
Масъалаи некӣ ва накукорӣ яке аз мавзӯъҳои асосии адабиёти тоҷик маҳсуб меёбад. Некӣ ва накукорӣ эҳсосест, ки зебоӣ меофарад, зебоӣ бошад, ба инсон хушҳолона зистанро имкон медиҳад. Паёми ахлоқӣ ва некманиши дини қадимии зардуштӣ низ басо муассир ва инсонсоз буда, тавассути андешаи «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» накуӣ карданро талқин намудааст. Агар ин паёмро инсонҳо дар зиндагии ҳаррӯзаи хеш амалӣ намоянд, он гоҳ дунёро зебоӣ тасхир мекунад ва ҷангу таҳдидҳои бадкешона аз миён хоҳад рафт. Шоирони бузурги форсу тоҷик низ, ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсию Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон дар осори худ ба масъалаи некиву накукорӣ диққати махсус дода, дар тарғибу ташвиқи он саҳми беназире гузоштаанд.
Лоиқ ба зикр аст, ки тавассути шеър метавон ба шуури одамон хубтар таъсир расонд ва онҳоро дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбият кард. Дар мавзӯи эҳсону некукорӣ садҳо намуна аз шоирони классику муосири тоҷику форс овардан мумкин аст, ки ба инсон дарси некандешиву росткориро талқин менамояд. Масалан, Фирдавсии бузург дар фазилати некӣ кардан чунин мефармояд:
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Шоирони дигари адабиёти классикии тоҷику форс низ дар ин боб шеърҳои зиёде эҷод намудаанд. Яке аз ин шоирон Кироми Бухорӣ мебошад, ки дар ашъори ӯ низ мавзӯи эҳсону накукорӣ хеле зиёд ба чашм мерасад. Чунонки мегӯяд:
То тавонӣ ба сахо бош ба олам машҳур,
Барги айши чамани хулд кафи эҳсон аст.
Инсон бояд забонро ба бадгӯӣ нисбат ба дигарон одат накунонад ва забонашро ба каломи неку зинат диҳад. Зеро ҳар чи ба ғайр аз накуист барбодраванда аст, менависад шоир:
Забон ба ҳарфи бади кас макун дароз чу бед,
Ки ҳар чӣ ғайри накуист ҷумла барбод аст.
Калиди кушоиши ҳама гиреҳҳоро эҳсон номидани шоир беҷиҳат нест. Ба андешаи Киром эҳсон ва ҷуду сахо яке аз хислатҳои некандешона ва некхоҳонаи инсон аст. Эҳсон як навъи барҷастаи некист:
Дасти эҳсон аст фасли бастагиҳоро калид,
Дар ҷаҳон то метавонӣ бо сахо машҳур бош.
Ва баркушудани гиреҳи кори худро дар бознамоии гиреҳи мушкили мардум мефармояд:
Гираҳ зи риштаи мардум кушо, ба нохуни тадбир,
Ки то зи кори фурӯбастаат шавад гираҳ во.
Киром давлатдоронро ба эҳсону некӯкорӣ дар ҳаққи бенавоён даъват намуда мегӯяд:
То тавонӣ тирарӯзонро ба эҳсон ёд кун,
Эй, ки чун хуршед дорӣ давлати пояндагӣ.
Ё:
Мешавад ҳар заррааш оинаи гетинамой,
Зар ба доман ҳар ки чун хуршед эҳсон кардааст.
Кироми Бухороӣ дар ашъораш аз муҳаббат доштан нисбат ба дигарон ва дастгирӣ аз ниёзмандон сухан гуфтааст. Инсони комил бояд гираҳкушоӣ аз кори мардумро ҳадафи асосии зиндагии худ қарор диҳад. Инчунин ба таъбири шоир, хорро аз пойи халқ бо мижгони худ бояд гирифт.
Хор бо мижгони худ бояд гирифт, аз пои халқ,
Дар ҳавои олами таҷрид чун сӯзан мабош.
