
Имрӯзҳо дар ҷомеаи шаҳрвандии мо як зуҳуроти иҷтимоии номатлуб- худкушӣ, ба назар мерасад ва он солҳои охир бештар дар байни духтарон ва ноболиғон ба назар мерасад. Мутаассифона, бештари онҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд, ба душвориҳои ночизи зиндагӣ сабру тоқат накарда, ба ин кори нолоиқ даст мезананд.
Дар куштани мусулмоне агар шахсе ширкат кунад ё як сухане бигуяд, ки ба сабаби сухани ӯ шахсеро бикушанд, пас далолаткунанда ба ин амали номатлуб мисли иҷрокунандаи он аст. Расулуллоҳ мефармояд: «Агар касе барои куштани мусулмоне ёрӣ диҳад рӯзи қиёмат вақте, ки бармехезад дар пешонияш чунин навишта шудааст: Ин шахс аз раҳмати Худо бенасиб аст».
Агар тасвири умумии худкуширо пеши назар орем, ба ақидаи бештари олимони ҷомеашиноси дунё ин рафторест, ки дар натиҷаи номутобиқатии равонию иҷтимоии ашхоси алоҳида бо ҳолатҳои номусоиди зиндагӣ бармеояд. Маъмулан шахси рӯҳафтода ҳангоме даст ба худкушӣ мезанад, ки дигар аз рафъи душвории дар зиндагӣ ба сари ӯ омада умеде надошта, роҳи ҳалли мушкилии бо он муваҷҷеҳ шудаашро намебинад ва ягона ҳалли осонтарин роҳи халосӣ аз ин вартаро дар худкушӣ мебинад. Ҳол он ки дини мубини Ислом худкуширо амали ҳаром ва нодуруст шумурда, оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ бар ин амал далолат мекунанд. Дар адёни яҳудӣ ва масеҳӣ низ худкушӣ рафтори гуноҳомез, мамнӯъ ва ҳаром эълом шудааст.
Даст задан ба ин падидаи номатлуб, пеш аз ҳама, нишонаи маълумоти кофӣ надоштан аз аҳкоми дини мубини Ислом ва номукамалии имони шахси мусулмон мебошад, зеро дидаву дониста ба худкушӣ даст задани шахси мусулмон тибқи шариати исломӣ гуноҳ буда, он гуноҳе, ки дар мавриди қатли дигарон муайян гаштааст, ба худкушӣ низ бевосита дахл дорад.. Худкушӣ бо кадом сабабе рух надода бошад, мухолифат бо ҳукми илоҳӣ маҳсуб гардида, он аз байн бурдани нафс аст ва нафсро Худованд ба бандааш ба амонат гузоштааст. Ҳар кас бояд бо чунин бовар, ки ҳаёт амонати Худост ва хиёнат бар ин амонат аз назари ақлу ахлоқу дин ҷинояти нобахшиданист. Ва ин падидаи номатлуб навъе аз хиёнат ба амонати Худованди мутаол аст. Зеро, танҳо Худованд ҳаётбахш аст ва танҳо Ӯст, ки ҳаётро поён мебахшад ва хотима додани ҳаёт аз ҷониби банда ин гуноҳи нобахшиданӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳеҷ кас ҳақ надорад, на танҳо ба ин амонат хиёнат кунад, балки нисбат ба он бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намояд. Дар зиндагии инсон фарозу нишеб, пастию баландиҳо, душворию хурсандиҳо вомехӯранд. Инсон дар ҳолоти яъсу ноумедӣ набояд аз раҳмати Худованд ноумед набошад, чун дар ояти 53-и сураи Зумар Парвардигори олам Худ мефармояд:
«Бигӯ (яъне: Эй Муҳаммад, аз тарафи ман бигӯ!): «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машаваед! Ҳароина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки Ӯ ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст».
Худованд дар ояти 29-уми сураи «Нисо» қатъиян амр намудааст: «…Ва хештанро макушед…».
