АҲМАДИ ҶОМ ВА АЛИШЕРИ НАВОӢ

Нашр шуд korbar - вс, 11/27/2022 - 12:16

Тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишери Навоӣ аз сарчашмаҳои гуҳарбори адабӣ ба шумор меравад, ки дар он дар мавриди рӯзгори 385 шоиру аҳли қалам маълумот дода шудааст. Шоир дар ин асар дар радифи дигар донишмандон роҷеъ ба хонадони Аҳмади Ҷом ва робитаи худ бо хонадони ин ориф маълумот додааст. Зимнан, Аҳмади Ҷом яке аз орифони номвари Хуросон мебошад, ки осори адабӣ ва хонадони адабпарвари ӯ дар тарвиҷи илму адаб хизмати шоиста намудаанд.

Робитаи адабии халқи тоҷику ӯзбек таърихи зиёда аз ҳазорсола дошта, нишонаи олии робитаи адабиву фарҳангии онҳо, ин дӯстиву пайвандии Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ва Алишери Навоӣ (1441-1501) мебошад. Пайванди адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ боис гардида, то равобити фарҳангии забону адабиёти форсу тоҷик ва ӯзбек хеле равнақ ёбад.

Сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ бо асарҳои ҷовидонааш дар адабиёти ӯзбек мақоми арзанда дорад. Шоир бо эҷодиёти адибони бузурги форсу тоҷик Низомии Ганҷавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон хуб ошноӣ доштааст. Пайвастагиву дилбохтагии Алишери Навоӣ-вазири хонадони Темуриён ба адабиёти форсу тоҷик замина ва шароит фароҳам овард, то халқҳои тоҷику ӯзбек аз забон ва адабиёти якдигар ошноии бештар пайдо намоянд. Яке аз асари барҷастаи Мир Алишери Навоӣ тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и ӯ мебошад, ки дар рушди адабиёти халқҳои тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузоштааст. Шоир дар тазкираи худ аз Аҳмади Ҷом бо бузургӣ ёд менамояд, ки ин худ баёнгари ҳусни таваҷҷуҳи ӯ мебошад.

Абунаср Шаҳобуддин Аҳмад ибни Абулҳасан Номқии Ҷомӣ (1047-1141) яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти форсу тоҷик аст, ки бо беҳтарин шоҳасарҳои ирфонии худ дар адабиёти форсу тоҷик дорои шуҳрат мебошад.

Қадимтарин сарчашмаҳои муътабаре, ки аз Аҳмади Ҷом ёд кардаанд, инҳо мебошанд: Сайф ибни Муҳаммад ибни Яқуби Ҳиравӣ дар асари «Таърихномаи Ҳирот» чанд ҷо ҳангоми зикри авлоди Шайхи Ҷом аз ӯ ишорат менамояд, Ҳамдуллоҳи Муставфӣ дар «Таърихи гузида» ва «Нузҳат-ул-қулуб»-и худ ба зикри ному насаби Аҳмади Ҷом ва ҷойи дафнаш иктифо меварзад, Фасеҳии Хофӣ дар китоби «Муҷмал»-и хеш иттилое роҷеъ ба рӯзгор ва хонадони Пири Ҷом додааст, Ибни Баттута дар «ар-Реҳлат»-и худ дар ду маврид аз Орифи Ҷом ёд карда, яке ҳангоми убур аз Ҷом ва дигар ҳангоми зикри номи Шиҳобиддин дар Ҳиндустон, Абдурраҳмони Ҷомӣ дар тазкираи «Нафаҳот-ул-унс»-и хеш роҷеъ ба рӯзгору ҳаёти Аҳмади Ҷом маълумоти муфассал меорад ва он нахустин китобест, ки дар бораи Орифи Ҷом матолиби васеътар ба қалам додааст, Алишери Навоӣ дар китоби «Маҷолис-ун-нафоис» низ аз ӯ ёд менамояд, Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро»-и хеш зимни шарҳи аҳволи Шоҳ Қосими Анвор аз Аҳмади Ҷом сухан меронад. Дигар таърихнигорону тазкиранависон бо матолиби баргирифта аз асарҳои болозикр вобаста ба ягон мавзуъ бо ишорае ба Аҳмади Ҷому эҷодиёташ ва ё ҳангоми зикри бозмондагонаш аз Пири Ҷом зикрҳо кардаанд.

