
Таъкид месозам, ки дар ҳолати тайёрии доимии ҷангӣ қарор доштани Қувваҳои Мусаллаҳ кафолати воқеии ҳимоя кардани давлат аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо мебошад.
Эмомалї Рањмон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити вазнини давлатдории навини кишвари маҳбубамон таъсис ёфтааст. Ташкили Артиши миллӣ бо иқдоми бевоситаи Сарвари ватандӯсту меҳанпараст ва сарсупурда, Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ин лаҳзаҳо барои давлатдории миллӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон фарӯмошнопазир буд ва сарнавишти минбаъдаи ҷумҳурии тозаистиқлол ба он сахт вобаста мебошад.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шўравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ, дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд.
Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд. Мутаассифона, он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист, сабабгори васеъ ва тўлонӣ гардидани ин муноқиша гардад.
Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангиданд, ба танзими сохтори ташкилию штатии худ машғул шуданд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо эҳсос мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тољикистон дар солҳои душвори муқовимат роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва такмили он давра ба давра сурат гирифт.
Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.
Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се гурўњ иборат буд.
1. Қӯшунҳои хушкигард;
2. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ;
3. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ
Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд.
Қӯшунҳои хушкигард.
Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚХ ҚМҶТ) соли 1993 ташкил шуда, аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои хушкигард 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.
Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ.
Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҲҲ ва МЗҲ ҚМҶТ) аз нахустин навъи Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, нисбат ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷавон буда, он соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо дарназардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймою чархболҳои ҷангии ҚҲҲ аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи сохти Конститутсионии Тоҷикистони навбунёд саҳми арзандае гузоштаанд.
Қӯшунҳои зудамал.
Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна неруҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳ бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст.
Бунёди ин навъи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳ ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба Неруҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.
Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ки аз якчанд сарбоз иборат буда, ягон имконияти техникӣ надошт, ба артиши муқтадир ва муҷаҳҳаз табдил ёфт, ки яке аз артишҳои пешрафтаи љањон маҳсуб меёбад. Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯз дорои тамоми таҷҳизоти техникӣ буда, барои афсарону аскарон тамоми шароит муҳайё гаштааст.
Дар суханрониҳои худ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намуда буданд, ки: “Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар назди Қувваҳои Мусаллаҳ вобаста ба ҳимояи соҳибихтиёрӣ, ҳифзи сулҳу субот, манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон вазифаҳои бисёр пурмасъулият, вале пуршараф гузошта шудаанд. Имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд”.
Дарвоқеъ, имрӯз Артиши миллии кишвар ба яке аз ниҳодҳои пуриқтидори минтақа дар паҳнои пасошӯравӣ шинохта шуда, қодир аст, ба тамоми хавфу таҳдидҳои бамиёномада муқовимат нишон диҳад, ки мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Ҳамаи ин хизматҳои Пешвои муаззами миллат баҳри сулҳу суботи Ватан аст. Шахсе, ки Ватанашро дӯст надорад, чизи дигареро дӯст дошта наметавонад. Воқеан, Ватан ягона арзише ҳаст, ки дар ҳеҷ давру замон ва бо мурури тағйир хӯрдани дунё ва сохти кишварҳо волоият ва маҳбубияту маъруфияти худро аз даст нахоҳад дод. Тамоми таълимоти диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми Ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он қобили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад.
Меҳри Ватанро бузургони андеша беҳуда бо меҳри модар дар як саф нагузоштаанд. Агар модар инсонро ба дунё оварад ва тарбия карда, ба муҳит ва оила ҷазб намояд, пас Ватан рӯҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушода, дигар арзишҳои волои инсониро ба онҳо зам мекунад.
Ватани ҳар инсон биҳишти ӯст, оромгоҳи кӯдакї, навзодӣ ва давраи булуғаш дар домани зебои ӯ сипарӣ мешавад.
Ватан аз ҷумлаи таълимоте аст, ки дар назди ҳамаи динҳо ва дастуроти осмонӣ, аз ҷумла дини мубини Ислом мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, аз эҳтироми хос бархӯрдор мебошад.
