Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд

Нашр шуд korbar - ср, 12/07/2022 - 14:43

Он ки осори ҷовидонаи сухангустарони олами маънӣ ва шеъри ҳаётомӯзу наҷотбахши тоҷику форс тоқу равоқи китобхонаҳои ҷаҳони тамаддуни инсониро зебу зиннат мебахшад, аз касе пӯшида нест. Турфатар аз ҳама, буданд дар тӯли таърих нобиғаҳое аз ҳамин хита, ки ҷавоби маъниву ҳикмати ашъори эшон чун амалҳои олами риёзӣ беш аз ду ва ё се роҳи ҳалро тақозо карда, тӯли садсолаҳо то бад-ин рӯз мағзи муддаиёну муштоқони мулки суханро ҷабидаву ба худ во дошта. Ва аммо, аз ҷумлаи ин бузургон ба нудрат метавон сухансароеро пайдо кард, ки бо эъҷози заковатбору истеъдоди худододи худ дар саргаҳи эҷоди шеъру гуфтори манзум қарор гирифта, бо садрнишинони ҳикмату ирфон бемуҳобо, ҳамнаво гардида, яке аз сабкҳои адабиётро ба номи худ мусаммо кардаву ту гуфтӣ кореро сомон диҳад, ки ин рафтор дар майнаи каси дигаре то ин замон хутур накарда бошад. Ин ҷо хонандаи закӣ шояд аллакай дарёфта, ки сухан дар бораи Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил меравад. Охир, киро бовар мешавад, ки тӯли садсолаҳои ахир дар олами шеър касе меояду аз сабкҳои адабиёт (ҳамагӣ сетоанд: хуросонӣ, ироқӣ ва ҳиндӣ) якеашро ба номи худаш муҳр мезанад. Солиёни дароз баҳсу ташреҳи ашъори ин кошифи сухани воло маҳфили донандагону ононро, ки сайди асрори маъниро пешаи худ кардаанд, дар ҷуғрофиёи парокандаи олам гарму шуниданӣ ба намоиш гузоштааст.

Инак, дар навиштори мазкур низ сухан аз баҳси байти машҳуре меравад, ки дар тӯли анқариб сад соли ахир байни донишпажуҳону мухлисони ашъори ин нобиға идома дорад. Байт ин аст:

Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд,

Одамӣ ҳам, пеш аз он к-одам шавад, бӯзина буд.

Пӯшида нест, ки замони ҳокимияти шӯравӣ дар китобҳои дарсӣ роҷеъ ба шарҳи маънавии байти мазкур оиди аз маймун пайдо шудани одам ба толибони мактаби миёнаву донишҷӯёни макотиби олӣ, хосатан, ҳамин ақидаву ҳамин маънӣ яксавт таъкид мегардиду “таълим” дода мешуд.

Сайри таърихии шарҳи ин байт ҳанӯз аз солҳои 20-уми асри гузашта таваҷҷуҳи донишмандони барҷастаеро чун устод Айниву Евгений Бертелс, шоирон Муҳаммадҷон Раҳимию Абдусалом Деҳотӣ ва ғайра ҷалб намудаву баъдан аз ҷониби теъдоди касире аз пажуҳандагони ватанӣ ва Афғонистону Эрон ба маъниҳои мухталиф ташреҳ гардидааст. Ҳарчанд аз шурӯи баҳси мазкур дар адабиёт то бад-ин рӯз солҳои зиёде сипарӣ шуда, вале ҳанӯз ҳам теъдоде бад-он боваранд, ки ин байт ба ҳақиқат доштани назарияи Дарвин дар бораи эволютсия далолат мекунад. Ин дар ҳолест, ки як зумраи дигар аз ҷӯяндагони маънӣ дар солҳои охир бо овардани далелҳои ҷолиб нуқтаи назари мазкурро мавриди интқод қарор додаанд. Хонандаи кунҷков имкон дорад дар иртибот ба ин масъала ба мақолаҳои муаллифони дигаре, аз қабили Абулҳамиди Асир аз Афғонистон, Муҳаммад Ансор, Муҳаммаддовуди Ҳаёт, Бобобек Раҳимӣ, Боймурод Шарифзода ва амсоли онҳо муроҷиат намояд.