Шайхи Ҷом марди некурӯву баландболо ва некуқомат, далер, шуҷоъ ва саховатпеша будааст ва шояд лақаби «Жандапил»-ро ба ҳамин муносибат ба ӯ додаанд. Нахустин асаре, ки дар он пас аз ному насаби Аҳмади Ҷом, зикри лақаби ӯ «Жандапил» рафтааст, «Таърихи гузида» ва «Нузҳат-ул-қулуб»-и Ҳамдуллоҳ Муставфии Қазвинӣ мебошад. Дар таърихномаву тазкираҳо, китобҳои тарҷумаҳолии мардони суфия ва мақомоту маноқиби урафо бо лақабҳои «Шайх-ул-ислом», «Қутб-ул-автод», «Султон-ул-авлиё», «Шайхи Ҷом», «Муъинуддин», «Пири Ҷом», «Ҳазрати Зиндапил» ё «Жандапил» ёд шудааст.

Аҳмади Ҷом соли 440-441/1047-1048 дар рустои Номиқ (Номик), ки дар ҷануби Нишопур қарор дорад, чашм ба дунё кушодааст. Волидони ӯ зиндагонии фақирона доштаанд. Худ зикр менамояд, ки дар кӯдакӣ ба таълим фаро гирифта нашуд ва хондану навиштанро наомӯхт. Дар бораи синни наврасӣ ва ҷавонии ӯ маълумоти дақиқу кофӣ мавҷуд нест. Ба навиштаи худи Аҳмади Ҷом, вай таҳсилоти ибтидоӣ нагирифтааст. Дар тамоми сарчашмаҳо воқеоти пас аз синни 22-солагии ӯ зикр мегардад, ки худ низ онро дар таълифоташ баён намудааст. Бино бар ривояти Шиҳобуддин Исмоил, ки дар рисолаи «Дар исботи бузургии Шайхи Ҷом» оварда ва Абулмакорими Ҷомӣ дар китоби «Хулосат-ул-мақомот»-и худ низ аз он ҳодиса сухан намудаву дигар сарчашмаҳо, ки манбаи аслиашон ин асарҳо ба шумор мераванд, қайд менамоянд, даврони наврасиву ҷавонии Аҳмади Ҷом ба беҳудагӣ ва ишратталабӣ гузаштааст. Ӯ дар ин муддат ба таҳсил ва савод таваҷҷуҳ накардааст, то рӯзе ки дар 22-солагиаш (462/1069) воқеае рух медиҳад ва он сабабаи тағйиру таҳаввули маслаки ӯ қарор мегирад.

Пири Ҷом умри дарози пурбаракати хешро, ки қариб як аср мебошад, ба рушди илму дониш ва ислоҳи ҷомеаву эҳсонкорӣ сарф намудааст. Андешаҳои ирфонӣ ва нуфузи адабии ӯ дар илм сабаб гардида, то рӯзгор ва шахсияташ пайваста мавриди таҳлилу омӯзиши муҳаққиқон қарор гирад. Бино ба иттифоқи аксари сарчашмаҳо Аҳмади Ҷом дар синни 96 (536/1141) дар хонақоҳи худ дар шаҳри Ҷом (Муҳидобод) аз олами ҳастӣ чашм мепӯшад. Ӯро дар маконе, ки қаблан васият намуда буд, берун аз дарвозаи масҷид ва хонақоҳаш ба хок месупоранд. Мир Маъсуми Бакрӣ аз шоирони ҳамасри Шайх Аҳмади Ҷом, ки бо тахаллуси «Номӣ» шеър мегуфтааст, моддаи таърихии соли вафоти ӯро чунин ёд менамояд:

Муршиди номӣ, Шайхи гиромӣ,

Аҳмади Ҷомӣ, аммама бирруҳ.

Гар зи ту пурсанд соли вафоташ,

«Аҳмади Ҷомӣ, қуддиса сирруҳ».

Дар қитъае, ки оварда шудааст калимаҳои «Аҳмади Ҷомӣ, қуддиса сирруҳ» моддаи таърих аст, ки аз ҳарфҳои «алиф»-1, «ҳо»-8, «мим»-40, «дол»-4, «ҷим»-3, «алиф»-1, «мим»-40, «ё»-10, «қоф»-100, «дол»-4, «син»-60, «син»-60, «ро»-200, «ҳо»-(и ҳавваз)-5 мувофиқи ҳисоби абҷад, адади 536 (536/1141) берун меояд. Яъне, ин ҷо мақсад аз овардани моддаи таърихӣ баёни соли вафоти Аҳмади Ҷом мебошад. Имрӯз низ мақбараи Шайхи Ҷом побарҷо буда, зиёратгоҳи хосу ом ва ихлосмандони ӯст.