Дар байти дигар Киром мехоҳад ба афтодагон дасти ёрӣ расонад, аммо аз сабаби тиҳидастиву камбағалӣ ин ҳадафи хешро амалӣ карда наметавонад. Чунонки дар ин байт оварда шудааст:
Чӣ сон ба хидмати афтодагон зи ҷо хезам,
Маро ки дасти сахо чун кафи гадо холист?!
Ҳар кӣ некӣ кард, некӣ мебинад ва ҳар кӣ бадӣ кард бадӣ мебинад.
Маҷӯ кирдори бадро дар Худо рӯзи ҷазо некӣ,
Ба ҳар кас ҳар чи хоҳӣ кард, дар маҳшар ҳамон бинӣ.
Агар шод кардани дили ғамдида баробари обод кардани Каъба бошад, озор додани дили онҳо ба мисли вайрон кардани Каъба аст. Байтҳое чанд ба ин маънӣ дар ғазалиёти шоир ба чашм мехӯранд:
Саъй камтар кун ба озори дили афтодагон,
Каъба санге аз бинои хонаи вайрони мост.
Ё ин ки:
Каъба вайрон кардану озурдани дилҳо якест,
Нест дурӣ аз ҳарими Каъба то ақсои дил.
Шоир соҳибони тахту тоҷро ба хоксорӣ, хурсанд кардани дили афтодагон ва шод гардондани хотири онҳо даъват намуда, дар яке аз ғазалҳояш чунин менависад:
Сар накаш аз хоксориҳо, ки дар мулки вуҷуд,
Гар Сулаймон аст, мӯреро зиёрат мекунад.
Дар ҷои дигар мегӯяд:
Чун Сулаймон бод агарчанде ки дар фармони туст,
Чашми умед аз дуои мӯр бояд доштан.
Каъбаро обод кардан, дил ба даст овардан аст,
Хотири ғамдидаро масрур бояд доштан.
Чи тавре, ки шоир менигорад, озор додани дили инсон аз ҷоҳилӣ аст. Ва одам бояд на дилозорӣ, балки ба даст овардани дили одамонро шиори худ созад. Чунки обод кардани дили инсон баробари обод сохтани хонаи Каъба мебошад ва озурдани дили инсон мисли санг андохтан ба он. Байти зерини шоир ба ҳамин мазмун гуфта шудааст:
Ҳар кӣ месозад дилозорӣ шиори худ, Киром!
Мезанад аз ҷоҳилиҳо Каъбаро мино ба санг.
Шоир ба такрор инсонҳоро барои саъй кардан ба саховатмандӣ ва аз худ гузоштани осори некӣ таъкид мекунад, зеро аз инсон танҳо некӣ барҷой мемонаду бас:
Ба гулистон на баҳору на хазон мемонад,
Самари боғи ту некист, ҳамон мемонад.
Ва:
Саъй кун, то аз ту гардад шод ин ҷо хотире,
Ҳар чи месозӣ, ба ту фардо ҳамон хоҳад гузашт.
Киром одамонро ба дӯстӣ даъват мекунад ва бо душманон низ дӯстӣ карданро авлотар медонад. Чи тавре, ки дар байти зер мебинем, хасмро ба воситаи дӯстӣ низ нотавон кардан метавон:
Дӯстӣ кун пешаи худ, бо касе душман мабош,
Бо ҳарифони мулоим сахт чун оҳан мабош.
Хасмро аз дӯстӣ оҷиз тавон кардан, Киром,
Ҳар кӣ душман бо ту гардад, ту ба ӯ душман мабош.
Абёти зикршудаи шоир баёнгари он аст, ки Киром мехоҳад тавассути шеър мардумро ба анҷом додани аъмоли ҳамидаи инсонӣ, ки некӣ дараҷаи баландтарини он аст, раҳнамоӣ кунад. Ва ин намунаҳо, ки ба гунаи муште аз хирворанд, баёнгари онанд, ки ҳар як инсон бояд одаму одамгариро фаромӯш насозад.
Ашъори шоир саршор аз чунин андешаҳои тарбиявӣ буда, моро ба дӯстиву рафоқат ва некиву накукорӣ даъват менамояд.
Гулбаҳор Усмонова