Ҳамакнун ки даричаи баҳси шарҳи ин байт пӯшида нашудааст, банда ҳам ба ҳайси яке аз камтарин ҳаводорони ашъори пурнакҳати Бедил хостам чанд мушоҳидаамро доир ба он пешкаши ҷӯяндагони асрори сухан намоям.

Чун назари шореҳон дар баҳси ин байт якгунаву якнаво нест, аз ин ҷиҳат, эҳтиёт мебояд, ки мабодо кадоме нуктаи ақидативу пиндории худро бар дигарон афзалтар шумурдаву онро ҳатто бар нуқтаи назари ҳазрати Бедил бе далел тарҷеҳ диҳад.

Бо ин ҳама, устодону муътақидони шеъри ростин бар онанд, ки ҷиҳати дарёфти маънии чунин абёти мушкилзо шореҳро зарур аст, то чанд нуктаро ҷиҳати эҳтимолии аз асли мавзӯъ дур нарафтан ва мунҳариф нашудану аз гумону пиндор ворастан муроот намояд.

Дар қадами аввал, нахуст ҷӯяндаи маъниро боястӣ аз зиндагиномаи муаллифи байт хуб огоҳӣ дошта бошад. Ба ҳамин маънӣ, агар шореҳ мутмаин гардад, ки ин байти баҳсангезро на Абулмаонӣ ба масобаи як шоиру мутафаккири бузурги ирфониву муриди Шайх Камол ва Шоҳқосими Ҳуваллоҳ, балки кадом як нозим аз шогирдони пештози мактаби атеизми илмӣ “эҷод” кардааст, дар ин сурат имкон дорад, пеш аз ҳама, қазияи аз маймун пайдо шудани одам дар майнаи ӯ хутур карда бошад (Ҳол он ки дар ҳамин ҳол ҳам наметавон ин қазияро ҳалшуда шумурд). Зиндагиномаи Мирзо Бедил аз он далолат мекунад, ки ӯ ҳанӯз шурӯъ аз айёми кӯдакӣ то охири умр ҳамчун ҳофизи Қуръону шефтаи ирфони ноб ҳаёти худро ҳамеша дар ҳалқаи аҳли тасаввуф ва уламои суфияву аҳли маърифат тавъам бо ин ду сарчашмаи муқаддасу муътабар сипарӣ кардааст, на бо ақидае ба монанди назарияи пиндории эволютсия.

- Дувум, дар аксари ғазалиёти шоирони классик матни яклӯхти ғазал (контекст) худ шореҳро ҷиҳати дуруст маънидод кардани мазмуни мавриди назари шоир ёрӣ мерасонаду ӯро роҳнамоӣ мекунад, ки ашъори Бедил низ аз ин қоида истисно нахоҳад буд. Маҳз ҳамин маъниро ҳангоми ташреҳи байти мавриди баҳс сареҳан мушоҳида кардан мумкин аст.

Иртиботи танготанги байти мавриди баҳс бо байтҳои моқаблии он далелест, ки дар ин ғазал сухан дар бораи ҷо ва мақому манзалати офаринишу худшиносии инсон меравад, на эволютсия:

Хок шуд фитрат ба пастӣ, лек мижгон барнадошт,

В-арна аз мо то ба боми осмон як зина буд.