Шумораи таълифоти Аҳмади Ҷомро дар сарчашмаҳо гуногун баён кардаанд, вале қисми зиёди тазкиранависон ба он иттифоқ доранд, ки осори вай сенздаҳ асари насрӣ, як рисола ва як девон мебошад. Аз рӯи маълумоти то мо расида, осори Аҳмади Ҷомро метавон ба се қисмат гурӯҳбандӣ кард. Қисме то замони мо расидаву рӯи чопро дида: «Унс-ут-тоибин ва сиротиллоҳи-л-мубин», «Сироҷ-ус-соирин», «Равзат-ул-музнибин ва ҷаннат-ул-муштоқин», «Мифтоҳ-ун-наҷот», «Биҳор-ул-ҳақиқат», «Кунуз-ул-ҳикмат», «Рисолаи Самарқандия» ва девон; қисме то ҳол рӯи чопро надида: «Зикр» ва ё ҳамон «Номаҳои Аҳмади Ҷом» интизори таҳқиқу нашр мебошад; ва аз қисмате танҳо ном боқӣ монда: «Футуҳ-ур-руҳ», «Эътиқоднома», «Анис-ул-мустаънисин», «Тазкирот» ва «Зуҳдиёт».

Бино ба маълумотҳои дигар аз Аҳмади Ҷом як рисола, дувоздаҳ китоби наср ва як девон боқӣ мондааст. Шуҳрати ҷаҳонии Аҳмади Ҷом боис гардида, ки шеъру ғазалу достонҳоро ба номи ин донишманди нотакрор навишта, дар девони ӯ ҷой диҳанд ва ҳатто номи ӯро ба афсонаҳо дохил намоянд. Аз рӯи маълумот ва асарҳои то замони мо расида осори Аҳмади Ҷомро метавон ба се қисмат гурӯҳбандӣ кард. Қисме аз осори ин донишманди камназир то замони мо омада расида ва рӯи чопро дидааст ва қисми дигар то ҳол рӯи чопро надида интизори таҳқиқ ва нашри муҳаққиқон мебошад. Мутаассифона, номи қисмате аз осори Аҳмади Ҷомӣ фақат дар китобҳо боқӣ мондааст ва то замони омада нарасида, дар ҳаводиси замона аз байн рафтааст.

Нахустин асаре, ки муфассал доир ба ҳаёт, рӯзгор ва осори Аҳмади Ҷом нақл кардааст, ин тазкираи «Нафаҳоту-л-унс мин ҳазароти-л-қудс»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Илова бар ин, дар чанд ҷои дигари китоб Абдураҳмони Ҷомӣ ҳангоми зикри машоихи дигари аҳли тасаввуф аз Аҳмади Ҷом низ ишора намудааст.

Бояд ёд намуд, ки мақоми арҷманди Аҳмади Ҷом дар адабу ирфон муҷиб гардида, то номвартарин шоирону орифон аз ӯ бо эҳтиром ёд намоянд. Аз ҷумла, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ Орифи Ҷомро ба бузургӣ ёд намуда, ӯро дар байте «пири озода» васф мекунад:

Дар чунин ҳоле чунин озодмардӣ кард ӯ,

Ман надидам дар ҷаҳон пире аз ӯ озодатар.

Инчунин Ҳофизи Шерозӣ худро муриди Шайхи Ҷом дониста, меоварад:

Ҳофиз муриди ҷоми май аст, эй сабо бирав

В-аз банда бандагӣ бирасон Шайхи Ҷомро.

Қосим Анвор низ иродати худро ба Пири Ҷом нишон дода, китоби «Равзат-ул-музнибин»-и ӯро сутудааст:

«Равзат-ул-музнибин»-и Аҳмади Ҷом,

Он наҳанги муҳити баҳрошом.

Осмонест пурмаҳу парвин,

Бӯстонест пургулу насрин.

Раҳмати Эзид ба ҷонаш бод,

Лаънати Ҳақ ба душманонаш бод.

