқоди ҳақиқӣ ва ақидаи росту дуруст.
Фитратро бо диниши ҳақиқӣ ва аҳамиятнок зебу зинат додан.
Паёмбар (с) дар бораи моҳияти илм чунин мефармоянд: “Саъю кўшиш барои илм ба ҳар як мусулмон фарз аст” (Ибни Моҷа, “Муқадимма”-23).
“Касе барои омӯзиши илм саъю кӯшиш мекунад, дониши омӯхтааш каффорати гуноҳҳои ӯ мегарданд” (Тирмизӣ “Илм”-2, Ибни Моҷа “Муқаддима”).
“Ҳар касе ки барои гирифтани илм роҳ тай мекунад, то бозпас баргаштанаш дар роҳи Худо аст” (Тирмизӣ, “Илм”-2).
“Ҳар касе ки роҳи гирифтани донишро пеш мегирад, Худованд роҳи ҷаннатро барояш осон мегардонад” (Тирмизӣ, “Илм”-2)
Дар сиришти худ нишонаҳои мусбати хислатро ҷойгир кунед!
Нишонаҳои манфии хислат: душманӣ, бухлу бахилӣ, ҳасад, дурӯғгӯӣ, ба аҳд вафо накардан, мунофиқӣ, бешармӣ, беҳаёӣ, беэҳтиромӣ, беадолатӣ, бесабрӣ, дағалӣ, бе иҷозат истифодабарии он чизе, ки барои нигоҳдорӣ дода шудааст, сангдилӣ...
Нишонаҳои мусбати хислат: муҳаббат, шафқату меҳрубонӣ, ростӣ, ҳақгўӣ, саховатмандӣ, шуҷоатмандӣ, меҳнатдӯстӣ, тоқатпазирӣ, ҳаёю ҳилм доштан, эҳтиром ба калонсолон, ба аҳди худ вафо кардан, хулқи хуш доштан, хушодобӣ, ҳалимӣ, бахшида тавонистан, хоксорӣ, ғазабро фурӯ нишонидан, забонро дошта тавонистан...
Шайх Абдуқодири Гелонӣ (рҳ) мегуфт: “Эй писар! Ба касоне, ки туро дар лаҷом задани нафс мадад мекунанд, дӯстӣ намо. Ба суҳбатҳои онон ҳозир шав ва ба он касоне, ки ба ту мадад мекунанд, то аз паси нафс шитобӣ, дӯстӣ макун. Аввал бо доштани нафси худ машғул бош, вақте ки онро дошта тавонистӣ, ба тарбияи дигарон машғул шав. Ба тарбияи дигарон машғул гардида, тарбия кардани худро аз хотир набарор”.
Дар шароити кунунӣ, ки хатари бемориҳои сирояткунанда ҳамаи оламро фаро гирифтааст, амал намудан ба ин тавсияҳои Паёмбари гиромӣ (с) ва риоя намудани қоидаҳои беҳдошт, саривақт гирифтани ваксинаҳои тавсиявшуда омили муҳими эмин мондан аз ҳар гуна сирояти вирусҳои хатарнок ба саломатии инсон мебошад. Умед дорем, ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ин тавсияҳо ва насиҳатҳои судмандро дар зиндагии худ амалӣ намуда, баҳри ҳифзи саломатии худ ва ҷомеа саъйу талош мекунад.