Аз назари ин ҷониб, дар байти мазкур сухан дар бораи инсон ва нақшу мақоми фитрат дар таҳаввулоти ақидатии инсон меравад. Яъне, агар инсон худро нашиносаду ба фитрати поку беолоиши худ, ки бо гавҳари имон тавъам буда ва бо он аз модар зода шудааст, арҷ нагузорад, гарду ғубори пастигариҳояш ӯро ба андозае аз Ҳақ мунҳарифу оҷиз мекунад, ки дигар нахоҳад тавонист ҳақиқати зиндагиро он гуна, ки вуҷуд дорад, шинохта бошад. Агар ӯ фитрати худро пок нигоҳ дораду онро ба хок олуда насозад, ҳақиқати ҳастии хилқати худро оқилона эҳсос кунаду ба ҷаҳон бо чашми ақлу хирад назар афканад, ҳатман ба баландиҳои дастнорас роҳ хоҳад ёфт.

Тавре аз муҳтавои ин байт маълум мешавад, шоир дар он нақши фитрат ва ақлу хирадро дар шинохти инсон ба риштаи назм кашида, дар байти баъдӣ, ки байти мавриди баҳс аст, Бедил ҳамин назари худро бо далелҳои қуръонӣ тақвият додааст, ки баъдан шарҳ дода хоҳад шуд;

- Савум, он ки, агар шореҳ дар бораи мавзӯъ ва мундариҷаи осори шоир маълумоти мукаммал надошта бошад, ӯ барои дарёфти маънии байт ҳатман ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешавад. Инро мо дар мисоли шарҳи байти мавриди назар низ ба хубӣ эҳсос мекунем. Мероси адабии Бедил дар шарҳи байти мазкур бечуну чаро шореҳро барои расидан ба ҳадафи худ роҳнамоӣ карда метавонад. Барои мисол, мо, агар мазмуни ин байтро бо маснавии “Муҳити аъзам”, “Ирфон”, “Чор унсур”, ғазалиёти Бедил ва амсоли инҳо муқоиса намоем, бешубҳа, мутмаин хоҳем буд, ки Бедил ҳаргиз дар он масъалаи аз маймун пайдо шудани одамро матраҳ накардааст. Таваҷҷуҳ шавад, ки маснавии “Муҳити аъзам” яке аз бузургтарин маснавиҳои Бедил буда, бобҳои аввали он ба масъалаи пайдоиши одам ва худшиносии инсон бахшида шудааст. Маҳз дар ҳамин асар шоир нақши хилқати инсонро шурӯъ аз Рӯзи мисоқ то ба охир ва нашъаи бодаи аластро дар Олами зар, ки Кирдгори ҷаҳон дар он Рӯзи тақдирсоз ба кулли инсон тӯҳфа кард, басо ҷолибу муассир ба тасвир кашидааст. Муқоисаи ин бобҳои маснавӣ ба хонанда имкон хоҳад дод, то бифаҳмад, ки байти мавриди баҳс давоми мантиқии ҳамон назарияест, ки шоир аз ибтидо онро думболагир буд.

Оре! Дар ин асар вожаи хилқат ва худшиносии инсон хамирмояи марому мақсади шоирро фаро гирифта, ҷову мақоми ин мавзӯъ на танҳо дар байти мавриди баҳс, балки дар саросари осори ин орифи забардаст мақоми калидӣ ба худ касб кардааст. Ва ҳар ки Бедилро мешиносад, ӯ ба яқин қабул карда наметавонад, ки чунин нобиғаи аср тамоми умри худу ҳама ҳастии хешро сарфи ирфону тараннуми бодаи илоҳӣ кардаву баъдан биёяду яку якбора ба хотири вазну қофияи ду мисраи шеъраш ҳама дору надори зиндагияшро ба ин содагӣ аз даст бидиҳад...

Месазад инро ҳам илова кард, ки Бедил дар осори худ асли инсонро, ки он аз хок аст, на аз маймун ба таври мутааддид ёдовар шудааст, аз қабили:

Кафи хоке, ки бар бодаш тавон дод,

Ба хун гил карда Одам офариданд.

Ё дар ҷойи дигар:

Мушти хоку ин ҳама сомони ноз эъҷози кист?

Беш аз ин бар ман ғалат мафрӯш, донистам, Туӣ!

Чунин андешаҳоро бештари шореҳон дар мақолаҳои худ баён намудаанд.