Ҳар кӣ ӯ душмани Худо бошад,

Душмани ҷумла авлиё бошад.

Абдурраҳмони Ҷомӣ гирифтани тахаллуси худро аз номи Аҳмади Ҷом ишора намуда, чунин баён медорад:

Мавлидам Ҷому рашҳаи қаламам,

Ҷуръаи ҷоми Шайх-ул-исломист.

Лоҷарам дар ҷаридаи ашъор,

Ба ду маънӣ тахаллусам Ҷомист.

Мисолҳои боло баёнгари он аст, ки донишмандони зиёде аз Аҳмади Ҷом дар осори адабии худ зикрҳо намуда, аз ӯ бо некуӣ ва иродати хос ёдоварӣ намудаанд. Шоир ва муаллифи тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис» Мир Алишери Навоӣ низ аз иродатмандони Аҳмади Ҷом ва хонадони ӯ буда, аз ӯ бо ҳусни адаб дар тазкираи худ зикр намудааст.

Тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и Мир Алишери Навоӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақоми махсус дорад. Зеро тазкиранависӣ дар адабиёти форсу тоҷик собиқаи тулонӣ дошт ва маҳз ин заҳамоти донишмандон сабаб гардида, то имрӯз аз фузалову шоирони гузашта огоҳӣ дошта бошем. Шогирд ва дӯсти Абдурраҳмони Ҷомӣ-Алишери Навоӣ дар тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и худ, ки доир ба рӯзгор ва мероси 385 донишманди замони худ маълумот додааст, аз Аҳмади Ҷом низ бо иродат дар ду маврид ёд менамояд.

Мир Алишери Навоӣ дар тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис»-и худ ба ҳангоми зикри яке аз ақориби Пири Ҷом оварда: «Хоҷа Юсуфи Бурҳон-аз ақрабои наздики Ҳазрати Шайх-ул-ислом Шайх Аҳмади Ҷомӣ, қуддиса сирруҳу буд. Дар тариқи фақр ва фано сулук мегирад ва расми таҷарруд ва инқитоъро маслук медошт ва соҳиби тариқи ҷамиъи аҳли тариқ буд. Бештар ба шеъри худ мусиқӣ мебаст ва амали исфаҳонро бад-ин матлаъи худ баста, матлаъ:

Расид мавсими шодиву завқу айшу тараб,

Агар гадо ба муроди диле расад чӣ аҷаб?

Фақир дар фанни мусиқӣ шогирди ӯям. Дар Ҷом аз олам рафт ва мазораш дар ҳазираи Шайх аст».

Дигар ҷо ба ҳангоми зикри Хоҷа Қутбиддини Муҳаммад чунин зикр намуда: «Хоҷа Қутбиддини Муҳаммад аз авлоди Шайх-ул-ислом, Жандапил Аҳмади Ҷомӣ, қуддиса сирруҳу аст... Аз ӯст ин, матлаъ:

Сабо биёр ғубори раҳи раҳсавори маро,

Ки тӯтиё бувад ин чашми ашкбори маро».

Мисолҳои боло баёнгари он аст, ки Алишери Навоӣ натанҳо ба Аҳмади Ҷом ва хонадони адабпарвари ӯ иродати хос доштааст, балки Навоӣ дар тазкираи худ шиносоии худро бо хонадони Аҳмади Ҷом баён дошта, робитаи адабиву дӯстии хешро бо ин хонадон нишон медиҳад. Ҳатто худро дар илми мусиқӣ аз шогирдони яке аз пайвандони Шайхи Ҷом- Хоҷа Юсуфи Бурҳон донистааст.

Мусаллам аст, ки шукуҳи адабӣ ва илмии Аҳмади Ҷом ва хонадони адабпарвари ӯ дар адабиёт мавқеи хос дошта, донишмандону тазкиранависон аз ӯ бо бузургӣ ёд намудаанд. Мероси адабии Алишери Навоӣ ва хоса тазкираи пурарзиши «Маҷолис-ун-нафоис»-и ӯ худ баёнгари таваҷҷуҳи ин донишманди фарҳехта ба илму адаб ва орифону шоироне ба монанди Аҳмади Ҷом мебошад.

Меҳрафкан Мирзоҳофизиён,

мутахассиси пешбари шуъбаи дин,

танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД вилояти Суғд