Пайғамбари ислом (с) онҳоеро, ки даст ба худкушӣ мезананд, аз лутфу карами Худованди меҳрубон маҳрумшуда дониста, аз ҷумлаи ашхоси ба ғазаби Худованд гирифторшуда номидааст. Дар ҳадиси саҳеҳе аз Расули акрам (с) оварда шудааст, ки як нафаре аз пешиниён захмӣ шуд, ба дарди захмаш тоб наоварда, бо корде рагҳои хунгарди дасташро буриду дар натиҷаи он вафот кард. Худованд дар боби ӯ фармуд: «Бандаи ман нисбати ҷони худ аз Ман пешдастӣ кард ва Ман ҳам ӯро аз биҳишт маҳрум кардам» (Ривояти Бухорӣ).
Ҳадисҳои зиёде вуҷуд доранд, ки хондани ҷанозаи шахси худкушинамударо иҷозат намедиҳанд. Масалан, дар ҳадисе аз Ҷобир ибни Самура (раз.) ривоят шудааст: «Мардеро назди Пайғамбар (с) барои ҷаноза оварданд. Он мард худро ба қатл расонида буд. Пайғамбари Худо (с) аз хондани ҷанозаи ӯ худдорӣ карданд» («Сунан»-и Насоӣ, ҳадиси 1938, «Сунан»-и Абудовуд, ҳадиси 2770).
Дар асоси ҳадиси мазкур яке аз шогирдони машҳури Имоми Аъзам (раҳ.) Имом Абуюсуф фатво додааст, ки хондани намози ҷанозаи шахси ба худкушӣ дастзада дуруст намебошад.
Ҳазрати Абуҳурайра (раз.) ривоят мекунад, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Касе худро ба василаи оҳане кушт, ҳамон оҳан дар дасташ дохили дӯзах мешавад ва бо ҳамон оҳан шиками худро гаштаву баргашта пора месозад ва касе, ки заҳр хӯрда, худро ба ҳалокат мерасонад, ҳамон заҳр дар дасташ вориди дӯзах мешавад ва ҳамеша он заҳрро ҷуръа-ҷуръа менӯшад» («Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, ҳадиси 3062).
Яъне, инсон ба ҳар василае худро ба ҳалокат расонад, фардо дар дӯзах доимо ин амалашро такрор ба такрор иҷро мекунад.
Дар мавриди худкушӣ аз Пайғамбари акрам (с) ҳадисҳои зиёде ривоят шудааст, вале намунаи онҳоро пешкаш менамоем:
-«Ҳар касе бо корд худкушӣ мекунад, рӯзи қиёмат бо ҳамон корд ба таври ҳамешагӣ ба оташи ҷаҳаннам партофта мешавад»;
-«Ҳар касе худро қасдан аз кӯҳ партофта худкушӣ кунад, дар оташи дӯзах абадӣ мемонад»;
-«Ҳар касе ба воситаи истеъмоли заҳр худкушӣ кунад, ҳамон заҳр дар дасташ дар дӯзах абадӣ мемонад» (Сунан)-и Имом Тирмизӣ, ҳадиси 1967);
-«Ҳар касе бо роҳи буғӣ кардан ё ресмон, заҳр ва оҳан худкушӣ мекунад, бо ҳамон роҳ дар дӯзах азоб дода мешавад» («Сунан»-и Дорамӣ, ҳадиси 2417, «Саҳеҳ»-и Ибни Ҳиббон, ҳадиси 6086);
-«Ҳар касе бо кадом воситае, ки набошад худкушӣ кунад, бо ҳамон чиз дар охират азоб дода мешавад» (Муснад)-и Имом Аҳмад, ҳадиси 15792.