Инак, боз ҳам сухане чанд дар иртибот ба байти мавриди баҳс.

Шарҳи ҳоли Бедил, мазмуну мундариҷаи осори шоир ва аз ҷумла матни яклӯхти ғазали мавриди назар ва амсоли инҳо моро водор месозад, то дар навбати аввал мутобиқати ин байтро бо далелҳои ќуръонӣ дар як радиф гузоштаву бубинем, ки онҳо то кадом андоза тавъаманду аз ҳам ногусастанї мебошанд. Аз нигоҳи ин ҷониб, ҷиҳати дарёфти асолати маънавии байти мазкур боястӣ дар ибтидо истилоҳҳои “шакл”, “ҳаюло” ва “сурат”-ро ба ҳайси вожаҳои калидӣ мавриди шарҳ қарор дод. Вожаи “шакл”-ро шореҳони мутааддид асли зоҳирӣ ва ё намуди зоҳирии ҳар гуна шайъ (чиз) маънӣ кардаанд, ки қобили қабул аст. Калимаи “сурат” бошад, аз маҷмӯи шаклҳои мухталиф мураттаб гардида, муродифи вожаҳои “чеҳра”, “афту андом”, “лиқо” ва ғайра низ буда метавонад. Худованд (ҷ) дар ояти 8-и сураи “Инфитор”, мегӯяд: “дар њар сурате, ки хост, туро таркиб дод”. Яъне дар шаклҳои андак ва бисёр тафовут гузошт ва ба ҳар шакл ранг ва сурат ва ҷамоли ҷудогона падид овард ва сурати маҷмӯии инсонро аз дигар ҳайвонот зеботар офарид.

Истилоҳи “ҳаюло” дар фарҳангномаҳо ба маъноҳои зиёде, аз қабили “модда”, “моддаи аслӣ”, “моҳияти ҳар чиз”, “ҷавҳар”, “материя”, “гавҳари аслии маърифат” ва ғайра маънидод карда шудааст. Бархе аз шореҳон вожаи ҳаюлоро ба маънои “барзах”, “пул”,”ҳалқаи гузариш” ва амсоли он маънидод кардаанд, ки ин даъворо эшон шояд бе далел нагуфта бошанд. Ва аммо дар ҷилди 2-и китоби машҳури “Ғиёсу-л-луғот” шарҳи он бад-ин тартиб оварда шудааст: “Ҳаюлоро назди ҳукамо чунин таъриф кунанд, ки ҷавҳарест, ки маҳал бошад сурати ҷисмро ва ҷавҳари аввалро низ гӯянд. Ва назди суфия ду қисм аст: яке, рӯҳонӣ, ки онро рӯҳи аъзам номанд, дувум, ҷисмонӣ, ки онро табиати кул донанд ва мутакаллимон ҳақоиқи ашё ном кунанд”.

Ҳамин тариқ, боз ҳам ёдовар мешавем, ки ғазали шомили байти мавриди баҳс аслан ирфонӣ буда, онро мебояд аз ҳамин зовия ташреҳ намуд.

Чунон ки аз маъхазҳои муътабар, ба хусус Қуръони маҷид маълум мешавад, Худованд (ҷ) чун колбади Ҳазрати Одамро аз хок офарид, пушташро масҳ кард ва зурияи ӯро дар шакли зар аз он берун овард. Ҳар кадом аз зар, ки ҳаҷми онон аз ҳаста (атом) ҳам хурдтаранд, дар асл эшон инсонҳоеанд, ки дар оянда аз аввалин инсони баъд аз Ҳазрати Одам то охирин шахси дар олам пайдошударо дар бар мегиранд. Дар сураи “Аъроф”, ояти 172 ин маънӣ тасдиқи худро ёфтааст. Бедил ба ҳайси барҷастатарин намояндаи аҳли тасаввуф магар метавонист назарияи то ҳанӯз исботнашудаи эволютсияро аз далели Қуръонӣ муқаддам гузорад??? (Набояд фаромӯш кард, ки дар замони зиндагии Бедил худи назарияи эволютсия ҳанӯз вуҷуд надошт).

