Ҳакимеро пурсиданд:

Нашр шуд korbar - пт, 11/25/2022 - 10:23

 

- Чаро камбағалон нисбат ба сарватмандон бештар меҳрубону камтар (андаке) хасисанд?

- Ба тиреза нигар, ту чӣ мебинӣ?

- Мебинам, ки кӯдакон дар ҳавлӣ бозӣ доранд.

- Акнун бошад ба оина нигар. Дар он ту чӣ мебинӣ?

- Худро.

- Ана дидӣ. Ҳам тиреза ва ҳам оина аз шиша сохта шудааст, аммо агар каме нуқра илова карда шавад - аллакай танҳо худро мебинӣ.

Умари Хайём

Хазинаи маърифат