Тавре аз ояту ҳадисҳои зикршуда бармеояд, худкушӣ тибқи шариати Ислом комилан раво набуда, он падида ҳаром дониста шудааст. Аз Абӯҳурайра (раз.) дар ин боб чунин ривоят шудааст: «Хеҷ кас барои худ маргро орзу накунад. Агар накӯкор бошад, пас накӯиашро зиёда гардонад ва агар бадкирдор бошад, дар назди Худованд аз амалҳои бади хеш тавба намояд» («Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, ҳадиси 6694).
Сабаби бештари худкушиҳхо аз оддитарин чизҳои дар ҳаёти шахс ба миёномада, аз қабили низоъҳои шахсию хонаводагӣ (пошхӯрии оилахо), дучоршавии яке аз ҳамсарон ба касалиҳои рӯҳӣ, даст задани шавҳар ба майнӯшию нашъамандию дигар рафтори ношоиста, низоъҳо дар ҷойи кор ва таҳсил, мушкилоти моддии рӯзгор, қарздорӣ, бадрашкии яке аз ҳамсарон, дахолати калонсолон ба ҳаёти шахсии навхонадорон, махсусан падару модари шавҳар (хусуру хушдоман), таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ ва амсоли он сар мезананд.
Дар ҷумҳурии мо таҷовуз ба номуси афроди ноболиғ ҷинояти сангин ҳисоб меравад ва барои анҷоми он ҷазои ҷиноӣ аз ду то бист соли маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ шудааст ва мавридҳои таҷовузи духтарони ноболиғ ба истиснои ҳолатҳое мисли куштор, асосан кам ошкор мешаванд. Зеро, ба гуфтаи ҷомеашиносон, қурбониёну наздикони онҳо аз он метарсанд, ки дар ниҳояти амр на марди озордиҳанда, балки худи қурбонии ҷинояти сангини ахлоқӣ мавриди сарзаниши ҷомеа қарор мегиранд. Мутаассифона, аксар вақт дар сурати қурбонии ҷиноят будани духтар, кам касоне аз наздикони ӯ омода мешаванд, ки ба ҳимояи ҳуқуқи ӯ садо баланд кунанд. Аксар волидон дар ҳолати таҷовуз ба шарафи духтари ноболиғашон, бо умеди он, ки ояндаи духтарашон "насӯзад" ва ҳам обрӯи худи онҳо нарезад, ба ҷое шикоят намекунанд ва талош мекунанд, то ин корро хомӯш созанд.
Вале фаъолони ҳуқуқ сари ин ақидаанд, ки чунин бархӯрд бояд тағйир дода шавад ва таҷрибаи пинҳон кардани ҳодисаи таҷовуз ва ба марди озордиҳанда оиладор кардани қурбониро маҳкум кардаанд. Бархе фаъолони ҳуқуқ бар ин назаранд, ки ба ҷавобгарӣ кашидан ва муҷозот кардани ҷинояткор пеши роҳи ҷиноятҳои дигарро мегирад ва барои дигарон ҳам дарси ибрат мешавад, то даст ба чунин амали паст назананд.
Дар пажӯҳише, ки соли 2017 аз тарафи Бунёди атфоли СММ ва бо номи "Таҳқиқи ҳолатҳои равонии атфоли моил ба худкушӣ" анҷом дода шуд, муайян гардид, ки як сабаби аслии қасди ҷони худ кардани наврасону ҷавонон "бетаваҷҷуҳии волидон, бехабар будан аз ҳолу дунёи онҳо ва дур будан аз навозишу меҳрубонӣ" мебошад.
Аксар наврасоне, ки дар назарпурсии се сол пеши Бунёди атфоли СММ ширкат кардаанд, ба суоли "Чаро ҳамсолонашон қасди худкушӣ мекунанд?” гуфтаанд, "Волидон онҳоро дарк намекунанд" ва "Аз ҷониби касе дастгирӣ намешаванд".