Чунон ки қаблан арз шуд, дар шакли зар арзи вуҷуд кардани инсонҳо дар Рӯзи мисоқ далели ќуръонист. Бо дарназардошти гуфтаҳои болоӣ, аз мисраи аввали байти мавриди баҳс метавон чунин натиҷа бардошт, ки инсон дар марҳилаи ибтидоии офариниш дар шакли зар зуҳур намудаву Худовандаш дар марҳилаи баъдӣ, аз тариқи ҳаюло (ҷавҳари аввал), дар маҳал ва ё макони сурати ҷисмонӣ ӯро ба сурати инсонӣ табдил дода, бар ҳайвон тафовут бахшид. Дар мисраи дувум, ки давоми мантиқии мисраи аввал аст, бо истинод ба ояти 65-и сураи “Бақара” ва ояти 165-и сураи “Аъроф” матлаби шоир бештар тақвият дода шудааст. Дар ин мисраъ вожаи калидӣ калимаи “бӯзина” аст.

Билохира, инсонҳое, ки ҷиҳати шинохти хилқати худ аз ақл (хирад) кор намегиранд ва садҳо муъҷизаҳоеро, ки дар офаринишашону давру пешашон нуҳуфтааст, дидан намехоҳанд ва ба Холиқи худ нописандиву нофармонӣ мекунанд, оқубати кори ин гуна инсонҳо зиндагиномаи ҳамон бузинаҳоеро мемонад, ки ҷиҳати ибрат гирифтани одамон дар сурањои “Бақара” ва “Аъроф” зикрашон рафтааст.

Чунон ки мазмуну муҳтавои матни ин ғазал ва байти мазкур тақозо мекунад, ин ҷо мурод аз “Одамӣ ҳам, пеш аз он к-одам шавад, бӯзина буд” на исботи ҳақиқат доштани тағйироти анатомию эмбриологии зоҳиру ботини одамизод, балки шинохти ҳақиқати раванди хилқату худшиносии инсон дар назар аст. Аз нигоҳи Бедил бо такя ба маърифати Қуръон инсон дар олами ҳастӣ на яку якбора, балки ба таври муъҷизаосо марҳила ба марҳила, яъне аввал Рӯзи мисоқ дар шакли зар ва баъдан ҳангоми марҳилаи баъдӣ, ки батни модар аст, ба сурати инсон дар олам арзи вуҷуд кард. Аз ин рӯ, агар инсон то сарфаҳм наравад, ки ӯ бо шарофати кадом атоҳову муъҷизаҳои худовандӣ, бо истифода аз ақлу хирад ва ҷавҳари маърифат худро шинохту ифтихори номи одамиро барои худ сикка зад, ба мартабаи одамият нахоҳад расид.

Ҳамин тариқ, бо дарназардошти далелҳои болоӣ, аз қабили: а) нақши зиндагиномаи Бедил дар шинохти ҳақиқати маънавии байти мавриди баҳс; б) иртиботи мазмуни матни яклӯхти ғазали шоир бо байти мазкур; в) мероси адабии Бедил ва нақши он дар тасдиқ ва ё инкори ин байт; г) ҷойгоҳи ирфон ва Қуръон дар иртибот ба шарҳи байти мавриди баҳс метавон ба натиҷа расид, ки байти мазкур ба ҳеҷ ваҷҳ ба мавзӯи аз маймун пайдо шудани одам дахл надорад.

Дар мақтаи сухан метавон бо камоли эҳтиром ба хонандаи закиву донишманд ёдовар шуд, ки дар ин навиштори мухтасар ба сабаби маҳдудияти тақозои чаҳорчӯби матн имконоти шарҳу тафсири бештари далелҳои дар боло ироагардида муяссар набуд ва аз ин нигоҳ банда маъзур аст.

Муҳаммадҷони Соиб,

адабиётшинос