Ватан яке аз аркони диндории инсони муъмин аст. Чунонки дар хулқу рафтори Пайѓамбар (с) такриму таҳсини Ватан дида мешавад. Ватан дар мавриди таваҷҷуҳи Қуръони карим низ қарор гирифтааст. Чунончи дар Қуръони карим мехонем: «Ќасам мехўрам ба ин шањр, дар њоле ки ту ба ин шањр њалол хоњї шуд» (сураи “Балад”, оёти 1-2). Мақсад аз ин шаҳр Макка аст. Ба хотири ҷойгоҳ ва зиндагии Ҳазрати Муҳаммад (с) дар он шарофат ёфтааст.
Инсони некбахт нафақат ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ дода, бо душманони он муборизаи беамон мебарад. Дар робита ба ин мавзўъ Пайѓамбари Худо (с) чунин мефармоянд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дўзах намесӯзад ва он яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани ватан мижа назада хидмат мекунад» (“Сунан”-и Тирмизї). Яъне, њолати дувумї махсус доир ба он нафароне гуфта шудааст, ки шабзиндадорї намуда, сарњадоти Ватанро дар сармову гармо аз њар гуна душманони нопок њимоя мекунанд, то пои манњусашон замини муќаддаси моро нотоњир насозад, доим дар њолати омодабош мебошанд, то ин ки дар саросари кишвар тинљиву оромї доим њукмфармову пойдор буда, сокинонаш дар амон бошанд.
Дини мубини Ислом ба халқу ватан садоқат доштанро бисёр қадр мекунад. Ҳар як инсон, хусусан ҷавонон барои дӯст доштани Ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз ҷумлаи ҳамин аъмоли писандида мебошад.
Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хосса дорад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори ғояҳои ватандустӣ ва адолатхоҳист, ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор,
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем.
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Ватандӯстӣ ҳамоно муҳаббат ва меҳрварзии инсон нисбат ба зодгоҳаш, дифоъ аз сарҳадоти он дар муқобили ҳар сарҳадшикан ва ғоратгари берунӣ, эҳсоси масъулият ва хидмат ба мардуми он, огоҳонидани мардум аз макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарарастӣ, ҷаҳду кӯшиш барои ҳифзи тамаддун аст.
Ватан модари дуввуми инсон аст. Аз ин рў, хидмат ба ватан ва њимояи он аз воҷиботи муќаддаси имонии ҳар шаҳрванд мањсуб гардида, фидокорӣ дар роҳи ҳифзи Ватан қарзи виҷдонию инсонии ҳар фарди кишвар мебошад. Бењуда нест ки, Виктор Ҳюго (Victor Hugo) – нависандаи машњур ва бузургтарин тарвиҷкунандаи мактаби гуманизм (инсонгароӣ) таъкид намудааст: “Хидмат ба Ватан ниме аз вазифа ва хидмат ба инсон нимаи дигари он аст”.
Насли ҷавони имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт бирасанд. Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи худ вафодор бошанд.
Ҳар як ҷавони бонангу номус бояд муҳофизати Ватан – Модарро қарзи муқаддаси фарзандии хеш дониста, ҳеҷ гоҳ аз ин шарафи бузург худро канора нагирад. Зеро, оромиву амният дар хонадони ҳар яки мо, хушбахтиву саодати ҷовидонӣ дар Ватан, хандаҳои беғаши кӯдакон, нафаси осудаи падару модарони мо аз ҷасорату матонат, иродаи қавии ҷавонмардони ватандӯсти диёр, аз эҳсоси баланди худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон вобастагии калон дорад.
Имрӯз бояд ба қадри ватан, ба қадри сулҳу субот, оромиву амнияти кишвар бирасем, ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро илм омӯзонем, маърифатпарвар ва ватандӯст ба воя расонем.
Икром Бегалиев,
корманди Кумита