Мадина Шарифова, равоншиноси тоҷик низ сабабҳои худкушии ноболиғонро гуногун медонад, аммо мегӯяд, бештари онҳоро мешавад пешгирӣ кард: "Аз рӯи одати шарқиёна, вақте намегузоранд, ки як наврас назарашро бигӯяд, метавонад ҳолати рӯҳии ӯро вайрон кунад. Афсурдагии зиёд метавонад сабаби худкушӣ гардад. Атрофиён агар дониши равоншиносӣ дошта бошанд, метавонанд ин корҳоро пешгирӣ кунанд ".
Бино ба маълумоти соли 2018 нашршудаи СУТ (Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) Тоҷикистон аз рӯи теъдоди ашхоси худкушинамуда дар ҷаҳон дар ҷои 173 ва дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар қатори охирон қарор дорад. Ин 2,5 ҳолат ба 100 000 нафар рост меояд.
Танҳо дар ним соли 2020 дар ҳудуди вилояти Хатлон 11 хонандаи мактаб худкушӣ кардаанд. Ин омор дар муқоиса ба рақамҳои ҳамин давраи соли 2019 се маврид бештар аст. Волидон мегӯянд, сабаби худкушии фарзандон барояшон маълум нест. Равоншиносон ҳодисаҳоро бештар ба афсурдагии аз ҳад зиёд ва ҷанҷол дар оилаҳо рабт медиҳанд.
Санҷиши ҳодисаҳои мазкур ба он далолат менамояд, ки дар аксари ҳолатҳо сабабу шароити ба он мусоидаткунанда хусусияти шабеҳ дошта, бештар ба муносибатҳои оилавии байни фарзандону волидон, муноқишаҳои ночизи оилавӣ байни аъзоёни оила, рашки беасоси байни ҳамсарон, бекорӣ, гирифтории бемории рӯҳӣ ва дигар бемориҳои вазнин, танҳоӣ, ҳолати афсурдаҳолӣ (депрессия), бо баҳонаи ночиз асабонӣ ва ғамгин шудан, майзадагӣ ва ғайра асос ёфтаанд.
Тибқи иттилои расмӣ ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо мавриди худкушии сокинон сабт мегардад. Додситони кул Юсуф Раҳмон моҳи апрели соли сипаригардида дар Маҷлиси Миллӣ гуфта буд, ки соли 2019 дар кишвар 632 мавриди даст ба худкушӣ задани шаҳрвандонро сабт кардаанд. Аз ин шумора 104 нафарашон ноболиғ ва 170 нафарашон ҷавонони аз 18 то 25-сола будаанд.
Додситони кул ин рақамҳорро ташвишовар хонда, гуфта буд, ки Тоҷикистон барномаи махсуси пешгирӣ аз худкушӣ ва суиқасди худкуширо қабул кардааст. Иҷрои ин барнома то соли 2023 дар назар аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб ҳанӯз 1июли соли 2004 таҳти рақами 304-8 Қарор «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ»-ро қабул намуда буд. Барои иҷрои қарори мазкур нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ таҳия гардида, шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва чашну маросим, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳо тадбирҳо андешанд. Рӯ ба афзоиш ёфтани падидаҳои номатлуби мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои анҷомдодашуда дар ин самт ба тарзи дуруст ба роҳ монда нашудааст.
Ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани ин падидаи манфӣ нақши падару модар, ходимони дин ва ҳар як фарди ҷомеа хеле назаррас аст. Аз ин рӯ зарур аст корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ВАО бештар намуда, бо истифода аз рӯҳониёни муътабари динӣ ба ҷавонон қиммати зиндагӣ ва ба қадри неъматҳои Худованд расиданро бештар шарҳ диҳем.
Вазифаи ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки барои аз байн бурдани ингуна ҷиноятҳои мудҳиш, ки хилофи шариати исломӣ ва сиришти инсонӣ мебошад, якҷо мубориза барем ва нагузорем ҷавонони зебою баркамоли мо бо ин кори бешарафона худро аз неъматҳои ҷовидонаи биҳишт маҳрум созанд.
Бобомурод ҚАЛАНДАРОВ,